Перейти к содержимому

Насронии ташна

(Се ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом)

Насронии ташна

Имом Содиқ роҳи миёни Макка ва Мадинаро тай мекард. Мусодиф, хидматкори маъруфи Имом низ ҳамроҳи Имом буд. Дар байни роҳ чашмашон ба марде афтод, ки худро рӯи танаи дарахте андохта буд. Вазъ оддӣ набуд. Имом ба Мусодиф фармуд:

— Ба тарафи ин мард биравем, накунад ташна бошад ва аз ташнагӣ беҳол шуда бошад.

Наздик расиданд. Имом аз ӯ пурсид:

— Ташна ҳастӣ?

— Бале.

Мусодиф ба дастури Имом поин омад ва ба он мард об дод. Аммо аз қиёфа ва либос ва ҳайъати он мард маълум буд, ки мусалмон нест, масеҳӣ аст. Пас аз он ки Имом ва Мусодиф аз он ҷо дур шуданд, Мусодиф масъалае аз Имом суол кард, ва он ин ки: оё садақа додан ба насронӣ ҷоиз аст?

Имом фармуд:

Дар мавқеъи зарурат мисли чунин ҳоле, бале.”

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз китоби “Васоил”)

* * *

Шутурдавонӣ

Мусалмонон ба мусобиқоти асбдавонӣ ва шутурдавонӣ ва тирандозӣ ва амсоли инҳо хеле алоқа нишон медоданд, зеро ислом тамрини корҳоеро, ки донистан ва маҳорат дар онҳо барои сарбозон зарурат дорад, суннат кардааст. Ба илова, худи Расули Акрам, ки раҳбари ҷомеаи исломӣ буд, амалан дар ин гуна мусобиқот ширкат мекард ва ин беҳтарин ташвиқи мусалмонон хусусан ҷавонон барои ёд гирифтани фунуни сарбозӣ буд. То вақте, ки ин суннат маъмул буд ва пешвоёни ислом амалан мусалмононро дар ин умур ташвиқ мекарданд, руҳи шаҳомат ва шуҷоат ва сарбозӣ дар ҷомеаи ислом маҳфуз буд. Расули Акрам гоҳе асб ва гоҳе шутур савор мешуд ва шахсан бо мусобиқадиҳандагон мусобиқа медод.

Расули Акрам (с) шутуре дошт, ки ба давандагӣ маъруф буд, бо ҳар шутуре, ки мусобиқа дода буд баранда шуда буд. Кам-кам ин фикр дар бархе соддалавҳон пайдо шуд, ки шояд ин шутур аз он ҷиҳат, ки ба Расули Акрам таъаллуқ дорад аз ҳама ҷилав мезанад. Бинобар ин, мумкин нест дар дунё шутуре пайдо шавад, ки бо ин шутур баробарӣ кунад.

То он ки рӯзе як аъробии бодиянишин бо шутураш ба Мадина омад ва муддаӣ шуд ҳозирам бо шутури Пайғамбар (с) мусобиқа бидиҳам. Асҳоби Пайғамбар бо итминони комил барои тамошои ин мусобиқаи ҷолиб, махсусан аз он ҷиҳат, ки Расули Акрам шахсан ӯҳдадори савор шудан ба шутури хеш шуд, аз шаҳр берун давиданд. Расул Акрам ва аъробӣ равона шуданд ва аз нуқтае, ки қарор буд мусобиқа аз он ҷо шурӯъ шавад, шутуронро ба тарафи тамошочиён ба ҳаракат дароварданд.

Ҳаяҷони аҷибе дар тамошочиён пайдо шуда буд. Аммо бар хилофи интизори мардум, шутури аъробӣ шутури Пайғамбарро пушти сар гузошт.

Он даста аз мусалмонон, ки дар бораи шутури Пайғамбар ақоиди хоссе пайдо карда буданд, аз ин пешомад бисёр нороҳат шуданд; хеле хилофи интизорашон буд, қиёфаҳошон дарҳам шуд.

Расули Акрам ба онҳо фармуд:

Ин ки нороҳатӣ надорад, шутури ман аз ҳамаи шутурон ҷилав меафтод, ба худ болид ва мағрур шуд, пеши худ гуфт, ман болодаст надорам. Аммо суннати илоҳӣ аст, ки рӯи ҳар дасте дасти дигар пайдо шавад, ва пас аз ҳар фарозе нишебе бирасад, ва ҳар ғуруре дарҳам шикаста шавад.”

Ба ин тартиб Расули Акрам, зимни баёни ҳикмати омӯзанда, онҳоро ба иштибоҳашон воқиф сохт.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз китоби “Васоил”)

* * *

Тавҳиди Муфаззал

Муфаззал ибни Умари Ҷуъфӣ баъд аз он ки аз анҷоми намози аср дар масҷиди Пайғамбар (с) фориғ шуд, ҳамон ҷо дар нуқтае миёни минбари Расули Акрам (с) ва қабри он ҳазрат нишаст ва кам-кам як ришта афкор ӯро дар худ ғарқ кард, афкораш дар атрофи азамат ва шахсияти азим ва осмонии Расули Акрам (с) давр мезад.

Ҳар чи бештар меандешид, бештар бар эъҷобаш нисбат ба он ҳазрат меафзуд. Бо худ мегуфт, бо ҳамаи таъзиму таҷлиле, ки аз мақоми волои ин шахсияти беназир мешавад, дараҷа ва манзилаташ хеле беш аз инҳост. Он чи мардум аз шарафу азамату фазилати он ҳазрат ба он пай бурдаанд, нисбат ба он чи пай набурдаанд бисёр ночиз аст.

Муфаззал ғарқ дар ин тафаккурот буд, ки сару каллаи Ибни Абилавҷо, моддимаслаки маъруф, пайдо шуд ва омад ва дар каноре нишаст. Тӯле накашид яке дигар аз ҳамфикрону ҳаммаслакони Ибни Абилавҷо ворид шуд ва паҳлӯи ӯ нишаст ва бо ҳам ба гуфтугӯ пардохтанд.

Дар он таърих, ки оғози давраи хилофати Аббосиён буд, давраи таҳаввули фарҳанги исломӣ буд. Дар он давра худи мусалмонон бархе риштаҳои илмӣ таъсис карда буданд. Низ китобҳое дар риштаҳои илмӣ ва фалсафӣ аз забонҳои юнонӣ ва форсӣ ва ҳиндӣ тарҷума карда ё машғули тарҷума буданд. Ниҳлаҳо ва риштаҳои каломӣ ва фалсафӣ ба вуҷуд омада буд.

Давра, давраи бархӯрди ақоиду оро буд. Аббосиён ба озодии ақида — то он ҷо, ки бо сиёсат бархӯрд надошт — эҳтиром мегузоштанд. Донишмандони ғайримусалмон, ҳатто даҳриҳо ва моддигароён, ки дар он вақт ба номи “занодиқа” хонда мешуданд, озодона ақоиди хешро изҳор медоштанд, то он ҷо, ки аҳёнан ин даста дар Масҷидулҳаром канори Каъба, ё дар Масҷиди Мадина канори қабри Пайғамбар (с) даври ҳам ҷамъ мешуданд ва ҳарфҳои худро мезаданд. Ибни Абилавҷо аз ин даста буд.

Дар он рӯз, ӯ ва рафиқаш ҳар ду бо фосилаи каме вориди масҷиди Пайғамбар шуданд ва пеши ҳам нишастанд ва ба гуфтугӯ пардохтанд, аммо ончунон дур набуданд, ки Муфаззал суханони онҳоро нашунавад.

Иттифоқан аввалин сухане, ки аз Ибни Абилавҷо ба гӯши Муфаззал хӯрд, дар бораи ҳамон мавзӯе буд, ки қаблан Муфаззал дар он бора фикр мекард, дар бораи Расули Акрам буд. Ӯ ба рафиқи худ гуфт:

— Аҷаб кори ин мард (Пайғамбари Акрам) боло гирифт, расид ба ҷое, ки касе аз он болотар нарфта!

Рафиқаш гуфт:

— Нобиға буд, иддао кард, ки бо мабдаи кулли ҷаҳон марбут аст ва корҳои аҷибу хориқулода ҳам аз ӯ ба зуҳур расид, ки ақлҳоро мутаҳайир сохт. Уқало ва удабо ва фусаҳо ва хутабо худро дар баробари ӯ оҷиз диданд ва даъвати ӯро пазируфтанд. Баъд соири табақот фавҷ-фавҷ ба тарафи ӯ омаданд ва ба ӯ имон оварданд. Кор ба он ҷо кашида, ки номи вай ҳамроҳ бо номи номусе, ки худро мабъус аз тарафи ӯ медонист, ҳамроҳ шудааст. Акнун номи ӯ ба унвони “азон” дар ҳамаи шаҳрҳо ва деҳҳо — ки даъвати ӯ ба он ҷо расида — ва ҳатто дар дарёҳо ва саҳроҳо ва кӯҳистонҳо бурда мешавад. Ҳама ҷо шабонарӯзӣ панҷ навбат гӯши ҳар касе фарёди “Ашҳаду анна Муҳаммадан расулаллоҳ”-ро мешунавад. Дар азон номи ин мард бурда мешавад, дар иқома бурда мешавад. Ба ин тартиб, ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.

Ибни Абилавҷо гуфт:

— Дар атрофи Муҳаммад беш аз ин баҳс накунем, ман ҳанӯз натавонистаам муаммои шахсияти ин мардро ҳал кунам. Беҳтар аст баҳсро дар атрофи мабдаи аввал ва оғози ҳастӣ, ки Муҳаммад пояи дини худро бар он гузошт дунбол кунем.

Он гоҳ Ибни Абилавҷо дар атрофи бархе ақидаи моддии худ — мабнӣ бар ин ки тадбиру тақдире дар кор нест, табиат қоим ба зот аст, азалан ва абадан чунин буда ва хоҳад буд — сӯҳбат кард.

Ҳамин ки суханаш ба ин ҷо расид, Муфаззал дигар тоқат наёвард, якпорча хашму буғз шуда буд, мисли тӯб мунфаҷир шуда фарёд баровард:

— Душмани Худо! Холиқу мудаббири худро, ки туро ба беҳтарин сурат офарида инкор мекунӣ?! Ҷои дур нарав, андаке дар худ ва ҳаёту зиндагӣ ва машоъиру таркиби худат фикр кун, то осору шавоҳиди махлуқу маснуъ буданро дарёбӣ…

Ибни Абилавҷо, ки Муфаззалро намешинохт, пурсид:

— Ту кистӣ ва аз чӣ дастаӣ? Агар аз мутакалломинӣ, биё рӯи усул ва мабонии каломӣ бо ҳам баҳс кунем. Агар воқеан далоили қавӣ дошта бошӣ, мо аз ту пайравӣ мекунем. Ва агар аҳли калом нестӣ, ки сухане бо ту нест. Агар ҳам аз асҳоби Ҷаъфар ибни Муҳаммадӣ, ки ӯ бо мо ин ҷур ҳарф намезанад, ӯ гоҳе болотар аз ин чизҳо, ки ту шунидӣ аз мо мешунавад, аммо ҳаргиз дида нашуда аз кӯра дар биравад ва бо мо тундӣ кунад. Ӯ ҳаргиз асабӣ намешавад ва дашном намедиҳад. Ӯ бо камоли бурдборӣ ва матонат суханони моро истимоъ мекунад. Сабр мекунад мо он чи дар дил дорем берун бирезем ва як калима боқӣ намонад. Дар муддате, ки мо ишколот ва далоили худро зикр мекунем, ӯ чунон сокит ва ором аст ва бо диққат гӯш мекунад, ки мо гумон мекунем таслими фикри мо шудааст. Он гоҳ шурӯъ мекунад ба ҷавоб, бо меҳрубонӣ ҷавоби моро медиҳад, бо ҷумлаҳои кӯтоҳ ва пурмағз чунон роҳро бар мо мебандад, ки қудрати фирор аз мо салб мегардад. Агар ту аз асҳоби ӯ ҳастӣ монанди ӯ ҳарф бизан.

Муфаззал бо як дунё нороҳатӣ дар ҳоле, ки каллааш доғ шуда буд, аз масҷид берун рафт. Бо худ мегуфт, аҷаб ибтилое барои олами ислом пайдо шуда, кор ба ҷое кашида, ки занодиқа ва даҳримаслакҳо дар масҷиди Пайғамбар менишинанд ва бепарво ҳама чизро инкор мекунанд. Яксара ба хонаи Имом Содиқ омад. Имом фармуд:

— Муфаззал! Чаро ин қадр нороҳатӣ? Чӣ пеш омада?

— Эй писари Расули Худо! Алъон дар масҷиди Пайғамбар будам. Яке ду нафар аз даҳриҳо омаданд ва наздики ман нишастанд. Суханоне дар инкори Худо ва Пайғамбар аз онҳо шунидам, ки оташ гирифтам. Чунину чунон мегуфтанд ва ман ҳам ин тавр ҷавобашонро додам.

— Ғусса нахӯр, аз фардо биё назди ман, як силсила дарси тавҳидӣ бароят шурӯъ мекунам. Он қадр дар атрофи ҳикматҳои илоҳӣ дар хилқату офариниш, дар қисматҳои мухталиф, дар атрофи ҷондору беҷон, парандаву чаранда ва хӯрданиву ғайрихӯрданӣ, набототу ғайра бароят баҳс кунам, ки ту ва ҳар донишҷӯи ҳақиқатҷӯро кифоят кунад ва занодиқа ва даҳрийинро дар ҳайрат фурӯ барад. Фардо субҳ мунтазирам.

Муфаззал бо як дунё масаррат аз маҳзари Имом Содиқ мураххас шуд. Бо худ мегуфт, ин нороҳатии имрӯзи ман аҷаб натиҷаи хубе дошт. Он шаб хоб ба чашмаш наёмад. Ҳар лаҳза интизор мекашид кай субҳ бишавад ва ба маҳзари Имом Содиқ бишитобад. Ба назараш меомад, ки имшаб аз ҳар шаби дигар тӯлонитар аст. Субҳи зуд худро ба дари хонаи Имом расонд. Иҷоза хост ва ворид шуд. Бо иҷозаи Имом нишаст. Баъд Имом ба тарафи утоқе, ки афроди хусусиро дар он ҷо мепазируфт ҳаракат кард. Муфаззал ҳам бо ишораи Имом аз пушти сар роҳ афтод. Он гоҳ Имом, ки ба руҳияи Муфаззал ошно буд, фармуд:

— Гумон мекунам дишаб хобат набурда бошад ва ҳамааш интизорӣ кашида бошӣ, ки кай субҳ бишавад, ки биёӣ ин ҷо.

— Бале ҳамин тавр аст, ки мефармоед.

— Эй Муфаззал! Худованд тақаддум дорад бар ҳамаи мавҷудот, аввалу охири мавҷудот ӯст…

— Эй писари Расули Худо! Иҷоза медиҳед ҳар чи мефармоед бинависам, қоғазу қалам ҳозир аст.

— Монеъе надорад, бинавис.

Чаҳор рӯзи пай дар пай, дар чаҳор ҷаласаи тӯлонӣ, ки ҳаддиақал аз субҳ то зуҳр буд, Имом ба Муфаззал дарси тавҳид илқо кард ва Муфаззал мураттаб навишт. Ин навиштаҳо ба сурати рисолае комил ва ҷомеъ даромад.

Китобе, ки акнун ба номи “Тавҳиди Муфаззал” дар даст аст ва аз ҷомеътарини баёнҳо дар ҳикмати офариниш аст, маҳсули ин ҷараён ва ин чаҳор ҷаласаи тӯлонӣ аст.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз китоби “Биҳор”)

1 комментарий »

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: