Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (46)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (8)

Имон ба нубувват

Акнун як қисмати дигар аз масъаларо мавриди баҳс қарор медиҳем, ва он ин аст, ки: оё ғайримусалмонон, ки муваҳҳид ва ба қиёмат мӯътақиданд ва барои Худо кор мекунанд, вазъашон чӣ гуна аст? Дар миёни аҳли китоб мардуме ёфт мешаванд, ки на Масеҳро фарзанди Худо медонанд ва на Узайрро ва на санавӣ ва оташпарастанд; на мегӯянд, Масеҳ фарзанди Худо ва на мегӯянд, Узайр писари Худо ва на мегӯянд, Аҳриман Худои бадиҳо; ба рӯзи растохез ҳам мӯътақиданд. Сарнавишти аъмоли онон чист? Дар ин ҷо акнун баҳси мо дар бораи он идда аз мукташифин ва мухтареъин ва хидматгузорон ба башарият, ки моддӣ ва мункири Худо ҳастанд ва табъан ангезаҳои амалии онҳо аз ҳудуди моддиёт фаротар намеравад, нест. Аз баҳси гузашта назари мо дар бораи онҳо аз назари мантиқи ислом равшан шуд. Баҳси мо дар ин фасл дар бораи он некӯкороне аст, ки ба мабдаъу маъод имон доранд ва табъан метавонанд дар амал оҳанги боло кунанд ва барои мақсади моварои моддиёт амал намоянд.

Гуфта мешавад, ки Эдисун ва Постур аз ин гуна мардумонанд. Гуфта мешавад, онон мардуме мазҳабӣ будаанд ва дорои ангезаҳои Худопарастона будаанд, яъне онон дар корҳояшон дуруст монанди мутадайинини мусалмон, барои ризои илоҳӣ ва ба ангезаи худоӣ иқдом мекардаанд. Инҳо дар ҳақиқат масеҳиёне ҳастанд, ки масеҳӣ нестанд, зеро агар масеҳии воқеӣ бошанд ва ба усули мавҷуди масеҳият мӯъмину мӯътақид бошанд, Масеҳро Худо медонистанд ва табъан имкон надошт, ки муваҳҳиди воқеӣ бошанд. Донишмандони имрӯзи масеҳӣ шояд камтар ба хурофоти таслис мӯътақид бошанд.

Барои посух ба ин қисмат бояд дид, имон ба нубувват аз чӣ назар лозим аст? Ва чаро бояд шарти қабули аъмол бошад? Ба назар мерасад, дахолати имон ба анбиё ва авлиёи Худо дар пазириши аъмол аз ду ҷиҳат аст:

1) Яке ин ки маърифати онон бармегардад ба маърифати Худо. Дар ҳақиқат шинохтани Худо ва шуъуни ӯ бидуни маърифати авлиёи Худо комил намегардад. Ба иборати дигар ин ки: шинохтани Худо ба таври комил, шинохтани мазоҳири ҳидоят ва роҳнамоӣ аст.

1) Дигар ин ки: шинохтани мақоми нубувват аз ин назар лозим аст, ки бидуни маърифати онон, ба даст овардани барномаи комил ва саҳеҳ мумкин нест.

Фарқи бузург байни як нафар мусалмони некӯкор ва як нафари кофири некӯкор ин аст, ки кофири некӯкор аз он ҷиҳат, ки дорои барномаи саҳеҳ ва дуруст нест, эҳтимоли муваффақияташ ночиз аст; вале як нафар мусалмон аз он ҷиҳат, ки худро ба дине таслим кардааст, ки барномае ҷомеъ ва саҳеҳ дорад, агар барномаи хешро дурусту саҳеҳ иҷро кунад, муваффақияташ қатъӣ аст. Амали солеҳ танҳо эҳсон ба халқ нест. Тамоми воҷибот ва муҳаррамот ва макруҳот ва мустаҳаббот, ҷузъи барномаи амали солеҳ аст. Масеҳии мутадайине, ки ба хотири дурӣ аз ислом фоқиди барномаи саҳеҳ аст, аз мавоҳиби азими ин барнома маҳрум аст, зеро мамнӯотеро, ки набояд, муртакиб мешавад; масалан шароб набояд бинӯшад ва менӯшад.

Медонем, ки мамнӯияти шароб ба воситаи зиёнҳои фардӣ ва иҷтимоӣ ва руҳии он аст ва табъан он, ки шароб менӯшад, зиёнҳои шароб ба ӯ мерасад ва аз ин назар монанд касе аст, ки аз роҳнамоии пизишк маҳрум аст ва ба воситаи ин маҳрумият, коре мекунад, ки пеш аз вақт, қалб ё кабид ё аъсоби худро бемор, ва умри худро кӯтоҳ мекунад.

Дар барномаи ислом, порае дастурҳост, ки амал ба онҳо шарти такомули руҳӣ ва маънавӣ аст. Бадеҳӣ аст як нафар ғайримусалмон ҳар андоза беназар ва бетаъассуб ва холӣ аз инод бошад, ба воситаи маҳрумият аз истифода аз барномаи комили инсоният, аз имтиёзҳои он маҳрум хоҳад монд.

Инчунин шахсе табъан аз ибодоти азим монанди намозҳои панҷгона ва рӯзаи моҳи Рамазон ва ҳаҷҷи хонаи Худо маҳрум мемонад. Масали ӯ масали касе аст, ки бидуни барномаи кишоварзӣ базре бипошад; ҳаргиз маҳсулеро, ки чунин касе ба даст меоварад, монанди маҳсули касе, ки тибқи барномаи саҳеҳ ва ҷомеъ заминро шахм мезанад ва дар вақти муносиб базр мепошад ва дар ҳангоми ваҷин кардан ваҷин мекунад ва хулоса тамоми иқдомоти лозими фаннӣ ва илмиро анҷом медиҳад, нахоҳад буд.

Фарқ байни некӯкори мусалмон ва некӯкори ғайримусалмонро метавон чунин баён кард, ки некӯкори мусалмон ҳамчун маризе аст, ки таҳти муроқибат ва дастури як табиби ҳозиқ барнома дорад, ғизо ва давояш ҳама ба дастури табиб аст; ҳам аз лиҳози навъи даво ва ғизо ва ҳам аз лиҳози вақти он ва ҳам аз лиҳози андозаи он комилан тибқи дастур амал мекунад. Вале некӯкори ғайримусалмон ҳамчун маризе аст, ки барнома надорад ва худсарона кор мекунад; ҳар ғизо ё давое, ки ба дасташ мерасад мехӯрад. Чунин маризе мумкин аст аҳёнан як давои муфид бихӯрад ва натиҷаи хуб бигирад, вале ҳамин тавр ҳам мумкин аст давоеро, ки зиёнбор ва муҳлик аст мавриди истифода қарор диҳад. Ҳамчунин мумкин аст як ғизои муносиб бихӯрад, вале бо нопарҳезии баъдӣ ва хӯрдани ғизои номуносиб, асари муфиди ғизои аввалро ҳам хунсо кунад.

Бо ин баён равшан мегардад, ки тафовут байни мусалмон ва Худошиноси ғайримусалмон ин аст, ки мусалмон Худошиносе аст, ки барномаи саҳеҳ дорад, вале Худошиноси ғайримусалмон корҳояш бидуни барномаи саҳеҳ аст. Ба иборати дигар, мусалмон ҳидоят ёфтааст ва ғайримусалмон ҳарчанд Худошинос бошад, ҳидоят наёфтааст. Қуръони Карим дар ҳамин замина мефармояд:

فَإِنْ أَسْلَمُواْ فَقَدِ اهْتَدَواْ

Агар таслими барномаи муҳаммадӣ шуданд, пас роҳро ёфтаанд.” (Сураи Оли Имрон, ояти 20)

* * *

Аз маҷмӯи он чи дар ду фасли ахир гуфтем маълум шуд, ки ҳамаи ғайримусалмонон аз назари маъҷур будан дар қиболи аъмоли хайр, яксон нестанд. Миёни ғайримусалмоне, ки ба Худо ва қиёмат мӯътақид нест ва ғайримусалмоне, ки ба Худо ва қиёмат мӯътақид ҳаст, вале аз мавҳибати имон ба нубувват маҳрум аст, тафовут азим аст. Барои дастаи аввал имкони анҷоми як амали мақбул назди Аллоҳ нест, вале барои дастаи дуввум ҳаст. Ин даста мумкин аст бо шароите ба биҳишт бираванд, вале барои дастаи аввал мумкин нест. Ба назар мерасад, фалсафаи ин ки ислом миёни мушрикон ва аҳли китоб дар ҳамзистӣ тафовут қоил аст, мушрикро таҳаммул намекунад, вале аҳли китобро таҳаммул мекунад, мушрикро маҷбур ба тарки ақида мекунад, вале аҳли китобро маҷбур ба тарки ақида намекунад. Ҳамин аст, ки мушрик ё мункири Худо ба воситаи ширку инкор, боби наҷотро барои абад ба рӯи худ бастааст, дар шароите аст, ки аз убур аз табиати моддӣ ва суъуд ба малакут ва биҳишти ҷовидон, барои ҳамеша худро маҳрум кардааст. Вале аҳли китоб дар шароите ҳастанд, ки метавонанд ҳарчанд ба таври ноқис амали солеҳ анҷом диҳанд ва бо шароите натиҷаи онро биёбанд.

Қуръони Карим хитоб ба аҳли китоб мефармояд:

تَعَالَوْاْ إِلَى كَلَمَةٍ سَوَاء بَيْنَنَا وَبَيْنَكُمْ أَلاَّ نَعْبُدَ إِلاَّ اللّهَ وَلاَ نُشْرِكَ بِهِ شَيْئًا وَلاَ يَتَّخِذَ بَعْضُنَا بَعْضًا أَرْبَابًا مِّن دُونِ اللّهِ

Эй аҳли китоб! Биёед ба сӯи як калима ва як ақидаи муштарак миёни мо ва шумо, ва он ин ки: ҷуз Худо чизеро напарастем ва чизеро шарики Худованд қарор надиҳем, ва баъзе аз мо баъзеи дигарро арбоби худ нашуморад…” (Сураи Оли Имрон, ояти 64)

Қуръони Карим бо аҳли китоб чунин салое додааст, вале ҳаргиз бо мушрикону мункирон, чунин салое надода ва намедиҳад.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: