Перейти к содержимому

Сафири Арабистон дар Тоҷикистон дар мусоҳиба бо хабаргузории “Ховар” чӣ гуфт?

Хабаргузории давлатии “Ховар” ахиран мусоҳибае бо сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон, Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ, оростааст. Ӯ дар ин мусоҳиба, бо “шум” хондани инқилоби исломӣ дар Эрон дар соли 1979, муддаӣ шудааст: “То соли 1979, яъне то он соле, ки инқилоби шуми ба ном исломӣ сурат гирифт, дар минтақа, чи тавре ҳоло мебинем, таассуб ва ифрот мавҷуд набуд, аз ин хотир ҳоло дар Арабистони Саудӣ мехоҳанд, ки боз ба ҳамон вазъияти диние, ки қабл аз соли 1979 буд, баргардем, яъне ба ҳамон фазои исломи мӯътадил ва миёна, ки барои ҳама муҳити мусоидро фароҳам меорад”.

Вай ҳамчунин бо ишора ба пахши филме дар садо ва симои Тоҷикистон, гуфтааст: “Чанде пеш филмеро, ки дар бораи куштори чеҳраҳои шинохтаи миллати тоҷик нақл мекард ва он ба воситаи телевизионҳои Тоҷикистон пахш шуд, низ тамошо кардам. Дар ин филм дар бораи нақши кишвари алоҳида, ки ба оташи ҷанг равған мерехт, нақл мешуд. Боз ҳам аз он шукри Худо мекунам, ки шумо роҳбари хеле хирадманд, Пешвои шоистаи худро доред, ки ба фазли Худо, сипас ба шарофати сиёсати ӯ тавонистед ба кишвари худ амну осоиш, сулҳу суботро биёред. Ин неъматест, ки ба қадри он бояд ҳама бирасанд, зеро ин неъмат бо чӣ заҳматҳое ба шумо насиб гардидааст.”

Матни комили ин мусоҳиба ба гузориши хабаргузории “Ховар” ба шарҳи зерин аст:

Ховар: Мӯҳтарам Сафир, шоҳзодаи валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон доир ба аҳкоми шаръӣ ибрози андеша намуда гуфт, ки бештари маҳдудиятҳои динӣ дар Арабистони Саудӣ аз ақидаи Ислом нест. Оид ба ин мавзӯъ Шумо чӣ андеша доред?

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал—Бодӣ: Валиаҳди Арабистони Саудӣ шоҳзода Муҳаммад бин Салмон дар ин суҳбатҳо зикр намуданд, ки то соли 1979, яъне то он соле, ки инқилоби шуми ба ном исломӣ сурат гирифт, дар минтақа, чи тавре ҳоло мебинем, таассуб ва ифрот мавҷуд набуд. Аз ин хотир ҳоло дар Арабистони Саудӣ мехоҳанд, ки боз ба ҳамон вазъияти диние, ки қабл аз соли 1979 буд, баргардем. Яъне ба ҳамон фазои исломи муътадил ва миёна, ки барои ҳама муҳити мусоидро фароҳам меорад.

Бояд гӯям, ки ақидаи исломӣ собит ва тағйирнопазир аст ва ҳеҷ гоҳ ин ақидаро ҳеҷ кас наметавонад тағйир диҳад. Суҳбате, ки валиаҳд карданд, танҳо ба ҳамон урфу одатҳое, ки ба ислом бегона ҳастанд, рабт дошт. Яъне таассубро роҳбарони он инқилоби шум оварда, хостанд бо он ақидаи мутаассибонаи худро ба ҷаҳон таҳмил намоянд.

Ховар: Шоҳзода аз ҷумла гуфт, ки “дар гузашта эҳтимоли тавсеаи таасубгароӣ дар таълимгоҳҳо сад дар сад буд. Минбаъд аз ин кор ҷилавгирӣ мекунем, намегузорем ғояҳои экстремистӣ ба соҳаи таълим таъсиррасон бошад”. Метавон гуфт, ки ақидаҳои экстремистӣ ба толибилмон маҳз бо ҳадафи гумроҳ намудани онҳо талқин карда мешаванд?

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал—Бодӣ: Бояд тазаккур дод, ақидаҳои мутаассибона дар ҳама кишварҳо метавонанд вуҷуд дошта бошанд. Дар ҳар давра, дар ҳар замону дар ҳар макон ақидаҳои ифротиро пайдо кардан мумкин аст. Мо низ мубориза бурданро ба муқобили ақидаҳои ифротӣ ва мутаассибона зарур мешуморем ва мехоҳем ақидаҳои ифротиро аз ҷомеаи худ бадар созем. Ақидаҳои ифротӣ дар ҷомеаи мо баъд аз ҳамон ҳодисае, ки рӯй дода буд, роҳ ёфтанд. Бинобар ҳамин, мехоҳем ҳар чи зудтар он ақидаҳоро аз ҷомеаи худ дур намоем ва ҷомеаро аз онҳо озод кунем.

Ховар: Аз назари Шумо исломи муътадил чист?

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ: Исломи муътадил ҳамон Исломест, ки аз рӯзи нахусти пайдоиши он дар замони ҳазрати Пайғамбару саҳобагон амал мекард.

Ховар: Худи ислом табиатан ва зотан дини муътадил аст, ҳамин тавр не?

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ: Шумо сухани маро буридед, ман ҳаминро мехостам бигӯям, ки дини Ислом худаш дини муътадил аст. Ин ҳамон Исломест, ки пайғамбари Худо онро оварданд, саҳобагон пайравӣ мекарданд, ҳамон исломест, ки мову шумо ва аксарияти мусулмонон ба он пайравӣ мекунем.

Мо эътиқод дорем, ки Ислом сунна ва шиа аст ва сунна чор мазҳаб, чор равия дорад: ҳанафия, моликия, шофеия ва ҳамбалия. Аксари мардуми мусулмон ба ҳамин чор равияи шохаи мазҳаби сунна пайравӣ мекунанд.

Дар мусоҳибае, ки Шумо зикрашро кардед, валиаҳд таъкид намуданд, ки меҳвари шарр се шоха дорад. «Ихвон-ул-муслимин» ва созмонҳои террористие, чун «Ал-қоида» ва шабакаи террористии ДОИШ аз ин се шохаи меҳвари шарр мебошанд. Исломи муътадил ҳамон исломест, ки имрӯз мову шумову дигарон дорем.

Ховар: Метавон гуфт, ки дини муътадил муқобили дини ҷангҷӯ ва радикал аст?

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ: Албатта! Ислом зидди таассуб, зидди ифрот мубориза мебарад. Исломи ҳақиқӣ бар Қуръон асос мегирад. Худои таъоло дар Қуръони карим мефармояд: «Ҳар касе инсонеро, бидуни он ки қотил бошад ё дар замин табоҳӣ кардааст, бикушад, гӯё тамоми одамонро кушта аст ва ҳар касе инсонеро зинда нигоҳ дорад, гӯё тамоми мардумро зинда нигоҳ доштааст».

Фарқ нагузоштааст, ки киро куштед, мусулмон ё ғайримусулмонро – инсонро, ки куштед, пас тамоми мардумро куштаед. Ин нишон медиҳад, ки куштани инсон чӣ қадар гуноҳи сахт аст. Бубинед, ки дини ислом чӣ қадар инсонпарвар, мардумсолор аст. Ё худ дар ҳадиси набавии шариф омадааст, ки як хонуме, ки худ ҷинояткор аст, саги ташнаро об дод. Ба шарофати саги ташнаро об додан ҳамон зани гунаҳкор ҷаннатӣ шуд. Бубинед, ки дини ислом чӣ қадар тараҳҳумро, муҳаббатро талқин кардааст.

Ховар: Доир ба баробарии ҳуқуқҳои зану мард, баробарии динҳо, миллатҳо дар ҷомеаи исломӣ чӣ андеша доред?

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ: Ислом байни марду зан адолатро фароҳам овардааст. Ҳар яке аз инҳо ҳамчунин ҳуқуқу вазифаҳои худро доранд. Ҳар як мусулмон ҳуқуқҳои марду занро медонад.

Агар дар ин мавзуъ дар бораи Арабистони Саудӣ суҳбат кунем, пас бояд бароятон бигӯям, ки дар кишвари мо оилаҳои консервативӣ ҳастанд, ки пойбанди баъзе урфу одатҳои милливу маҳаллӣ мебошанд. Албатта, мо мехоҳем як ҷузъи тамаддуни ҷаҳонӣ бошем, лекин бо ҳифзи ҳувияти миллии худ. Ҳамчунин мехоҳем фарҳанги мо як ҷузъе аз фарҳанги ҷаҳон бошад, лекин миллияти худро нигоҳ дошта бошем.

Оид ба баробарӣ ва ҳамзистии осоиштаи пайравони динҳои гуногун мехоҳам бигӯям, ки дар Арабистони Саудӣ намояндагони миллатҳои зиёд кору фаъолият доранд, ки дар қатори онҳо пайравони ҳамаи динҳо ҳастанд. Ҳамсояи ҳазрати Пайғамбар яҳудӣ буд ва ҳазрати Пайғамбар бо ӯ ҳамсоягӣ мекард ва имрӯз низ дар кишвари мо, чӣ тавре ки гуфтам, пайравони ҳамаи динҳо кору фаъолият мекунанд.

Ховар: Тавре СММ расман иттилоъ дод, фақат дар соли 2017 дар олам 11 ҳазор амалҳои террористӣ содир шудаанд, ки дар натиҷа 25 ҳазор одамон ба ҳалокат расидаанд. Мутаассифона, бештари ин амалҳои нанговар аз тарафи ба ном «мусулмонҳо» ва гӯё «дар роҳи ислом» содир карда шудаанд…

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ: Бояд бигӯям, ки кишвари Арабистони Саудӣ азияти бештар аз амалҳои террористӣ кашидааст ва борҳо аз хатари терроризм ҳушдор додааст. Кишвари мо ташаббускори таъсиси Маркази мубориза бо терроризм дар назди СММ мебошад. Дар самти мубориза бо терроризм Арабистони Саудӣ таҷрибаи ғанӣ дорад.

Терроризм дин надорад. Бинобар ҳамин, он нафароне, ки дар роҳи Ислом гуфта, амали террористӣ содир мекунанд, ба ҳеҷ ваҷҳ амали онҳо аз Ислом нест. Ислом аз чунин шахсоне, ки ба куштори одамони бегуноҳ даст мезананд, безор аст.

Ховар: Барои ҷомеаи Тоҷикистон низ мавзӯи исломи муътадил хеле муҳим ва рӯзмарра мебошад. Зеро кишвари мо маҳз дар натиҷаи фаъолиятҳои террористону экстремистони ба ном исломӣ ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд, даҳҳо ҳазор одамон кушта шуданд, хисороти азими иқтисодиву молиявӣ ба кишвар расонида шуд… Назари Шумо нисбат ба озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро барои нигоҳ доштани исломи муътадил чи гуна арзёбӣ мекунед?

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ: Ман таърихи кишвари Тоҷикистонро хеле хуб медонам. Қабл аз омадан ба Тоҷикистон ба таври муфассал ба таърихи кишвари шумо ошно шудам, китобҳои зиёдро хондам.

Чанде пеш филмеро, ки дар бораи куштори чеҳраҳои шинохтаи миллати тоҷик нақл мекард ва он ба воситаи телевизионҳои Тоҷикистон пахш шуд, низ тамошо кардам. Дар ин филм дар бораи нақши кишвари алоҳида, ки ба оташи ҷанг равған мерехт, нақл мешуд…

Боз ҳам аз он шукри худо мекунам, ки шумо роҳбари хеле хирадманд, Пешвои шоистаи худро доред, ки ба фазли Худо, сипас ба шарофати сиёсати ӯ тавонистед ба кишвари худ амну осоиш, сулҳу суботро биёред. Ин неъматест, ки ба қадри он бояд ҳама бирасанд, зеро ин неъмат бо чӣ заҳматҳое ба шумо насиб гардидааст.

Ҳамчунин ман талошҳои Ҳукумати Тоҷикистонро дар роҳи мубориза ба ифротгароӣ ва таассуб хеле баланду шоиста арзёбӣ мекунам. Озодиҳои динӣ дар Тоҷикистон барои ҳама фароҳам оварда шудаанд. Орзумандам, ки ин вазъи орому осоиштаву фораму гуворо дар кишвари шумо ҳамеша побарҷо бошад.

Ховар: Дар интернет аксҳоеро метавон дид, ки аз фазои орому осудаи кишвари ҳамсояи мо Афғонистон дар солҳои 60-70-и асри гузашта нақл мекунанд, дар онҳо мебинем, ки чӣ тавр занону мардони аврупоӣ озодона сайру гашт мекунанд…

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ: Дуруст аст. Дар кишвари мо Арабистони Саудӣ ҳам то соли 1979 ақидаҳои террористию ифротӣ вуҷуд надоштанд.

Имрӯз вазъият дигар шудааст, кишварҳои алоҳида терроризмро сарпарастӣ мекунанд ва онҳо мехоҳанд ба ин васила ба умури дохилии дигар кишварҳо мудохила намоянд. Мо ба ин роҳ намедиҳем. Ҳамчунин мебинам, ки Ҳукумати Тоҷикистон низ намегузорад ба шаҳвандонаш ақидаҳои ифротӣ таҳмил карда шаванд.

Ховар: Чӣ бояд кард, то ақидаҳои ифротӣ дар миёни ҷавонону наврасон паҳн нагардад?

Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ: Ҳамкории зич ва самарабахш байни кишварҳои ҷаҳон алайҳи меҳвари шарр, ки дар боло зикр карда шуд, бояд мунтазам ва бардавом бошад. Дар Тоҷикистон баргузор намудани конфронси байналмилалӣ бар зидди терроризм ба нақша гирифта шудааст. Ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба муқобили терроризму ифротгароӣ шаҳодат медиҳад ва бешак барои гирифтани пеши роҳи паҳншавии ақидаҳои ифротӣ ва таассуб равона шудааст.

Мо бо Тоҷикистон дар таъкиди аҳамияти мубориза бо терроризм ҳамраъй ҳастем.

АМИТ “Ховар”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: