Раисиҷумҳури Арманистон: «Инсонҳо мошин нестанд, онҳо хеле печидатар ҳастанд»

Армен Саркисиён, раисиҷумҳури Арманистон, ки ба унвони як донишманди улуми роёна (компютер) яке аз таҳиякунандагони бозии машҳури компютерии “Тетрис” аст, дар мусоҳибае бо нашрияи Independent гуфт, ӯ дар арсаи сиёсат бештар аз намунаҳои мантиқӣ истифода мекунад, аммо дар хусуси инқилоби ахир дар кишвараш мӯътақид аст, ки чандон ин намунаҳо таъсир надоштаанд ва ӯ наметавониста бо риёзиёт онро пешбинӣ кунад.

Армен Саркисиён дар мусоҳибааш бо Independent гуфт: “Инсонҳо мошин нестанд. Онҳо хеле печидатар ҳастанд.”

Баъд аз он ки Арманистон дар соли ҷорӣ низоми порлумонӣ барқарор кард, қарор буд дафтари Армен Саркисиён нақши ғайрисиёсӣ пайдо кунад ва ҳатто ба ӯ, ки муддатҳои зиёде дар Ландан сафир буд лақаби “Маликаи Бритониё” ба хотири вазифаи ташрифотиаш доданд.

Бо ин ҳол, бо боло гирифтани тазоҳурот аз сӯи мӯътаризон таҳти раҳбарии Никул Пошиниён, Армен Саркисиён ба шакли ғайримунтазирае дар маркази ин муноқиша қарор гирифт ва табдил ба як миёнҷигари муҳим миёни тарафҳои мухолиф шуд.

Дар ҳоле, ки интизор меравад дар дуввумин райъгирии порлумонӣ дар рӯзи сешанбе (8 май), Пошиниён ба унвони нахуствазир интихоб шавад.

Армен Саркисиён гуфт: “Овардани тарафҳо назди якдигар як кори нисбатан сахт буд. Ман корҳое анҷом додам, ки маъмулан аз як раисиҷумҳур интизор намеравад анҷом гирад мисли ворид шудан ба дохили ҷамъият, ки ман кардам. Шумо наметавонед бо нишастан дар як дафтар, коратонро анҷом диҳед.”

Боздиди раисиҷумҳур дар 21 апрел аз як таҷаммӯъи эътирозӣ дар майдон Ҷумҳурии Ирвон (Ереван) як нуқтаи атфи эътирозот буд.

Бисёре дар ин майдон аз ҷумла Пошиниён, ба раисиҷумҳур, ки ҳамчунон як ҳампаймони миёнарави нахуствазири ба истеъфо рафта мебошад, машкук ҳастанд.

Бархе ба ӯ аз бобати шаҳрвандии бритониёиаш ҳамла карданд, аммо Армен Саркисиён гуфт, ин як таҷрибаи шигифтангез барои ӯ дар майдон буд ва равобиташ бо раҳбари эътирозотро созанда хонд. Дар ҳоле, ки ин ду нафар ба самти гӯши якдигар фарёд мезаданд, раисиҷумҳур қавл дод як мулоқот бо нахуствазир дар рӯзи баъд ҳамоҳанг кунад.

Ӯ гуфт: “Ман бар ин мавзӯъ таъкид кардам, ки ин бояд тасмиме бошад, ки тавассути гуфтугӯ ва дар чорчӯби қонуни асосӣ гирифта шавад.”

Дар таърихи 22 апрел Пошиниён ва нахуствазири ба истеъфо рафта дидор карданд, аммо ба тавофуқе даст пайдо накарданд.

Армен Саркисиён, раисиҷумҳури Арманистон гуфт: “Нишастҳои маҳрамона, маҳрамона боқӣ хоҳанд монд, аммо шумо метавонед дар бораи натоиҷ қазоват кунед.”

Ӯ идома дод: “Мустақиман баъд аз ин нишаст муовини нахуствазир бо ҳукме назди намояндагони порлумон рафт ва чанд соат баъд Серж Саркисиён аз нахуствазирӣ истеъфо кард

Раисиҷумҳури Арманистон ҳамчунин ба мушкилоти пеши рӯи раҳбарони инқилобии ин кишвар ишора кард. Вай гуфт: “Пошиниён худро як сиёсатмадори бисёр боистеъдод нишон дода, ки эҳсоси хубе барои дарки орои умумӣ дорад, аммо идораи давлат як чолиши комилан мутафовит аст. Ӯ бояд посухе ба ҳамаи суолоте, ки матраҳ карда дошта бошад ва мардум бояд дарк кунанд, ки ҳамаи иттифоқоте, ки қабл аз ӯ рух дода сиёҳ набуданд ва ҳамаи иттифоқоте, ки фардо хоҳад афтод, сафед нахоҳад буд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: