Ифшогариҳои “Диссернет” як фурсат аст, на як таҳдид

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бар хилофи назари ширкаткунандагон дар мизи гирде, ки хабаргузории “Ховар” баргузор ва дар он намояндагони ҳамаи ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ширкат карда ва ифшогариҳои “Диссернет”-ро “ҷанги иттилоотии дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда” ва “фиребу фитна алайҳи давлат” эълом кардаанд, ин ифшогарӣ аммо беҳтарин “фурсат” аст, на ин ки “таҳдид” талаққӣ шавад.

Бо ин ки таҷриба нишон додааст шумо ҳарфи ҳеч мунтақидеро – ҳатто агар интиқодаш созанда ва ба нафъи худатон бошад – намепазиред ва гумон мекунед мунтақид ғаразу мараз дорад, вале бо ин ҳама, лозим медонам яке ду нуктаро дар мавзӯи ин ифшогарӣ бароятон ёдоварӣ намоям:

1) Ба равшанӣ мебинем, ки баъд аз ин ифшогариҳо, дар ҷомеаи Тоҷикистон ва ҳатто берун аз он, ин фикр пайдо шуда ва ба тадриҷ дар ҳоли русух ёфтан аст, ки ҳамаи донишмандони тоҷик “тақаллубӣ” будаанд, дар ҳоле, ки медонед ва медонем, ки чунин нест. Дар Тоҷикистон донишмандони ҳақиқӣ, дар ҳамаи ҳавзаҳо, андак нестанд. Худой нокарда агар ин фикр ҷо афтад, на танҳо шумо зарару зиён дидаед, балки кулли мардум ва ҷомеаи Тоҷикистон ва маҳофили илмии он зарар дидаанд. Марокизи илмии кишвар – аз донишкадаву донишгоҳҳо бигир то окодемиву марокизи таҳқиқотӣ – беэътибор хоҳанд гардид. Зарару зиёни ин, фақат мутаваҷҷеҳи ҳукумати кунунӣ ва ба истилоҳ, “мувофиқон” нест, балки домангири “мухолифон” низ мешавад. Асосан, марокизи илмии як кишвар ва донишмандонаш, мувофиқу мухолиф намешиносад, ин марокиз ва донишмандон аз они ҳама ҳастанд.

Бинобар ин, шумо ба ҷойи ташкили инчунин мизи гирдҳо ва “таҳдид”-у “фиребу фитна” хондани ин ифшогарӣ, бояд онро як “фурсати муносиб” барои поксозии марокизи илмӣ аз аносури тақаллубӣ ва афроде, ки бо роҳҳои ғайримашрӯъ (мисли сирқати илмӣ) соҳиби унвону мақом шудаанд бипардозед, ва мутахаллифонро — ҳар ки бошад аз ҷумла ҳамин афроде, ки номашон дар сойти “Диссернет” омада ва ҳудуди 20-у чанд нафар будаанд – сари ҷояшон нишонед, то дигар такрор нашавад. Шумо, ба хотири дифоъ аз ин 20 нафар, коре накунед, ки кулли донишмандон ва марокизи илмии кишвар беэътибор ва беарзиш ва мояи тамасхури ҷомеа ва ҷаҳониён шавад.

2) Ҳамчунин, ин ифшогарӣ як фурсат аст, то ба падидаи “поённоманависӣ” тавассути як нафар барои афроде дигар, нуқта гузошта шавад. Шумо худатон беҳтар аз ҳар касе дигар медонед, ки падидаи шуми “поённоманависӣ” барои дигарон, дар ҷомеаи мо чизи тозае нест, балки мутаассифона умре тӯлонӣ дорад ва ба қадре шуюъ пайдо карда, ки афроди махсусе кору шуғлашон “поённоманависӣ” гардида ва аз ин тариқ имрори маъош мекунанд, ва ба гуфтаи Устод Акбари Турсон: “Дар кишвар ҳоло “бизнеси илм” арзи вуҷуд кардааст. Бозори сиёҳи рисоланависонӣ ва диссертатсияхарӣ кайҳо тафсида. Олимонеро медонам, ки корашон таҳрири илмӣ ё забонии рисолаҳои номзадию доктории хому хатилаи олимшавандагон мебошад. Инҳо зуҳуроти падидаи куллитаре мебошанд, ки ман онро “коррупсияи маънавӣ” унвон мекунам.” (Радиои Озодӣ, 05.04.2018)

Пас, бояд Худоро шукр гӯед, ки ифшогариҳои “Диссернет” боис гардид ин падидаи шум низ сари забонҳо биафтад ва ин фурсатро барои шумо фароҳам бисозад, ки аз реша бихушконедаш, албатта агар дилатон барои илму дониш дар Тоҷикистон бисӯзад.

Роҳи ташхиси ин ки поённома оё тавассути худи шахс навишта шуда ё ба дасти касе дигар, сахт нест. Яке аз роҳҳои он ин аст, ки дифоъ думарҳилаӣ баргузор шавад, ба ин тартиб, ки марҳилаи аввали он ба ҳамон тартибе, ки маъмул ва роиҷ аст хоҳад буд, ва марҳилаи дуввуми он аммо шифоҳӣ ва бидуни он ки шахс дар даст поённомаро дошта бошад баргузор мешавад ва ӯ шифоҳан тамоми он чиро дар поённома оварда шуда табйину тавзеҳ ва ба муноқиша бо асотид мепардозад. Дар марҳилаи шифоҳӣ комилан равшан хоҳад шуд, ки оё шахс худаш заҳмат кашида ё афроди дигар барои ӯ поённомаашро “пухтаанд”. Имрӯзҳо дар бархе кишварҳо дифоъ ба ҳамин сурат анҷом мегирад.

Ба ҳар сурат, ин ифшогариро ҳаргиз таҳдид талаққӣ накунед, беҳтарин фурсат аст барои ислоҳ ва поксозӣ. Агар чунин кардед, дар дараҷаи аввал, эътибори донишмандони ҳақиқӣ ва марокизи илмии кишварро ҳифз кардаед. Аммо агар ба хотири ҳифзи “обрӯи” он 20 нафар, коратон тавҷеҳсозӣ шуда ва ҷаласоту ҳалақот баргузор намуда ва эълом бидоред, ки ин ифшогарӣ “ҷанги иттилоотии дар хориҷи кишвар тарҳрезишуда” ва “фиребу фитна алайҳи давлат” будааст, бидонед, бадтарин хиёнатро ба донишмандони ҳақиқӣ ва марокизи илмии кишвар кардаед.

Аз мо гуфтан буд, ки гуфтем.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: