Перейти к содержимому

Оё мазлумтар аз исломгаро дар ҷомеаи мо ёфт мешавад, ки ҳоло Шумо низ аз ӯ “дев” месозед?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар чаҳор-панҷ соли ахир дар Тоҷикистон, ба хусус пас аз қатъи фаъолияти ҲНИТ, оё дар ин ҷомеа касе мазлумтар ва ситамдидатар аз як шаҳрванди исломхоҳ пайдо мешавад? Зиндонҳои кишвар пур аз онон шуда. Наметавонанд нафас бикашанд. Наметавонанд роҳат дар намозҳои ҷумъа ва ҷамоаташон ширкат кунанд. Хоҳарон ҳақ надоранд сатр бар сар бигиранд. Ва ба гуфтаи яке аз дӯстон, ҳатто чаҳор-панҷ ҷавони мусалмон наметавонанд, ба истилоҳ, “гап” ташкил карда ва бо ҳам ош бихӯранд. Агар бо ҳам гирд омаданд ва “ош” хӯрданд, ба ҷурми “терурист” будан, роҳии зиндон мешаванд.

Ва ҷавонони исломхоҳе ҳам, ки аз рӯи ночорӣ тарки миҳан карда ва рӯй ба муҳоҷират оварда ва имрӯзҳо дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба хусус дар кишварҳои урупоӣ ба сар мебаранд, ба хотири фишор бар падару модарон ва хоҳару бародаронашон ва озору азияти онон, ба қадре дар тангно қарор доранд, ки ҳатто дар муҳоҷират низ наметавонанд нафаси роҳат бикашанд.

Он вақт, ва дар ҳамин шароит, яке ду нафар афроде, ки жести озодихоҳӣ ва мубориза бо зулму ситами ҷорӣ дар ҷомеаро низ ба худ гирифтаанд, ва гӯӣ шоҳиди ин вазъи асафбор нестанд, мебинем, дар мақолаву ёддоштҳои худ дар шабакаи иҷтимоӣ, аз исломгароҳо “дев” месозанд ва ин ки гӯӣ решаи тамоми бадбахтиҳои мавҷуд дар ҷомеа, ҳамин ҷавонони исломхоҳ ва пойбандии онон ба шариат ва куллан ойини ислом буда бошад.

Ва аҷибаш он, ки Тоҷикистон ва ҷомеаи онро ба гунае ба тасвир мекашанд, ки гӯӣ ҳамакора дар ин ҷомеа исломхоҳон ҳастанд ва ҳама чиз дар ихтиёри онҳост, ки мебоист бо онҳо мубориза кард ва ҷомеаро аз “лавси вуҷудашон” пок сохт, ки он гоҳ ҷомеа ба гулистон табдил хоҳад гардид!

Оё аз назари шумо, исломхоҳ одам ҳаст ё нест?! Ӯро одам ҳисоб мекунед ё на?! Барои вай, ба унвони як инсон, ҳаққу ҳуқуқе қоил ҳастед ё на?!

Ин ки бо ақида ва афкораш мухолифед, эроде надорад. Ин ки аз сатру ҳиҷобаш хушатон намеояд, ин ҳам эроде надорад, ҳар касе билохира назару мавзеъи худро дорост. Аммо оё ин ихтилофи ақида ва мавзеъ, метавонад сабаби нодида гирифтани ҳуқуқи як инсон гардад? Як нафар одаме, ки мегӯяд озодихоҳ аст, қоъидатан мудофеъи озодиҳои инсон аст; озодиҳои ӯ дар ақида, афкор ва гароиш, қатъи назар аз ин ки он ақоиду афкор мавриди қабули озодихоҳ ҳаст ё нест, аз онҳо хушаш меояд ё намеояд. Ин аст он чи аз як озодихоҳ матлуб аст. На ин ки агар аз ақида ва гароиши касе хушат наёмад — ва пиндорат ин аст, ки он ақоид масалан бепоя ва асос ва хурофа ҳастанд — ӯро дорои ҳеч ҳаққу ҳуқуқе надонӣ. Ин яъне чӣ ки фалониҳо ҳақ надоранд ба номи ислом ҳизб таъсис кунанд?! Ин мавзеъгирӣ чӣ фарқе бо мавзеъгирии як диктотур дорад?! Ӯ ҳам ҳарфаш ҳамин аст, ки дар ҷомеа фалон табақа масалан, ҳаққи фалон корро надоранд.

* * *

Воқеан инсон дар озодихоҳии шумо шак мекунад. Ва далелаш ин ки: то ба ҳанӯз, боре ҳам дида нашуд, ки аз як зиндонии исломхоҳ дифоъ намуда бошед; зиндониёне, ки теъдодашон дар сиёҳчолҳои Тоҷикистон ба садҳо тан мерасад. Боре дида нашуд, ки масалан дар ёддоште навишта бошед: озодӣ барои аз Сайидумар Ҳусайнӣ! Озодӣ барои Домулло Муҳаммадалӣ! Озодӣ барои Домулло Зубайдулло!.. Боре ҳам дида нашуд, ки аз сатру ҳиҷоби хоҳарон, ки ба зӯр аз сарашон бардошта мешавад, дифоъ намуда бошед.

Ва ин ҳама дар ҳоле аст, ки таваққӯъи шумо аз исломхоҳон ин аст, ки ба андешаҳои дигарон эҳтиром қоил бошанд, вагарна диктотур буда ва фарқе бо мақомоти феълӣ надоранд. Албатта, роқими сутур ҳамеша ин нуктаро таъкид кардаам ва мекунам, ки аз як исломхоҳ низ матлуб аст ба як дигарандеш эҳтиром қоил бошад. Ба назари роқими сутур, дар ҷомеаи мо (Тоҷикистон) касе ба андозаи исломхоҳон (на тундравон ва ифротгароён) пойбанд ба эҳтироми дигарандешон намебошад. Инро амалан ва дар майдон собит кардаанд. Балки ин дигарон ҳастанд, ки ҳамвора саъй дар фосила гирифтан аз онҳо доштаанд, ба ҳар далел.

* * *

Яке дигар аз лавозими эҳтиром ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ин аст, ки ба муқаддасоти онҳо тавҳин нашавад. Худо, паёмбарон, Ҷабраил, Микоил, Азроил, Накиру Мункар ва куллан фариштаҳо (алайҳим афзалут таҳийёти вас-салом!) ва ҳамчунин дин ва аҳкоми шаръӣ, назди як мусалмон умури муқаддас маҳсуб мешаванд. Ин ки як нафар ба ин умур боварманд нест, ин эроде надорад, ин қаноати ӯст, вале ҳам ӯ, ҳаққи тавҳини ин умурро надорад. Ту ба ин умур бовар надорӣ ва пеши ту муқаддас нест, нӯши ҷонат, вале ҳақ надорӣ ба тавҳину таҳқири онҳо даст биёзӣ.

Албатта фаҳму ҳазми ин амр барои як ғайрибоварманд каме душвор аст, бинобар ин, барои тақриб ба зеҳн, мисоле мезанам. Масалан, ҳар фарде, ҳар ки ҳаст вай чи боварманд ва чи ғайрибоварманд, дӯст надорад касе ба падару модари ӯ ва ё ҳамсару фарзандонаш тавҳин кунад. Ва агар касе беҷиҳат тавҳин кард, бо ӯ бархӯрд мекунад. Одами солим бояд ҳамин гуна бошад, ҳоло агар беғайрат аст, ман коре ба кори ӯ надорам. Ҳол, назди як мусалмон, Худову паёмбару динаш ба маротиб мӯҳтарамтар аз падару модари ӯст, аслан қобили қиёс нестанд. Бинобар ин, вақте яке аз ин умури муқаддас мавриди таҳқир қарор мегирад, ӯ нороҳат мешавад, дуруст мисли ин ки ба волидайни ӯ тавҳин шуда бошад, балки бештар. Аз ин рӯ, аз одамони ғайрибоварманд хоҳиш мешавад ин хатти қирмизҳоро муроъот кунанд. Намегӯям, бовар дошта бошанд, ин кори онҳост ва касе ҳам ҳаққи ҳеч гуна эътироз ба як атеистро надорад, балки ҳарфам ин аст, ки тавҳин накунанд. Мусалмон ҳам вазифадор аст, ки ба муқаддасоти адён ва макотиби дигар тавҳин накунад, ин як дастури сареҳи қуръонӣ аст, ки мефармояд:

 وَلاَ تَسُبُّواْ الَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِ اللّهِ فَيَسُبُّواْ اللّهَ عَدْوًا بِغَيْرِ عِلْمٍ

Ва онҳоеро, ки ҷуз Худоро мехонанд дашном мадиҳед, ки (агар чунин кардед) онон низ аз рӯи душманӣ ва нодонӣ Худоро дашном хоҳанд дод…” (Сураи Анъом, ояти 108)

Ин дастури илоҳӣ, як дастури бисёр ҷолиб аст, ки ишора ба як амри равонӣ дар инсонҳо ҳам дорад, ва он ин ки: бештари тавҳинҳои ғайримусалмонон ба муқаддасоти исломӣ, як навъ аксуламал ва як вокуниш дар баробари кунишҳои ғайриоқилонаи худи мусалмонон аст. Худо мефармояд, шумо ба онҳо тавҳин накунед, ки агар чунин кардед, онҳо ҳам ба муқаддасоти шумо тавҳин раво хоҳанд дошт. Хулоса, мусалмон бояд мувозиби гуфтору рафтори худ бошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: