1 май: Рӯзи ҷаҳонии коргар

Аз 1-уми май ба унвони «Рӯзи ҷаҳонии коргар» ёд мешавад. Ин торих ёдмони шӯриши коргарони омрикоӣ дар торихи 1-уми майи соли 1886 дар Шикогу (Чикаго) аст, ки ҳар сол дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад.

Ҳизбҳои кумунист, сусиёлист, оноршист ва иттиҳодияҳои коргарӣ, дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ин рӯзро бо баргузории тазоҳурот ва роҳпаймоиҳои хиёбонӣ баргузор мекунанд.

Даҳҳо сол аст, ки дар ин рӯз дар кишварҳои мухталиф (ба истиснои Иёлоти Муттаҳида, Конодо ва чанд кишвар кучак) маросими вижа баргузор мешавад. Иёлоти Муттаҳида ва Конодо нахустин душанбеи ҳар сентябрро ба унвони «Рӯзи коргар» баргузор мекунанд.

Муносибати 1 май ба унвони «Рӯзи коргар» ба ин лиҳоз будааст, ки дар 4-уми майи соли 1886 ва дар 4-умин рӯзи эътисоб ва таҷаммӯъи коргарони омрикоӣ дар шаҳри Шикогу, пулис ба рӯйи онон оташ гушуд, ки шуморе кушта, иддае маҷрӯҳ ва баъдан чаҳор тан низ эъдом шуданд. Коргарони эътисобӣ хостори таъдили шароити кор ва коҳиши соатҳои кор аз 10 соат ба 8 соат буданд. Қарор буд, ки 1-уми майи 1886 дар Омрико, коҳиши соатҳои кор ба 8 соат дар рӯз ба иҷро дарояд, ки чунин нашуд ва дар натиҷа, коргарон дар гӯшаву канори ин кишвар даст ба тазоҳурот заданд ва дар 1200 корхона эътисоб сурат гирифт. Шумори коргарони мӯътаризи шаҳри Шикогу беш аз соири шаҳрҳо ва ҳудуди 90 ҳазор тан буд.

Дар 4-умин рӯзи тазоҳуроти Шикогу, коргарони эътисобӣ ва ҳаводоронашон дар майдони Haymarket ҷамъ шуда ва аз инҷо ба ҳаракат даромада буданд. Суханронони онон бар як чаҳорчархаи бузург савор буданд ва шиор медоданд. Пас аз тайи масофате, пулис атрофи ин чаҳорчархаро гирифт ва хост, ки тазоҳуркунандагон мутафарриқ шаванд, ки ногаҳон инфиҷоре сурат гирифт, як маъмури пулис кушта шуд ва чанд коргар ва пулис низ маҷрӯҳ шуданд. Ин ҳодиса сабаб шуд, ки пулис даст ба тирандозӣ ба сӯи ҷамъият бизанад ва куштор сурат гирад.

Омори кушташудагон эълом нашудааст, вале асомии анбӯҳи маҷрӯҳон дар даст аст. Пулис бо эъмоли хушунат муваффақ шуд ҷамъиятро пароканда созад. Дар пайи ин ҳодиса, 8 тан ба унвони сабабгори ҳодиса дастгир шуданд, ки 5 нафар аз онон коргари муҳоҷири олмонӣ буд. Додгоҳ яке аз ин дастгиршудагонро ба 15 сол ҳабс маҳкум кард ва бақия маҳкум ба эъдом шуданд, ки фармондори иёлат муҷозоти ду тан аз ононро ба ҳабси абад тахфиф дод. Яке аз маҳкумон ба эъдом, пеш аз иҷрои ҳукм худкушӣ кард ва 4 нафари дигар ба дор овехта шуданд.

Бо расидани ахбори марбут ба ин тазоҳурот, куштор ва эъдом ба соири кишварҳо, дар гӯшаву канори ҷаҳон маросими ёдбуд баргузор ва ҳар сол ҳам такрор шуд, ки ба тадриҷ 1-уми май «Рӯзи ҷаҳонии коргар» унвон гирифт. Чун эъдомшудагони Шикогу умдатан олмонӣ буданд, дар соли 1933 ҳизби нозии Олмон рӯзи 1-уми майро «Рӯзи миллӣ» ва таътили умумӣ эълом кард.

Тасовире аз баргузории ҷашни «Рӯзи ҷаҳонии коргар» дар ҷаҳон:

Wikipedia

Реклама


Рубрики:Пароканда

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: