Фалсафа ва равиши реализм (194)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (27)

Касрат ва тартиби қиёсии аҷзои ҷаҳон

Матни мақола

Ҳамин ҷаҳони офариниш, ки нисбат ба офаринандаи худ як воҳид мебошад, дар матни худ ихтилофоте дорад.

Чунонки дар мақолаи 3 ба субут расид, мо ду қисм идрокот доштем, ки аз модда муҷаррад буда ва аҳкоми модда бар онҳо интибоқ намепазируфт, яъне идрокоти хиёлӣ ва идрокоти ақлӣ. (1)

Ин идрокот дар айни ин ки муҷаррад аз модда ҳастанд, ду синхи мухталифанд, зеро идрокоти хиёлӣ касрати ашхос мепазирад, монанди сурати хиёлии Зайд, Амр, Фаридун, Ҷамшед… Вале идроки ақлӣ касрати ашхос намепазирад, монанди мафҳуми куллии “инсон”, зеро ҳар фард аз афроди инсонро наздик оварда бо вай бисанҷем, ҳамон худаш хоҳад буд ва худаш яке аст.

Ва дар натиҷа ҳамаи авсоф ва аҳкоми “навъ”, ки дар афрод пароканда аст, дар сурати ақлии навъ ҷамъ аст. Вале дар сурати хиёлӣ ин наҳв набуда ва пароканда аст. (Дуруст таъаммул шавад!)

Дар натиҷаи ин баҳс, оламро ба се қисмат метавон тақсим карда ва табақабандӣ намуд:

1) Вуҷуди моддӣ;

2) Вуҷуди мисолӣ;

3) Вуҷуди ақлӣ.

Ва албатта вуҷуди моддӣ, ки мусовиқ бо ҳаракат буда ва имкону феълият дар вай оғушта ба ҳам мебошад, пасттар аз вуҷуди муҷаррад мебошад, ки сабот дошта ва феълияти беимкон мебошад. Ва ҳамчунин вуҷуди мисолӣ, ки камолот дар ашхоси вай пахш аст, пасттар аз вуҷуди ақлӣ аст, ки ҳамаи камолот дар вай иҷтимоъ доранд. Ва аз ин рӯй, вуҷуди сурати хиёлиро наметавон маълули таъсири моддӣ донист, балки вуҷуди вай — чунонки дар мақолаи 9 гузашт — маълули мавҷуде мисолӣ ҳамсинхи худаш мебошад. Ва ҳамчунин дар сурати ақлӣ.

* * *

Натиҷаи ин баён:

1) Ҷаҳони офариниш мураккаб аз се мартиба аст, ки ба тартиб аз боло ба поин рӯи ҳам чида шуда:

Ҷаҳони ақл;

Ҷаҳони мисол;

Ҷаҳони модда.

2) Падидаҳои ҳар як аз ин се ҷаҳон, маълули иллатҳое ҳастанд, ки аз синхи худашон мебошанд. Ҳодиси моддӣ маълули иллатҳои моддӣ, ва мавҷуди мисолӣ маълули мавҷуди мисолӣ, ва мавҷуди ақлӣ маълули мавҷуде аз синхи худ;

3) Маҷмӯи ҳар оламе маълули мофавқи худаш мебошад;

4) Маҷмӯи ҷаҳони офариниш маълули Худои офаридгор буда ва нисбати ҳар иллати ҷузъӣ ба вай нисбати дастро дорад ба нависандаи нома, ва нисбати забонро дорад ба гӯяндаи сухан.

Дар атрофи муҷаррадот пурсишҳои бисёр ва баҳсҳои зиёде ҳаст, ки бархе аз онҳо марбут ба илми нафс ва идрокоти нафсонӣ мебошад ва бархе низ баҳсҳои фалсафӣ аст ва дар китобҳои мабсутаи фалсафа мавриди таъарруз аст ва мо ба ҳамин андоза, ки зикр намудем, қаноат меварзем.

* * *

Таълиқа:

(1) Яке аз масоиле, ки дар мабоҳиси феъли Борӣ матраҳ аст, “куллиёти аволими (оламҳои) вуҷуд” аст. Мақсуди мо аз “олам” иборат аст аз мавҷуд ё мавҷудоте, ки дар маҷмӯи ҳастӣ мартибае хоссро ишғол кардааст, ба тавре, ки муҳит ба модуни худ муҳоти мофавқи худ аст.

Аз назари луғат, монеъе нест, ки мо калимаи “олам”-ро ба навъе хосс ва ё анвоъе, ки таҳти ҷинси хосс қарор гирифтаанд, ба эътибори ин ки вазъу ҳолату зиндагии онҳо низомоти хоссе дорад, итлоқ кунем, масалан бигӯем: “Олами мӯрчагон” ва ё “Олами занбӯри асал”, ё “Олами ҳашарот”, ё “Олами ҳайвон”, “Олами набот”, ё “Олами замин”, “Олами осмонҳо” ва амсоли инҳо. Ва шояд — ҳамон тавр, ки баъзе аз муфассирон гуфтаанд — таъбир ба “Раббулъоламин” дар Қуръони Карим нозир ба чунин матлабе бошад.

Вале дар истилоҳоти фалсафӣ калимаи “олам” ба он мавҷуд ё мавҷудоте итлоқ мешавад, ки аз назари маротиби куллии вуҷуд, дараҷаи хоссеро ишғол кардааст, ба тавре, ки муҳит ва мусаллати тамоми модуни худ ва муҳоти мофавқи худ аст. Тибқи ин истилоҳ, тамоми аҷсом ва ҷисмониёт бо ин ки аҷносу анвоъи мутаъаддиде ҳастанд, як “олам” ба шумор мераванд, зеро ҳеч навъ аз ин анвоъ ва ҳеч ҷинс аз ин аҷнос иҳотаи вуҷудӣ бар анвоъу аҷноси дигар надорад. Ва аз ин рӯ аз назари фалсафа, тамоми мавҷудоти табиат дар “арз”-и якдигар ба шумор мераванд, на дар тӯли якдигар.

Албатта навъе тӯлият дар кор ҳаст, ҳамон тӯлияте, ки миёни ҷамоду наботу ҳайвону инсон аст, вале чун ин тӯлият — ба истилоҳ — дар қавси суъуд аст, на дар қавси нузул, ва ба илова, лозимаи ин тӯлият иҳотаи вуҷудӣ нест, аз баҳси мо хориҷ аст.

Акнун мегӯем, он чи барои мо ба ҳиссу аён собит аст, олами табиат аст. Ҳукамо дар истилоҳоти худ он гоҳ, ки ин оламро дар муқобили соири оламҳои ҳастӣ ном мебаранд, калимаи “носут”-ро ба кор мебаранд.

Олами дигар, ки ба ҳукми далелу бурҳон бар мо собит аст, олами улуҳият аст. Яъне зоти муқаддаси воҷибулвуҷуд, ки дорандаи ҷамиъи сифоти камолия аст. Албатта дар он мартиба аз вуҷуд он чи ҳаст як вуҷуди итлоқӣ асту бас. Зоти парвардигор ба танҳоӣ худ оламе аст ва азимтарини оламҳост, зеро зоти Ҳақ муҳит аст бар ҳамаи оламҳои модун ва заррае аз вуҷуд аз иҳотаи қайюмии ӯ хориҷ намебошад ва ба қавли Бӯалӣ дар “Илоҳиёти Шифо”:

العالم الربوبي عظيم جدا

Ин олам истилоҳан олами “лоҳут” номида мешавад.

Он чи барои мо қатъӣ ва собит аст, ҳамин ду олам аст, вале дар ин ҷо аз назари фалсафа ду пурсиш боқӣ аст:

1) Оё миёни олами улуҳият ва олами табиат оламҳои дигаре вуҷуд дорад ё вуҷуд надорад? Яъне оё он оламе, ки биловосита бар олами табиат иҳота дорад ва мубоширатан ба вуҷудоваранда ва мудаббир ва муҳит бар ин олам аст, олами улуҳият аст? Ва ё олам ва ё оламҳое мутавассит миёни ин ду олам ҳаст? Ва албатта чунин олам ё оламҳое — ба фарзи вуҷуд — муҳоти олами болотар аз худ, яъне олами улуҳият, хоҳад буд, ҳамчунон ки муҳити олами поинтар аз худ, яъне олами табиат, хоҳад буд;

2) Оё олами поинтар аз олами табиат вуҷуд дорад ё вуҷуд надорад? Яъне, оё мартибае аз мавҷудот вуҷуд дорад, ки олами табиат муҳит ва ба вуҷудоваранда ва мудаббири он олам бошад ё вуҷуд надорад?

Бадеҳӣ аст, ки фарзи оламе болотар аз олами улуҳият маънӣ надорад, зеро олами улуҳият олами итлоқ ва лоҳаддӣ ва вуҷуби зотӣ аст, барои зоти воҷибулвуҷуд мисл мутасаввар нест, то чӣ расад ба мофавқу муҳит. Пас, пурсишҳо яке дар бораи ин аст, ки оё оламҳое мутавассит миёни олами улуҳият ва олами табиат вуҷуд дорад ё надорад? Дигар дар бораи ин ки оё оламе поинтар аз табиат вуҷуд дорад ё надорад?

Ҷавобе, ки фалосифа ба пурсиши дуввум медиҳанд, содда ва қотеъ аст. Мегӯянд, оламе поинтар аз табиат наметавонад вуҷуд дошта бошад, зеро аввалан: вуҷуди оламе поинтар аз табиат мусталзими ин аст, ки моддаи табиӣ қодир бар эҷоди як шайъ аз катми адам бошад, ва ба далоиле собит мекунанд, ки таъсири ҷисму табиат аз навъи таҳрик аст, на аз навъи эҷод. Ва сониян: олами табиат олами қувваву феъл ва моддаву сурат ва ҳаракату замону макон аст, мавҷуде заъифулвуҷуд аз қувваву модда ва замону макон, ки вуҷуд ва адам дар он ба ҳам омехтааст қобили тасаввур нест.

Аммо ҷавоб ба пурсиши аввал қадре душвор аст. Ҳукамо ҷавобҳое ба пурсиши аввал додаанд. Дар аксари ин ҷавобҳо аз зоти воҷибулвуҷуд ва басотати ӯ ва ин ки чӣ навъ мавҷуде метавонад содири биловосита бошад, истидлол кардаанд. Муддаӣ шудаанд, ки “содири аввал” бояд комилтарин ва баситтарини мумкинот бошад ва чунин мавҷуде ҷуз ин ки муҷаррад аз модда ва замону макон бошад, наметавонад бошад, чунин мавҷуде табъан дорои моҳият ҳаст, зеро моҳият доштан лозимаи маълулият аст.

Инчунин мавҷудеро ба ҳасби истилоҳ, “ақл” меноманд.

Дар баъзе истидлолҳои дигар аз қоъидае ба номи қоъидаи “имкони ашраф” истифода шудааст, ки маҷоли сухан дар он бисёр аст.

Дар баъзе истидлолҳои дигар вуҷуди инсон ба унвони намуна аз кулли олами вуҷуд мавриди истифода қарор гирифтааст. Дар ин мақола ҳамин роҳ, ки соддатарин роҳҳост тай шудааст.

Олами ақл ё ъуқул (ақлҳо) ба ҳасби истилоҳ “ҷабарут” номида мешавад.

Агар истидлоли ҳукаморо бар вуҷуди ақл бипазирем, тоза бо суоли дигаре рӯ ба рӯ мешавем, ва он ин ки: оё мавҷуди муҷарраде, ки ба номи “ақл” номида мешавад фақат яке аст ва ё мавҷудоти бисёре, ки ҳама ъуқуланд (ақлҳоянд) вуҷуд дорад? Ва бино бар ин ки ъуқули муҷаррадае вуҷуд доранд, оё ин ъуқул дар тӯли якдигаранд ва дар ҳақиқат ҳар кадом оламеро ташкил медиҳанд ва ё дар арзи якдигаранд? Ва ё баъзе аз ъуқул ъуқули тӯлианд ва баъзе аз онҳо ъуқули арзианд? Ҳукамо барои исботи ъуқули тӯлия ва ё арзия роҳҳое, ки ҳаргиз мавриди иттифоқ набуда ва нест, тай кардаанд.

Мабно қарор гирифтани ҳайъати қадим сабаб шуд, ки ҳукамо як силсила ъуқули тӯлия, ки ададашон ба даҳто мерасад қоил шаванд. Фарзияи маъруфи “ъуқули ъашара” — ки мавриди қабули аксарияти Машшоъин қарор гирифт ва бархе аз Машшоъин монанди Хоҷа Насируддини Тӯcӣ ва қотибаи Ишроқийин онро инкор карданд ва имрӯз асли мабно, яъне фалакиёти қадим, мавҳум шинохта мешавад — мубтанӣ бар ҳамин усул ва назариёт аст.

Ишроқиюн тарафдори ъуқули арзианд, ҳар навъе аз анвоъи олами табиатро таҳти таъсир ва тадбири яке аз он мавҷудоти муҷаррада медонанд. Фарзияи маъруфи “арбоби анвоъ” ва ё “мусули афлотунӣ” дар шакли исломӣ ва ишроқии он, дар ҳамин замина аст.

Ҳақиқат ин аст, ки дар заминаи оламҳои мутавассит миёни олами улуҳият ва олами табиат майдон барои фалсафа чандон боз нест, махсусан барои фалсафаи машшоъ. Баҳс дар ин оламҳоро фалосифаи ишроқ беҳтар аз фалосифаи машшоъ, ва урафо беҳтар аз ҳар ду даста анҷом додаанд.

Ва боз ҳақиқат ин аст, ки дар ин замина бояд майдонро мунҳасиран дар ихтиёри мукошифа ва ишроқ ва ваҳю илҳом гузошт.

Аз назари ваҳйи исломӣ, қадри мусаллам ин аст, ки мавҷудоте ба номи “малоика ва фариштагон” вуҷуд доранд, ки онҳо наздиктар ба зоти парвардигоранд аз мавҷудоти олами табиат, ва қоҳиру мусайтир бар олами табиатанд. Албатта сухан дар ин нест, ки зоти воҷибулвуҷуд ба онҳо аз соири мавҷудот наздиктар аст, зеро ӯ ба ҳама чиз иҳотаи зотӣ ва қайюмӣ дорад:

وَهُوَ مَعَكُمْ أَيْنَ مَا كُنتُمْ

(“Ва ҳар куҷо бошед, Ӯ (Худо) бо шумост…” (Сураи Ҳадид, ояти 4)), сухан дар қурбу буъди соири мавҷудот ба зоти Ҳақ аст.

Аз назари исломӣ, имон ба вуҷуди малоика воҷиб ва лозим аст. Малоика, ҳам воситаи ваҳйянд, ва ҳам воситаи илм, ва ҳам воситаи ризқ, ва ҳам воситаи халқ, ва ҳам воситаи эҳё, ва ҳам воситаи имота (мирондан).

Аз назари ҳукамои ишроқ ва ҳам аз назари урафо — ки мавриди таъйиди нусуси исломӣ низ ҳаст — олами дигаре ғайр аз олами ъуқули муҷаррада, ки мутавассит миёни олами ъуқул ва олами табиат аст вуҷуд дорад, ки олами мисоли миқдорӣ аст. Ин олам истилоҳан “олами малакут” номида мешавад. Ин олам, мутавассит аст миёни олами ъуқули муҷаррада ва олами табиат.

Ин олам аз қувва ва ҳаракату замону макон муҷаррад аст, аммо аз абъод муҷаррад нест. Ин олам, ҷисмонӣ ҳаст, вале моддӣ нест.

Истидлоле, ки дар ин мақола бар вуҷуди олами ақл ва олами мисол оварда шудааст, аз ноҳияи вуҷуди инсон аст. Яъне, ба далели ин ки мартибае аз инсон табиат аст ва мартибае аз ӯ мисол аст ва мартибае аз ӯ ақл, ва аз тарафи дигар табиат қодир нест, ки ба вуҷудоварандаи мартибае олитар аз худ — яъне мисол ва ақл буда бошад — пас ҳар мартибае аз вуҷуди инсон вобаста ба оламе аз синхи худи ӯст. Ин аст муфоди истидлоли матн.

Ҳамон тавр, ки гуфтем, беҳтар аст дар шиносоии ин оламҳо ба он чи аз ноҳияи ваҳю нубувват расидааст истинод гардад ва ё ҳамчун мардони роҳ аз замиру ботину мукошифаи шуҳудӣ истимдод шавад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: