Перейти к содержимому

Пошиниён хостори идомаи эътирозҳо шуд

Раҳбари мухолифони давлати Арманистон пас аз он ки раъйи кофӣ барои нахуствазирӣ аз порлумони ин кишварро ба даст наёвард, хостори идомаи эътирозҳо дар ин кишвар шуд.

Ба гузориши хабаргузории Тасс, Никул Пошиниён (Никол Пашинян) пас аз хуруҷ аз порлумон, дар майдони “Ҷумҳурӣ”-и Ирвон (Ереван) ба ҳаводорони худ, ки дар он ҷо таҷаммӯъ карда буданд гуфт, ки эътирозҳоро дар тамоми нуқоти Арманистон идома диҳанд.

Пошиниён аз тарафдорони худ хост, аз соати ҳашти фардо (чаҳоршанбе, 02.05.2018) эътирозҳоро оғоз ва тамоми ҷоддаҳои кишвар ва низ роҳҳои мунтаҳӣ ба фурудгоҳҳо дар нуқоти мухталифи ин кишварро масдуд кунанд.

Раҳбари мухолифони давлат бо баёни ин ки иҷоза нахоҳем дод пирӯзии мардуми моро бидузданд, ба тарафдорони худ гуфт: “Ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ мурдааст. Ҳукумате, ки мавҷудият надорад бояд пирӯзии моро бипазирад ва бо интихоби номзаде аз байни мардум барои мақоми нахуствазирӣ мувофиқат кунад.”

Бар пояи ин гузориш, намояндагони порлумони Арманистон дар ҷаласаи рӯзи сешанбе (1 май) ба раҳбари мухолифони давлати ин кишвар, ки танҳо номзади мақоми нахуствазирӣ буд, раъйи мувофиқ надоданд.

Никул Пошиниён танҳо тавонист 45 раъй аз намояндагони порлумон дарёфт кунад, ҳол он ки барои расидан ба унвони нахуствазирӣ ба 53 раъй ниёз дошт.

Пештар намояндагони Ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки аксарияти порлумонро дар ихтиёр доранд, гуфта буданд, ки ба нафъи Пошиниён раъй нахоҳанд дод.

Эътирози густурдаи мухолифони давлати Арманистон, ки аз ду ҳафта пеш дар Ирвон ҷараён дорад, Серж Саркисиён, нахуствазири ин кишварро водор ба истеъфо кард. Саркисиён ба муддати 10 сол дар Арманистон дар раъси қудрат буд.

Пошиниён рӯзи душанбе бо намояндагони Русия ва дастёри вазири умури хориҷаи Омрико гуфтугӯ карда буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: