Адли илоҳӣ (48)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (10)

Зери сифр

То ин ҷо сухан аз мақбулият ва адами мақбулияти тоъоту аъмоли неку мусбати ғайримусалмонон буд, ва ба иборати дигар, сухан дар бораи болои сифр буд; сухан дар ин буд, ки оё корҳои хайри онҳо, онҳоро боло мебарад ё хайр?

Акнун бибинем, таклифи зери сифр яъне гуноҳон ва аъмоли шарри ғайримусалмонон чӣ мешавад? Оё ҳамаи онҳо дар ин ҷиҳат яксонанд? Ё фарқе дар кор аст? Ба илова, дар зери сифр яъне дар корҳои шарру поинбаранда оё миёни мусалмон ва ғайримусалмон фарқ аст ё на? Оё мусалмон аз назари зери сифр навъе масуният дорад ё хайр?

Зимни матолиби гузашта маълум шуд, ки Худованд он гоҳ башарро муъаззаб (азоб) мекунад, ки аз рӯи тақсир — яъне олиман амдан — муртакиби хилоф шавад, на аз рӯи қусур (кӯтоҳӣ) ва дастнорасӣ. Қаблан ояте, ки усулийюн “қоъидаи қубҳи ъиқоб било баён”-ро аз он истинбот мекунанд, тарҷума ва тафсир кардем. Акнун барои ин ки вазъи ғайримусалмононро дар зери сифр равшан кунем, яъне барои ин ки муҷозотҳо ва куфрҳои онҳоро дар корҳои шарре, ки муртакиб мешаванд баррасӣ кунем, ночорем масъалаи дигаре, ки дар маорифи исломӣ матраҳ аст ва решааш дар Қуръони Маҷид аст матраҳ кунем, ва он, масъалаи “қусур” ва “истизъоф” аст. Инак, баҳси худро таҳти ин унвон оғоз мекунем.

* * *

Қосирон ва мустазъафон

Уламои ислом истилоҳе доранд; мегӯянд, бархе аз мардум “мустазъафин” ва ё “мурҷавна лиамриллоҳ” мебошанд. “Мустазъафин” яъне бечорагон ва дастнорасон, “мурҷавна лиамриллоҳ” яъне касоне, ки дар бораи онҳо бояд гуфт, кори инҳо бо Худост, Худованд худаш ба наҳве, ки ҳикмат ва раҳматаш эҷоб мекунад амал хоҳад кард. Ҳар ду истилоҳ аз Қуръони Карим иқтибос шудааст.

Дар сураи Нисо, ояти 97, 98 ва 99 чунин омадааст:

إِنَّ الَّذِينَ تَوَفَّاهُمُ الْمَلآئِكَةُ ظَالِمِي أَنْفُسِهِمْ قَالُواْ فِيمَ كُنتُمْ قَالُواْ كُنَّا مُسْتَضْعَفِينَ فِي الأَرْضِ قَالْوَاْ أَلَمْ تَكُنْ أَرْضُ اللّهِ وَاسِعَةً فَتُهَاجِرُواْ فِيهَا فَأُوْلَئِكَ مَأْوَاهُمْ جَهَنَّمُ وَسَاءتْ مَصِيرًا. إِلاَّ الْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاء وَالْوِلْدَانِ لاَ يَسْتَطِيعُونَ حِيلَةً وَلاَ يَهْتَدُونَ سَبِيلًا. فَأُوْلَئِكَ عَسَى اللّهُ أَن يَعْفُوَ عَنْهُمْ وَكَانَ اللّهُ عَفُوًّا غَفُورًا

Дар ояти аввал, ҷараёни пурсишу посухи маъмурони илоҳӣ (фариштаҳо) бо баъзе аз мардум пас аз марги онҳо матраҳ аст. Фариштагон аз онҳо мепурсанд, шумо дар дунё дар чӣ вазъе ба сар мебурдед? Онҳо узр меоваранд, ки мо мардуми бечора будем, дастамон ба касе ва чизе намерасид. Фариштагон мегӯянд, шумо мустазъаф нестед, зеро замини Худо фарох буд ва шумо метавонистед аз он ҷо муҳоҷират карда ба нуқтае биравед, ки ҳама ҷур имкон дар он ҷо буд, пас шумо муқассиред ва муставҷиби азоб.

Дар ояти дуввум вазъи бархе мардумро зикр мекунад, ки воқеан мустазъафанд, хоҳ мард ва ё зан ва ё кӯдак. Инҳо касоне ҳастанд, ки дасташон ба ҷое намерасад ва роҳ ба ҷое намебаранд.

Дар ояти севвум навид медиҳад ва умедвор мекунад ба ин ки Худованди Карим гурӯҳи дуввумро мавриди афву мағфирати худ қарор медиҳад.

Ҳазрати устодуно (устоди мо) Алломаи Таботабоӣ (Руҳӣ фидоҳу!) дар тафсири “Алмизон” зайли ҳамин оятҳо мефармоянд:

Худованд, ҷаҳл ба амри дин ва ҳар мамнӯият аз иқомаи шаъоири динро зулм шумурдааст ва афви илоҳӣ шомили он намешавад, аммо мустазъафин, ки қудрат бар интиқол ва тағйири муҳит надоранд, истисно шудаанд. Истисно ба сурате зикр шуда, ки ихтисос надорад ба ин ки истизъоф ба ин сурат бошад, (балки) ҳамон тавре, ки мумкин аст маншаи истизъоф адами имкони тағйири муҳит бошад, мумкин аст ин ҷиҳат бошад, ки зеҳни инсон мутаваҷҷеҳи ҳақиқат нашуда бошад ва ба ин сабаб аз ҳақиқат маҳрум монда бошад”.

Ривоятҳои зиёде ворид шуда, ки мардуме, ки ба иллатҳое қосир мондаанд, мустазъаф ба шумор мераванд.

Дар ояти 106 аз сураи Тавба мефармояд:

وَآخَرُونَ مُرْجَوْنَ لِأَمْرِ اللّهِ إِمَّا يُعَذِّبُهُمْ وَإِمَّا يَتُوبُ عَلَيْهِمْ وَاللّهُ عَلِيمٌ حَكِيمٌ

Гурӯҳи дигар корашон ҳавола мешавад ба амри Худо; ё онҳоро муъаззаб мекунад ва ё бар онҳо мебахшояд. Худованд доно ва ҳаким аст.”

Калимаи “мурҷавна лиамриллоҳ” аз ин оят иқтибос шудааст.

Дар ривоят омадааст, ки Имом Боқир (а) дар бораи ин оят фармуд:

Ҳамоно қавме буданд дар садри ислом, ки ибтидо мушрик буданд ва муртакиби ҷиноёти бузург шуданд, Ҳамза ва Ҷаъфар ва амсоли инҳоро аз мусалмонон куштанд. Инҳо баъд мусалмон шуданд, ширкро раҳо карданд ва ба тавҳид гароиданд. Аммо имон дар қалби онҳо роҳ наёфт, ки дар зумраи мӯъминин қарор гиранд ва истеҳқоқи биҳишт пайдо кунанд ва дар айни ҳол аз ҷуҳуду инод ҳам, ки мӯҷиби муъаззаб будани онҳо буд даст бардошта буданд. Инҳо на мӯъмин буданд ва на кофиру ҷоҳид, инҳо ҳастанд “мурҷавна лиамриллоҳ”, ки амрашон ҳавола ба Худост”. (Ба нақл аз тафсири Алмизон)

Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Ҳимрон ибни Аъйан гуфт:

Аз Имом Содиқ (а) дар бораи мустазъафин пурсиш кардам, фармуд: онон на дар зумраи мӯъминонанд ва на дар зумраи кофирон, онҳо “мурҷавна лиамриллоҳ” мебошанд. (Ба нақл аз тафсири Алмизон)

Ҳарчанд аз муфоди ояти “мурҷавна лиамриллоҳ” истифода мешавад, ки дар бораи онҳо хуб аст гуфта шавад кори инҳо бо Худост, вале аз лаҳни ояти мустазъафин ишорае ба шумули афву мағфирати илоҳӣ истинбот мешавад.

Он чи маҷмӯан истифода мешавад ин аст, ки мардуме, ки ба шакле аз шаклҳо қусур доштаанд, на тақсир, Худованд онҳоро муъаззаб намесозад.

Дар “Кофӣ” аз Ҳамза ибни Аттайёр нақл мекунад, ки Имом Содиқ (а) фармуд:

Мардум шаш дастаанд, ва маолан се дастаанд: фирқаи имон, фирқаи куфр, фирқаи гумроҳӣ. Ин фирқаҳо аз ваъду ваъиди Худо дар бораи биҳишту ҷаҳаннам пайдо мешаванд. (Яъне мардум бар ҳасби вазъашон дар баробари ин ваъду ваъидҳо ба чанд фирқа мунқасим мешаванд.) Он шаш фирқа иборатанд аз: мӯъминон, кофирон, мустазъафон, мурҷавна лиамриллоҳ, мӯътарифон ба гуноҳ, ки амали солеҳу носолеҳро махлут кардаанд, ва аҳли аъроф.” (2/381)

Ва ҳам дар “Кофӣ” аз Зурора нақл мекунад, ки гуфт:

Бо бародарам Ҳимрон — ё бародари дигарам Букайр — бар Имом Боқир (а) ворид шудем. Ман ба Имом гуфтам: мо афродро бо шоқул андоза мегирем, ҳар кас монанди мо шиъа бошад, хоҳ аз авлоди Алӣ ва хоҳ аз ғайри онҳо, бо ӯ пайванди дӯстӣ (ба унвони як мусалмон ва аҳли наҷот) барқарор мекунем ва ҳар кас бо ақидаи мо мухолиф бошад, мо аз ӯ (ба унвони як гумроҳ ва аҳли ҳалок) табарро меҷӯем.”

Имом фармуд:

Эй Зурора! Сухани Худо аз сухани ту росттар аст. Агар он чи ту мегӯӣ дуруст бошад, пас сухани Худо он ҷо, ки мефармояд:

إِلاَّ الْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاء وَالْوِلْدَانِ لاَ يَسْتَطِيعُونَ حِيلَةً وَلاَ يَهْتَدُونَ سَبِيلًا

— куҷо рафт?! Пас, “алмурҷавна лиамриллоҳ” чӣ шуд?! Онҳо, ки Худо дар бораи онҳо мефармояд:

خَلَطُواْ عَمَلًا صَالِحًا وَآخَرَ سَيِّئًا

— куҷо рафтанд?! Асҳоби аъроф чӣ шуданд?! Алмуаллафату қулубуҳум чӣ касоне ҳастанд ва куҷоянд?

Ҳаммод дар ривояти худ аз Зурора дар бораи ин моҷаро нақл мекунад, ки гуфт:

Дар ин ҳангом кори ман ва Имом ба мубоҳиса кашид, фарёди ҳар дуямон баланд шуд, ки ҳар кас дар берун дар хона буд мешунид”.

Ҷамил ибни Дарроҷ аз Зурора дар ин моҷаро нақл мекунад, ки Имом фармуд:

Эй Зурора! Ҳақ аст бар Худо, ки гумроҳон (на кофирону ҷоҳидон)-ро ба биҳишт бибарад”.

Ҳамчунин дар “Кофӣ” аз Имом Мӯсо ибни Ҷаъфар (алайҳис-салом) ривоят мекунад, ки фармуд:

Алӣ (а) бобе аз абвоби ҳидоят аст; ҳар ки аз ин дар дохил шавад, мӯъмин аст, ва ҳар ки аз он хориҷ шавад, кофир аст. Ва ҳар кас, ки на ба ин дар дохил шавад ва на аз он хориҷ гардад, дар зумраи табақае аст, ки кораш вогузор ба Худост мурҷавна лиамриллоҳ”.

Имом дар ин ҳадис, ба табақае тасреҳ мекунад, ки на дар зумраи аҳли имону таслиму аҳли наҷотанд, ва на дар зумраи аҳли инкору ҳалок.

Ҳамчунин дар “Кофӣ” аз Имом Содиқ (алайҳис-салом) нақл мекунад, ки:

لو ان العباد اذا جهلوا وقفوا ولم يجحدوا لو يكفروا

Агар мардум он гоҳ, ки намедонанд, таваққуф кунанд ва дар садади инкор барнаёянд, кофир намешаванд”.

Агар касе дар ривоятҳое, ки аз имомони атҳор (алайҳимус-салом) расидааст, ки бештарини онҳо дар “Китобул-ҳуҷҷа”-и Кофӣ ва “Китобул-имони вал-куфр”-и Кофӣ гирд омадааст диққат кунад, меёбад, ки имомон (алайҳимус-салом) такяашон бар ин матлаб буда, ки ҳар чи бар сари инсон меояд аз он аст, ки ҳақ бар ӯ арза бишавад ва ӯ дар муқобили ҳақ таъассубу инод биварзад, ва ё лоақал дар шароите бошад, ки мебоист таҳқиқу ҷустуҷӯ кунад ва накунад. Аммо афроде, ки зотан ва ба воситаи қусури фаҳму идрок ва ё ба иллатҳои дигар дар шароите ба сар мебаранд, ки мисдоқи мункир ва ё муқассир дар таҳқиқу ҷустуҷӯ ба шумор намераванд, онҳо дар радифи мункирон ва мухолифон нестанд, онҳо аз мустазъафин ва “мурҷавна лиамриллоҳ” ба шумор мераванд Ва ҳам аз ривоятҳо истифода мешавад, ки имомони атҳор бисёре аз мардумро аз ин табақа медонанд.

Дар “Кофӣ” дар “Китобул-ҳуҷҷа”, бархе ривоятҳо нақл мекунад мабнӣ бар ин ки:

كلّ من دان الله عزّ وجلّ بعبادة يجهد فيها نفسه ولا امام له من الله فسعيه غير مقبول

Ҳар ки Худоро бо ибодате итоат кунад ва худро ба ранҷ андозад аммо имоме, ки Худо барояш муайян карда надошта бошад, амалаш мардуд аст”. (1-183)

Ва ё ин ки:

لا يقبل الله اعمال العباد الاّ بمعرفته

Худо аъмоли бандагонро бидуни он ки имоми замони худашонро бишносанд, намепазирад”. (1/203)

Дар айни ҳол, дар ҳамон “Китобул-ҳуҷҷа”-и “Кофӣ” аз Имом Содиқ (алайҳис-салом) нақл мекунад, ки:

من عرفنا كان مؤمنا ومن أنكرنا كان كافرا ومن لم يعرفنا ولم ينكرنا كان ضالاّ حتى رجع الى الهدى الّذي افترض الله عليه من طاعتنا فان يمت على ضلالته يفعل الله ما يشاء

Ҳар ки моро бишносад мӯъмин аст, ва ҳар ки инкор кунад кофир аст, ва ҳар ки на бишносад ва на инкор кунад “роҳноёфта” аст, то бозгардад ба роҳи ҳидоят, агар ба ҳамин ҳол бимирад аз касоне аст, ки кораш вогузор ба Худост, мурваҷна лиамриллоҳ.” (1/187)

Муҳаммад ибни Муслим мегӯяд:

Дар хидмати Имом Содиқ будам; ман дар тарафи чапи он ҳазрат нишаста будам ва Зурора дар тарафи рости он ҳазрат нишаста буд. Абӯбасир ворид шуд ва пурсид: чӣ мегӯӣ дар бораи касе, ки дар Худо шак кунад? Имом фармуд:

— Кофир аст.

— Чӣ мегӯӣ дар бораи касе, ки дар Расули Худо шак кунад?

— Кофир аст.

Дар ин вақт Имом ба сӯи Зурора таваҷҷӯҳ кард ва фармуд:

Ҳамоно чунин касе он гоҳ кофир аст, ки инкор кунад ва ҷуҳуд биварзад”. (3/399)

Ва ҳам дар “Кофӣ” нақл мекунад, ки Ҳошим ибни ал-Барид гуфт:

Ман ва Муҳаммад ибни Муслим ва Абулхаттоб дар якҷо гирд омада будем. Абулхаттоб пурсид: ақидаи шумо дар бораи касе, ки амри имоматро нашносад чист? Ман гуфтам: ба ақидаи ман кофир аст. Абулхаттоб гуфт: то ҳуҷҷат бар ӯ тамом нашуда кофир нест, агар ҳуҷҷат тамом шуд ва нашинохт, он гоҳ кофир аст. Муҳаммад ибни Муслим гуфт: субҳоналлоҳ! Агар имомро нашносад ва ҷуҳуд ва инкор ҳам надошта бошад, чӣ гуна кофир шумурда мешавад?! Хайр, ғайриориф агар ҷоҳид набошад, кофир нест. Ба ин тартиб мо се нафар се ақидаи мухолиф доштем.

Мавқеъи ҳаҷ расид, ба ҳаҷ рафтам ва дар Макка ба ҳузури Имом Содиқ (алайҳис-салом) расидам. Ҷараёни мубоҳисаи сенафариро ба арз расондам ва назари Имомро хостам. Имом фармуд:

Ҳангоме миёни шумо қазоват мекунам ва ба ин суол посух медиҳам, ки он ду нафар ҳам ҳузур дошта бошанд. Ваъдагоҳи ман ва шумо, се нафар, ҳамин имшаб дар Мино наздики Ҷамраи вусто.

Шаб, ки шуд, сенафарӣ рафтем. Имом дар ҳоле, ки болишеро ба синаи худ часпонда буд, суолро шурӯъ кард:

— Чӣ мегӯед дар бораи хидматкорон, занон, афроди хонаводаи худатон? Оё онҳо ба ваҳдонияти Худо шаҳодат намедиҳанд?

Ман гуфтам: чаро.

— Оё ба рисолати пайғамбар гувоҳӣ намедиҳанд?

— Чаро.

— Оё онҳо монанди шумо имомат ва вилоятро мешиносанд?

— На.

— Пас, таклифи онҳо ба ақидаи шумо чист?

— Ақидаи ман ин аст, ки ҳар кас Имомро нашиносад, кофир аст.

— Субҳоналлоҳ! Оё мардуми кӯчаву бозорро надидаӣ, саққоҳоро надидаӣ?

— Чаро, дида ва мебинам.

— Оё инҳо намоз намехонанд? Рӯза намегиранд? Ҳаҷ намекунанд? Ба ваҳдонияти Худо ва рисолати пайғамбар шаҳодат намедиҳанд?

— Чаро.

— Хуб, оё инҳо монанди шумо Имомро мешиносанд?

— На.

— Пас, вазъи инҳо чист?

— Ба ақидаи ман, ҳар ки Имомро нашиносад, кофир аст.

— Субҳоналлоҳ! Оё вазъи Каъба ва тавофи ин мардумро намебинӣ? Ҳеҷ намебинӣ, ки аҳли Яман чӣ гуна ба пардаҳои Каъба мечаспанд?

— Чаро.

— Оё инҳо ба тавҳиду нубувват иқрор ва эътироф надоранд? Оё намоз намехонанд? Рӯза намегиранд? Ҳаҷ намекунанд?

— Чаро.

— Хуб, оё инҳо монанди шумо Имомро мешиносанд?

— На.

— Ақидаи шумо дар бораи инҳо чист?

— Ба ақидаи ман, ҳар ки Имомро нашиносад, кофир аст.

— Субҳоналлоҳ! Ин ақида, ақидаи Хавориҷ аст.

Имом он гоҳ фармуд: ҳоло моил ҳастед, ки ҳақиқатро бигӯям?

Ҳошим, ки ба қавли марҳуми Файз, медонист қазовати Имом бар зидди ақидаи ӯст, гуфт:

— На.

Имом фармуд:

— Бисёр бад аст барои шумо, ки чизеро, ки аз мо нашунидаед, аз пеши худ бигӯед.

Ҳошим баъдҳо ба дигарон чунин гуфт:

— Гумон бурдам, ки Имом назари Муҳаммад ибни Муслимро таъйид мекунад ва мехоҳад моро ба сухани ӯ баргардонад. (2/401)

Дар “Кофӣ” пас аз ин ҳадис, ҳадиси маъруфи мубоҳисаи Зурора бо Имом Боқир (алайҳис-салом)-ро дар ҳамин замина нақл мекунад, ки муфассал аст.

Дар “Кофӣ” дар охири “Китобул-имони вал-куфр” бобе дорад таҳти унвони: “Бо имон, ҳеч амале зиён намерасонад, ва бо куфр ҳеч амале суд намебахшад.” (2/463)

Вале ривоятҳое, ки дар зайли ин унвон омада ин унвонро таъйид намекунад, аз он ҷумла ин ривоят аст:

Яъқуб ибни Шуъайб гуфт: аз Имом Содиқ (алайҳис-салом) пурсидам:

هل لأحد على ما عمل ثواب على الله موجب الاّ المؤمن؟ قال: لا

Оё ҷуз мӯъминин касе дигар ҳам ҳаст, ки подош додан ба ӯ бар Худованд лозим бошад? Имом фармуд: на.” (2/464)

Мақсуди ин ривоят ин аст, ки Худованд танҳо ба мӯъминин ваъдаи подош додааст ва ба мӯҷиби ваъдае, ки додааст албатта лузуман ба ваъдаи худ вафо мекунад, вале дар ғайри мавриди аҳли имон Худованд ваъда надодааст, то лузуман вафо кунад, ва чун ваъда надодааст, пас бо худи ӯст, ки подош бидиҳад ё надиҳад.

Имом бо ин баён мехоҳад бифаҳмонад, ки ғайри аҳли имон аз назари ин ки Худо подош медиҳад ё намедиҳад, дар ҳукми мустазъафин ва “мурваҷна лиамриллоҳ”. Бояд гуфт, кори инҳо бо Худост, ки подош бидиҳад ё надиҳад.

Дар зайли ҳамин боби “Кофӣ” бархе ривоятҳое аст, ки мо дар оянда таҳти унвони “гуноҳони мусалмон” аз онҳо ёд хоҳем кард.

Албатта ривоятҳои марбута мунҳасир ба он чи мо дар ин ҷо нақл кардем нест. Ривоятҳои дигар ҳам ҳаст. Истинботи мо аз ҳамаи ин ривоятҳо ҳамин аст, ки гуфтем. Агар касе ҷуз ин истинбот мекунад ва назари моро таъйид намекунад, мумкин аст назари худро мустадал баён кунад, шояд мавриди истифодаи мо низ қарор гирад.

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ақоиди исломӣ, Фалсафаи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: