Сиёсат

Валиаҳди Саудӣ ба раҳбарони Фаластин: “Ё бо Исроил музокира кунед ё хафа шавед ва шикоят накунед!”

Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Саудӣ, дар ҷараёни сафари ахираш ба Омрико дар ҷаласаи дидор бо созмонҳои яҳудии Омрико, ба раҳбарони фаластинӣ тавсия карда, ки ё бо Исроил бар сари мизи музокира нишаста ва ихтилофоти худро ҳал кунанд ё “хафа шаванд ва шикоят накунанд.”

Ба гузориши шабакаи хабарии Fox News, Муҳаммад бен Салмон ин изҳоротро дар ҷаласае дар Ню-йорк ва дар охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ баён кардааст.

Бино бар ин гузориш, “Муҳаммад бен Салмон дар ҷаласаи дидор бо созмонҳои яҳудии Омрико гуфтааст: “Тайи даҳаҳои гузашта раҳбарони фаластинӣ фурсатҳои сулҳ бо Исроилро яке пас аз дигаре аз даст додаанд ва ҳамаи пешниҳодҳои сулҳро рад кардаанд.”

Ӯ афзудааст: “Раҳбарони фаластинӣ ё бояд бо қабули пешниҳодҳои сулҳ ба пойи мизи музокира бираванд ва ё хафа шаванд ва ин қадр шикоят накунанд.”

Бар асоси ин гузориш, пас аз изҳороти Муҳаммад бен Салмон дар он ҷаласа, ҳозирон аз лаҳни ӯ шигифтзада шудаанд.

Муҳаммад бен Салмон дар он ҷаласа таъкид карда, ки дар шароити кунунӣ масъалаи Фаластин барои давлати Саудӣ авлавият надорад ва масоили муҳимтаре аз ҷумла Эрон дорои авлавият аст.

Муҳаммад бен Салмон ба раҳбарони фаластинӣ тавсия кардааст, бо пешниҳодҳои сулҳи давлати Тромп мувофиқат кунанд.

Гуфтанист, дар пайи эъломи тасмими давлати Тромп барои интиқоли сафорати Омрико аз Телавив ба шаҳри Қудс, давлати Фаластин аз таърихи 6 декабри 2017 ҳар гуна гуфтугӯҳои диплумотик бо Кохи сафедро “бойкот” – таҳрим – кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.