Фалсафа ва равиши реализм (192)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (25)

Офариниши ҷаҳон (1)

Акнун навбати баҳс дар афъоли зоти Борӣ Таъолост ва ин севвумин мабоҳиси илоҳиёт аст. Бахши зот ва бахши сифот қаблан баҳс шуд.

Пеш аз он ки вориди масоили марбут ба феъли Борӣ бишавем, як нуктаро бояд тарҳ кунем.

Мумкин аст гуфта шавад, ки мабоҳиси илоҳиёт мунҳасир аст ба мабоҳиси марбут ба зот ва ё сифоти Борӣ Таъоло аммо мабоҳиси марбут ба феъли Борӣ аз доираи илоҳиёт берун аст, зеро ҳама чиз феъли Борӣ аст: замин, осмон, ҷамод, набот, ҳайвон, инсон, ҷавҳар, араз. Ҳар илме дар бораи ҳар мавзӯе, ки баҳс мекунад, дар бораи феъле аз афъоли Борӣ ба ҷустуҷӯ мепардозад, ва агар фалсафаи илоҳӣ низ ковиш дар афъоли Бориро ҷузъи қаламрави худ бидонад, аввалан лозим меояд ҳамаи улумро ҷузъи фалсафаи илоҳӣ бидонем, сониян бо таваҷҷӯҳ ба ин ки дар соири улум дар бораи афъоли Борӣ баҳс мешавад, баҳс дар ин ҷо зоид аст.

Ҷавоб ин аст, ки ковиши фалсафӣ дар бораи офариниш ва феъли Борӣ, бо ковишҳои илмӣ дар ин бора мутафовит аст. Фалсафаи илоҳӣ, офаринишро, ки феъли Борӣ аст, аз он ҷиҳат мавзӯи баҳси худ қарор медиҳад, ки феъли Борӣ аст, яъне аз он ҷиҳат, ки ба зоти Борӣ интисоб дорад ва метавонад аз ҳайси интисоб ба зоти Борӣ аҳкоме барои он кашф кунад. Фалсафа ба таъйини аҳкоме барои офариниш мепардозад, ки бо таваҷҷӯҳ ба офарида будани он метавонад онҳоро иктишоф намояд. Дар фалсафаи илоҳӣ аз зоти Борӣ бар афъоли Борӣ истидлол мешавад, қаҳран ҳамон ҷиҳоте мавриди баҳс воқеъ мешавад, ки аз интисоби ҷаҳон ба зоти Борӣ қобили идрок кардан ва фаҳмидан аст.

Ва аммо улум, ки ҳар як феъле аз афъолро мавзӯи худ қарор медиҳад, дар бораи зоти феъли Борӣ баҳс мекунанд, қатъи назар аз иртибот ва интисоби онҳо бо зоти Борӣ, яъне бо қатъи назар аз ҷанбаи феъли Борӣ будани онҳо. Ошноии улум бо он мавзӯот аз тариқи ҳавосс аст, ва аз назари ҳисс иртиботе миёни зоти маҳсус ва зоти Борӣ нест, яъне ҳавосс ҳаргиз иртиботу интисобро эҳсос намекунад, на аз ин ҷиҳат, ки як тарафи иртибот зоти ғайбулғуюб аст, балки аз ин ҷиҳат, ки дар ҳеч робитаи иллӣ ва маълулӣ, робитаи иллату маълул маҳсус нест. Мо ин матлабро дар мақолаи “пайдоиши касрат дар идрокот” тавзеҳ додаем.

Дар фалсафа, феъли Борӣ ба василаи зоти Борӣ шинохта мешавад, бар хилофи улум, аз ин рӯ он чи дар фалсафа дар бораи афъоли Борӣ баҳс мешавад ва дар қаламрави фалсафа аст, бо он чи дар улум дар бораи онҳо баҳс мешавад ва дар қаламрави улум аст, комилан мутафовит аст.

Албатта, аз як пиндор бояд ҷилавгирӣ кунем. Мо намехоҳем бигӯем, ки ашё дорои ду ҳайсияти воқеӣ ва хориҷӣ мебошанд: ба як ҳайсият мунтасаб ва муртабит бо зоти Борӣ Таъоло ва ба ҳайсияти дигар, ки ҳайсияти зоти онҳост, ғайримуртабит ва ғайримунтасиб ба зоти Борӣ мебошанд ва яке аз ду ҳайсият дар қаламрави фалсафа аст ва дигаре дар қаламрави улум, ҳошо ва калло! Мумкинулвуҷуд ба тамоми ҳайсиятҳо муртабит ва мунтасаб ба воҷибулвуҷуд аст, ҳайсияте, ки бад-он ҳайсият муртабит ва мунтасаб набошад, дар ӯ нест, ва илло лозим меояд ба он ҳайсият воҷибулвуҷуд бошад. Ҳатто ин таъбир, ки “мумкинулвуҷуд муртабит аст ба воҷибулвуҷуд” таъбири норасое аст, мумкинулвуҷуд айни иртибот ба воҷибулвуҷуд аст, тамоми ҳайсиёти мумкинулвуҷуд таъаллуқи маҳз ва интисоби сирф ва изофаи холис ба воҷибулвуҷуд аст, ё ба истилоҳи мутааххирини ҳукамои илоҳӣ, изофаи маълулоти зоти Борӣ ба зоти Борӣ балки изофаи ҳар маълул ба иллати эҷодии худ, изофаи ишроқия аст.

Балки мақсуд ин аст, ки ақлу андешаи башар бо дар даст доштани андешаи иртиботи афъоли Борӣ ба зоти Борӣ, фақат қисмате аз аҳкоми онҳоро метавонад иктишоф кунад, ва агар фарз шавад, ки аз роҳи шинохтани зоти Борӣ битавонад тамоми ҷиҳот ва ҳайсиёти маълулотро, ки бо ҳамаи онҳо мунтасаб ба зоти Ҳаққанд кашф кунад, тамоми он чи улум дар бораи ашё ба даст меоваранд, фалсафа аз роҳи худ ба даст меоварад ва дар он вақт ҳамаи улум воқеан ҷузъе аз фалсафаи илоҳӣ хоҳад буд. Ин матлабро Бӯалӣ дар авоили “Илоҳиёти Шифо” ва Садрулмутааллиҳин дар авохири “мабоҳиси ҷавҳару аъроз”-и “Асфор” тасреҳ кардаанд.

Оре, фикри фалсафии башар, ки сирфан мафҳуме аз интисоби ашё ба зоти воҷиб дораду бас, ҳувияти воқеии маълулотро дарк намекунад, ва агар дарк бикунад, ниёзе ба чизи дигар барои идроки шуъуни маълул надорад. Мегӯянд: “Илм ба иллат, мусталзими илм ба маълул аст”, албатта сухани саҳеҳе аст, вале фикри башар наметавонад бо илми ҳусулӣ ва андешаи иртисомӣ иҳотаи илмӣ ба иллат пайдо кунад, ва аз ин рӯ илм ба иллат — ҳамон тавр ки Садрулмутааллиҳин дар мабоҳиси “оқилу маъқул” тасреҳ мекунад — он гоҳ мусталзими илм ба маълул аст, ки ба наҳви ҳузурӣ бошад.

* * *

Масоиле, ки ба муносибати баҳс дар афъоли Борӣ (офариниш) дар ин ҷо матраҳ аст, иборат аст аз:

1) Ҳудусу қидами олам;

2) Аволими (оламҳои) куллии вуҷуд;

3) Қазо ва қадар ва наҳваи истиноди шурур ва бадиҳо ба қазои илоҳӣ.

Албатта бархе масоили дигар ҳам ҳаст, ки шоиста аст дар баҳси феъли Борӣ мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад аз қабили мабоҳиси марбут ба ваҳй ва калом ва китоб. Вале ҳукамои илоҳӣ ба муносибати хоссе, ки бештар решаи каломӣ дорад, он мабоҳисро дар зимни мабоҳиси “сифот” мутаъарриз шудаанд.

1) Аммо масъалаи ҳудусу қидами олам: яке аз масоиле, ки аз қадимулайём мавриди ихтилофи фалосифа ва мутакаллимин будааст, ҳудус ва ё қидами замонии олам аст. Маъмулан аз тарафи мутакаллимин бар ҳудуси замонӣ ва аз тарафи фалосифа бар қидами замонӣ истидлол мешавад.

Мутакаллимин муддаӣ ҳастанд, ки “қадим” мунҳасир аст ба зоти воҷиб, ғайри зоти воҷиб ҳар чи ҳаст, ҳодиси замонӣ аст, балки муддаӣ ҳастанд, ки “қидам” мусовии вуҷуб аст ва ҳудус мусовии имкон, яъне як мавҷуд бад-он ҷиҳат ниёзманд ба иллат ва фоъил аст, ки ҳодис аст, ва агар ҳодис набошад, бениёз аз иллат аст, яъне воҷибулвуҷуд аст.

Мутакаллимин илова бар ин, иддаои иҷмоъ ва иттифоқ мекунанд аз ҳамаи адёну мазоҳиб бар ҳудуси замонии олам, ва муддаӣ ҳастанд, ки ақида ба қидами замонии олам бар хилофи муттафақун алайҳи ҳамаи адён аст.

Аз тарафи дигар, тарафдорони фалосифа муддаӣ ҳастанд, ки ҳудуси замонии олам — ба маънии ин ки риштаи замон, ки аз гузашта ба оянда кашида шудааст, аз назари гузашта маҳдуд ва мутаноҳӣ бошад ва нуқтаи шурӯъ дошта бошад ва моқабли он нуқта, адами маҳз бошад — номаъқул аст, зеро мусталзими инфикоки маълул аз иллати томма аст. Лозимаи қидами зотии Борӣ, қидами олам аст, ки феъли Борӣ аст. Албатта аз назари фалосифа, усул ва куллиёти олам қадим аст ва афрод ва ҷузъиёт ҳодисанд.

Фалосифа муддаӣ ҳастанд, ки он чи мунҳасир аст ба зоти воҷибулвуҷуд “қидами зотӣ” аст, на “қидами замонӣ”, ва иҷмоъи аҳли адён ҷуз бар ҳудуси зотии олам нест, зеро он чизе, ки адён таълим медиҳанд, махлуқияти олам ва холиқияти зоти Борӣ аст. Он чиро махлуқияти олам эҷоб мекунад, ҳудуси зотӣ аст, на ҳудуси замонӣ. Он чи дар таълимоти адён омада ин аст, ки ҷаҳон ба воситаи зоти Борӣ аз катми адам ба арсаи зуҳур расидааст, ва албатта чунин аст. Яъне ҷаҳон ба воситаи зоти Борӣ аз мартибаи нестии зотӣ ба ҳастӣ расидааст; ҷаҳон аз ноҳияи зоти худ, нест аст, ва аз ноҳияи зоти Ҳақ, ҳаст.

Фалосифа мегӯянд, мавҷуд бар ду қисм аст: воҷиб ва мумкин. Воҷиб, қадими зотӣ аст. Мумкин низ ба навбаи худ бар ду қисм аст: қадими замонӣ ва ҳодиси замонӣ, ва он чизе, ки маноти эҳтиёҷи шайъ ба иллат аст, имкони зотӣ аст, на ҳудуси замонӣ, яъне шайъ аз он ҷиҳат, ки дар мартибаи зоти худ иқтизои вуҷуд надорад, ниёзманд ба иллат аст, на аз он ҷиҳат, ки дар замоне набуда ва баъд пайдо шудааст. Фалосифа бурҳонҳои зиёде иқома мекунанд бар ин ки ҳудус, маноти эҳтиёҷ ба иллат нест.

Садрулмутааллиҳин бар мабнои “асолати вуҷуд” мабнои хоссе дорад, ки назари ҳукаморо дақиқтар мекунад. Ӯ мегӯяд, маноти эҳтиёҷи маълул ба иллат, аз наҳваи вуҷуди маълул хориҷ нест. Тавзеҳ ин ки: ҳукамо умуман бино бар тарзи тафаккури асолати моҳиятӣ чунин меандешанд, ки ашё (моҳиятҳо) дар зоти худ на иқтизои вуҷуд доранд ва на иқтизои адам. Ин лоиқтизоӣ, ки ҳамон маънии “имкон” аст, аз лавозими зоти ашё яъне моҳиятҳост ва ба воситаи ҳамин лоиқтизоӣ ниёзманд ва мӯҳтоҷ ба иллате мебошанд, ки ба онҳо вуҷуд бидиҳад. Моҳият мӯҳтоҷ аст, ва имкон, маноти эҳтиёҷи моҳият аст. Ва ҷаълу таъсиру эҷод “мо биҳил-эҳтиёҷ” аст. Вале бино бар назари Садрулмутааллиҳин, ки мубтанӣ бар асолати вуҷуд аст ва моҳиятро аз ҳарими ҷаълу инҷиъол, ва таъсиру таъассур ва эҷоду мавҷудият барканор медонад ва ҳамаи инҳоро аз они вуҷуд медонад ва барои ҳар мартиба аз вуҷуд ҳукме қоил аст, он чи мӯҳтоҷ ба ҷаълу эҷод аст, худи вуҷуд аст, ва маноти эҳтиёҷ низ худи вуҷуд аст, ба эътибори ин ки ҳувияти вуҷуди маълул ин аст, ки “феъл” ё “кор” аст, ва “мо биҳил-эҳтиёҷ” низ аз худи вуҷуд хориҷ нест. Мо тафсили бештари ин матлабро дар мақолаи “иллату маълул” зикр кардаем.

Хулосаи сухан дар ин ҷо ин ки тибқи назари Садрулмутааллиҳин, ки баёни ин мақола низ бо он мунтабиқ аст, маълул аз он ҷиҳат ниёзманд ба иллат аст, ки тамоми ҳувияташ ин аст, ки “кор” аст. Кор будани кор ба ин нест, ки ҳодис бошад ё қадим, балки ба нафси кор будан аст. Кор агар ҳодис бошад, кори ҳодис аст ва агар қадим бошад, кори қадим аст ва ба ҳар ҳол кор аст.

Ҷаҳон як воҳиди кор аст, хоҳ ҳодис бошад ё қадим.

Аммо дар ин мақола баёни хоссе дар матн омадааст, ки тибқи ин баён баҳс дар бораи ҷаҳон таҳти унвони “ҳудус” ё “қидам”-и замонӣ асосан бемаънист ва бархе далелҳо, ки барои исботи ҳудус ё қидами ҷаҳон оварда мешавад, беасос аст.

Тавзеҳ ин ки: “ҳудуси замонӣ” иборат аст аз масбуқияти вуҷуди як шайъ ба адами замонӣ, яъне ин ки замоне будааст, ки ин шайъ набудааст, ва “қидами замонӣ” иборат аст аз адами масбуқияти вуҷуди шайъ ба адами замонӣ, яъне замоне набудааст, ки ин шайъ набудааст, балки дар ҳамаи замонҳо будааст, ва ба таъбири расотар, ҳамвора замон будааст ва шаъйи мавриди назар ҳамвора дар ҳамаи замонҳо будааст.

Ҳудуси замонӣ ва қидами замонӣ ҳар ду дар бораи мавҷуде содиқ аст, ки дар зарфи замон воқеъ бошад, аммо мавҷуде, ки хориҷ аз зарфи замон аст, на ҳодиси замонӣ аст ва на қадими замонӣ, монанди муҷаррадот. Кулли ҷаҳон низ, ки шомили ҳамаи замонҳо ва маконҳост низ аз ин қабил аст, яъне аз зарфи замон хориҷ аст. Худи “замон” иборат аст аз: миқдори ҳаракати зотии як шайъ, ва зарфи замонии як шайъ иборат аст аз: мутобиқати он ҳаракат бо ҳаракати дигар, ки ба ҳасби қарордод миқёс қарор дода шудааст, масалан ҳаракати шабонарӯзӣ.

Бинобар ин, кулли ҷаҳон зарфи замонӣ надорад, то баҳси масбуқияти вуҷудаш ба адами худаш дар замони пешин, ва ё адами масбуқияти вуҷудаш ба адами худаш дар он замон ба миён ояд. Ҷаҳон дар кулли худ замон надорад, ҳамчунон ки макон надорад.

Ба иборати дигар: маҷмӯи ҷаҳон, ки шомили замон ҳам ҳаст, пешу паси замонӣ надорад, то гуфта шавад, дар он замон будааст ё набудааст. Ҳамчунон ки саҳеҳ нест гуфта шавад, ки “олам дар куҷо офарида шуд?”, саҳеҳ нест гуфта шавад, “кай офарида шуд?” чун ки “кай” ва “куҷо” мутаъаххир аз олам аст ва фаръ бар олам аст. Кай ва куҷо ва вақт ва ҷо, фақат дар бораи аҷзои олам содиқ аст, зеро “макон” аз нисбати иҳотаи аҷзои ҷаҳон бар ҷузъи дигар интизоъ мешавад, ва “замон” аз ҳаракати зотии ашё ва татбиқи он бо ҳаракати умумии шабонарӯзӣ.

Аз ин ҷо маълум мешавад, ки бурҳони маъруфе, ки бар қидами олам иқома мешавад беасос аст.

Бурҳон ин аст, ки ҳудуси замонии олам мусталзими инфикоки маълул аз иллати томма аст.

Ҷавоб ин аст, ки: инфикок фаръ бар ин аст, ки қабл аз ҳудуси олам як имтидод ва буъдеро фарз кунем ва он гоҳ бигӯем, дар ин имтидод, ки олам вуҷуд надоштааст, аз иллати томмаи худ мунфак будааст. Аммо чунин имтидоде ҷуз дар ваҳми башар вуҷуд надорад. Ҳамон тавре, ки саҳеҳ нест гуфта шавад, “дар моварои абъоди маконии олам (ба фарзи таноҳии абъод) чӣ чиз вуҷуд дорад?”, саҳеҳ нест гуфта шавад, “пеш аз олам чӣ чиз буд?” Зеро калимаи “дар” фаръ бар вуҷуди макон аст ва калимаи “пеш” фаръ бар вуҷуди замон.

Масъалае, ки қобили тарҳ аст ин аст, ки: оё ҳаракати лоятаноҳӣ вуҷуд дорад ё надорад? Ва ҳам ин ки: оё силсилаи ҳаводис мутаноҳӣ мебошанд ё лоятаноҳӣ? Ва ба иборати дигар: оё ҷаҳон оғозу ибтидо ва нуқтаи шурӯъ дорад ё надорад? Ҳамон тавре, ки баҳси саҳеҳ дар бораи макон ин аст, ки оё абъоди олам ниҳоят дорад ё надорад? Ҳукамо дар бораи “макон” муддаии таноҳӣ ва дар бораи “замон” муддаии лоятаноҳӣ мебошанд; тафовуте, ки миёни ин ду ҳаст, дар ин аст, ки маротиби абъоди маконӣ муташобеҳ, ва маротиби буъди замонӣ ғайримуташобеҳ аст. Дар буъди замонӣ, ҳар мартибае нисбат ба мартибаи баъдӣ қувва аст ва нисбат ба мартибаи қаблӣ феълият. Ва ба ҳамин ҷиҳат аст, ки дар маротиби замон, пешу пас фарз мешавад. Ва ба ҳамин сабаб аст, ки ин пурсиш пеш меояд, ки оё замон ибтидо ва оғоз дорад ё надорад? Тақаддуму таъаххур дар макон, эътиборӣ ва дар замон, ҳақиқӣ аст.

Албатта чун ҳар ҳаракате маншаи як замон аст ва ҳаракоте, ки мо мешиносем, ҳама ибтидо доранд, пас замонҳое, ки мо мешиносем, ҳама ибтидо доранд, пас баҳс дар замоне, ки оғоз надошта бошад, баҳс дар ин аст, ки оё ҳаракате, ки ибтидо надошта бошад, вуҷуд дорад ё надорад? Ба ақидаи қудамо, ҳаракати фалак чунин аст. Вале қатъи назар аз ҳаракати фалак, чӣ бояд гуфт? Оё як ҳаракати якнавохти доим вуҷуд дорад ё надорад? Ин матлабе аст, ки дар мақолаи “қувва ва феъл” дар бораи он баҳс шудааст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: