Ҳизби ҳокими Арманистон эълон кард, аз Пошиниён ҳимоят мекунад

Ҳизби ҳокими Арманистон эълон кард, ки аз интихоб шудани раҳбари мухолифони ин кишвар ба унвони нахуствазир дар 8 май ҳимоят хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Интерфакс, Багром Богдосориён, раҳбари фроксиюни ҳизби ҳокими ҷумҳурихоҳ дар порлумони Арманистон, зимни эълони ин хабар гуфт: “Тасмими мо яке хоҳад буд, ва мо дар 8 май нахуствазири ҷадидро интихоб мекунем. Бидуни раъйи намояндагони фроксиюни мо, нахуствазир интихоб нахоҳад шуд.”

Ҳамчунин фроксиюнҳои порлумонии “Дошноксутиён”, “Сорукиён” ва “Елк” эълом карданд, ки тасмим доранд аз Пошиниён ба унвони “номзади мардум” ҳимоят ба амал оваранд.

Гуфтанист, дар пайи нооромиҳо дар Арманистон, раиси порлумони ин кишвар эълом кард, ки қарор аст ин ниҳод рӯзи 8 май дар бораи интихоби нахуствазири ҷадид тасмимгирӣ кунад.

Аз чанде пеш, тазоҳурот дар Арманистон дар эътироз ба рӯи кор омадани Серж Саркисиён дар мақоми нахуствазири ин кишвар, ки ба муддати 10 сол низ раисиҷумҳур буд, оғоз шуд. Мӯътаризон хостори истеъфои вай буданд.

Пошиниён ҳушдор дода буд, ки дар сурати раъйи манфӣ ба нахуствазирии вай, “суномии сиёӣ” роҳ меафтад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: