Коршиноси сиёсӣ: “Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҳатто аз алифбои сиёсат бехабар аст”

Ҳасани Биҳиштипур, коршиноси эронии масоили Осиёи Марказӣ, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним, бо ишора ба иттиҳомоти бепояву асоси сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон гуфт: “Чӣ қадр ин шахс диплумот нест. Зеро вақте як диплумот ишора мекунад, ки бузургтарин муваффақияти кишвараш дар кишваре дигар ин буда, ки робитаи он кишварро бо кишвари солис (севвум) хароб кардааст, нишондиҳандаи ин аст, ки ин тараф аз алифбои сиёсат бехабар аст.”

Машрӯҳи мусоҳибаи хабаргузории Тасним бо Ҳасани Биҳиштипурро дар зер мехонед:

— Ба назар мерасад пас аз нокомӣ дар арсаҳои амалиётӣ ва диплумотик, “диплумосии тавҳин ва тӯҳмат” равиши ҷадиди Арабистон барои муқобила бо Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад. Аммо чӣ иттифоқе афтода, ки Арабистон ин бор ба суроғи Тоҷикистон рафта ва дар кишваре, ки пайвандҳои фарҳангӣ, забонӣ ва тамаддунии амиқе бо Эрон дорад, даст ба чунин иқдоме задааст?

— Як нуктаи муҳим дар ин замина марбут ба таҳаввулоти дохилии Арабистон аст. Аз замоне, ки Салмон подшоҳи Саудӣ шуд, умдаи умурро ба Муҳаммад, писараш вогузар кард. Дар ин росто мо тайи солҳои ахир шоҳиди як чархиш дар гуфтумонҳои ҳоким дар Арабистон ҳастем. Ба назар мерасад, Муҳаммад ибни Салмон дар садад аст, то аз тарафдории Муҳаммад ибни Абдулваҳоб ва пайравони вай коста ва гоме ба сӯи секулоризм бардорад. Муҳаммад ибни Салмон дар воқеъ раҳбарии Арабистони секулорро бар ӯҳда дорад. Дар ин росто ҳамчунин шоҳиди наздикии бесобиқаи Арабистон ба “Исроил” ҳам будаем, ки дар чорчӯби барномаи калонтари саҳюнистӣ-омрикоӣ барои оддисозии равобити кишварҳои исломӣ бо “Исроил” мебошад.

Аз ин манзар, барои кишваре мисли Тоҷикистон, ки ҳукумати секулорӣ дорад, таъаҷҷуби чандоне надорад, ки чунин рӯйкардеро иттихоз кунад. Аммо барои мардуми Тоҷикистон, ки пайвандҳои фарҳангӣ ва тамаддунии бисёре бо Эрон доранд ва умдаи ин мардум пойбанд ба эътиқодот ва боварҳои исломӣ ҳастанд, ин мавзӯъ як суоли асосӣ барои мо эҷод мекунад, ки: чӣ тавр давлати Тоҷикистон дар муқобили диплумосии пулии Арабистон ҳамаи ин воқеиятҳоро фаромӯш кардааст?!

— Гуфта мешавад, ки пушти пардаи бархе ихтилофоти ахир миёни Эрон ва Тоҷикистон, ба вежа дар масоили расонаӣ ва фарҳангӣ, Арабистони Саудӣ қарор дорад. Оё воқеан Арабистон дорои чунин зарфияте аст?

— Воқеият ин аст, ки пайвандҳои Эрон ва Тоҷикистон таҳти таъсири давлатҳо нест ва бисёр амиқтар аз он аст. Ин ки чӣ давлате дар Тоҷикистон ҳоким аст ва чӣ рӯйкарде дар қиболи Эрон дорад, наметавонад бар пайвандҳои муҳками фарҳангӣ, ҳувиятӣ ва тамаддунӣ байни мардуми Эрон ва Тоҷикистон таъсир бигузорад. Ин пайванди амиқ реша дар таърих дорад ва аз давраи Сомониён ва ҳатто пеш аз он ин пайвандҳо миёни мардуми ин ҳавзаи ҷуғрофиёӣ вуҷуд доштааст. Аз ин рӯ, аз давлатҳо маъмулан интизор меравад ин мулоҳизот ва пайвандҳоро дар муносиботи сиёсиашон дар назар бигиранд.

Дар ҳар сурат, равобити Эрон ва Тоҷикистон бисёр амиқтар аз он аст, ки давлати тоза ба даврон расида ва бетаҷрибае мисли Арабистони Саудӣ битавонад ин решаҳои мустаҳкамро аз байн бибарад.

— Дар бахше аз мусоҳибаи сафири Арабистони Саудӣ дар айни нобоварӣ, иттиҳомоти аҷибе нисбат ба Инқилоби Исломии Эрон, ки ҷузъи муҳимтарин инқилобҳои қарни 20-ум ба шумор меравад, раво дошта. Аҷибтар аз он ин аст, ки ин изҳорот дар хабаргузории давлатии “Ховар” ба ду забони тоҷикӣ ва арабӣ матраҳ шудааст. Таҳлили шумо дар хусуси ин иттиҳомоти нахнамошуда ва такрории саудиҳо дар Тоҷикистон чист?

— Ба як нукта ибтидо бояд ишора кунам, ки расонаи “Ховар” агарчи як хабаргузории давлатӣ аст, аммо ба ҳар ҳол озод аст ва бо ҳар шахсе метавонад мусоҳиба бикунад. Бар хилофи усули озодии матбуот аст, ки бо он бархӯрд шавад. Аммо ба ҳар ҳол интизор меравад расонаҳо ба дур аз сиёсатварзӣ ва бар асоси адлу инсоф, ва мубтанӣ бар воқеиятҳо ва на сирфан тӯҳматҳо, иқдом ба интишори муҳтаво кунанд. Аммо ин ки сафири Арабистон чунин маворидеро унвон мекунад, нишондиҳандаи он аст, ки вай шинохти дақиқе на аз равобити амиқи Эрону Тоҷикистон дорад, ва на ҳатто огоҳии дурусте аз Инқилоби Исломӣ ва таъсироти тамаддунии он.

Албатта бояд ишора кард, ин мавзӯот барои Арабистон ва ба вежа сафираш, ки иттилооте дар ин замина надорад, қобили дарк нест. Ба назар мерасад, сафири Арабистони Саудӣ танҳо дар як рӯйкарди журнолистӣ ва фурсатталабона мехоҳад аз бархе ихтилофи назарҳое миёни Эрону Тоҷикистон дар солҳои ахир суистифода кунад.

Як нуктаи ҷолиб аз изҳороти сафири Саудӣ ин буда, ки Арабистон ба навъе пештоз дар мубориза бо теруризм будааст. Он ҳам Арабистоне, ки ба лиҳози фикрӣ ва амалиётӣ муҳимтарин пуштибони гурӯҳҳое монанди Алқоъида, Доъиш, Ҷабҳатуннусра ва ғайра будааст, чӣ дар тарвиҷи ақоиди ваҳҳобият ва такфирӣ, ва чӣ дар ҳимоятҳои молӣ, таслиҳотӣ ва иттилоотӣ. Бо ин ҳол, аҷиб аст, ки сафири Арабистони Саудӣ ба рағми иттилоъи мардуми Тоҷикистон аз ин мавзӯъ, доияи мубориза бо теруризм ва ҳамкорӣ бо давлати Тоҷикистон дар ин заминаро дорад!

Он филме ҳам, ки сафири Арабистон дар бораи иттиҳоми бепояву асоси ҳимояти Эрон аз теруризм дар Тоҷикистон ба он ишора мекунад, дидем, ки натавонист таъсири чандоне бигузорад. Як саре иттиҳомоти сирфан беасос дар он матраҳ шуд, то як баҳрабардории таблиғотӣ сурат бигирад, ки албатта муваффақ набуд. Аммо ба ҳар ҳол созандагони он филм пули ҳангуфтеро аз Арабистон гирифтанд ва барои онҳо хуб буд.

— Бо баррасии мавозеъи давлати Тоҷикистон дар бархӯрд бо умури мазҳабӣ ва ба вежа исломӣ, шоҳиди он ҳастем, ки давлати Эмомалӣ Раҳмон рӯйкарде бисёр сахтгиронаро тайи солҳои ахир дар пеш гирифтааст. Аммо чӣ тавр шуда, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар муқобили Арабистон чунин рискеро пазируфта, ки дар изои дарёфти кӯмакҳои молӣ, ҷойи пойи ҷадиде барои Арабистон дар Тоҷикистон боз кунад?

— Як нуктаи муҳим, ки дар ибтидо бояд ба он таваҷҷӯҳ кард ин аст, ки Тоҷикистон ба навъе бо Арабистон бегона аст ва ҳеч пайванде байни ду кишвар вуҷуд надорад. Ин масъала боис шуда шинохтҳо низ коҳиш ёбад ва воқеъгароёна набошад. Аз сӯи дигар, ба далели руҳияи косибкорона ва таваҷҷӯҳ ба манофеъи мақтаъӣ ва молӣ аз ҷониби Арабистон, шоҳиди он ҳастем, ки давлати Тоҷикистон ин сиёсатро иттихоз карда ва ин рискро пазируфтааст. Аммо ба назар баъид аст ин робита дар баландмуддат ба натиҷаи матлубе бирасад. Ҳаддиақал таҷрибаи кишварҳои дигар ин масъаларо исбот кардааст.

Аммо ба ҳар тартиб дар ҳамин муддати кӯтоҳ ҳам ин эҳтимол меравад, ки Тоҷикистон заработеро аз гурӯҳҳои ваҳҳобӣ ва теруристӣ ҳамчун Доъиш ва Алқоъида бихӯрад. Махсусан алъон, ки ин гурӯҳҳо дар Афғонистон ҳам фаъол шудаанд ва мумкин аст ҳар лаҳза бо як ғафлат ба Тоҷикистон ҳам бирасанд. Шояд давлати Тоҷикистон дар он замон ба ин шинохт ва ҳақиқат пай бибарад ва мутаваҷҷеҳ бишавад, ки дар пӯшиши кӯмакҳои молӣ ва омӯзишӣ ва ғайра заминасозӣ бар густариши нуфузи теруризм дар Тоҷикистон сурат гирифтааст. Воқеан боиси таъаҷҷуби бисёре аз таҳлилгарон аст, ки оқои Эмомалӣ Раҳмон чӣ тавр ин масъаларо мавриди ғафлат қарор дода ва чунин рискеро пазируфтааст.

— Чанде пеш мусоҳибае ба нақл аз сафири Саудӣ дар расонаҳои Тоҷикистон ва низ расонаҳои байналмилалӣ мунташир шуд бо ин нақл ба мазмун, ки “муҳимтарин муваффақияти Арабистони Саудӣ, берун рондани Эрон аз Тоҷикистон будааст”, ки албатта баъд аз он тавассути Сафорати Арабистон такзиб шуд. Аммо ба ҳар ҳол ин изҳори назар бозтоби расонаии зиёде дошт. Ба назари шумо, ҷудои аз таъйид ё такзиб, чунин амре шуданӣ аст?

— Қабл аз ин ҳам ишора кардам, равобити Эрону Тоҷикистон бисёр фаротар аз равобит миёни давлатҳо ва нақши кишварҳое чун Арабистони Саудӣ аст. Аммо умедворам сафири Арабистони Саудӣ ин ҷумларо нагуфта бошад. Чаро ки дар сурати таъйид, нишон медиҳад, ки чӣ қадр ин шахс диплумот нест. Зеро вақте як диплумот ишора мекунад, ки бузургтарин муваффақияти кишвараш дар кишваре дигар ин буда, ки робитаи он кишварро бо кишвари солис (севвум) хароб кардааст, нишондиҳандаи ин аст, ки ин тараф аз алифбои сиёсат бехабар аст. Ҳатто агар сиёсати Арабистон дар хафо чунин чизе аст, баён кардани он хилофи манофеъи миллӣ ва ақли диплумотики як диплумот аст. Ин воқеан ба навъе ҳарфи бепоя ва дур аз диплумосӣ аст, агарчи чунин ҳадафе дошта бошад. Ҳамон тавр, ки фармудед, хушбахтона такзиб ҳам шуд ин мавзӯъ.

— Як суоли асосӣ, ки дар пайи ин мавзеъгириҳои Арабистони Саудӣ ба зеҳнҳо мутабодар мешавад, наҳваи вокуниш ба он аз сӯи Ҷумҳурии Исломӣ аст. Пешниҳоди шумо дар ин замина чист? Асосан оё ниёзе ба мавзеъгирӣ дар муқобили ин гуна изҳорот вуҷуд дорад? Ё бояд бо бетаваҷҷӯҳӣ, аз канори онҳо гузашт?

— Ин мавзӯъ ду ваҷҳ дорад. Як ваҷҳи он марбут ба ҳавзаи расонаҳо ва диплумосии умумӣ мешавад. Дар ин ваҷҳи мавзӯъ, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ҳар ҳол бояд посухҳои муносиберо ба афкори умумӣ бидиҳад. Дафтари матбуоти сафорати кишварамон дар Тоҷикистон дар ин замина вазифа дорад ҳатман ин мавзӯъро дар қолаби диплумосии умумӣ пайгирӣ хоҳад кард. Ба ҳар ҳол бояд таваҷҷӯҳ дошт, тадовум ва истимрори ин тӯҳматҳо боиси эҷоди шубҳа дар афкори умумии мардуми тоҷик нашавад. Дар расонаҳои Эрон ҳам дастгоҳҳои расмӣ ва ғайрирасмии зирабт ҳамчун расонаҳо мебоист бо руҷӯъ ба коршиносон, барои иқноъи афкори умумӣ ба ин мавзӯъ бипардозанд.

Аммо ваҷҳи дигари ин мавзӯъ, диплумосии идорӣ ва расмӣ аст. Дар ин мавзӯъ бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки изҳороти сафири Саудӣ дар Тоҷикистон аҳаммияти чандоне надорад. Ниҳоятан шояд бино ба ташхиси коршиносон ва масъулони зирабт, як гуфтугӯ ва ройзанӣ дар чорчӯби диплумотик он ҳам дар сатҳи поин сурат бигирад, ки агар натиҷабахш набуд, тадовуми он ҳам маъно надорад. Бештар аз ин дигар ниёзе нест. Аммо ҳамон тавр, ки зикр кардам, дар баҳси расона мавзӯъ мутафовит аст ва мебоист посухи дар хӯре дода шавад.

Ба ҳар ҳол, як саре иттиҳомот алайҳи Эрон матраҳ шуда ва ба андозаи он мо низ бояд фаъол бошем ва ба афкори умумии Тоҷикистон тавзеҳ бидиҳем. Бинобар ин, аз бахши матбуотии Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон интизор меравад ба ин масоил посух дода ва хабаргузории “Ховар” ҳам муваззаф шавад посухи Эронро дар ин замина мунташир кунад.

Равобити таърихии Эрон ва Тоҷикистон ба вежа дар даврони ҷанги дохилӣ ва барқарории сулҳ дар ин кишвар бисёр муҳим аст. Вақте мардуми Тоҷикистон бидонанд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон чӣ нақши муҳимме дар барқарории сулҳ, субот ва амният дар Тоҷикистон дошта, муҳимтарин ва бузургтарин посух ба ин мавозеъ аст. Мардуми тоҷик бояд ин мавзӯъро бидонанд, ки дар ҳақиқат суботу амнияти Тоҷикистон ҷузъи манофеъи Эрон аст ва Эрон аз суботу амнияти Тоҷикистон бисёр бештар аз ноамнӣ ва бесуботии он суд мебарад. Ноамнӣ ва бесуботӣ ба нафъи касоне аст, ки дар пайи онанд, то худро дар мавқеият ва шароити бӯҳронӣ тасбит кунанд. Ба ҳар тартиб сафари ахири оқои Зариф ба Тоҷикистон, дидори эшон бо оқои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ифтитоҳи сохтмони ҷадиди Сафорати Эрон бо ҳузури вазири умури хориҷаи Тоҷикистон, худ муҳимтарин посухи амалӣ ба мавозеи саудиҳост.

Хабаргузории Тасним

Реклама


Рубрики:Гуфтугӯ, Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: