Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (49)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (11)

Аз зовияи диди ҳукамои ислом

Фалосифаи ислом ин масъаларо ба шакле дигар баён кардаанд, аммо натиҷае, ки гирифтаанд маолан бо он чи мо аз оятҳо ва ривоятҳо истинбот кардем мунтабиқ аст. Бӯалӣ Сино мегӯяд:

Мардум ҳамон тавре, ки аз лиҳози саломати ҷисм ва ҳамчунин аз лиҳози зебоии ҷисм ба се даста тақсим мегарданд: аз лиҳози ҷисмӣ як идда дар камоли саломати ҷисм ва ё дар камоли зебоии андоманд, ва як идда дар ниҳояти зиштӣ ва ё бемори танӣ ҳастанд. Ҳар як аз ин ду гурӯҳ дар ақаллиятанд. Гурӯҳе, ки аксариятро ташкил медиҳанд, мардуме ҳастанд, ки аз лиҳози саломат ва мараз, ва ҳамчунин аз лиҳози зебоӣ ва зиштӣ мутавасситанд, на саломатӣ ва эътидоли мизоҷи мутлақ доранд ва на монанди ноқисулхилқаҳо дучори нақсу бемории доим мебошанд, на зебои зебо ҳастанд ва на зишти зишт. Аз лиҳози руҳӣ ва маънавӣ низ мардум ҳамин тавранд: як идда шефтаи ҳақиқатанд ва як идда душмани сарсахти он. Гурӯҳи севвум мутавасситин ва аксарият ҳастанд, ки на монанди гурӯҳи аввал шефта ва ошиқи ҳақиқатанд ва на монанди гурӯҳи дуввум душману хасми ҳақиқат. Инон мардуме ҳастанд, ки ба ҳақиқат нарасидаанд, вале агар ҳақиқат ба эшон ироа гардад, аз пазириши он сар боз намезананд.”

Ба иборати дигар, аз назари исломӣ ва бо диди фиқҳӣ, онҳо мусалмон нестанд, вале аз лиҳози ҳақиқат, мусалмон мебошанд, яъне таслими ҳақиқатанд ва инод бо он надоранд.

Бӯалӣ пас аз ин тақсим мегӯяд:

واستوسع رحمة الله

Раҳмати илоҳиро васеъ бидон ва онро дар инҳисори як иддаи маъдуд машумор.” (Ишорот, охирҳои намати ҳафтум)

Садрулмутааллиҳин дар мабоҳиси хайру шарри “Асфор” аз ҷумлаи ишколоти онҷо (аз забони ишколкунандаҳо) ин матлабро зикр мекунад, ки:

Чӣ гуна мегӯед хайр бар шар ғалаба дорад ва ҳол он ки вақте, ки ба инсон, ки ашрафи коинот аст назар меафканем, мебинем аксари инсонҳо аз лиҳози амал гирифтори аъмоли зишт, ва аз лиҳози эътиқод дучори ақоиди ботила ва ҷаҳли мураккабанд, ва аъмоли зишт ва эътиқодоти ботила амри маъоди онҳоро зойеъ, ва ононро мустаҳиққи шақоват мегардонад?! Пас оқибати навъи инсон, ки самара ва гули сарсабади ҳастӣ аст шақоват ва бадбахтӣ аст”.

Садрулмутааллиҳин дар ҷавоби ин ишкол ишора ба сухани Бӯалӣ мекунад ва мегӯяд:

Мардум дар он ҷаҳон аз назари саломату саодат монанди ин ҷаҳон аз назари саломатанд. Ҳамон тавре, ки дар ин ҷаҳон солими солим ва зебои зебо ва ҳамчунин бемори бемор ва зишти зишт дар ақаллиятанд, ва аксарият бо мутавасситон аст, ки солими нисбӣ мебошанд; дар он ҷаҳон низ комилон, ки ба таъбири Қуръон “ассобиқун” мебошанд ва ҳамчунин ашқиё, ки ба таъбири Қуръон “асҳобушшимол” мебошанд, андаканд ва ғалаба бо мутавасситон аст, ки Қуръони Карим онҳоро “асҳобулямин” мехонад.”

Садрулмутааллиҳин пас аз ин сухан чунин мегӯяд:

فلأهل الرحمة والسلامة غلبة في النشأتين

Пас, дар ҳар ду нашъа ғалаба бо аҳли раҳмату саломат аст”.

Яке аз ҳукамои мутааххир — гӯё марҳуми оқо Муҳаммадризои Қумшаӣ — ашъори бадеъе дар сиъаи раҳмати Парвардигор дорад. Дар он ашъор ақидаи ҳукамо ва балки сиъаи машраби урафоро мунъакис мекунад, мегӯяд:

Он Худой дон ҳама мақбулу номақбул,

Мин раҳматин бадо ва ило раҳматин яуъл.

Аз раҳмат омаданду ба раҳмат раванд халқ,

Ин аст сирри ишқ, ки ҳайрон кунад ъуқул.

Халқон ҳама ба фитрати тавҳид зодаанд,

Ин ширк оризӣ буваду оризӣ язул.

Гӯяд хирад, ки сирри ҳақиқат нуҳуфта дор,

Бо ишқи пардадар чӣ кунад ақли булфузул.

Як нуқта дон ҳикояти “мо кона ва мо якун”,

Ин нуқта гаҳ суъуд намояд, гаҳе нузул.

Ҷуз ман камар ба аҳди амонат нест кас,

Гар хонем залуму гар хонем ҷаҳул.

Баҳси ҳукамо баҳси суғравӣ аст, на кубравӣ. Ҳукамо дар ин бора баҳс намекунанд, ки милоки амали нек ва милоки мақбулияти амал чист. Баҳси онҳо дар бораи инсон аст, дар бораи ин аст, ки амалан аксарияти инсонҳо, ба тафовут ва ба таври нисбӣ неканд, нек мемонанд ва нек мемиранд ва нек маҳшур мегарданд.

Ҳукамо мехоҳанд бигӯянд, ҳарчанд мардуме, ки тавфиқи қабули дини ислом меёбанд, дар ақаллиятанд, вале афроде, ки дорои исломи фитрӣ мебошанд ва бо исломи фитрӣ маҳшур мегарданд, дар аксариятанд.

Ба ақидаи тарафдорони ин машраб, ин ки дар Қуръони Карим омадааст, ки анбиё аз касоне шафоат мекунанд, ки дини онҳоро биписанданд, мақсуд дини фитрӣ аст, на дини иктисобӣ, ки аз рӯи қусур ба он нарасидаанд, вале ъиноде ҳам бо он наварзидаанд.

* * *

Гуноҳони мусалмон

Аммо гуноҳони мусалмон. Ин масъала дуруст сурати акси масъалаи аввал (амали хайр аз ғайримусалмон)-ро дорад ва мутаммими баҳси гузашта ба шумор меравад. Масъала ин аст, ки оё гуноҳони афроди мусалмон аз лиҳози уқубат монанди гуноҳони ғайримусалмонон аст ё на?

Тарҳи масъалаи қабл, аз он назар, ки як ақидаи илмӣ ба шумор мерафт, зарурат дошт, вале тарҳи ин масъала, як зарурати амалӣ аст. Зеро яке аз авомили инҳитот ва табоҳии иҷтимоъоти мусалмон дар асри ҳозир ғурури беҷое аст, ки дар давраҳои мутааххир дар иддаи зиёде аз мусалмонон падид омадааст.

Агар аз ин афрод пурсида шавад, ки оё аъмоли неки ғайримусалмон мавриди қабули даргоҳи Худо воқеъ мешавад?, бисёре аз онҳо ҷавоб медиҳанд: на. Ва агар аз онон пурсида шавад, ки аъмоли бад ва гуноҳони мусалмон чӣ ҳукме дорад?, ҷавоб медиҳанд: ҳама бахшида шудааст.

Аз ин ду ҷумла истинтоҷ мешавад, ки он чизе, ки ҳеч арзише надорад амал аст, на арзиши мусбат дорад ва на арзиши манфӣ. Шарти лозим ва кофӣ барои саодат ва некбахтӣ ин аст, ки инсон, номи худро мусалмон бигузораду бас.

Маъмулан ин даста чунин истидлол мекунанд:

1) Агар бино бошад, ки гуноҳони мо ва дигарон як ҷур мавриди муҳосиба қарор гирад, пас фарқ байни мусалмон ва ғайримусалмон чист?

2) Ривояти маъруфе аст:

حب علي بن ابي طالب حسنة لا تضرّ معها سيئة

Яъне муҳаббати Алӣ (а) ҳасанае аст, ки ҳеч гуноҳе бо вуҷуди он ба одамӣ латма намезанад. (Биҳор, 9/401)

Дар посухи истидлоли аввал бояд гуфт, фарқ байни мусалмон ва ғайримусалмон вақте ошкор мегардад, ки мусалмон ба барномае, ки раҳбаронаш ба ӯ додаанд, амал бикунад, ва ғайримусалмон ҳам ба барномаи динии худаш амал кунад, он вақт тақаддуми мусалмон бар ғайримусалмон, ҳам дар дунё ва ҳам дар охират равшан мегардад. Фарқро дар ҷониби мусбат бояд ҷустуҷӯ кард, на дар ҷониби манфӣ. Набояд гуфт агар мусалмон ва ғайримусалмон барномаҳои мазҳабии худро зери по бигузоранд, бояд тафовут дошта бошанд, ва агар тафовуте набошад пас чӣ фарқе миёни мусалмон ва ғайримусалмон ҳаст? Ин дуруст мисли он аст, ки ду бемор ба табиб муроҷеа кунанд, яке ба табиби ҳозиқ муроҷеа кунад ва дуввумӣ ба табиби ғайриҳозиқ, вале вақте, ки нусхаро аз табиб дарёфт доштанд, ҳеч кадом амал накунанд; он гоҳ бемори аввал гилоя кунад, ки фарқ байни ман ва беморе, ки ба табиби ғайриҳозиқ муроҷеа карда чист? Чаро бояд ман мариз бимонам ҳамон тавре, ки ӯ мариз мондааст, дар ҳоле, ки ман ба табиби ҳозиқ муроҷеа кардаам ва ӯ ба табиби ғайриҳозиқ?!

Ҳамчунин саҳеҳ нест, ки мо фарқи Алӣ (а)-ро бо дигарон ба ин бигузорем, ки агар мо ба дастурҳои он ҳазрат амал накунем зарар набинем, вале онҳо чӣ ба ҳарфи пешвои хеш амал кунанд ва чӣ амал накунанд, зиён бибинанд.

Як тан аз асҳоби ҳазрати Содиқ (а) хидмати ҳазрат арза дошт, ки бархе аз шиъаёни шумо мунҳариф шудаанд ва ҳаромҳоро ҳалол шумурда мегӯянд, дин танҳо маърифати Имом асту бас. Пас чун Имомро шинохтӣ, ҳар коре, ки мехоҳӣ бикун. Ҳазрати Содиқ (а) фармуд:

Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун! Ин кофирон он чиро, ки намедонанд, ба андешаи хештан таъвил кардаанд. Сухан ин аст, ки маърифат пайдо кун ва ҳар чӣ мехоҳӣ аз тоъот амал кун, ки аз ту пазируфта хоҳад шуд, зеро Худо қабул намефармояд амали бидуни маърифатро.” (Мустадрак, 1/24)

Муҳаммад ибни Морид аз Имом Содиқ (а) пурсид: оё рост аст, ки шумо фармудаед:

اذا عرفت فاعمل ما شئت

Яъне “Ҳамин, ки ба Имом маърифат пайдо кардӣ, ҳар чӣ мехоҳӣ амал кун.” Фармуд: бале саҳеҳ аст. Гуфт: ҳар амале ҳарчанд зино, сирқат, шурби хамр?! Имом фармуд:

Инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиъун! Ба Худо қасам, ки дар бораи мо беинсофӣ карданд. Мо худамон масъули аъмоламонем, чӣ гуна мумкин аст аз шиъаёни мо рафъи таклиф бишавад?! Ман гуфтам, вақте, ки Имомро шинохтӣ, ҳар чӣ мехоҳӣ кори хайр кун, ки аз ту мақбул аст.” (2/464)

Аммо ривояти:

حب علي بن ابي طالب حسنة لا تضرّ معها سيئة

— бояд дид, чӣ тафсире дорад? Яке аз уламои бузург — гӯё Ваҳиди Беҳбаҳонӣ аст — ин ҳадисро ба гунае хосс тафсир кардааст. Эшон мефармоянд, маънои ҳадис ин аст, ки агар муҳаббати Алӣ (а) ростин бошад, ҳеч гуноҳе ба инсон садама намезанад. Яъне агар муҳаббати Алӣ, ки намунаи комили инсоният ва тоату убудияту ахлоқ аст, аз рӯи сидқ бошад, монеъи иртикоби гуноҳ мегардад; монанди воксане аст, ки масуният эҷод мекунад ва намегузорад беморӣ дар шахси “воксинашуда” роҳ ёбад. Муҳаббати пешвое монанди Алӣ, ки муҷассамаи амалу тақвову парҳезкорӣ аст, одамиро шефтаи рафтори Алӣ мекунад, фикри гуноҳро аз сари ӯ бадар мебарад, албатта ба шарте, ки муҳаббаташ содиқона бошад.

Касе, ки Алӣ (а)-ро бишносад, тақвои ӯро бишносад, сӯзу гудози ӯро бидонад, нолаҳои нимашабашро бидонад ва ба чунин касе ишқ биварзад, маҳол аст, ки хилофи фармони ӯ, ки ҳамеша амр ба тақвову амал мекард, амал кунад. Ҳар муҳиббе ба хостаи маҳбубаш эҳтиром мегузорад ва фармони ӯро гиромӣ медорад. Фармонбардорӣ аз маҳбуб, лозимаи муҳаббати содиқ аст, ба ҳамин хотир ихтисос ба Алӣ (а) надорад, муҳаббати содиқонаи Расули Акрам низ чунин аст.

Пас маънии ҳадиси:

حب علي بن ابي طالب حسنة لا تضرّ معها سيئة

— ин аст, ки муҳаббати Алӣ ҳасанае аст, ки монеъи зарар задани гуноҳ мешавад, яъне монеъи роҳ ёфтани гуноҳ мешавад. Маънояш он нест, ки ҷоҳилон пиндоштаанд, ва он ин ки: муҳаббати Алӣ чизе аст, ки ҳар гуноҳе, ки муртакиб шавӣ, беасар аст.

Бархе аз дарвешон аз тарафе даъвои дӯстии Худо доранд ва аз тарафи дигар аз ҳар гуноҳкоре гуноҳкортаранд, инон низ муддаиёни дурӯғгӯ ҳастанд.

Имом Содиқ (алайҳис салом) мефармояд:

تعصي الاله وانت تظهر حبّه

هذا لعمري في الفعال بديع

لو كان حبّك صادقا لأطعته

انّ المحبّ لمن يحبّ مطيع

Худоро маъсият мекунӣ дар ҳоле, ки муддаии муҳаббати ӯ ҳастӣ! Ба ҷонам қасам, ки ин кор, дар миёни корҳо, шигифтовар аст.

Агар муҳаббати ту ростин мебуд, ӯро итоат мекардӣ, зеро табиӣ аст, ки ҳар дӯсте мутеъи дӯсти хештан аст”. (Биҳор, 12)

Дӯстони воқеии Амири мӯъминон (а) ҳамвора аз гуноҳон дурӣ мегузидаанд. Вилояти он ҳазрат нигоҳдоранда аз гуноҳ будааст, на ташвиқкунанда ба он.

Имом Боқир (а) мефармояд:

ما تنال ولايتنا الاّ بالعمل والورع

Ба вилояти мо натавон расид ҷуз бо амали нек ва парҳезкорӣ ва дурӣ аз гуноҳ.” (Кофӣ, 2/60)

Акнун чанд ривоят дар таъйиди ин матлаб:

1) Товуси Ямонӣ мегӯяд:

Ҳазрати Алӣ ибни Ҳусайн (а)-ро дидам, ки аз вақти ишо то саҳар ба даври хонаи Худо тавоф мекард ва ба ибодат машғул буд. Чун хилват шуд ва касеро надид, ба осмон нигарист ва гуфт: Худоё! Ситорагон дар уфуқ нопадид шуданд ва чашмони мардум ба хоб рафт ва дарҳои ту бар рӯи дархосткунандагон гушудааст…”

— Товус ҷумлаҳои зиёде дар ин замина аз муноҷотҳои хозеъона ва обидонаи он ҳазрат нақл мекунад ва мегӯяд: аммо чанд бор дар хилоли муноҷоти хеш гирист.

Мегӯяд:

“Сипас ба хок афтод ва бар замин саҷда кард. Ман наздик рафтам ва сарашро бар зону ниҳода ва гиристам. Ашкҳои ман сарозер шуд ва қатароти он бар чеҳрааш чакид. Бархост ва нишаст ва гуфт: кист, ки маро аз ёди Парвардигорам машғул сохт? Арз кардам: ман Товус ҳастам, эй писари паёмбар! Ин зорӣ ва бетобӣ чист? Мо мебояд чунин кунем, ки гуноҳкору ҷафопешаем. Падари ту Ҳусайн ибни Алӣ ва модари ту Фотимаи Заҳро ва ҷадди ту Расули Худост — яъне шумо чаро бо ин насаби шариф ва пайванди олӣ дар ваҳшату ҳарос ҳастед? — ба ман нигарист ва фармуд:

هيهات هيهات يا طاووس دع عني حديث ابي و امي و جدي، خلق الله الجنة امن اطاعه وأحسن ولو كان عبدا حبشيا، وخلق النار لمن عصاه ولو كان ولدا قرشيا. اما سمعت قوله تعالى: فاذا نفخ في الصور فلا انساب بينهم ولا يتسائلون. والله لا ينفعك غدا الاّ تقدمة تقدّمه من عمل صالح

На, на, эй Товус! Сухани насабро канор бигузор, Худо биҳиштро барои касе офаридааст, ки мутеъу некӯкор бошад ҳарчанд ғуломе сиёҳчеҳра бошад. Ва оташро офаридааст барои касе, ки нофармонӣ кунад ҳарчанд оқозодае аз Қурайш бошад. Магар нашунидаӣ сухани Худои Таъолоро: “Вақте, ки дар сур дамида шавад, насабҳо мунтафӣ аст ва аз якдигар пурсиш намекунанд”, ба Худо қасам фардо туро суд намедиҳад магар амали солеҳе, ки имрӯз пеш мефиристӣ”. (Биҳор, 11/25)

2) Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) пас аз фатҳи Макка болои теппаи Сафо рафта фарёд кард: “Эй писарони Ҳошим! Эй писарони Абдулмутталиб!” Фарзандони Ҳошим ва Абдулмутталиб гирд омаданд, вақте ҷамъ шуданд, ононро мухотаб сохта фармуд:

اني رسول الله اليكم اني لشفيق عليكم لا تقولوا ان محمدا منا فوالله ما اوليائي منكم ولا غيركم الاّ المتّقون، فلا أعرفكم تأتوني يوم القيامة تحملون الدنيا على رقابكم ويأتي الناس يحملون الآخرة. الا واني قد اعذرت فيما بيني وبينكم وفيما بين الله عزّ وجلّ وبينكم وان لي عملي ولكم عملكم

Ман фиристодаи Худо ба сӯи шумо ҳастам, ман дилсӯзи шумоям. Нагӯед, ки Муҳаммад аз мост. Ба Худо, аз миёни шумо ё ғайри шумо танҳо парҳезкорон, дӯстони мананду бас. Мабодо рӯзи қиёмат биёед дар ҳоле, ки шумо дунёро бар дӯш бикашед ва дигарон охиратро. Ҳон, ки ман узре байни худам ва шумо ва байни шумо ва Худо боқӣ нагузоштам, барои ҳар кас аз ману шумо амалаш хоҳад буд”. (Биҳор, 12/111)

3) Таворих навиштаанд, ки Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар айёми охири умри худ, шабе танҳо берун омаданд ва ба гӯристони Бақиъ рафтанд ва барои хуфтагони Бақиъ истиғфор карданд. Пас аз он ба асҳоби худ фармуданд: Ҷабраил ҳар сол як бор Қуръонро бар ман арза мекард ва имсол ду бор арза кард, фикр мекунам ин бад-он ҷиҳат аст, ки марги ман наздик аст.

Рӯзи баъд ба минбар рафтанд ва эълом карданд, ки мавқеъи марги ман фаро расидааст. Ҳар кас, ки ба ӯ ваъдае додаам, биёяд, то анҷом диҳам ва ҳар кас аз ман талабе дорад, биёяд, то адо кунам.

Он гоҳ ба сухани худ чунин идома доданд:

ايها الناس انه ليس بين الله وبين أحد نسب ولا أمر يؤتيه به خيرا أو يصرف عنه شراّ الاّ العمل. الا لا يدّعينّ مدّع ولا يتمنّينّ متمنّ، والّذي بعثني بالحقّ لا ينجي الاّ عمل مع رحمة ولو عصيت لهويت. اللهم قد بلّغت

Эй мардум! Миёни ҳеч кас ва Худо хешовандӣ ё чизе, ки хайре ба ӯ бирасонад ё шарре аз ӯ дафъ кунад вуҷуд надорад, ҷуз амал. Ҳамоно касе иддао накунад ва орзу накунад ва хаёл накунад, ки ғайр аз амал чизе ба ҳолаш нафъ мерасонад. Қасам ба касе, ки маро мабъус кард, наҷот намебахшад магар амали тавъам бо раҳмати Парвардигор. Ман низ агар исён карда будам, суқут карда будам. Худоё! Шоҳид бош, ки рисолати худро иблоғ кардам”. (Шарҳи Ибни Абилҳадид, 2/863)

4) Ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо Ризо (а) бародаре доранд ба номи Зайдуннор. Рафтори ин бародар чандон мавриди ризояти Имом набуд. Дар вақте, ки Имом дар Марв буданд, рӯзе дар маҷлисе, ки гурӯҳи зиёде ширкат доштанд ва сухан мегуфтанд, Зайд низ дар он маҷлис ҳузур дошт.

Ҳазрат дар ҳоле, ки сухан мегуфтанд, мутаваҷҷеҳ шуданд, ки Зайд иддаеро мухотаб қарор дода дам аз мақомоти хонадони пайғамбар мезанад ва ба таври ғуруромезе доиман “наҳну” “наҳну”: “мо чунин… мо чунон…” мегӯяд. Имом суханм худро қатъ карда Зайдро мухотаб сохта фармуданд:

Ин суханон чист, ки мегӯӣ?! Агар сухани ту дуруст бошад ва фарзандони Расули Худо вазъи истисноӣ дошта бошанд (ба ин сурат, ки:) Худованд бадкорони онҳоро муъаззаб накунад ва амал накарда ба онҳо подош диҳад, пас ту аз падарат Мӯсо ибни Ҷаъфар дар назди Худо гиромитарӣ, зеро вай Худоро бандагӣ кард, то ба дараҷоти қурб ноил омад ва ту мепиндорӣ, ки бе он ки бандагии Худо кунӣ, метавонӣ дар дараҷаи Мӯсо ибни Ҷаъфар қарор гирӣ”.

Имом он гоҳ рӯ карданд ба Ҳасан ибни Мӯсои Вашшоъ, ки аз уламои Куфа буд ва дар он маҷлис ҳузур дошт; фармуданд:

Уламои Куфа ин оятро чӣ гуна қироат мекунанд:

قَالَ يَا نُوحُ إِنَّهُ لَيْسَ مِنْ أَهْلِكَ إِنَّهُ عَمَلٌ غَيْرُ صَالِحٍ

(Сураи Ҳуд, ояти 46)?

Вай посух дод: онон чунин мехонанд:

إِنَّهُ عَمَلٌ غَيْرُ صَالِحٍ

Яъне ӯ фарзанди ту нест ва аз нутфаи ту нест, ӯ фарзанди як марди зинокор аст.

Имом фармуд: чунин нест, оятро ғалат тафсир мекунанд. Оят чунин аст:

إِنَّهُ عَمَلٌ غَيْرُ صَالِحٍ

Яъне фарзанди ту худаш носолеҳ аст. Ӯ воқеан фарзанди Нӯҳ буд, ӯ бад-он ҷиҳат аз даргоҳи Худо ронда шуд ва ғарқ шуд, ки шахсан носолеҳ буд, бо ин ки фарзанди Нӯҳи пайғамбар буд.

Пас, фарзандӣ ва интисоб ба пайғамбару имом суде надорад, амали солеҳ лозим аст.” (Биҳор, 10/65)

* * *

Идома дорад

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: