Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (275)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (19)

* * *

Муроъот кардани зан шавҳарро ва истиғфор кардан аз гуфтаи хеш (2)

* * *

Хокро бар симу зар кардем, чун

Ту чунинӣ бо ман, эй ҷонро сукун!

(Зани аъробӣ дар идомаи гуфтугӯ бо шавҳари худ мегӯяд:) эй, ки мояи оромиши ҷони манӣ! Ҳол, ки ту бо ман ин гуна мухолиф ҳастӣ, ман хок бар сари симу зар мекунам ва аз онҳо ҷудоӣ меҷӯям.

Ту ки дар ҷону дилам ҷо мекунӣ,

З-ин қадар, аз ман табарро мекунӣ?

Ту, ки дар ҷону дили ман нуфуз дорӣ, чаро ин қадар аз ман дурӣ мегузинӣ?

Табарро: безорӣ ҷустан.

Ту табарро кун, ки ҳастат дастгоҳ,

Эй табаррои туро ҷон узрхоҳ.

Ту аз ман безорӣ бихоҳ, барои ин ки қудрату шукӯҳ дорӣ ва метавонӣ бениёзӣ нишон бидиҳӣ. Аммо ҷони ман дар муқобили истиғно ва бениёзии ту пӯзишталаб аст. Яъне ҳар бор, ки ту оҳанги фироқ мекунӣ ва аз рӯи бениёзӣ бо ман рафтор мекунӣ, ҷони ман узри тақсири маро мехоҳад ва дар баробари ту тазаррӯъу зорӣ мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.719)

Дастгоҳ: қудрату тавоноӣ, шукӯҳу ҷалол.

Ёд мекун он замонеро, ки ман

Чун санам будам, ту будӣ чун шаман.

Замонҳои пешинро ба ёд биёвар, ки ман монанди бут будаму ту монанди бутпараст. Ман матлуби ту будаму ту толиби ман. Яъне дар давраи ҷавонӣ, ман зебо будаму ту шефтаи ман будӣ.

Санам: бут. Шаман: бутпараст.

Банда бар вифқи ту дил афрӯхтаст,

Ҳар чи гӯйӣ: пухт, гӯяд: сӯхтаст.

Ин банда дар дӯстӣ ва ишқи ту афрӯхта шуда. Ту агар бигӯӣ: ин чиз пухта, ман мегӯям: сӯхтааст.

Нукта: Яъне, на танҳо он ҳарфи туро қабул дорам, балки болотар аз онро низ мепазирам. Хулоса, фармонбардору таслими маҳз ҳастам, зеро масалгунаи: “Ҳар чи гӯӣ: пухт, гӯяд: сӯхтаст”, ҳамин маъниро ифода мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.720)

Ман сифонохи ту, бо ҳарчим пазӣ,

Ё турушбо ё ки ширин, месазӣ.

Ман монанди исфаноҷи ту ҳастам, ҳар чи ки мехоҳӣ ва дӯст дорӣ, аз ман бипаз ва фароҳам кун. Яъне қобилият ва итоати маҳз дорам. Майл дорӣ шӯрбои турш бипаз ё шӯрбои ширин. (Дар ҳар сурат, мутеъи сирфи ту ҳастам, дуруст монанди исфаноҷ, ки дар ихтиёри ошпаз аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.720))

Сифонох: исфаноҷ, ҳамон сабзии маъруф. Туршбо: шӯрбо.

Куфр гуфтам, нак ба имон омадам,

Пеши ҳукмат аз сари ҷон омадам.

Ман ба ҳангоми гуфтани он гилаҳо ва шикваҳо, дар воқеъ ба куфргӯӣ дучор шудам, инак ба имон ворид шудам ва аз ҷону дил мутеъи ҳукми ту шудаам.

Хӯйи шоҳонай туро нашнохтам,

Пеши ту густохмаркаб тохтам.

Ман хӯю маниши шоҳвори туро нашнохтам, аз ин рӯ дар баробарат густохӣ кардам.

Густохмаркаб тохтан: киноя аз густохӣ кардан аст.

Чун зи афви ту чароғе сохтам,

Тавба кардам, эътироз андохтам.

Аз он ҷиҳат, ки афву гузашти ту барои ман монанди чароғи равшанибахши дарунам ҳаст, пас, аз хатое, ки муртакиб шудаам тавба кардам ва дигар эътирозе нахоҳам намуд.

Мениҳам пеши ту шамшеру кафан,

Мекашам пеши ту гарданро, бизан.

Ин шамшеру кафанро пеши ту мегузорам, мехоҳӣ гарданамро бизан ва маро ба ҳалокат расон.

Нукта: “Шамшеру кафан пеши касе ниҳодан” киноя аз муболиға дар узр хостан аст, ба лиҳози он ки тақсиркорон ва тӯҳматзадагон кафан мепӯшанд ва шамшер ба гардан меафкананд ва ё шамшеру кафан бо худ барои бахшоиш назди ҳукком мебаранд. Яъне ки агар намебахшоӣ, бад-ин шамшер бикуш ва бад-ин кафан дарпеч, ки ман худ омодаи кайфарам. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1020)

Аз фироқи талх мегӯйӣ сухун?

Ҳар чӣ хоҳӣ кун, валекин ин макун.

Ту оё аз фироқу талоқи талх ҳарф мезанӣ? Ҳар чи ки мехоҳӣ бикун, вале ин якеро макун, яъне аз ман ҷудоӣ маҷӯ.

Дар ту аз ман узрхоҳе ҳаст сир,

Бо ту бе ман, ӯ шафеъе мустамир.

Узрхоҳам дар дарунат хулқи туст,

З-эътимоди ӯ дили ман ҷурмҷӯст.

Дар вуҷуди ту як ҳисси ниҳоне ҳаст, ки ҳамеша пеши ту аз ман шафоат мекунад. Ин узрхоҳ ва он шафеъи ман дар даруни ту, ҳамоно ахлоқи бузургворонаи туст. Ба эътимоди он хулқ, дилам муртакиби гуноҳ шудааст. (Зеро медонам, ки ту гунаҳкоронро уқубат намекунӣ.)

Нукта: Акбарободӣ гӯяд: “Чун маъшуқ дар узру эътизор дарояд, ошиқро ҷуз дил додан чораву узр наменамояд.” (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.173)

Раҳм кун пинҳон зи худ, эй хашмгин!

Эй ки хулқат беҳ зи сад ман ангубин.

Эй, ки зиштиву қабоҳати ман туро ба хашм оварда! Бар ман раҳм кун, эй, ки ту аз сад манн асал ҳам ширинтар аст!

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: