Хоҷа Насриддин ба Эрон бозгашт

Фирдавси Аъзам, шоир ва муҳаққиқ

Китоби “Бозгашти Хоҷа Насриддин” — асари Темур Зулфиқоров — нависандаи соҳибсабки тоҷик дар интишороти “Фарҳанг ва тамаддун”-и Эрон бо забони форсӣ ва шуморагони 500 нусха чоп шуд. Китоби мазкур тавассути Шоҳмансури Шоҳмирзо — адиб ва коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) аз забони русӣ ба форсӣ тарҷума шудааст ва нахустин бор аст, ки Зулфиқоров ба муҳити форсизабонони Эрон, Афғонистон ва дигар минтақаҳои форсизабон ворид мешавад. То кунун ҳеч асари Зулфиқоров ба забону хати форсӣ тарҷума нашудааст.

Неъматулло Эмомзода — Сафири Фавқулодда ва Комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон, ки ба китоби мазкур пешгуфтор навиштааст, дар сарсухани худ менависад:

Зулфиқоровро ба унвони бунёнгузори сабки навин дар адабиёти ҷаҳон мешиносанд. Он чи Зулфиқоровро дар миёни доираҳои адабӣ ба унвони нависандаи халлоқ ва навпардоз матраҳ намуд, романҳои ӯ аз зиндагӣ ва осори Хоҷа Насриддин, Умари Хайём, Иван Грозний, Александр Пушкин, Камолиддини Беҳзод ва дигар шахсиятҳо буд, ки бо сабки вижаи мунҳасир ба фарди ӯ нигошта шудаанд.

Романи ӯ “Сафарҳои заминӣ ва осмонии шоир“ дар соли 1993 “Китоби сол”-и Аврупо эълом шуд ва ҷоизаи “Коллетс”-и Британияро барои нависанда ба армуғон овард.

Темур Зулфиқоров ҳамчунин барандаи ҷоизаи адабии “Ясная Поляна” барои беҳтарин асари адабии адабиёт дар соли 2004 шуд ва дар соли 2005 барои романи “Афъимори марҷонӣ” ҷоизаи Антон Делвиг (2008), ҷоизаи Хартли — Мерилл (Голливуд) — ро касб кард ва чандин бор номзади дарёфти ҷоизаи Бунин будааст.

Дар соли 2009 осори Темур Зулфиқоров тавассути нашриёти “Художественная литература”-и Маскав дар ҳафт ҷилд мунташир шуд. Дар соли 2010 асари адабии ӯ ба номи “Истода ва гирён дар миёни обҳои равон” барои дарёфти ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт номзад шуд.

Зулфиқоров муаллифи беш аз 20 асар аст, ки онҳо бо забони русӣ бо шуморагони беш аз миллион нусха мунташир шудаанд. Ӯро дар Ғарб ба унвони “Дантеи адабиёти муосир” эътироф намудаанд.

Темур Зулфиқоров то имрӯз танҳо адиби тоҷик аст, ки ду дафъа ба ҷоизаи Нобел пешбарӣ шудааст. Муборизаи хираду некӣ бо зулму золим ва рушаноӣ бо тирагии ақлу дилҳо меҳвари аслии ин асари ҷаззоби Темур Зулфиқоровро ташкил медиҳад. Дар ҷаҳони имрӯзаи иттилоотӣ ва технологияҳои баланд, ки меҳру муҳаббат ва арзишҳои аслии инсонӣ камранг шудаанд, ин асар метавонад дархури насли наврас ва ҳар ҷомеаи фарҳангпарвар бошад.”

Дар Тоҷикистони мо, — илова мекунад Сафири Тоҷикистон, — ҳар хонадон бо асарҳои пурмазмуни Зулфиқоров ошност, осори ин нависандаи маъруф бо 12 забони ҷаҳон тарҷума шуда, вале то кунун ҳеҷ асаре дар Эрон мунташир нашудааст. Аз ин рӯ, лозим дониста шуд асари “Бозгашти Хоҷа Насриддин” бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон ва Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) бо забони форсӣ тарҷума гардад, то дар хидмати хонандагони адабдӯст қарор бигирад.

Умед мекунем ин асар, ки мавзӯъи аслии он набарди хирад ва ҷаҳл аст ва дар лобалои он нависанда ба баёни андешаҳои ҳакимона мепардозад, мавриди истиқболи азизон қарор бигирад.”

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Забон ва адабиёт

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: