Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (272)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (16)

* * *

Дар баёни он ки ҷунбидани ҳар касе аз он ҷо ки вай аст, ҳар касро аз чанбараи вуҷуди худ бинад. Тобаи кабуд офтобро кабуд намояд ва сурх сурх намояд. Чун тоба аз рангҳо берун ояд, сапед шавад. Аз ҳамаи тобаҳои дигар ӯ ростгӯтар бошад ва имом бошад (1)

* * *

Ин фасли ҷалил низ дар тавзеҳи матлаби байтҳои пешин аст, ва он ин ки: ағрози нафсонӣ басиратро зоил гардонад. Ва чун одамӣ аз ағроз пок шавад, ҳақиқатро урёну ошкор бинад. Чунонки Абӯҷаҳл ҳазрати Муҳаммад (с)-ро зишт медид, ва Абӯбакр ҳазраташро зебо медид. Албатта ин ҳикояти кӯтоҳ дар ҳеч манбаъе дида нашуд. Вале ин муҳим нест, балки муҳим, нукоти бисёр олӣ ва арҷманде аст, ки Мавлоно бо баҳона қарор додани ин ҳикоят, ба онҳо ишора кардааст.

* * *

Дид Аҳмадро Абӯҷаҳлу бигуфт:

“Зишт нақше, к-аз Бани Ҳошим шукуфт”.

Вақте ки Абӯҷаҳл ҳазрати Муҳаммад (с)-ро дид, гуфт: аз хонадони Бани Ҳошим ин нақшу сурати зишт зоҳир гашт.

Нукта: Бани Ҳошим фарзандон ва хонадони Ҳошим ибни Абдуманоф аз ашрофи Қурайш ва падари бузургвори Абдулмутталиб, падарбузурги ҳазрати Расули Акрам (с) аст.

Гуфт Аҳмад мар варо, ки: ростӣ,

Рост гуфтӣ, гарчи корафзостӣ.

Паёмбар (с) ба ӯ гуфт: воқеан ту рост гуфтӣ, агарчи мояи гирифторӣ ва дардисар ҳастӣ.

Корафзо: мояи дардисар.

Дид Сиддиқаш, бигуфт: “Эй офтоб!

Не зи Шарқӣ, не зи Ғарбӣ, хуш битоб”.

Вале ҳангоме ки Абӯбакри Сиддиқ (р) ҳазраташро дид, гуфт: эй хуршед! Ту на аз Шарқӣ ва на аз Ғарб. Хуш тулӯъ кун ва дилҳои торикро равшан фармо!

Гуфт Аҳмад: “Рост гуфтӣ, эй азиз!

Эй раҳида ту зи дунёи начиз”.

Ҳазрати Муҳаммад (с) ба Абӯбакр гуфт: эй азиз! Рост гуфтӣ. Эй касе, ки аз ин дунёи ночиз раҳидаӣ!

Начиз: шакли дигари калимаи “ночиз” ба маънои беарзиш.

Ҳозирон гуфтанд: “Эй шаҳ, ҳар дуро,

Ростгӯ гуфтӣ ду зидгӯро чаро?”

Касоне, ки дар ҳузури он ҳазрат буданд, ба ҳазрати Расул (с) гуфтанд: эй шоҳи ҳидоят! Ту чаро ду зидгӯро ростгӯ хондӣ, дар ҳоле ки сухани ин ду мутаноқиз аст?

Гуфт: “Ман ойинаам, масқули даст,

Турку ҳинду дар ман он бинад, кӣ ҳаст”.

Ҳазрати Паёмбар (с) фармуд: ман ойинае ҳастам, ки бо дасти қудрати илоҳӣ сайқал ёфтаам, пас турку ҳинду воқеиятҳои худро дар ман мебинанд.

Масқул: сайқалёфта.

Нукта: Сайқал шудани вуҷуди ҳазрати Расул (с) ба дасти Ҳақ Таъоло киноя аз зуҳури Ҳақ аст дар вуҷуди Паёмбар (с) бо ҷамиъи сифоти камол. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.172) Никелсун мегӯяд: “Инсони комил ба як ойинаи соф ташбеҳ шуда, ки тамоми рангҳо дар он мунъакис мешавад. Ҳар кас сифоти неку бади худро дар он мебинад.” (Муқаддимаи Румӣ ва тафсири Маснавии Маънавӣ, с.229)

Эй зан, ар таммоъ мебинӣ маро,

З-ин таҳаррии занона бартар о.

Аъробӣ ба ҳамсараш гуфт: эй зан! Ту агар маро озманду тамаъкор мебинӣ, аз ин чуну чароии занона болотар биё ва худро ба мартибаи мардони сулук иртиқо деҳ, то ба яқин бирасӣ.

Нукта: “Таҳаррии занона” баҳсу фаҳси бепарупо ва номуносиби занон ба лиҳози он ки баҳсу истиқсои номуваҷҷаҳ дар кори шавҳарон мекунанд. (Шарҳи Маснавии Шариф, ҷ.3, с.1010)

Он тамаъро монаду раҳмат бувад,

Ку тамаъ, он ҷо ки он неъмат бувад?

Ин ки барои мардум аз қаноат сухан гуфта шавад, мушобеҳи тамаъ доштан аст, вале дар ботин раҳмат аст. Дар он ҷо ки неъмати маънавӣ вуҷуд дорад, тамаъ куҷо дида мешавад?

Имтиҳон кун фақрро рӯзе ду ту,

То ба фақр андар ғино бинӣ дутӯ.

Ту яке ду рӯз фақрро озмоиш кун, то бениёзиро ба таври музоъаф дар фақр мушоҳида кунӣ. (“Фақр” дар ин ҷо ба маънои “надорӣ” нест, қаблан “фақр”-ро таъриф карда будем.)

Дутӯ: дуло, дубаробар, музоъаф.

Сабр кун бо фақру бигзор ин малол,

З-он ки дар фақр аст иззи Зулҷалол.

Бо фақр сар кун ва малолату дилтангиро канор бигузор, зеро ки иззати ҳазрати Худованди соҳиби шавкат дар фақр ба даст меояд. Яъне иззате, ки Худованд ба бандагонаш мебахшад, дар фақри онҳост.

Малол: дилтангӣ

Сирка мафрӯшу ҳазорон ҷон бибин,

Аз қаноат ғарқи баҳри ангубин.

Рӯ турш макун ва мушоҳида кун, ки чӣ сон ҳазорон руҳ бар асари қаноат дар дарёи асали раҳмати илоҳӣ ғарқ шудаанд. (Қаноат ҳам дар қисматҳои пешин таъриф шуда буд.)

Сирка фурӯхтан: киноя аз туршрӯӣ кардан.

Садҳазорон ҷони талхе, к-аш нигар,

Ҳамчу гул оғушта андар гулшикар.

Садҳо ҳазор ҷони талхикашида ва риёзатдидаро бибин, ки дар лаззат, монанди гул дар шакар даромехтаанд. Яъне аз сахтӣ ва талхии фақр ба лаззат расидаанд.

Гулшикар: шарбате мураккаб аз гули сурх ва маводди қандӣ.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

1 комментарий »

  1. Саломат бошед ,Хеле муаян кадет нияти ,Муҳҳамад Салалоҳҳи алайҳҳи васаламро ,рузе чо рафта ду зина пеш ,ва он чо зарде дидам бо дусти карз те,малойка намонд сухани кори асос пурсон кунам ун ҷо нав им руз шуд рушан ҳама коро .он ду гуфта якош сувора бо 4нафл омад он не,аммо инам гумроҳ ,ана дигаре он дигаре аз тарси дорат духтаре ,он духтару як гурух гумроҳони тавоно, ин боакл аммо бедил ,ва надонад ки шунавам ҷинро, ,ин ҷодугару сёхкуну,пешпо мони аз баҷо.дил он аст ки шамшер ,мона каме дур тар .сухани росто .шудам хелле дучори духтур аммо факто .Чанд боро хостан духтар хоб кунану тамом ,аммо малойка кард чан бор роҳнамо , намонд бахуддо.гап аз пеш дорам ман даъво,, аз шумо бо хости Аллоҳ .хай савоби кадом намоз гирам ??? бо гуфти шумо ,калам гиред ,анна гапо?Ман хамаро таёр кардам бо вахтҳо ,факат роҳнамо ва дидори шуммо,Ин буҷулакҳо кора баранд пешаки,Зион фаолияти инҳо сиёҳ,дар он охири ,ойнай ханда вайрон кун инно ,ман капо бардошам дар штатҳо,ки кунанд ино хато .анна кардан на чанборо ,Вахту хато! дар сапти Аллоҳ ,Роҳнамо Роҳнамо Роҳнамо ,Сирёз касам аз ҷониби Аллоҳ ,ман фаҳмо,монам дил андак як вахти он ҷо ,аммо дили дуст маҳрум нашавад аз ҳасана ,ва бо ин коро, фикр фаҳмо ,Аз ҷониби Аллоҳ,Саломат бошед ,

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: