Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (191)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (24)

Худои ҳастӣ ҳамаи камолоти ҳастиро дорад (4)

Матни мақола

Чунонки як нигоҳи содда ба бурҳонҳои гузашта, дар исботи яктоӣ ва танҳоӣ (нафйи касрат ва нафйи ширкат)-и Худои ҳастӣ кофӣ буд, ҳамчунин таъаммули ҷузъӣ субути ин назарияро, ки “Худои ҳастӣ ҳамаи камолоти ҳастиро дорад” мусаллам месозад. Зеро агар ба Худои ҷаҳон аз ин сӯи “бурҳон” нигоҳ кунем, ки вуҷуддиҳанда ва ҳастибахши ҷаҳон аст — ва дар мақолаи 9 равшан сохтем, ки иллати фоъилӣ бояд дорои камоле бошад, ки ба маълули худ медиҳад — ночор ҳукм хоҳем кард, ки бахшояндаи ҳастӣ ҳамаи камолоти ҳастиро дорост.

Ва агар ба Худои ҷаҳон аз ин сӯи “бурҳон” нигоҳ кунем, ки воқеияти мутлақ аз они ӯст, ночор ҳар камол ва феълияти воқеӣ низ аз они ӯ хоҳад буд.

Масалан, дар ҳар як аз мавҷудоти ҷаҳон фаъолияте ба ҳасби ҳоли худаш то ҳадде, ки шароити замонӣ ва маконӣ озодаш гузошта бошад, машҳуд аст ва албатта фаъолияти номбурда аз қудрате, ки мавҷуди номбурда дорад, сарчашма мегирад.

Ва чун ин қудрат камолест воқеиятдор, пас, аз воқеияти мутлақ (вуҷуди Худо) салб намешавад. Ва низ қудрати номбурда падидае аст, ки аз иллат пайдо шуда, пас ночор иллати фоъилиаш дорои он мебошад.

Ва масалан, дар бисёре аз мавҷудот сифати камолӣ ба номи “илм” дорем, чунонки дар инсон ва соири ҷонварони зинда пайдост. Ва ҳамчунон ки дар “қудрат” гуфта шуд, илм низ чизест воқеиятдор ва маълул аст, пас барои Худои ҷаҳон исбот хоҳад шуд.

Гузашта аз ин ки дар ҷараёни низоми вуҷуд (ки марбут ба иллатҳои ҷузъ наметавон донист) осори шуъур ва алоими қудрат (як илми бениҳоят борику тез ва як нерӯи бекарони ҳайратангез) ба андозае равшан аст, ки бо ҳеч парда ва пӯшише наметавон пӯшонид.

Дар мавриди “ҳаёт” (зист) метавон монанди “қудрат” ва “илм” сухан гуфт ва ҳаётро (ба маънии сифате, ки маншаи илму қудрат аст) барои Худои ҷаҳон исбот намуд.

Аз баёни гузашта натиҷа гирифта мешавад, ки:

1) Камолот ва сифоте, ки ба ҳасби таҷзияву таҳлил ба сӯи вуҷуд бармегарданд, яъне ба ростӣ вуҷуди хориҷӣ доранд, ба таври итлоқ барои Худои ҷаҳон собит ҳастанд, пас Худои ҷаҳон доно ва тавоно ва зинда мебошад ва ҳамчунин…

2) Сифоте, ки ба адам ва нестӣ таҳлил мешаванд, яъне ба ростӣ мавҷуд нестанд монанди ҷаҳл, аҷз, фано, фақр, эҳтиёҷ, маълулият, изтирор, аз Худои пок манфӣ мебошанд.

3) Чун эҳтиёҷ ва қайд аз Худо манфист, ночор ҳар сифати камолӣ, ки дорад айни зоташ хоҳад буд, на хориҷ аз ӯ, зеро камоли хориҷ аз зот, беэҳтиёҷу қайд сурат намегирад.

* * *

Ишкол

Агар ин қоъида куллият дошта бошад, ки Худои ҷаҳон ҳар амри вуҷудиро, ки меофаринад, худаш низ бояд доро буда ва иттисоф пазирад, дар мавриди ҷисму хоссиятҳои ҷисм низ бояд ҷорӣ бошад ва дар натиҷа бояд Худо ҷисм буда ва хоссиятҳои ҷисмро аз қабили буъд, адад, ранг, бӯй ва монанди онҳо дошта бошад.

* * *

Посух

Муқаддиматан бояд донист — чунонки дар мақолаи 7 баён кардем — мавҷудоти имконӣ, ки дар хориҷ ҳастанд, аз вуҷуду моҳият (андозаи вуҷуд) мураккабанд. Масалан, ҷисми мавҷуд агар вуҷудаш бо ҷисмоният маҳдуд набуд, вуҷуде буд мутлақ. Вале ҷисмоният яъне ҷавҳари моддии ҳаҷмдор, ин вуҷуди мутлақро таҳдид ва бо қайдҳои замонӣ ва маконӣ ошно месозад.

Ҳамеша иллати фоъилӣ ба ҳасби ҳоли худ асари мутлақ медиҳад, вале моддаи қобила бо шароити замонӣ ва маконии худаш итлоқи феъли вайро таҳдид мекунад; монанди касе, ки бихоҳад об аз дарё бардорад ва албатта вай таҳдид ба об намедиҳад, вале кӯтоҳии дасту бозуи вай, зарфият ва шакли косае, ки дар даст дорад, наздику дурии аҷзои оби дарё, феъли ӯро муқайяд месозад.

Пас аз ин муқаддима, равшан хоҳад шуд, ки Худои ҷаҳон вуҷудаш аз олоиши ҳар ҳадду қайде пок аст, бо моҳиятҳо, ки ҳудуду қайдҳоянд ва андозаҳои вуҷуданд муттасиф намешавад ва танҳо бо сифатҳои вуҷудӣ, ки холӣ аз ҳадд мебошанд метавон муттасифаш донист, монанди илму қудрат.

Ва дар ҳақиқат ҳар қайде ба адам таҳлил мешавад ва вуҷуди мутлақи худоӣ, адаму нестӣ намепазирад.

Оре, мо Худои ҷаҳонро бо як ришта сифоте, ки хориҷ аз зот ҳастанд тавсиф мекунем, монанд ин ки мегӯем: ӯ Худовандгор, офаридгор, кирдгор, ҳастибахш, рӯзидиҳанда, зиндакунанда, миронанда, парвардигор, коргузор аст.

Вале инҳо дар ҳақиқат сифоте ҳастанд нисбӣ, на хориҷии нафсӣ.

Аз суханони гузашта натиҷа гирифта мешавад, ки:

Сифоти Худованди се қисманд:

1) Сифоти зотӣ ва субутӣ монанди қудрат.

2) Сифоти салбӣ монанди фақр.

3) Сифоти нисбӣ монанди хилқати замонӣ.

* * *

Ишора

Охирин баҳси фалсафӣ дар сифоти Худои ҳастӣ ба назарияе мунтаҳӣ шуда, ки аз сатҳи суханони гузашта басе болотар аст, ва он ин аст, ки:

“Чун ҳастии Худо аз ҳар қайду шарте мутлақ аст ва ҳеч гуна ҳадде дар он ҷо нест, пас худи ин таҳдид (ҳеч гуна ҳадде дар он ҷо нест) низ аз он ҷо манфӣ аст ва аз ин рӯй вуҷуди Эзадӣ аз ҳар таҳдиди мафҳумӣ низ болотар ва ҳеч мафҳуме (ҳатто ин мафҳум) наметавонад ба вай иҳота намуда ва тамом ҳокӣ буда бошад.”

Бештар аз ин андозаро бояд аз ҷоҳои дигар суроғ гирифт.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: