Перейти к содержимому

Либерман: “Ҳазрати Мӯсо (а) иштибоҳ кард, ӯ мебоист моро на ба Ховари Миёна, балки ба марзҳои Итолиё ва Суис мебурд”

Вазири ҷанги режими ишғолгари “Исроил” дар мусоҳиба бо як рӯзномаи русӣ гуфт, ки ин режим дар заминаи ҳамсоягон хушшонс набуда ва иқдоми ҳазрати Мӯсо (а) дар интиқоли яҳудиён ба Фаластин, иштибоҳе роҳбурдӣ (стратегӣ) будааст.

Овигдур Либерман дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо рӯзномаи русии Коммерсант гуфт, ки иқдоми ҳазрати Мӯсо (а) дар интиқоли яҳудиён аз Миср ба Фаластин, кори иштибоҳе будааст.

Ӯ гуфт: “Мо ҳамсоягони худро интихоб намекунем. Умуман дар робита бо ҳамсоягон шонс надоштем. Ба таври куллӣ, мӯътақидам, ки иштибоҳи роҳбурдие (стратегие), ки (ҳазрати) Мӯсо аз солҳои дур муртакиб шудааст ин буд, ки моро ба Ховари Миёна овард ва на ба марзҳои Итолиё ва Суис (Швейтсария)”.

Саҳюнистҳо муддаии пайравӣ аз ойини ҳазрати Мӯсо (а) ҳастанд. Ҳазрати Мӯсо (а) аз паёмбарони улулазми илоҳӣ аст ва аз назари мусалмонон, паёмбарон маъсум ҳастанд ва иштибоҳ намекунанд.

Либерман дар посух ба ин ки чаро Русия Эронро бахше аз роҳи ҳалли бӯҳрони Сурия медонад ва чаро мавозеъи Маскав ва режими Телавив мутафовит аст, муддаӣ шуд, ки ин режим мардуми Эронро душмани худ намедонад, балки мушкили “Исроил” бо низоми Эрон аст.

Либерман бидуни он ки ба ишғолгарии саҳюнистҳо ишорае кунад, аз ин ки низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон нобудии “Исроил”-ро ҳадафи аслии худ қарор додааст интиқод кард.

Вазири ҷанги режими ишғолгари “Исроил”, ки худ муртакиби ҷиноёти ҷангӣ шуда ва танҳо тайи як моҳи гузашта низомиёни таҳти амри ӯ беш аз 50 фаластиниро дар марзи Ғазза шаҳид кардаанд, Башшор Асад, раисиҷумҳури Сурияро “ҷинояткори ҷангӣ” хонд ва муддаӣ шуд, ки мақомоти режими Телавив дар умури ин кишвар дахолат намекунанд.

Ӯ дар мавриди ҳузури қонунии нерӯҳои Эрон дар Сурия низ гуфт: “Мо ҳаргиз иҷоза нахоҳем дод Эрон Сурияро ба замине алайҳи мо табдил кунад”.

Либерман дар мавриди эҳтимоли фурӯши сомонаи падофанди мушакии S-300 ба Сурия ва истифода аз он алайҳи таҷовузгарии режими саҳюнистӣ низ гуфт, ки агар Димишқ аз ин сомона алайҳи Телавив истифода кунад, “Исроил” қатъан посух хоҳад дод.

Режими саҳюнистӣ тайи моҳҳои гузашта чандин бор бо нақзи ҳарими ҳавоии Лубнон ба марокизи таҳқиқотӣ ва пойгоҳҳои ҳавоии Сурия ҳамлаи мушакӣ карда, ки охирин бор, пойгоҳи ҳавоии Т-4-ро дар маркази Сурия ҳадаф қарор дод.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: