Шарҳи Маснавӣ (276)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (20)

* * *

Муроъот кардани зан шавҳарро ва истиғфор кардан аз гуфтаи хеш (3)

* * *

З-ин насақ мегуфт бо лутфу гушод,

Дар миёна гиряе бар вай фитод.

Зани аъробӣ бад-ин сон ва бар ин гуна бо лутфу гушодрӯӣ бо шӯяш сухан мегуфт, ки дар аснои калом дучори гиря шуд.

Насақ: тартибу назм.

Нукта: Онқуравӣ мӯътақид аст, ки ин муколама бар ҳасби зоҳир миёни зани аъробӣ ва он марди тозӣ аст, вале бар ҳасби ботин муколамаи ақлу нафс аст. Дар абёти пешин низ ҳамин тавр будааст. (Шарҳи кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.932) Бархе аз абёти он низ метавонад арзи ҳоли банда бошад бар Парвардигор. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.722)

Гиря чун аз ҳад гузашту ҳой-ҳой

З-он, ки бе гиря буд ӯ худ дилрубой.

Вақте гиряҳо ва зориҳо аз ҳадд бигузарад, ҳатто дили онро, ки ба гиря наяфтода такон медиҳад. Ё он зан бидуни гиря кардан ҳам, дили он мардро мерубуд, вой ба ҳоли вақте ки сахт ба гиря ҳам биафтад.

Шуд аз он борон яке барқе падид,

Зад шароре дар дили марди ваҳид.

Аз он борон (яъне ашки чашми зан) барқе падидор шуд ва шӯълае бар дили он марди аъробӣ зада шуд; ҳамон марде, ки дар риёзату қаноат ягона ва беҳамто буд. Хулоса, он мард низ таҳти таъсир қарор гирифт.

Шарора: порае аз оташ, ки ба атроф меҷаҳад. Ваҳид: якто ва ягона.

Он ки бандай рӯйи хубаш буд мард,

Чун бувад, чун бандагӣ оғоз кард?

Он зане, ки мард дар ҳолати оддӣ ҳам бандаи рӯи зебояш буд, бибин чӣ ҳоле дар он мард пайдо мешавад вақте ки ҳамон зан нисбат ба ӯ ғуломӣ ва бандагӣ низ изҳор кунад?

Он ки аз кибраш дилат ларзон бувад,

Чун шавӣ? Чун пеши ту гирён шавад?

Масалан, он касе, ки аз такаббураш дилат меларзад, бибин чӣ ҳолате пайдо мекунӣ вақте ки ӯ дар баробарат ба гиряву зорӣ афтад?

Он ки аз нозаш дилу ҷон хун бувад,

Чунки ояд дар ниёз, ӯ чун бувад?

Ё масалан, он касе, ки аз нози маҳбуб дилу ҷони ӯ хунин мегардад, ҳол агар он маҳбуб дар баробараш ба ниёз афтад, бибин чӣ ҳоле пайдо мекунад?

Он ки дар ҷавру ҷафояш доми мост,

Узри мо чӣ бвад, чу ӯ дар узр хост?

Он, ки ситаму бедодаш барои мо мояи гирифториву дом аст, агар дар садади узр барояд, чӣ узре хоҳем овард?

“Зуййина лин-нос”, Ҳақ оростаст,

З-он чӣ Ҳақ орост, чун донанд ҷаст?

Он муштаҳаёту лаззатҳое, ки Худо барои мардум оростааст, онҳо чӣ гуна метавонанд аз каманди он бираҳанд?

Нукта: Мисроъи аввал ишора аст ба ояти 14 аз сураи Оли Имрон:

زُيِّنَ لِلنَّاسِ حُبُّ الشَّهَوَاتِ مِنَ النِّسَاء وَالْبَنِينَ وَالْقَنَاطِيرِ الْمُقَنطَرَةِ مِنَ الذَّهَبِ وَالْفِضَّةِ وَالْخَيْلِ الْمُسَوَّمَةِ وَالأَنْعَامِ وَالْحَرْثِ ذَلِكَ مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا وَاللّهُ عِندَهُ حُسْنُ الْمَآبِ

Ороста шуд барои мардумон дӯстии хоҳишҳои нафсонӣ аз қабили майл ба занон ва фарзандон ва ҳамёнҳои зару сим ва асбҳои нишондори некӯ ва сутурон ва киштзорҳо ва дороиҳо ва амлок. Лекин инҳо ҳама матоъи зиндагонии фонии дунёст ва назди Худост некӯманзилгоҳ.”

Устод Фурӯзонфар гӯяд: “Муҳаққиқини сӯфия мегӯянд, ки шаҳват, ҳар чизе аст, ки майли нафсонӣ дар он дахил бошад, хоҳ моддӣ ё маънавӣ. Пас, агар он чи ба зоҳир тоату ибодат аст, ба хоҳиши нафс кунанд, он низ шаҳват аст… Ин гуна шаҳватро шаҳвати хафийя мегӯянд ва хатари онро бештар ва дерпойтар аз шаҳвати ҷисмонӣ мешуморанд.” (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, сс.1024-1025)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: