Перейти к содержимому

Иқдоми донишомӯзони мусалмони конодоӣ барои пешгирӣ аз исрофи об

Гурӯҳе аз донишомӯзони мусалмон дар Соскотуни Конодо, дар барномаи саросарии “Амали донишомӯз барои ояндаи пойдор” тарҳе барои захираи оби масрафӣ ироа доданд, ки бар асоси он, солона ҳазорон литр об сарфаҷӯӣ мешавад.

Ба гузориши пойгоҳи Aboutislam, гурӯҳе аз донишомӯзони мусалмон дар мадрасае дар Соскотун, дар маркази Конодо, тарҳе барои захирасозии оби масрафӣ ироа доданд. Ин тарҳ, ки дар барномаи шаҳрӣ ба манзури эҷоди ояндаи беҳтар ироа шудааст, метавонад мунҷар ба сарфаҷӯӣ дар ҳазорон литр об ба сурати солона шавад.

Дар ин барномаи саросарӣ, ки “Амали донишомӯз барои ояндаи пойдор” ном гирифтааст, садҳо донишомӯз тарҳҳои пешниҳодиашонро дар робита бо зубола, об, ғизо, ҳамлу нақл, танаввуъи зистӣ ва энержӣ ироа доданд.

Нидо Амора, донишомӯзи килоси ҳаштум аз мадрасаи “Мисбоҳ” дар Соскотун, дар ин бора ба хабарнигорон гуфт: “Мо ин мавзӯъро интихоб кардем, зеро об дар дини мо бисёр муқаддас аст. Дар дини мо вузӯ гирифтан пеш аз намоз, як поксозии маънавӣ маҳсуб мешавад. Мо медидем, ки ҳарсола дар мадрасаи мо оби зиёде исроф мешавад.”

Ин гурӯҳ дар номае ба ҳайъати мудираи мадраса, бо пешниҳоди ин тарҳ, хостори насби широбҳои камфишор ва широбҳои утомотик шуданд. Онҳо бо ин тарҳ истифодаи рӯзмарра аз обро ба ҳаддиақал расонданд ва тавонистанд масрафи обро дар рӯз ба 350 литр коҳиш диҳанд.

Амора афзуд: “Мо ба ҳамкилосиҳоямон гӯшзад мекардем, ки обро исроф накунед! Биёед беҳтар амал кунем ва муҳити зистро наҷот диҳем!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: