Чӣ касе мегӯяд, расона дар кишвари мо озод нест?

Ба баҳонаи Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот

Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) 3 майро ба унвони “Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот” номгузорӣ кардааст. Озодии расона ва матбуот яъне ин ки расонаҳо (рӯзномаҳо, ҳафтаномаҳо, пойгоҳҳои интернетӣ, блогҳо ва ғайра, чӣ давлатии онҳо ва чӣ ба истилоҳ, мустақиллашон) дар матолибе, ки мехоҳанд нашр кунанд, бояд озоду раҳо бошанд ва касе монеъи онҳо нашавад.

Суол ин аст, ки оё расона дар кишвари мо озод нест?

Ба назари роқими ин сатрҳо, расона ба хусус расонаҳои давлатӣ, дар кишвари мо ба як маъно озоданд, ба гунае, ки на танҳо касе монеъи онҳо дар нашри матолиб намешавад, балки гоҳе ниҳодҳои қудратӣ ташвиқ ва чи басо дастур ҳам бидиҳанд, ки “озод” бошанд ва ҳеч чиз монеъашон нашавад.

Таъаҷҷуб накунед, ин муддаъо пас аз баёни маънои “озод будан”, бароятон комилан равшан хоҳад шуд.

“Озод будан” дар як калом, яъне пойбанди чизе набудан, яъне раҳо будан. Хуб, ин иборат як вақт бад-ин маъност, ки шумо (рӯзноманигор) дар интиқод аз як мақоми давлатӣ – аз раисиҷумҳур бигир то поинтарин соҳибмансаб – озод бошед ва касе музоҳими шумо нашавад. Ба сухани дигар, шумо пойбанди қайду бандҳои навишта ё нонавиштае, ки мақомот гузоштаанд нестед, ҳеч тарсу ҳаросе ҳам аз касе надоред, ҳатто агар хатар ҷонатонро таҳдид кунад, шумо рисолати худро анҷом медиҳед. Ин, як маъно барои “озод будан”.

Аммо як вақти дигар, “озод будан” ба ин маъност, ки шумо худро пойбанди ҳеч арзиши ахлоқӣ насозед ва аз ҳар чизе, ки номаш шараф, виҷдон, замир, ахлоқ ва инсоният аст, хештанро озод намуда бошед. Масалан, вақте мехоҳед касеро фуҳшу дашном бидиҳед, касе монеъи шумо нашавад, на аз дарун (виҷдон) ва на аз берун. Вақте мехоҳед бар касе дурӯғ бибофед, на виҷдону замиратон ба шумо бигӯяд, ки ин хилофи одамият аст ва на касе ё дастгоҳи назоратие аз берун шуморо тавбех кунад, ки ин кор ғайриинсонӣ аст! Хулоса, дар ин ҷиҳат шумо озоди озод бошед.

Расонаҳои давлатӣ дар кишвари мо, ба маънои аввал аз “озодӣ”, раҳо ва озод нестанд, агар як ниҳоди қудратӣ дар онҳо матлабе мушоҳида кунад, ки масалан аз раисиҷумҳур ва ё яке аз наздиконаш “интиқодаке” шудааст, ба қавли маъруф, падари ӯро дармеоваранд ва рӯзноманигори мунтақид дар ин сурат ё роҳии зиндон хоҳад шуд ва ё чорае ҷуз тарки миҳан нахоҳад дид, ва ҳаддиақал аз ӯ ваъда хоҳанд гирифт, ки дигар “ғалате” аз вай сар назанад.

Аммо ҳамин расонаҳо ба маънои дуввум аз “озодӣ”, воқеан озоди озоданд, ба ҳадде, ки дар дунё шояд назире дар ин ҷанба надошта бошанд.

Вақте садо ва симои Тоҷикистон ба унвони як расонаи саросарӣ, вориди ҳарими шахсии афрод шуд ва аз онҳо филмбардорӣ намуд ва ин филмро дар маърази диди сағиру кабир нишон дод, оё касе ё чизе монеъаш шуд? Оё виҷдони таҳиякунанда ва филмбардор монеъ аз ин гардид, ки вуруд ба ҳарими хусусии афрод номашрӯъ аст ва як кори разлу паст аст? На.

Оё “озодӣ” аз ин бештар?!

Вақте ҳамин садо ва симо падару модару бародарону хоҳарони мухолифи сиёсии ҳукумати феълиро дар баробари дурбинҳо қарор дод ва таҳти фишор аз онҳо эътирофоте гирифт ва он бечораҳо чорае ҷуз “даъват аз фарзанди худ, ки даст аз интиқод ва мухолифат бардорад” надоштанд, оё касе монеъи ин расонаҳо аз ин кори разлу пасту ғайриинсонӣ шуд?! Оё виҷдонашон ба онҳо гуфт, ки ин кор дуруст нест?! На. Онҳо дар ин кори худ озоди озод буданд ва пойбанди чизе набуданд.

Оё “озодие” бештар аз ин дар ҷое дидаед ва суроғ доред?!

Вақте расонаҳои навишторӣ, ҳатто хабаргузории давлатии “Ховар” (то чӣ расад ба пойгоҳҳои ба ном мустақил, мисли “Ҳамсинф”, “Ориён” ва амсоли онҳо) дар бораи мухолифони сиёсӣ ҳар чи аз кизбу дурӯғу бӯҳтону ифтиро навиштанд, оё касе монеъи онҳо шуд? Қатъан на. На виҷдони нависандагони он тӯҳматҳо монеъи онҳо гардид ва на як дастгоҳи назоратӣ гӯшзадашон намуд, ки ин кор дуруст нест!

Оё “озодӣ” ва “раҳоие” аз ин бештар дар ҷаҳон суроғ доред?! На.

Ҳудуди ним сол пеш, вақте як тӯҳтмати шохдоре нисбат ба ин банда (гӯӣ номае аз ҳамшаҳриям бошад) бофта шуд ва дар он, на танҳо ба худам (ки дигар одат кардаам), балки ба домони поки падару падарбузургам ифтиро зада шуд, оё касе ё чизе монеъи нависандагон ва пахшкунандагони он тӯҳматнома гардид?! На. Комилан дар ин кори ғайриинсонӣ озоду раҳо буданд. Ва аҷиб он, ки он тӯҳматнома тақрибан дар ҳамаи расонаҳо ва сойтҳои вобаста ба давлат мунташир гардид.

Оё якчунин озодиро дар ҷое суроғ доред?

Албатта, мисли якчунин тӯҳманомаҳое ҳамарӯза дар бораи тамоми мухолифони сиёсӣ навишта ва мунташир мешавад, ҳатто “нависандагоне” дар Қазоқистону ҷоҳои дигар, ба унвони афроди мустақил, дар ин корҳои пасту разл ёрӣ ва кӯмакашон мекунанд. Хиҷолат ҳам намекашанд.

Оё ҷое “озодие” бештар аз ин суроғ доред ва мушоҳида кардаед?! На.

Пас, нагӯед, расона дар кишвари мо “озод” нест. Озоданд, комилан озоданд.

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Реклама


Рубрики:Дидгоҳ, Нақду назар

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: