Зариф: “Ин чӯпони дурӯғгӯ даст аз дурӯғгӯӣ барнамедорад!”

Дар ҳоле, ки Натонёҳу, нахуствазири режими “Исроил” муддаӣ шуд, мадорике мабнӣ бар талоши Теҳрон барои сохти бомби атомӣ дар даст дорад, Зариф, вазири хориҷаи Эрон, ӯро ба чӯпони дурӯғгӯе ташбеҳ кард, ки боз ҳам мехоҳад дар бораи барномаи ҳастаи Эрон сухани кизбу дурӯғ бигӯяд.

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими “Исроил” шаби гузашта (30.04.2018), теъдоде акс, сидӣ ва коғазро нишон дод ва муддаӣ шуд, ки “мадорики ғайриқобили инкор” аз талоши махфиёнаи Теҳрон барои сохти бомби атомӣ дорад.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, вай дар як конфронси хабарӣ муддаӣ шуд, Эрон пас аз имзои Барҷом, ба ҷаҳон дурӯғ гуфта ва талоши худ барои махфӣ кардани барномаи сохти таслиҳоти атомиро ташдид кардааст.

Натонёҳу як сандуқи пур аз коғаз ва сидиро нишон дод ва муддаӣ шуд, ки 55 ҳазор сафҳа ва 183 сидӣ мадрак аз талоши Эрон барои сохти силоҳи ҳастаиро дар ихтиёр дорад ва онро дар ихтиёри ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Ожонси байналмилалии энержии атомӣ гузоштааст.

Бар асоси ин гузориш, Натонёҳу чандин бор ин ҷумларо такрор кард: “Эрон бо бешармӣ, дурӯғ мегӯяд. Онҳо дурӯғ мегӯянд, ки ҳеч гоҳ барномаи сохти силоҳи ҳастаӣ надоштаанд.”

Вай, ба барномаи мушакии Эрон ҳам ишора кард ва бо ном овардан аз “Шаҳоб-3”, онро мушаке донист, ки “Телавив, Риёз ва Маскав”-ро дар бурди худ дорад ва тавоноии ҳамли кулоҳаки ҳастаиро дорад.

Нахуствазири режими саҳюнистӣ дар поёни ин конфронси хабарӣ, бо ёдоварии ин ки Тромп дар рӯзҳои оянда бояд дар бораи Барҷом тасмим бигирад, гуфт: “Мутмаин ҳастам, ӯ кореро, ки барои Иёлоти Муттаҳида ва барои Исроил ва сулҳ дар ҷаҳон саҳеҳ аст, анҷом хоҳад дод.”

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон, ба иттиҳомоти ҷадиду қадими Натоёнҳу, дар сафҳаи твиттери худ ин тавр вокуниш нишон дод: “Писарбаччае, ки наметавонад аз чӯпони дурӯғгӯ будан даст бардорад, боз ҳам ба суроғи одати қаблии худ омадааст. Ӯ аз шармандагии нишон додани он наққошӣ дар Маҷмаи умумии Созмони Милал дарс нагирифт. Фақат сари баъзе аз мардумро метавон чанд бор кулоҳ гузошт.”

Ишораи Зариф ба иқдоми 6 сол пеши Натонёҳу дар Маҷмаи умумии Созмони Милал аст, ки бо дар даст гирифтани коғазе, ки тасвири як бомбро нишон медод, муддаӣ шуд, ки дар сурати гузаштани ғанисозии урониюми Эрон аз ҳадде хосс, ки бо ранги қирмиз наққошӣ шуда буд, эрониён тавони сохти бомби ҳастаӣ хоҳанд ёфт ва ҷомеаи ҷаҳонӣ набояд иҷоза бидиҳад, ки чунин иттифоқе рух диҳад.

* * *

Раҳбари Эрон: “Омрикоиҳо талош доранд, то бо таҳрики саудиҳо онҳоро дар муқобили Ҷумҳурии Исломӣ қарор диҳанд”

Дар хабаре дигар, дирӯз раҳбари Эрон дар дидор бо коргарон ба муносибати Рӯзи коргар, бо таъкид бар ин ки омрикоиҳо мехоҳанд ҳазинаи муқобила бо низоми Ҷумҳурии Исломӣ ва миллати муқтадири Эронро худашон мутаҳаммил нашаванд ва онро ба дӯши бархе давлатҳои минтақа биандозанд, гуфт: “Бархе кишварҳои минтақа бидонанд агар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯ ба рӯ шаванд, қатъан зарба ва шикаст мехӯранд.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, вай ҳамчунин бо ишора ба ҷанг ва ноамнӣ ва хунрезии ношӣ аз ҳузури Омрико дар минтақа таъкид кард: “Он касе, ки бояд аз минтақаи ғарби Осиё хориҷ шавад, Омрикост ва на Ҷумҳурии Исломӣ ва ҳамон гуна, ки чанд сол қабл гуфтам, даврони “бизан, даррав” тамом шудааст.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Онҳо акнун тамаркузи худро бар ҷанги иқтисодӣ ва ҷанги фарҳангӣ гузоштаанд ва утоқи ҷанги иқтисодӣ бо низоми Ҷумҳурии Исломӣ, вазорати хазонадории Омрикост.”

Вай бо таъкид бар ин ки “роҳи муқобила бо ҷанги иқтисодӣ, такя бар тавоноиҳо ва зарфиятҳои дохилӣ аст” гуфт: “Ман мӯътақид ба қатъи иртибот бо дунё нестам, аммо такя ба беруни марзҳо низ ғалат андар ғалат аст.”

Раҳбари Эрон афзуд: “Мо ҳатман бояд бо ҳушёрӣ ва зарангӣ ва ҷиддият бо дунё иртибот дошта бошем, аммо инро ҳам бидонем, ки дунё фақат Омрико ва чанд кишвари урупоӣ нест, дунё бузург аст ва бояд бо кишварҳои мухталиф иртибот дошт.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ яке дигар аз шеваҳои Омрико барои муқобила бо низоми озодихоҳ ва мустақилли Ҷумҳурии Исломии Эронро “таҳрики бархе давлатҳои камфаҳми минтақа ва эҷоди ихтилоф ва даргирӣ дар даруни минтақа” донист ва гуфт: “Омрикоиҳо талош доранд, то бо таҳрики саудиҳо ва бархе кишварҳои минтақа, онҳоро дар муқобили Ҷумҳурии Исломӣ қарор диҳанд, аммо агар онҳо ақл дошта бошанд, набояд фиреби Омрикоро бихӯранд.”

Вай бо таъкид бар ин ки он касе, ки бояд аз минтақа берун биравад, Омрикост ва на Ҷумҳурии Исломии Эрон, афзуд: “Мо аҳли инҷо ҳастем ва Халиҷи Форс ва ғарби Осиё, хонаи мост, аммо шумо, бегона ва ба дунболи аҳдофи хабосатомез ва эҷоди фитна ҳастед.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ таъкид кард: “Бидонед, Омрико ва бархе кишварҳои назири он, пояшон аз ин минтақа қатъ хоҳад шуд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: