Агар «Диссернет» ба Институти Академия рӯй биоварад, чӣ мешавад?

Муаррих Луқмон Бойматов

(Бознашр аз сойти Анҷумани Озодандешони Тоҷик)

Қудрат боиси фасод намешавад. Тарс фасод эҷод мекунад… Шояд тарси аз даст додани қудрат.”

(Ҷон Стейнбек)

* * *

Агар донишмандон медонистанд, ки фасод навъи дигаре аз истибдод аст, ҳаргиз ҳимоят аз омилонаш намекарданд. Раҳбарони илм, ки хоставу нохоста дифоъ аз олимони фосиду дузд мекунанд, ғамхорони илм нестанд, балки душманони маърифатанд.

Ифшои асардуздиҳои беш аз бист тан «докторони илм»-и даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи «Диссернет»-и Русия барои муҳити илмӣ ва фарҳангии Академияи илмҳои Тоҷикистон мисли бомбе буд, ки осорашро масъулини муаассисоти илмӣ ва пажӯҳишии кишвар ҳаргиз интизораш набуданд. Аз вокунишҳое, ки масъулини дараҷаи боло нисбати қазияи «Диссернет» дар сафаҳоти воситаҳои ахбор ба амал меояд, чунин натиҷа матавон гирифт, ки лаҳза ба лаҳза нигарониҳои Раҳбарияти Академия бештар шуда ва ошкор аст, тарс низ вуҷуди омилони фасодро тасхир карда ва роҳҳои наҷот аз ҳамалоти баъдии «Диссернет» ғайри мумкин шудааст, ба ҷуз ин ки ба истилоҳ «муҷримони фасод» бо ихтиёр аз тамоми эътибороти илмии худ даст бикашанд. Бо ин ҳол, шоҳидем то кунун ҳеч нафаре аз «докторони мӯъҷизакор» ҳозир нестанд аз аспи ғурурашон пойин оянд. Чӣ гӯем, ки ин навъи «саркашӣ»-и аҳли илми кишвар низ нишонгари сатҳи фарҳанги ҷомеъаи тоҷикони имрӯз аст.

Тарс зояндаи фасод аст. Шоҳидем, ки Раҳбарияти Институти таърихи Академияро тарс фаро гирифта ва масъулин ҷуръати гузоштани нусхаҳои рисолаҳо ва авторефератҳорое, ки дар тӯли 25 соли ахир дар Шӯрои илмии ин институт дифоъ шуданд, надорад. Натиҷаи талошҳои Раҳбарияти Академия ҷиҳати ислоҳи авзоъи пешомада наметавон пешгӯӣ намуд. Дар сурат, мардум ангушти ҳайрат бо дандони таъҷҷуб газидаанд. Он чӣ, ки солҳои сол наметавонистем ба гӯши шунавандаи ботадбир бирасонем, дар кӯтоҳтарин замон қобили дидан дар саросари ҷаҳон шуд.

Чунончӣ, вуҷуди фасодро дар Институти таърихи Академия чанд соли қабл ошкоро дар миён гузошта будем. Бо камоли таассуф, мудирияти вақти институти мазбур ба ҷойи ин ки ҷиҳати ислоҳи кор тадобири муассир бияндешад, тавтеъабор аз шахсиятҳои муҷрим тасовири неки муфассир сохт. Акнун мебинем, ки саранҷоми ҳимоят аз фасод сароғози вусъати шармсориҳо дар ҷомеъа шуд.

Раҳбарияти нави Институти таърих низ дар ислоҳи вазъ нотавон аст, чаро ки об аз боло гилолуд аст. Масъулини Институти таърих ҳанӯз ки ҳанӯз хатари заволи илмро ба хубӣ дарк накардаанд. Фасод аст, ки фотеҳаи илму мантиқро мехонад. «Авҷи бозори рисоланависӣ» намунаи рӯшани чеҳраи фасод дар Институти таърих аст.

Бар мисоли мавзӯъоти таърихи асрҳои миёнаи Эрон ва Осиёи Марказӣ метавон гуфт, ки рисолаҳои дуктурии доваталабони эронӣ, ки дар чанд соли ахир таҳти раҳнамоии профессорони ин Институт анҷом шудаанд, аз мушкилоти фаровоне бархӯрдоранд. Мушоҳидот нишон медиҳанд, ки мавзӯъоти рисолаҳои докторӣ гоҳе бидуни ошноии лозим таъйин шуда. Ба тариқи дигар, собиқаи таҳқиқи мавзӯъот (историографияи мавзӯъ), чунон ки дар рисолаҳои унвонҷӯёни хориҷиву дохилӣ беранг нишон дода шуданд, ҳамчунин набуда, балки дар илми таърихнигории муъосири эрониву ғайри эронӣ даҳҳо баробар беҳтар аз муаллифони рисолаҳои дифоъшуда дар Академияи Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.

Яке аз мушаххастарин ҳуққабозиҳои рисоланависӣ дар Институти таърих такроргӯйиҳои (интиқоли бидуни ирҷоъ) назароти илмии муаррихин ва шарқшиносони собиқ аст, ки ғолибан, муаллифони рисолаҳо ба унвони ҷадидтарин дастоварди илмии хеш матраҳ карда ва ин нукот дар авторефератҳояшон таъкидҳои мукаррар гирифтааст. Бетардид бештари рисолаҳои дифоъшудаи эрониён дар шӯрои илмии Институти таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фоқиди аҳамияти илмианд. Албатта, таҳқиқ ва баррасии ин мавзӯъ худ ҷудост ва дар фурсати муносиб нақди рисолаҳои тоҷикистонии эрониён бо ҳамкории мунаққидин ва мутахассин аз донишгоҳҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ояндаи наздик мавриди таваҷҷӯҳ қарор хоҳад гирифт.

Муддатест, ки сомонаи Институти таърих ва бостоншиносии Академия фаъол аст. Дар он ботаъкид гуфта мешавад, ки ин пажӯҳишгоҳ дар солҳои истиқлолият ба комёбиҳои бузурги илмӣ ноил шуда ва аз ғояти ифтихор низ ишора бар нашри осори гаронбаҳои таърихӣ кардааст. Ҳамчунон дар бахши муаррифии кормандони илмӣ аз вуҷуди теъдоди садҳо китобҳо ва силсилаи мақолоти таҳқиқотии докторони илмии ин муассиса сухан ба миён омада, вале бо камоли таъаҷҷуб, масъулин ва барномарезони сомонаи мазбур ҳозир нашудаанд, ҳатто нусхаи яке аз таълифотро ба хидмати хонандагон ва пажӯҳишгарон гузоранд. Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи сайти мазбур, ҳар як аз кормандон соҳиби даҳҳо монографияҳои «пурарзиш»-и илмианд.

Зимнан, коридани чанд нусха аз осори донишмандони замони шуравӣ ва намунаҳое аз рисолаҳои ахир дар сайти Институт ба ин маънӣ нест, ки ниёзҳои хонандагон ва усули демокросӣ дар ҳавзаи илм риъоят шуда бошад. Муҳаққиқон ва хонандагон аз истифодаи таълифот ва таҳқиқоти донишмандони ин муассиса ба кулл бебаҳраанд. Мунаққидон имкони нақд ва истифода аз маҳсули илмии Академияро надоранд.

Ва аммо ин ҳол бояд гуфт, ки Институти таърих шояд амдан дар сомонаи худ маҳдудиятҳоеро барои мухотабинаш эҷод кардааст, ки онҳоро ба маънии натиҷаи нигаронӣ ва тарс аз ошкорсозиҳои «Диссернет» ва тарафдорони он муаррифӣ кард. Раҳбарияти Институт дар вазъи бисёр ногуворе қарор дорад. Раёсат аз як сӯ медонад, ки фасод нахустин меваҳояшро дар ҳоли додан аст ва аз сӯйи дигар, тавони дифоъ аз амалкарди пешини худро надорад.

Аммо ҷойи тарс боқист. Ҳадс метавон зад, ки тарс раҳбарияти Институтро водор ба амали нолоиқ мекунад. Масъулини ин марказ ҳозир нестанд тамомии нусхаҳои рисолаҳо ва китобҳои таърихиро, ки дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба чоп расидаанд, барои мухотабинаш дар сайти худ гузоранд.

Дар сомонаи Институти таърих феҳристи рисолаҳои дифоъшуда, соҳибони рисола, раҳнамои илмии онон, таърихи дифоъи рисолаҳо ва низ номгӯйи муҳимтарин осори илмӣ ва пажӯҳишии муҳаққиқин ва муаллифини ин маркази илмӣ мавҷуд нест. Адами ҳамчунин иттилоъоти марҷаъ дар сомонаи муассисаи илмӣ ва пажӯҳишӣ бар он дорад, ки раҳбарият ва масъулини шӯъбаҳо аз пахши иттилоъот барои мутахассисин сахт нигаронанд. Ва нигаронии онон аз фош шудани фасодкориҳои иддае аз муҳаққиқини институти мазбур ба ҳадде аст, ки пахши нусхаҳои электрунии (PDF)-и китобҳои марҷаъи илмиро, ки барои хонандагони таърих муҳиманд, шоистаи ҷой дар сомона худ намедонанд.

Дар ин асри густариши текнолужӣ ва иттилоъот, бидуни истифода аз имконоти интернет, Институти таърих чӣ гуна метавонад дар раванди ҷаҳонӣ шудани илму ва маърифат ҷойгоҳи худро касб намояд ва чӣ гуна аз ҳаққи миллати хеш дар баробари таҳоҷуми афкор ва тамаддунҳо дифоъ менамояд? Дар қафасаҳои китобхонаҳо қарор доштани осори илмӣ ҳам акнун маънӣ надорад. Муассисоти илмие, ки тавони истифода аз имконоти интернет надорад, шабеҳи парандаи беболу пар аст. Аз ин рӯ, Институти таърихро лозим аст, рӯйи эътибори илмии худ ва сиёсати тавсеъаи даствовардҳояш таҷдиди назар кунад.

Вуҷуди сомонаи Институти таърих зоҳирсозии беш нест. Вагарна, Далели накоридани нусхаи электрунии ҷилди чаҳоруми китоби «Таърихи халқи тоҷик» (соди чопаш 2010), нагузоштани мутуни рисолаҳои дуктурӣ ва китобҳои илмии афроде чун: докторони илмҳои таърих А. Саидов, Ҳамза Камол, рисолаҳои шогирдони дирӯзу имрӯзи устодони таърих дар сайти Институти таърих чист? Чаро инон аз коридани матнҳои пажӯхишӣ дар сомонаҳои илмии кишвар тарс доранд? Нигарониҳояшон аз баҳри чист? Агар ҳақиқат ғайр аз ин аст, пас аз чӣ сабаб нусхаҳои таҳқиқоти ин ҳама «донишмандони муваффақу номвар»-и Институти таърихи Академияи илмҳои Тоҷикистон фақат дар қафасаҳои Китобхонаи марказии Академия аз назари умум пинҳон нигаҳодорӣ мешаванд? Осори таърихии «бузургони илм» чӣ сирре аз таърих доранд, ки масъулини Институт донистани онро барои муаррихон ва пажӯҳишгарони дигар хатаре пиндоштаанд?

То ба кай раҳбарияти Академия чеҳраҳои фасодзадаи илмро зери пардаҳои фасодашон ҳимоят мекунад? Он чӣ пинҳон нест, вуҷуди тарс аст. Раҳбарон ҳам метарсанд аз ин ки қудрату эътиборашон аз даст меравад ва ин тарсашон аст, ки ононро ба сӯйи фасод савқ медиҳад.

Аммо роҳи наҷот аз фасод фақат амри виҷдон аст, чаро ки ба гуфтаи филсуфе «виҷдон — танҳо чизи фасоднопазир дар мавриди мост».

Сойти Анҷумани Озодандешони Тоҷик

Реклама


Рубрики:Дидгоҳ, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: