Шарҳи Маснавӣ (273)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (17)

* * *

Дар баёни он ки ҷунбидани ҳар касе аз он ҷо ки вай аст, ҳар касро аз чанбараи вуҷуди худ бинад. Тобаи кабуд офтобро кабуд намояд ва сурх сурх намояд. Чун тоба аз рангҳо берун ояд, сапед шавад. Аз ҳамаи тобаҳои дигар ӯ ростгӯтар бошад ва имом бошад (2)

* * *

Эй дареғо, мар туро гунҷо будӣ,

То зи ҷонам шарҳи дил пайдо шудӣ.

Эй кош ҳавсала ва тавоноӣ медоштам, то ҷонам шарҳи дилро бароят ошкор мекард ва туро аз лаззати дарун огоҳ месохт.

Ин сухан шир аст дар пистони ҷон,

Бекашанда хуш намегардад равон.

Суханоне, ки мо одамиён баён медорем, монанди шир дар пистон аст ва то аз тарафи шунаванда кашишу майле набошад, он шир ҷориву равон намешавад.

Мустамеъ чун ташнаву ҷӯянда шуд,

Воъиз ар мурда бувад, гӯянда шуд.

Агар шунаванда алоқаманду толиб бошад, гӯянда мурда ҳам, ки бошад, бар асари иштиёқи шунаванда ба сухан меояд.

Мустамеъ чун тоза омад бемалол,

Сад забон гардад ба гуфтан гунгу лол.

Агар шунаванда шодобу зиндадил бошад, гӯянда агар лолу безабон ҳам, ки бошад, сад забон мегушояд ва ба нутқ дармеояд.

Чунки номаҳрам дарояд аз дарам,

Парда дар пинҳон шаванд аҳли ҳарам.

Ва агар номаҳраме ба ҳарими ман дохил шавад, аҳли ҳарам худро пушти парда пинҳон мекунанд.

Нукта: Ҳамон тавр ки ҳузури шахси бегона сабаб мешавад, ки маҳорим худро бипӯшонанд, ҳамин тавр агар касе нисбат ба шунидани ҳақоиқ ва асрори маориф аҳлият надошта бошад, гӯянда ҳақоиқ ва асрори маорифро ба ӯ нишон намедиҳад ва онҳоро пинҳон мекунад ва мастур медорад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.715)

В-ар дарояд маҳраме дур аз газанд,

Баргушоянд он сатирон рӯйбанд.

Агар чунончи маҳраме бе он ки газанду зараре дошта бошад вориди ҳарими он хона шавад, он заноне, ки худро дар пӯшишу ҳиҷоб пинҳон карда буданд, худро ошкор мекунанд.

Сатир: пӯшидашуда, дар ҳиҷоб.

Нукта: Асрори маориф ва ҳақоиқро метавон барои аҳлаш бозгӯ кард.

Ҳар чиро хубу хушу зебо кунанд,

Аз барои дидаи бино кунанд.

Усулан ҳар чизро, ки хубу хушу зебо кунанд, танҳо барои дидагони шахси бинову басир аст, на барои нобиноён.

Кай бувад овози лаҳну зеру бам

Аз барои гӯши беҳисси асам?

Ҳамин тавр масалан овози хушу зеру бамро кай барои афроди ношунаво месозанд?

Асамм: кар, ношунаво.

Мушкро беҳуда Ҳақ хушдам накард,

Баҳри ҳис кард ӯ, пайи ахшам накард.

Ҳамин тавр масалан Ҳақ Таъоло мушкро беҷиҳат хушбӯ накарда, балки онро барои биниҳое муаттар карда, ки ҳисси бӯёӣ доранд, на он биниҳое, ки ҳисси худро аз даст додаанд.

Ахшам: касе, ки ҳисси шоммааш кор намекунад ва бӯй эҳсос нанамояд.

Ҳақ замину осмон барсохтаст,

Дар миён бас нору нур афрохтаст.

Ё масалан Ҳақ Таъоло замину осмонро сохта ва ба вуҷуд оварда ва дар миёни замину осмон оташу равшаниро фароҳам сохтааст.

Ин заминро аз барои хокиён,

Осмонро маскани афлокиён.

Ё масалан заминро барои заминиён ва осмонро барои осмониён қарор додааст.

Хокиён: аҳли замин, заминиён. Афлокиён: аҳли осмон, осмониён.

Марди суфло душмани боло бувад,

Муштарии ҳар макон пайдо бувад.

Он касе, ки дар мартибаи паст ҷой дорад, душмани он касе аст, ки дар мартибаи боло ҷой гирифта. Пас, ҳар макон барои худ муштарӣ ва хоҳони вежае дорад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: