Фалсафа ва равиши реализм (193)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (26)

Офариниши ҷаҳон (2)

Матни мақола

Ҳамин ки ин назарияро пазируфтем, ки “ҷаҳон офаридгоре дорад”, билофосила дар пайи он ин назарияро низ пазируфтаем, ки: “ҷаҳон, кору офаридаи ӯст”.

Албатта, дар асари одате, ки фикри мо ба воситаи унси доимии худ ба ҳаводиси замонӣ ва маконӣ пайдо карда, дар оғоз ба ғалат афтода фазое холӣ аз мавҷудот, ва замоне дорои имтидоди ғайримутаноҳӣ фарз карда, сипас падидаи ҷаҳонро монанди баччае навзод дар маҳди макон гузошта ва ба дасти дояи замон, ки қаблан омода буд супурда ва мунтазири тарбияту такмилаш мебошем.

Вале дар ҳамин тасвир, аз усуле, ки собиқан мубарҳан кардаем, бояд ғафлат накард:

1) Ҷаҳони модда як воҳиди ҳаракат аст;

2) Замону макон сохтаи худи ҷаҳонанд, на миқёси берун аз ҷаҳон;

3) Замон, чун сохтаи ҳаракат аст, бо ихтилофи ҳаракот, мухталиф хоҳад буд, ва мо танҳо мутаваҷҷеҳи як ҳаракати (нисбатан) умумӣ мебошем ва он, ҳаракати шабонарӯзӣ аст ва алфози замонии мо аз қабили “гузашта”, “оянда”, “акнун”, “ҳамеша”, “гоҳе” ва назоири онҳо, мумассили ҳолоте ҳастанд, ки мо бо вазъи ҳозир аз замони умумии худамон, дида ё андешидаем;

4) Дар миёни аҷзоъи олам, мавҷудоти муҷаррад ва хориҷ аз ҳукми модда ва замону макон ҳастанд, ки қобили интибоқ ба замону макон нестанд.

Тазаккури усули номбурда ва лавозими онҳо, андешаи номбурдаро аз сари мо берун карда ва дар тасаввури гузашта ва ояндаи ҷаҳон ва маҷмӯи тафсилии онҳо, дар баробари як торикӣ қарор мегирем, ки бетардид хиради дурандеш ва резбини мо сар аз пой намешиносад.

Он вақт мефаҳмем, ки дар ин андеша, монанди касе ҳастем, ки аз ҳисси сомеъа маҳрум буда ва бихоҳад бо ҳоссаи чашм ҳақиқати савтро ба даст оварад, зеро хиёли савтро, ки дар дил мепарварад, дар ҳақиқат нуру ранг аст, ва ҳам миқёсеро, ки ба кор мебарад (чашм), миқёси нуру ранг мебошад.

Оре, вай аз мушоҳидаи ҳоли дигарон, ки гӯши шунаво доранд, метавонад ба таври куллӣ бифаҳмад, ки чизе ғайр аз нуру ранг ҳаст, ки бо гӯш дарк мешавад, агарчи боз дар мавриди татбиқ, ҳамон куллиро ба нуру ранг татбиқ хоҳад кард. Зеро вай ба куллии номбурда аз роҳи чашм расидааст. Дар ин ҳангом аст, ки андешаи дерини мо: “Рӯзе буд, ки ҷуз Худо чизе набуд” сифати тамсил ба худ гирифта ва мумассили як тафсири муносиби уфуқи фаҳми оддии мо мегардад, вагарна дар ин фарз “рӯз” низ набуда ва агар ростӣ рӯз буд, корҳои рӯзона низ буд.

Мо наметавонем мафҳуми “қабл”-у “баъд” (пешу пас)-ро, ки ҳаракату замони мо месозад, ба берун аз шиками ҳаракату замони худамон бибарем, магар ин ки худи ҳаракату замонро ҳамроҳи вай бибарем, чунонки наметавонем аз ҳамин муқаддима ҳукм кунем, ки замон ва таволии рӯзу шаб ғайримутаноҳӣ аст, зеро агар дар ҳастӣ танҳо як ҳаракати кӯтоҳ низ фарз шавад ва замоне бисозад, боз пасу пеше берун аз вай вуҷуд нахоҳад дошт.

Пас, он чи метавон гуфт ин аст, ки ҷаҳони модда, ки як воҳиди ҳаракат аст ва замоне месозад, қаблу баъди берун аз худ надорад.

* * *

Ишкол

Донишмандони улуми табиӣ ба субут расонидаанд, ки: “Модда ҳаргиз маъдум намешавад”. Лозимаи ин сухан, ғайримутаноҳӣ будани замону ҷаҳони замонии моддӣ аст.

Ва ҳамчунин фалосифа низ гуфтаанд: “Ҳар ҳодиси замонӣ қабл аз ҳудус, имкони вуҷуд дорад”. Натиҷаи ин сухан низ ҳамон аст, ки замону ҷаҳони замонии дорои ҳаводиси мутараттибаи ғайримутаноҳӣ буда бошад.

* * *

Посух

Мо низ дар мақолаҳои гузашта мазмуни фарзияи Ловозияро, ҳамчунин назарияи фалосифаро пазируфтем, вале ин суханон исбот намекунад, ки “ҳар рӯз рӯзе пеш аз худ дорад ва ҳар қитъа аз ҳаракате қитъае пеш аз худ дорад”, агарчи исбот мекунад, ки “пеш аз ҳар рӯз рӯзе аст”, ва мо зеҳни ишколкунандаро даъват мекунем, ки борик шуда ва фарқи ин ду қазияро дарк намуда, пеш аз модда замон исбот накунад, ва ҳамчунин бе пасу пеш будани пайкараи замонро ба ғайримутаноҳӣ будани имтидоди вай халт накунад.

* * *

Хулоса

Чунонки аз сухани гузашта равшан шуд, мо метавонем дар хусуси офариниш ба таври куллӣ баҳс карда ва иттихози назар намоем.

Ҷаҳони офариниш ҳар чи бошад ва ҳар сарнавиште дар зоту сифоту афъоли худ дошта бошад, як воҳид аст, зеро аз як воҳид аст, чунонки дар мақолаи 9 зикр шуд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: