Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (47)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (9)

Офатзадагӣ

Севвумин масъала, ки дар ин ҷо ба таносуби баҳс аз арзиши имон лозим аст мавриди диққат қарор гирад, арзиши манфии куфру инод аст. Яъне оё куфру инод мӯҷиби нобуд шудан ва аз асар афтодани амали хайр мегардад ва монанди як “офат” онро фосид мекунад? Ба иборати дигар: оё агар аз инсон амали хайре бо ҳамаи шароити ҳусни феълӣ ва фоъилӣ содир шавад ва аз тарафи дигар инсон дар баробари ҳақиқат, хусусан ҳақиқате, ки аз усули дин ба шумор меравад, лиҷоҷ варзад ва инод ба харҷ диҳад, дар ин сурат оё он амал, ки дар зоти худ хайр ва малакутӣ ва нуронӣ буда ва аз ҷанбаи буъди илоҳӣ ва малакутӣ нақсе надошта, ба воситаи ин лиҷоҷу инод ва ё ба сабаби як ҳолати инҳирофии руҳии дигар нобуд мегардад ё на? Дар ин ҷо масъалаи “офат” матраҳ аст.

Мумкин аст амале, ҳам дорои ҳусни феълӣ бошад ва ҳам дорои ҳусни фоъилӣ, ва ба таъбири дигар, ҳам пайкари саҳеҳ дошта бошад ва ҳам руҳу ҷони солим, ҳам аз виҷҳаи мулкӣ ва табиат хайр бошад ва ҳам аз виҷҳаи малакутӣ, вале дар айни ҳол аз назари малакутӣ ба хотири офатзадагӣ табоҳу пуч гардад, ҳамчун базри солим, ки дар замини мусоид пошида мешавад ва маҳсул ҳам медиҳад, вале қабл аз ин ки мавриди истифода қарор гирад, дучори офат мегардад, малах ё соиқае онро нобуд месозад. Қуръони Карим ин “офатзадагӣ”-ро “ҳабт” меномад.

“Офатзадагӣ” ихтисос ба куффор надорад, дар аъмоли неки мусалмонон низ мумкин аст пеш ояд. Мумкин аст як мусалмони мӯъмин, дар роҳи Худо ва барои Худо ба фақири мустаҳиққе садақа бидиҳад ва садақаи ӯ мавриди қабул воқеъ гардад, вале баъд онро бо миннат гузоштан бар ӯ ва ё бо навъе озори руҳии дигар ба ӯ, несту нобуд гардонад ва табоҳ созад. Қуръони Карим мефармояд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لاَ تُبْطِلُواْ صَدَقَاتِكُم بِالْمَنِّ وَالأذَى

Эй касоне, ки имон овардаед! Садақаҳои хештанро бо миннат ниҳодан ва озор расондан, ботил накунед.” (Сураи Бақара, ояти 264)

Яке дигар аз офоти аъмоли хайр “ҳасад” аст; чунонки фармудаанд:

ان الحسد ليأكل الحسنات كما تأكل النار الحطب

Ҳасад варзидан аъмоли хайри инсонро мебалъад ва мехӯрад ончунон, ки ҳезум оташро.” (Биҳор, 15/132-133)

Яке дигар аз он офот, “ҷуҳуд” яъне ҳолати “ситезагарӣ бо ҳақиқат” аст.

Ҷуҳуд яъне ин ки одамӣ ҳақиқатро дарк кунад ва дар айни ҳол бо он мухолифат кунад. Ба иборати дигар: ҷуҳуд ин аст, ки фикру андеша ба воситаи далелу мантиқ таслим гардад ва ҳақиқат аз назари ақл ва чароғи андеша равшан гардад, аммо руҳ ва эҳсосоти худхоҳона ва мутакаббирона сар боз занад ва таслим нашавад. Руҳи куфр, ситезаҷӯӣ ва мухолифатварзӣ бо ҳақиқат дар айни шинохти ҳақиқат аст. Қаблан, он ҷо, ки дар бораи маротиби таслим баҳс кардем, тавзеҳоте роҷеъ ба ин ҳолат додем. Акнун ба муносибати баҳс аз “офатзадагӣ”, тавзеҳи бештаре медиҳем:

Амири мӯъминон Алӣ (а) дар таърифи ислом мефармояд:

الاسلام هو التسليم

Ислом яъне таслими ҳақиқат будан”.

Яъне, дар ҷое, ки манофеъи шахс, таъассуби шахс, одати шахс дар муқобили ҳақиқат қарор мегирад, одамӣ худро таслими ҳақиқат кунад ва аз ҳар чӣ ҷуз ҳақиқат аст сарфи назар кунад.

Ҷуҳуд яъне ҳолати кофирмоҷароӣ, ончунон ҳолате, ки Абӯҷаҳл дошт, медонист, ки Пайғамбари Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар даъвои нубувват ростгӯст, вале чун ҳолати кофирмоҷароӣ дошт, имон намеовард. Гоҳе шунида мешавад, ки ашхосе мегӯянд мо ҳозир ҳастем ба ҷаҳаннам биравем, вале ин корро накунем, яъне агар ин матлаб ҳақиқат ҳам бошад, мо ҳозир нестем бипазирем. Таъбирҳои дигар аз қабили “якданда будан” ва амсоли инҳо, ҳама баёнгари ҳамин сифати “ҷуҳуд” аст. Қуръони Карим вуҷуди ин сифати зиштро дар бархе аз афрод, бисёр олӣ муҷассам кардааст; мефармояд:

 وَإِذْ قَالُواْ اللَّهُمَّ إِن كَانَ هَذَا هُوَ الْحَقَّ مِنْ عِندِكَ فَأَمْطِرْ عَلَيْنَا حِجَارَةً مِّنَ السَّمَاءِ أَوِ ائْتِنَا بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

Ва замоне, ки гуфтанд: Худоё! Агар ин ҳақ аст ва аз ҷониби туст, пас, аз осмон санге бар сари мо биафкан ё азобе дарднок бар мо ворид соз.” (Сураи Анфол, ояти 32)

Қуръон чӣ тоблуеро муҷассам кардааст! Чӣ гуна бо нақли як ҷумла, равони бемори бархе аз афроди башарро нишон медиҳад!

Ин инсони лаҷуҷ, ки гуфтори ӯ дар ин оят нақл шудааст, ба ҷои ин ки бигӯяд: “Худоё! Агар ин матлаб ҳақ аст ва аз ҷониби туст, пас, қалби маро мусоид кун, ки бипазирам”, мегӯяд: “Агар ҳақ аст, азобе бар ман нозил кун ва маро аз байн бибар!”, ки тоқат надорам зинда бимонам ва рӯ дар рӯи ҳақиқат қарор гирам.

Ин ҳолат, ҳолати бисёр хатарноке аст ҳарчанд дар мавзӯоти кучак бошад. Ва чи басо бисёре аз моҳо – маъозаллоҳ! — гирифтори он бошем. Фарз кунед табибе олимақом ва ё муҷтаҳиде олимақом ва ё мутахассиси олимақоми дигаре, ки шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад, дар як масъалаи марбут ба фанни худаш ташхисе бидиҳад ва назари худро иброз дорад. Баъд як фарди гумном, табиб ё талабае ҷавон, дар ҳамон масъала назари мухолиф бидиҳад ва далоили қатъӣ ҳам ироа кунад ва худи он мақоми олӣ дар дили худ сиҳҳати гуфтори он ҷавонро тасдиқ кунад, вале мардуми дигар тибқи маъмул бехабар бимонанд ва назар ба шахсияти он мақоми олӣ, ӯро тасдиқ кунанд. Дар ин ҳол агар он мутахассиси машҳур таслими гуфтаи он табиб ё он талабаи ҷавон бишавад, яъне агар таслими ҳақиқат гардад ва эътироф ба иштибоҳи хеш кунад, ӯ воқеан “муслим” аст, зеро “ал-ислому ҳуват-таслим” (ислом ҳамон таслими ҳақиқат будан аст), ва ба ваҷҳе метавон гуфт, мисдоқи:

بَلَى مَنْ أَسْلَمَ وَجْهَهُ لِلّهِ

Оре, ҳар кас, ки худро бо тамоми вуҷуд, ба Худо таслим кунад…” (Сураи Бақара, ояти 112) — аст. Чунин шахсе аз сифати палиди “ҷуҳуд” мубаррост. Ва аммо агар инкор варзад ва ба хотири ҳифзи ҳайсият ва шӯҳрати худ, бо ҳақиқат мубориза кунад, кофирмоҷаро ва ҷоҳид аст.

Агар он табиб, масалан, хеле беинсоф бошад, ҳарфашро барнамегардонад, вале амалашро бармегардонад, ва агар хеле беинсоф бошад, амалашро ҳам барнамегардонад ва ҳамон нусхаро медиҳад ва маризро мекушад. Баъд ҳам мегӯяд, бемор хубшуданӣ набуд. Ва ҳамчунин як олими олимақоми дигар. Акси ин ҳолат ҳам бисёр иттифоқ меафтад. Ривояте дар “Кофӣ” аст, ки ин ҳақиқатро равшан мекунад:

Муҳаммад ибни Муслим мегӯяд: аз Имом Боқир (алайҳис салом) шунидам, ки фармуд:

كل شيء يجرّه الاقرار والتسليم فهو الايمان، وكل شيء يجرّه الانكار والجحود فهو الكفر

Ҳар чизе, ки натиҷаи иқрору таслиму руҳи пазириши ҳақиқат бошад, ӯ имон аст, ва ҳар чизе, ки натиҷаи руҳи иноду сарпечӣ аз ҳақиқат бошад, ӯ куфр аст.” (Кофӣ, 2/378)

Мегӯянд, марҳум Оятуллоҳ Сайидҳусайни Кӯҳкамарӣ (р), ки аз шогирдони соҳиби “Ҷавоҳир” ва муҷтаҳиди машҳуру маъруф буд ва ҳавзаи дарсии мӯътабар дошт, ҳар рӯз тибқи маъмул дар соати муайян ба яке аз масҷидҳои Наҷаф меомад ва тадрис мекард.

Чунонки медонем, ҳавзаи тадриси хориҷи фиқҳу усул, заминаи риёсат ва марҷаъият аст. Риёсат ва марҷаъият барои як талаба ба маънии ин аст, ки як мартиба аз сифр ба лониҳоят бирасад. Зеро як нафар талаба то марҷаъ нашудааст, ҳеч аст ва ба раъю ақидаи ӯ кучактарин эътиное намешавад, вале ҳамин, ки марҷаъ шуд, як мартиба раъйи ӯ мутоъ мегардад ва касе дар муқобили раъйи ӯ раъй надорад… Бинобар ин, талабае, ки шонси марҷаъият дорад, марҳилаи ҳассосеро тай мекунад. Марҳум Сайидҳусайни Кӯҳкамарӣ дар чунин марҳилае буд.

Як рӯз он марҳум аз ҷое — масалан аз дидани касе — бармегашт ва ним соат бештар ба вақти дарс боқӣ намонда буд, фикр кард, дар ин вақти кам агар бихоҳад ба хона биравад, ба коре намерасад, беҳтар аст биравад ба маҳалли мавъуд ва ба интизори шогирдон биншинад. Рафт ва ҳанӯз касе наомада буд, вале дид дар як гӯшаи масҷид шайхи жӯлидае бо чанд шогирд нишаста ва тадрис мекунад. Марҳум Сайидҳусайн суханони ӯро гӯш кард, бо камоли таъаҷҷуб эҳсос кард, ки ин шайхи жӯлида бисёр муҳаққиқона баҳс мекунад. Рӯзи дигар роғиб шуд амдан зудтар биёяд ва ба суханони шайх гӯш кунад; омад ва гӯш кард ва бар эътиқоди рӯзи пешаш афзуда гашт. Ин амал чанд рӯз такрор шуд. Барои марҳум Сайидҳусайн яқин ҳосил шуд, ки ин шайх аз худаш фозилтар аст ва ӯ аз дарси ин шайх истифода мекунад ва агар шогирдони худаш ба ҷои дарси ӯ, ба дарси ин шайх ҳозир шаванд, баҳраи бештаре хоҳанд бурд.

Ин ҷо буд, ки худро миёни таслиму инод, миёни имону куфр, миёни охирату дунё мухайяр дид.

Рӯзи дигар, ки шогирдон омаданд ва ҷамъ шуданд, гуфт: руфақо! Имрӯз мехоҳам матлаби тозае ба шумо бигӯям, ин шайх, ки дар он канор бо чанд шогирд нишаста, аз ман барои тадрис шоистатар аст ва худи ман ҳам аз ӯ истифода мекунам, ҳама бо ҳам меравем ба дарси ӯ. Аз он рӯз дар ҳалқаи шогирдони шайхи жӯлида, ки чашмҳояш андаке тарохум дошт ва осори фақр дар ӯ дида мешуд, даромад.

Ин шайхи жӯлидапӯш ҳамон аст, ки баъдҳо ба номи Ҳоҷ Шайх Муртазо Ансорӣ маъруф шуд, аҳли Шуштар аст ва “Устодулмутаъаххирин” лақаб ёфт.

Шайх дар он вақт тоза аз сафари чандсолаи худ ба Машҳад ва Исфаҳон ва Кошон баргашта буд ва аз ин сафар тӯшаи фаровоне баргирифта буд, махсусан аз маҳзари марҳум Ҳоҷ Мулло Аҳмади Нароқӣ дар Кошон.

Чунин ҳолате дар ҳар кас мавҷуд бошад, мисдоқи: “аслама ваҷҳаҳу лиллоҳ” (худро таслими Ҳақ кардааст) аст.

Пас, куфру ҷуҳуд, яъне кофирмоҷароӣ кардан ва инод варзидан. Баъдан хоҳем гуфт, ки аз назари Қуръони Маҷид, кофир аз он ҷиҳат кофир хонда шудааст, ки ҳолати иноду инкор дар айни идроки кашфи ҳақиқат дар ӯ ҳаст. Ва ҳамин ҳолат аст, ки мӯҷиби ҳабт аст ва офати амали хайр ба шумор меравад. Ба ҳамин хотир Худои Мутаъол дар бораи аъмоли куффор мефармояд: “Монанди хокистаре аст, ки боди тунде бар он бивазад ва онро аз байн бибарад”:

مَّثَلُ الَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمْ أَعْمَالُهُمْ كَرَمَادٍ اشْتَدَّتْ بِهِ الرِّيحُ فِي يَوْمٍ عَاصِفٍ

(Сураи Иброҳим, ояти 18)

Фарз кунем, Постур пайҷӯии илмии хешро, ки мунтаҳӣ ба кашфи микроб гардид, барои Худо анҷом додааст ва манзураш эҳсон ба халқ, тақаррубан илаллоҳ будааст; кофӣ нест, ки дар ниҳояти амр маъҷур дар назди Худо бошад. Агар ӯ дорои сифоте аз қабили ҷуҳуд ва амсоли он буда ва нисбат ба ақоиди хеш таъассуб меварзидааст ба тавре, ки агар гуфта мешуд масалан дини Масеҳ (а) барои ту як дини ҷуғрофиёӣ аст, як дини падару модарӣ аст, оё таҳқиқ кардӣ, ки дини беҳтар ва комилтар аз дини Масеҳ вуҷуд дорад ё надорад?, ӯ зери бор намерафт ва мегуфт: “Нон, нони сангак, ва дин, дини Масеҳ” ва ҳатто ҳозир ба таҳқиқу ҷустуҷӯ ҳам намешуд; албатта тамоми аъмоли ӯ ҳабо ва ҳадар аст, зеро дар ин фарз, ӯ “кофирмоҷаро” буда ва кофирмоҷароӣ тамоми кӯшиши инсонро нобуд месозад; амали инсон ҳамроҳ бо чунин ҳолате, ҳамчун хокистарест дар маърази ғорати тундбод.

Постур ба унвони як мисол зикр шуд. Намехоҳем бигӯем Постур чунин будааст, Худо доност. Мо низ агар бо ҳақ инод дошта бошем, машмули ҳамин формули куллӣ мебошем.

Парвардигоро! Моро аз ҳолати куфру инод ва кофирмоҷароӣ ҳифз фармо!

* * *

Ғайр аз он чи ки ёд шуд, офатҳои дигаре низ барои аъмол вуҷуд дорад. Шояд яке аз он офатҳо бетафовутӣ ва беҳиссӣ дар дифоъ аз ҳаққу ҳақиқат аст. Инсон на танҳо бояд дар муқобили ҳақиқат ҷуҳуду истинкор надошта бошад, бетараф ҳам наметавонад бошад, бояд аз ҳақ дифоъ кунад. Мардуми Куфа медонистанд, ки ҳақ бо Ҳусайн ибни Алӣ (а) аст ва ин маъниро эътироф ҳам карда буданд, вале дар ҳимоят аз ҳақ ва дифоъ аз он кӯтоҳӣ карданд, суботи қадам нишон надоданд ва истиқомат наварзиданд. Дар ҳақиқат, ҳимоят накардан аз ҳақ, ҷуҳуди амалии он аст.

Ҳазрати Зайнаб (Саломуллоҳи алайҳо) дар хутбаи маъруфи хеш барои Куфиён, онҳоро ба кӯтоҳӣ дар ҳимоят аз ҳақ ва ба зулму ҷиноят бар он накӯҳиш мекунад. Фармуд:

يا اهل الكوفة، يا اهل الختل والغدر، أتبكون؟ الا فلا رقأت العبرة ولا هدأت الزفّة، انما مثلكم كمثل التي نقضت غزلها من بعد قوّة انكاثا

Эй аҳли Куфа, эй дағалбозони фиребкори бевафо! Оё гиря мекунед?! Пас, ашки шумо нахушкад ва нолаатон хомӯш нагардад. Масали шумо ҳамчун он зани аҳмақ аст, ки панбаҳоеро меришт ва нах месохт, дубора он чиро, ки ришта буд, панба мекард ва он чиро, ки бофта буд боз мекард.”

Уҷб ва ба худ болидан низ яке дигар аз офоти амал аст.

Риёи пас аз амал низ монанди ҳасодату уҷбу ҷуҳуд, табоҳсозандаи амал аст. Дар ҳадис омадааст:

Гоҳе шахсе амали солеҳ ва нуронӣ анҷом медиҳад ва амалаш дар ъиллийин қарор мегирад. Вале баъдҳо дар малаъи омм амали худро бозгӯ мекунад ва ба рухи мардум мекашад. Ин, сабаб мешавад, ки амалаш таназзул кунад. Бори дигар онро бозгӯ мекунад, таназзул ва суқути дигаре пайдо мекунад. Вақте бори севвум онро бозгӯ кунад, ба куллӣ нобуд мегардад ва аҳёнан табдил ба амали шарр мешавад.”

Имом Боқир (алайҳис-салом) фармуд:

الابقاء على العمل اشدّ من العمل. قال (الراوي): وما الابقاء على العمل؟ قال: يصل الرجل بصلة وينفق نفقة لله وحده لا شريك له فتكتب له سرا ثم يذكرها فتمحى فتكتب له علانية ثم يذكر فتمحى وتكتب له رياء

Нигаҳдории амал, аз худи амал мушкилтар аст. Ровӣ гуфт: нигаҳдории амал яъне чӣ? Имом фармуд: яъне инсон амале барои Худои якто дур аз чашми мардум анҷом медиҳад ва дар номаи амали ӯ ҳамин тавр сабт мешавад. Баъд, он амалро бозгӯ мекунад. Он амал аз сурати як амали сиррӣ маҳв мешавад ва ба унвони як амали аланӣ дар номаи амали ӯ сабт мегардад. Бори дигар он амалро бозгӯ мекунад. Дар ин вақт, он амал аз девони ҳасанот маҳв мешавад ва ба унвони як амали “риёӣ” дар девони сайиоти ӯ сабт мегардад.” (Васоил, 1/55)

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: