Перейти к содержимому

Чаро “Исроил” аз дасти Эрон асабонӣ аст? Нигоҳе ба омори пойгоҳи Scimago

Рӯзномаи исроилии Haaretz дар матлабе, бо баёни ин ки “Исроил” то 20 соли пеш рутбаи аввали таҳқиқоти илмӣ дар ғарби Осиёро дар ихтиёр дошт аммо тайи ду даҳаи ахир кишварҳои зиёде аз ӯ пешӣ гирифтаанд, навиштааст: “Эрон дар ҳоли ҳозир аз Исроил пешӣ гирифтааст, он ҳам бо фосилаи зиёд. Ва тайи ду даҳаи гузашта Эрон талошҳои зиёдеро барои табдил шудан ба як абарқудрати илмӣ анҷом дода ва тавлидоти таҳқиқотии он дар ҳоли боло рафтан аст.”

Омори пойгоҳи рутбабандии Scimago (Scimago Journal Rank) нишон медиҳад, Эрон тайи 20 соли гузашта аз назари тавлиди илмӣ чандин рутба ҷилавтар аз “Исроил” қарор гирифтааст.

Тибқи додаҳои ин низоми рутбабандӣ, аз соли 1996 то 2016 Ҷумҳурии Исломии Эрон бо тавлиди 388,672 мақолаи илмӣ ва 2,770,074 бор руҷӯъ ба ин мақолот, дар рутбаи 22 ҷаҳон, ва “Исроил” бо тавлиди 320,716 мақолаи илмӣ, ки аз ин теъдод фақат 297,964 адад қобили руҷӯъ буданд, дар рутбаи 25 ҷаҳон қарор дорад.

Дар ин рутбабандӣ, Омрико дар рутбаи аввал, Чин дар рутбаи дуввум ва Русия дар рутбаи 13-ум қарор гирифтаанд.

Бар асоси омор, мақолоти илмии Эрон акнун дар бисёре аз заминаҳо шомили физик, зистшиносӣ, шимӣ, иқтисод ва мудирияти тиҷорӣ, аз “Исроил” ҷилавтар аст. Эрон дар соли 1996 фақат 960 мақолаи илмии мӯътабар дошт, аммо акнун ба ҳудуди 41 ҳазор мақола дар сол афзоиш ёфтааст.

Рӯзномаи исроилии Haaretz пешрафти илмии Эронро “сиёсати пешрафти илмии он” дониста ва таъкид кардааст, “ин фақат барои навиштани мақола нест, балки тавлиди нерӯи кори омӯзишдида ва бо маҳорати боло” низ ҳаст.

* * *

Ҷумҳурии Исломии Эрон дар чанд соли ахир на танҳо дар заминаи пешрафти илмӣ, балки дар ҳавзаи қудрати низомӣ низ аз “Исроил” пешӣ гирифтааст. Ба навиштаи пойгоҳи омрикоии Business Insider, дар феҳристи 10 қудрати низомии бартари Осиё, Эрон дар ҷойгоҳи 7-ум ва “Исроил” дар ҷойгоҳи 9-ум қарор гирифтааст.

Дар ин феҳрист, Чин, Ҳинд, Куреи ҷанубӣ, Жопун ва Туркия ба тартиб ҷойгоҳҳои 2-ум то 6-умро аз они худ кардаанд. Андунезӣ дар мақоми 8-ум ва Покистон дар ҷойгоҳи 10-ум қарор гирифтаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: