Чаро китобхонӣ барои кӯдакон зарурӣ аст?

Мақолае аз Содҳоно Бҳоронидҳорон (Sadhana Bharanidharan) дар Medical Daily

Кӯдак, дар бахше аз даврони рушд, пеш аз ҳар даврае, аз касоне тақлид мекунад, ки дар перомуни ӯ қарор доранд, аз ин рӯ ниҳодина кардани бархе аз ҷанбаҳои рафтори иҷтимоӣ дар ин даврон ниёзманди ҳамкорӣ ва ҳамроҳии хонаводаҳост. Волидайн ба унвони улгу (намуна), метавонанд нақши муҳимме дар шаклгирии мизони алоқа ё дурии кӯдак ба китоб, дошта бошанд. Ҳамроҳии онҳо бо фарзанд дар мутолеа ё баррасии тасвирҳои як китоб, таъсири зиёде бар зеҳнияти кӯдак мегузорад.

* * *

Имтиёзҳои китобхонӣ барои навзодӣ

Як таҳқиқ, ки дар соли 2017 анҷом шуда буд, нишон медод хондани китоб барои навзодон метавонад сабаби тақвияти амалкарди зеҳнӣ ва ҳуши онон шавад. Корулин Кейтс (Carolyn Cates), устодёри гурӯҳи кӯдакон дар Донишкадаи пизишкии Донишгоҳи Ню-йорк гуфт: “Таъсири китобхонӣ дар даврони навзодӣ тақрибан пас аз чанд сол ва дар ҳангоми вуруд ба мадрасаи ибтидоӣ, мушоҳида мешавад.”

Муҳаққиқони Донишгоҳи Флуридо китобҳоеро, ки дорои нишонаҳо ва тасвирҳои содда ҳастанд, барои беҳбуд бахшидани амалкарди зеҳн тавсия мекунанд.

* * *

Достонҳои тахайюлӣ қудрати даркро афзоиш медиҳанд

Таҳқиқоти равоншиносӣ нишон медиҳад, хондани достонҳои тахайюлӣ барои кӯдакон фурсатеро фароҳам меоварад, то замонеро барои фикр кардан ва кашфи шахсиятҳо ихтисос диҳанд.

Муҳаққиқони Донишгоҳ Кембриҷ мегӯянд: “Мутолеа як шеваи олӣ барои тавсиъа ва афзоиши тавоноиҳои зеҳн ва дарки эҳсосоти афроди гуногун аст.”

* * *

Иртиботи мутолеа ва саломати ҷисмӣ

Тибқи як таҳқиқ дар Донишгоҳи Истовонгер (Stavanger) дар Нурвеж (Норвегия), афроде, ки маҳоратҳои хондани худро ба хубӣ иртиқо намебахшанд, дар муқоиса бо ҳамтоёни худ, аз лиҳози саломати ҷисмӣ ва равонӣ, дар мавқеияти муносибе қарор надоранд. Илова бар ин ки саломати ҷисмӣ дар даврони навҷавонӣ ба режими ғизоӣ ва интихоби сабки зиндагӣ бастагӣ дорад, ҳамчунин паёмадҳои манфии дурӣ ҷустан аз китобхонӣ низ дар оянда зоҳир хоҳад шуд.

Пажӯҳишгарон баён мекунанд: “Иртиботи бунёдӣ байни мутолеаи кам ва қудрати дарк, ки бо афзоиши син ҳамроҳ аст”. Дар ҳақиқат афроде, ки замони камтареро ба мутолеаи мақолот, китобҳо ва мақолоти илмӣ ихтисос медиҳанд, қудрати дарки камтаре нисбат ба масоили иҷтимоӣ, отифӣ, саломат ва беҳдоштӣ доранд.

* * *

Таъсири мутолеа бар кӯдакон

Дар таҳқиқе дар Ангилис анҷом шуд, кӯдаконе, ки аз мутолеа лаззат мебаранд, эҳтимолан дар риёзӣ низ беҳтар амал мекунанд. Муҳаққиқони ангилисӣ мегӯянд, китобхонӣ ба дарк ва касби иттилооти бештар ба кӯдакон кӯмаки фаровоне мекунад.

Олиса Суливон (Alice Sullivan) мегӯяд: “Мумкин аст каме шигифтовар бошад, аммо бархе таҳқиқот нишон додаанд, ки як мутолеаи лаззатбахш метавонад ба беҳбуди нумароти (баҳоҳои) риёзии кӯдакон кӯмак кунад.” Вай меафзояд: “Дар ҳақиқат мутолеа дар байни кӯдакон, тавоноии хонданро иртиқо медиҳад ва онҳоро қодир месозад, то барои касб ва дарки иттилооти ҷадид талош ва мутолеаи бештаре дошта бошанд.”

* * *

Китобҳо бояд шакле аз шаклҳои саргармӣ бошад

Дар ҳоли ҳозир истифода аз гӯшиҳои ҳушманд ва таблетҳо дар байни аксари кӯдакон амре роиҷ аст. Аммо истифодаи номаҳдуд аз чунин дастгоҳҳое метавонад бар саломати мағз таъсир бигузорад. Аз сафҳаҳои намоиши гӯшиҳои ҳушманд нури обии зарароваре мунташир мешавад, ки мумкин аст осебҳои ҷиддӣ ба чашмҳояшон ворид кунад.

Таҳқиқоти ахир нишон медиҳанд, ки нури мунташиршуда аз сафаҳоти намоиши гӯшиҳо мумкин аст хоби кӯдаконро мухтал кунанд. Коршиносон ба волидайн тавсия мекунанд, ки китобро барои кӯдаконро ба унвони саргармӣ пешкаш кунанд.

Medical Daily

Реклама


Рубрики:Кӯдак ва навҷавон, Пароканда

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: