Перейти к содержимому

Вокунишҳо ба тарҳи оштии давлати Миср бо Ихвонулмуслимин

Тарҳи дуктур Камол Ҳалбовӣ, аз аъзои аршади собиқи Ихвонулмуслимин, мабнӣ бар оштии Ихвонулмуслимин бо давлати феълии Миср, саҳнаи сиёсии ин кишварро бо баҳсу ҷадали тозае рӯ ба рӯ кардааст.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии Арабӣ21, имрӯзҳо саҳнаи сиёсии Миср бо баҳсу ҷадали тозае рӯ ба рӯ шудааст, ки бархоста аз тарҳи дуктур Камол Ҳалбовӣ, аз аъзои аршади собиқи Ихвонулмуслимин барои оштӣ байни низоми ҳоким ва Ихвонулмуслимин аст.

Бар пояи ин гузориш, вокуниши аҳзоб ва чеҳраҳои сиёсии Миср ба ин тарҳ, барои нахустин бор бо тағйир рӯ ба рӯст, ба ин маънӣ, ки байни қабули ин тарҳ ва мухолифат бо он ҳамроҳ шудааст, дар ҳоле, ки то пеш аз ин ҳеч ҳарфе ҷуз “на” шунида намешуд.

Шояд барои нахустин бор аст, ки ҳизби ҳомии раисиҷумҳур яъне Абдулфаттоҳ Ассисӣ, бар сари оштӣ дучори дудастагӣ шудааст, ба ин маънӣ, ки эъломи мувофиқати Акмал Қиртом, раиси ҳизби Алмуҳофизин бо пешниҳоди оштии миллӣ барои раҳоии Миср аз бӯҳрони кунунӣ, мӯҷиб шуд муовини ин ҳизб ва теъдоде аз аъзои аршади он истеъфо бидиҳанд.

Ин вазъият, ки натиҷаи тарҳи дуктур Ҳалбовӣ аст, суолҳои мутаъаддиде дар мавриди аҳдофи ин пешниҳод матраҳ мекунад, аз ҷумла ин ки ин тарҳ чаро акнун матраҳ шудааст? Чаро Ҳалбовӣ онро арза кардааст; касе, ки дар марти 2014 дар телевизиюни Миср мухолифати худро барои миёнҷигарӣ бо Ихвонулмуслимин эълом карда буд? Ҳамчунин ин тарҳ суолҳое бо ин мазмун дорад, ки фоидаи мувофиқати ҳомиёни Ассисӣ чист?

Дар ин миён, Амр Мӯсо, дабири кулли пешини Иттиҳодияи Араб, ки Ҳалбовӣ номи ӯро ҷузъи афроде, ки метавонанд ин корро ба ӯҳда бигиранд зикр кардааст, бо ин тарҳ бархӯрди диплумотик дошт ва ӯ аз тавзеҳ дар мавриди тарҳи мазбур худдорӣ кард, ва Муҳаммад Фоиқ, раиси Шӯрои миллии ҳуқуқи башар низ ҳамин мавзеъро иттихоз кард.

Мавзеъи аҳзоби сиёсии Миср дар қиболи пешниҳоди оштӣ дар Миср, шомили қабул ва радди он буд, ва нуктаи ҷолиб ин ки барои аввалин бор дар Миср аз июли 2013 шоҳиди баҳсу ҷадал байни аҳзоби ин кишвар бар сари оштӣ бо ихвониҳо ҳастем, ба ин тартиб, ки илова бар ҳизби Алмуҳофизин, Ҳизби созандагӣ ва тавсиъа низ аз ин тарҳ истиқбол карда ва Холид Ашшариф сухангӯи ин ҳизб гуфт, ки аз ҳар гуна талош ва ибтикори амал барои ҳаллу фасли сиёсии бӯҳрони Миср истиқбол мешавад.

Аммо Ҳизби Алкарома мавзеъи муҳофизакорона ихтиёр карда ва Абдулазиз Алҳусайнӣ, сухангӯи ин ҳизб, қабули тарҳи мазбурро машрут ба ин донист, ки тамоми атроф аввал ба иштибоҳоти худ дар гузашта эътироф кунанд.

Ӯ ҳамчунин тамоми тарафҳои муртабит бо бӯҳрони кунуниро ба тарҳи дидгоҳҳои худ барои оянда фаро хонда ва гуфт, ҳалли бӯҳрон аз тариқи фарохони оштӣ ё ибтикори амал мумкин нест, балки ҳама бояд ба иштибоҳоте, ки дар гузашта муртакиб шудаанд, эътироф кунанд.

Аз сӯи дигар, аҳзоби ҳомии Ассисӣ аз ҷумла аҳзобе, ки дар порлумони Миср ҳузур доранд, мухолифати худро бо ибтикори амали дуктур Ҳалбовӣ эълом карданд ва дар ин миён Усом Халил, раиси ҳизби Алмисрийин Алаҳрор (Мисриаҳои Озод) дар баёнияе мухолифати ниҳоии ин ҳизб бо оштӣ бо Ихвонулмуслиминро эълом карда ва гуфт, ҳар кас онро бипазирад, ба инқилоби июни 2012 хиёнат кардааст.

Дар ҳамин иртибот Яҳё Алкадвонӣ, узви эътилофи “Ҳимояти Миср” низ дар мавзеъи мушобеҳ бо мавзеъи Усом Халил, ин тарҳи пешниҳодиро бадхоҳона баршумурд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: