Шарҳи Маснавӣ (274)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (18)

* * *

Дар баёни он ки ҷунбидани ҳар касе аз он ҷо ки вай аст, ҳар касро аз чанбараи вуҷуди худ бинад. Тобаи кабуд офтобро кабуд намояд ва сурх сурх намояд. Чун тоба аз рангҳо берун ояд, сапед шавад. Аз ҳамаи тобаҳои дигар ӯ ростгӯтар бошад ва имом бошад (3)

* * *

Эй сатира, ҳеч ту бархостӣ?

Хештанро баҳри кӯр оростӣ?

Эй зани пӯшида ва покдоман! Оё ҳеч шуда, ки ту худро барои як кӯр ороиш карда бошӣ?

Сатира: пӯшидарӯй, зан.

Нукта: Агар касе кӯрдил бошад, фоидае надорад, ки зебоиҳо ва ҷилваҳои ҳақиқат ва маърифатро бар ӯ ошкор кунӣ, зеро кӯрдил онҳоро намебинад. Он марди тозӣ ба зани аъробӣ мегӯяд, ту низ кӯрдил ҳастӣ ва ман наметавонам ҷилваҳои маъноро ба ту нишон диҳам. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.716)

Гар ҷаҳонро пур дури макнун кунам,

Рӯзии ту чун набошад, чун кунам?

Эй зан! Агар фаразан ҷаҳонро пур аз гавҳару марворид кунам, вақте ту наметавонӣ аз онҳо баҳра бибарӣ, тақсири ман чист ва ман чӣ кунам?! (Агар ман бисёре аз ҳақоиқу асрорро фош кунам, вале ту аҳли шунидани он набошӣ, дигар чӣ коре аз ман сохтааст?! (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.717))

Нукта: Дурри макнун: марвориди мастуру нуҳуфта, муқтабас аз ояти 23 сураи Воқеа:

كَأَمْثَالِ اللُّؤْلُؤِ الْمَكْنُونِ

Ҳамчун марвориди мастур дар садаф.” Вақте ки марворид дар садаф қарор гирад ва ҳеч дасте ба он нарасад, гаронқадртар ва шаффофтар хоҳад буд.

Тарки ҷангу раҳзанӣ, эй зан бигӯ

В-ар намегӯйӣ, ба тарки ман бигӯ.

Эй зан! Роҳзанӣ ва ситезгариро раҳо кун ва агар ситезу роҳзаниро тарк намегӯӣ, маро тарк кун.

Мар маро чӣ ҷойи ҷанги неку бад?

К-ин дилам аз сулҳҳо ҳам мерамад.

Ман, ки ҳатто аз сулҳ ҳам безорам, ҷанги ман барои неку бад мафҳуме надорад. Яъне дили ман аз ҳамаи таъаллуқоти дунявӣ озод аст, ҳатто ба чизҳои хуби дунё ҳам дилбастагӣ надорам, то чӣ расад ба чизҳои бади он.

Гар хамуш гардӣ вагарна он кунам,

Ки ҳамин дам тарки хону мон кунам.

Агар хомӯш шудӣ ва сукут ихтиёр кардӣ, бисёр хубу писандида аст, вале агар чунин накунӣ, он коре, ки хаёлашро дорам мекунам ва ҳамин алъон хонаву кошонаро тарк мегӯям. (Марди аъробӣ дар чанд байти фавқ, занро таҳдид ба муторака кард.)

* * *

Муроъот кардани зан шавҳарро ва истиғфор кардан аз гуфтаи хеш (1)

* * *

Зан чу дид ӯро, ки тунду тавсан аст,

Гашт гирён. Гиря худ доми зан аст.

Зани аъробӣ вақте дид, ки ҳамсараш хашмгину саркаш шуда, шурӯъ ба гиристан кард, зеро гиря доми занон аст. Яъне ҳар гоҳ бихоҳанд шавҳаронашонро мувофиқи мақсуди худ кунанд, ба гиря мепардозанд.

Тавсан: аспи саркаш.

Гуфт: аз ту кай чунин пиндоштам?

Аз ту ман уммеди дигар доштам.

Зан ба шавҳараш гуфт: ман аз ту кай чунин интизоре доштам? Балки аз ту умеди дигаре доштам. Яъне умедвор будам, ки бо ман аз дари мувофиқату созиш даройӣ.

Зан даромад аз тариқи нестӣ,

Гуфт: ман хоки шумоям, не сатӣ.

Зан аз роҳи нармиву мулотифат даромад ва гуфт: ман хоки пойи шумоям, на як бону ва хотуни муъаззам.

Нестӣ: дар ин ҷо ба маънии фурӯтанӣ ва нодида гирифтан аст. Сатӣ: мухаффафи “саттӣ” ба маънии бону, хотун. Баъзе онро “ситӣ” низ хонанд мухаффафи “ситтӣ”, ки маъниаш “ё ситта ҷиҳотӣ” (шаш ҷиҳати ман) киноя аз ин аст, ки зан ба мард иҳота дорад. “Сатӣ”-ро низ мухаффафи “сайидатӣ” гиранд, яъне эй бонуи ман. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.718)

Ҷисму ҷону ҳар чӣ ҳастам, они туст,

Ҳукму фармон ҷумлагӣ фармони туст.

Ҷисму ҷони ман ва ҳар чи дораму надорам, мутаъаллиқ ба туст. Ҳар фармону ҳукме бо туст ва ман фармонбардору таслим ҳастам.

Гар зи дарвешӣ дилам аз сабр ҷаст,

Баҳри хешам нест он, баҳри ту аст.

Агар ман аз дарвешӣ ва бенавоӣ дилам гирифт ва бетоб шудам, он ҳам барои хотири шахси ту буда, на худам.

Ту маро дар дардҳо будӣ даво,

Ман намехоҳам, ки бошӣ бенаво.

Ту илоҷи дардҳои ман будӣ ва ҳангоми миҳнату бало на як бор балки борҳо лутфу эҳсонат шомили ҳоли ман шудааст, ва мусалламан ҳаргиз дӯст надорам, ки ту бенаво шавӣ.

Ҷону сар, к-аз баҳри хешам нест ин,

Аз барои тустам ин нола-в ҳанин.

Инҳо, ки хостам, барои шахси худам нест, балки ин нолаву шуюн танҳо барои вуҷуди туст.

Хеши ман валлаҳ, ки баҳри хеши ту,

Ҳар нафас хоҳад, ки мирад пеши ту.

Зоти ман барои зоти туст, савганд ба Худо. “Хештан”-и ман ҳар лаҳза мехоҳад дар баробари вуҷуди ту фидо шавад.

Кош ҷонат, к-иш равони ман фидо,

Аз замири ҷони ман воқиф будо.

Эй кош ҷони ту, ки руҳу равонам фидояш бод, аз аъмоқи руҳи ман огоҳ мегашт ва аз мақсудам бохабар мебуд!

Чун ту бо ман инчунин будӣ ба занн,

Ҳам зи ҷон безор гаштам, ҳам зи тан.

Ту, ки нисбат ба ман ин гуна пиндори нораво дорӣ, ин амали ту маро аз ҷону танам безор мекунад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: