Перейти к содержимому

Ҷанҷоли тозаи аъробу Эрон; ин бор ба баҳонаи ҳимоят аз “Ҷабҳаи озодибахши Пулисориу”

Марокаш равобити худ бо Эронро қатъ кард ва давлати ин кишвар иллати онро “ҳимояти Теҳрон аз “Ҷабҳаи озодибахши Пулисориу” унвон кард.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, вазири умури хориҷаи Марокаш гуфтааст, ки сафорати худ дар Теҳронро баста ва сафири Эрон дар Работро низ ихроҷ хоҳад кард. Подшоҳии Марокаш ҳамчунин иддао карда, ки Теҳрон аз тариқи Ҳизбуллоҳи Лубнон нерӯҳои “Ҷабҳаи озодибахши Пулисориу”-ро омӯзиш медодааст.

Ва ин дар ҳоле аст, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон дар вокуниш ба иттиҳомоти Марокаш дар хусуси омӯзиши “Ҷабҳаи озодибахши Пулисориу” ва қатъи равобити диплумотик бо Эрон, бо судури баёнияе, аз ин иқдоми Марокаш ибрози таассуф кард.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, дар баёнияи Ҳизбуллоҳ омадааст: “Беҳтар буд вазорати хориҷаи Марокаш ба дунболи далоили қонеъкунандатаре барои қатъи равобит бо Эрон мерафт, ва аз ин ки Марокаш таҳти фишори Омрико, Исроил ва Арабистони Саудӣ иттиҳомоти ғайривоқеъиро баён кардааст, мутаассифем.”

* * *

Вокуниши “Ҷабҳаи озодибахши Пулисориу” ба ин иттиҳом

“Ҷабҳаи озодибахши Пулисориу” рӯзи сешанбе (1 май) дар пайи тасмими Марокаш барои қатъи робита бо Эрон бо иддаои кӯмаки Теҳрон ба нерӯҳои ин ҷабҳа, ин иттиҳомро сохтагӣ ва дурӯғ хонд ва эълом кард, ки ин ҷабҳа бо Эрон ҳамкорӣ надорад.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Муҳаммад Ҳаддод, сухангӯи “Ҷабҳаи озодибахши Пулисориу”, иддаоҳои Марокашро дар ин бора кизби маҳз хонд ва аз мақомҳои Работ (пойтахти Марокаш) хост, асноди ҳамкории Эрон бо ин ҷабҳаро ироа кунанд.

Ҳаддод афзуд: “Работ бо чунин сиёсатҳое мехоҳад аз музокира дар мавриди Саҳро, ки Созмони Милал хостори он шудааст, шона холӣ кунад.”

* * *

Гуфтанист, Пулисориу (Полисарио), як созмони сиёсӣ-низомии муташаккил аз мардуми Саҳрои Ғарбӣ дар шимоли ғарбии Офриқост, ки барои истиқлоли ин ноҳия мубориза мекунад.

Саҳрои Ғарбӣ минтақаест дар шимоли ғарби Офриқо ва ҷануби кишвари Марокаш, ки “Ҷабҳаи озодибахши Пулисориу” ва Подшоҳии Марокаш бар сари контроли он муноқиша доранд.

Сокинони минтақа умуман мардумони арабтабор ҳастанд. Ҳангоме, ки Испониё аз Саҳрои Ғарбӣ хориҷ шуд, ин сарзамин 750 ҳазор нафар ҷамъият дошт, аммо акнун камтар аз 300 ҳазор нафар ҷамъият дорад. Бахши умдае аз ин ҷамъият дар солҳои ҷанги Пулисориу, ба кишварҳои атроф муҳоҷират кардаанд.

“Ҷабҳаи озодибахши Пулисориу” аз соли 1976 кишваре ба номи “Ҷумҳурии демукротики арабии Саҳро” дар мустаъмараи пешини Испониё эҷод кардааст. Ҳамакнун Ҷумҳурии Саҳро танҳо контроли 20 то 25 дарсад аз сарзаминҳояшро дар даст дорад. Бахше аз сарзаминҳои ин давлат, дар контроли Марокаш аст ва ин давлат онро устони ҷанубӣ мехонад.

Созмони Милал аз соли 1991 маъмур шуда то ҳамапурсӣ дар ин минтақа баргузор кунад, то хостаи аслии мардумони ин минтақа бобати истиқлол ё боқӣ мондан таҳти ҳукумати Марокаш мушаххас шавад, аммо баргузории ин ҳамапурсӣ то кунун ба хотири коршиканиҳои гуногун анҷом нагирифтааст.

Подшоҳии Марокаш мӯътақид аст, агар ҳамапурсӣ баргузор шавад, бояд дар хусуси худмухтории ин минтақа ва на барои ҷудоӣ аз Марокаш бошад.

“Ҷабҳаи озодибахши Пулисориу” дар соли 1973 ба унвони як гурӯҳи муқовимат алайҳи тасаллути истеъмории Испониё бар Саҳрои Ғарбӣ ва бо ҳадафи истиқлоли ин минтақа эҷод шуд. Пулисориу пас аз хуруҷи Испониё дар соли 1976 аз ин минтақа ва тақсими он байни Марокаш ва Муритонӣ (Мавритания), ба мухолифат бо ин ду кишвар пардохт. Муритонӣ ва Пулисориу дар соли 1979 бо якдигар сулҳ карданд, аммо Марокаш тамоми минтақаи Саҳрои Ғарбиро замимаи хоки худ кард. Аз он пас “Ҷабҳаи озодибахши Пулисориу” ба муқовимат алайҳи Марокаш идома додааст.

Иттиҳодияи Офриқо Саҳрои Ғарбиро ба унвони як кишвар ба узвияти худ пазируфта ва ин, сабаби хуруҷи Марокаш аз Иттиҳодияи Офриқо шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: