Перейти к содержимому

Таҳлиле бар дидгоҳи Ибни Сино перомуни иртиботи бадан бо нафс дар ҳаёти ухравӣ

Чакида

Дар ҳамроҳии бадан бо нафс дар ҳаёти дунявӣ шакке вуҷуд надорад, аммо ҳамроҳии бадани дунявӣ бо нафс дар ҳаёти ухравӣ, маҳалли баҳсу ихтилоф аст.

Мутобиқи мабонии Бӯалӣ Сино, бадани дунявӣ наметавонад ҳаёти ухравӣ дошта бошад, аммо бархе осори ношӣ аз ҳаёти дунявии бадан, то абад бо нафс боқӣ мемонад ва бар ҳаёти ухравӣ ва абадии инсон таъсир мегузорад.

Бадан дар назари Ибни Сино, нақши асосӣ дар вуқӯи марг дорад, чаро ки тағйиру инҳилоли таркиби он, омили ҷудо шудани нафс аз бадан ва дар натиҷа хотима ёфтани ҳаёти дунявӣ мегардад.

Бо шурӯи марҳилаи ухравии ҳаёт, агарчи пайванди нафс бо бадани моддӣ қатъ мешавад, аммо осори ношӣ аз бархе афъолу малакоти дунявии бадан зоил намешавад ва ба навҳе бар кайфияти сарнавишти ниҳоии инсон ва зиндагии абадии ӯ таъсир мегузорад.

Таҳаққуқи иттисоли томм ба ақли фаъол, ки бо рафъи мавонеъ ва маҳдудиятҳои баданӣ сурат мегирад, идроки ҳақиқии лаззоти маънавӣ ва идроки ҳақиқии зоти нафс, аз ҷумлаи ин осор аст.

Малакоти ношӣ аз ҳайъатҳои баданӣ, ки дар нафс русух ёфтаанд, то ҳаёти баъдӣ боқӣ мемонанд ва дар фароҳам кардани бистари саодат ва шақовати нафс ва таъйини камму кайфи савобу иқоби ухравии он дахолат мекунанд.

Нависандагон: хонумҳо дуктур Фурӯғуссодоти Раҳимпур, Заҳро Ҳайдарӣ

Манбаъ: Фаслнома Хирадномаи Садро, шумораи 85

Барои мушоҳидаи комили мақола рӯи фойли муқобил клик кунед:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: