Перейти к содержимому

Адли илоҳӣ (50)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ

Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (12)

Шароити таквинӣ ва шароити қарордодӣ

Ғолибан афрод муқаррароти илоҳиро дар хилқату офариниш ва подошу кайфар ва саодату шақоват, бо муқаррароти иҷтимоии башарӣ қиёс мегиранд, дар сурате, ки ин умур тобеъи шароити таквинӣ ва ҳақиқӣ аст ва ҷузъе аз он аст, вале авзоъ ва муқаррароти иҷтимоӣ тобеъи муқаррароти эътибории қарордодӣ аст. Муқаррароти иҷтимоӣ метавонад тобеъи шароити қарордодӣ бошад, вале муқаррароти хилқату офариниш ва аз он ҷумла подошу кайфари илоҳӣ наметавонад тобеъи ин шароит бошад, балки тобеъи шароити таквинӣ аст. Барои равшан сохтани фарқи як системи таквинӣ ва як системи эътиборӣ мисоле мезанем:

Медонем, ки дар системҳои иҷтимоӣ, ҳар кишваре барои худаш муқаррарот ва қонунҳои хоссе дорад. Муқаррароти иҷтимоӣ, дар бархе масоил, миёни ду нафар, ки аз лиҳози шароити табиӣ ва таквинӣ мусовӣ ҳастанд, вале аз назари шароити эътиборӣ ва қарордодӣ тафовут доранд — мисли ин ки яке шаҳрванди он кишвар аст ва дигаре нест — тафовут қоил мешавад.

Масалан, вақте, ки мехоҳанд дар Эрон афродеро истихдом кунанд, агар як нафар эронӣ ва як нафар ғайриэронӣ ҳар ду аз лиҳози шароити таквинӣ баробар бошанд ва барои истихдом шудан муроҷеа кунанд, имкон дорад, ки эронӣ истихдом шавад ва ғайриэронӣ ба иллати ин ки шаҳрванди Эрон нест, истихдом нагардад. Дар ин ҷо агар шахси ғайриэронӣ бигӯяд, ман аз лиҳози шароити табиӣ бо он эронӣ, ки истихдом шудааст, комилан мусовӣ ҳастам; агар ӯ солим аст, ман ҳам солимам, агар ӯ ҷавон аст, ман ҳам ҷавонам, агар ӯ мутахассис дар фалон кор аст, ман ҳам мутахассисам, посух мешунавад, ки муқаррароти идорӣ иҷоза намедиҳад, ки шуморо истихдом кунем.

Бо як амри қарордодӣ, вазъи ҳамин шахси ғайриэронӣ тағйир мекунад ва монанди дигарон мегардад; яъне муроҷеа мекунад ва шаҳрвандии Эрон мегирад. Бадеҳӣ аст, ки шаҳрвандӣ таъсире дар шахсияти воқеии ӯ надорад, вале ӯ аз назари муқаррароти иҷтимоӣ, шахси дигар шудааст. Маъмулан эътибори шароити қарордодӣ бо адами риояти мусовот дар шароити воқеӣ ва таквинӣ ҳамроҳ аст.

Вале дар масоиле, ки тобеъи муқаррароти иҷтимоӣ ва қарордодӣ нест ва сирфан тобеъи шароити таквинӣ аст, матлаб тавре дигар аст.

Масалан, агар Худой нохоста як беморӣ назири “вабо” ба Эрон биёяд, тафовуте байни шаҳрванди Эрон ва шаҳрванди ғайри Эрон намегузорад. Агар эронӣ ва ғайриэронӣ аз лиҳози шароити мизоҷӣ ва муҳитӣ ва соири шароити табиӣ мутасовӣ бошанд, маҳол аст, ки микроби беморӣ табъизе қоил шавад ва бигӯяд чун ғайриэронӣ шаҳрванди Эрон нест, ман бо ӯ коре надорам. Ин ҷо ҳисоби хилқат ва табиат аст, на ҳисоби иҷтимоъ ва қарордодҳои иҷтимоӣ. Ҳисоб, ҳисоби таквин аст, на ҳисоби тақнину ташреъ.

Муқаррароти илоҳӣ аз назари подошу кайфар ва саодату шақовати афрод, тобеъи шароити воқеӣ ва таквинӣ аст. Чунин нест, ки агар касе муддаӣ шавад, ки чун ман номам дар дафтари ислом сабт шудааст ва исман мусалмонам, пас бояд имтиёз дошта бошам, аз ӯ пазируфта гардад.

Иштибоҳ нашавад; сухан дар масоили марбут ба подошу кайфар ва саодату шақоват ва дар рафтори Худованд бо бандагон аст. Сухан дар қонунҳои мавзӯъаи ислом дар зиндагии иҷтимои мусалмонон нест.

Шак надорад, ки муқаррароти мавзӯъаи исломӣ монанди ҳамаи қонунҳои мавзӯъаи ҷаҳон, як силсила қонунҳои қарордодӣ аст ва як силсила шароити қарордодӣ дар онҳо малҳуз шудааст ва афроди башар дар ин қонунҳо, ки марбут ба зиндагии дунявии онҳост, илзоман бояд аз як силсила шароити қарордодӣ пайравӣ кунанд.

Вале феъли Худованд ва ҷараёни машиати илоҳӣ дар низоми таквин ва аз он ҷумла саодат бахшидан ва ба шақоват кашидани афрод ва подошу кайфар додан ба онҳо, тобеъи муқаррароти иҷтимоӣ нест, балки асосан аз ин синх нест. Зоти ақдаси илоҳӣ дар ҷараёни машиати мутлақаш, бар асоси муқаррароти қарордодӣ амал намекунад. Умури қарордодӣ, ки дар низомоти иҷтимоӣ табъан таъсири басазое дорад, дар ҷараёни иродаи таквинии зоти муқаддаси Борӣ Таъоло таъсире надорад.

Аз назари муқаррароти мавзӯъаи исломӣ, ки марбут ба рафтори иҷтимоии афроди башар аст, ҳар гоҳ касе шаҳодатайн бар забон биёварад, мусалмон шинохта мешавад ва аз имтиёзҳои зоҳирии ислом истифода мекунад, вале аз назари муқаррароти ухравӣ ва ҳисоби ҷаҳони дигар, аз назари рафтори Худованд, қонуни:

فَمَن تَبِعَنِي فَإِنَّهُ مِنِّي

Ҳар ки аз ман пайравӣ кунад, бе гумон ӯ аз ман аст…” (Сураи Иброҳим, ояти 36)

ва қонуни:

إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِندَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ

Дар ҳақиқат, арҷмандтарини шумо дар назди Худо, парҳезкортарини шумост…” (Сураи Ҳуҷурот, ояти 13) — ҳукумат мекунад.

Пайғамбари Акрам (с) фармуданд:

أيها النّاس إن أباكم واحد، وإن ربّكم واحد، كلّكم من آدم وآدم من تراب، لا فخر لعربيّ على عجميّ الاّ بالتقوى

Эй мардум! Ҳамаи шумо дорои як падар ва як Худо ҳастед, ҳамагӣ аз Одам офарида шудаед ва Одам аз хок офарида шудааст, яъне аслу насаби ҳама кас ба хок бармегардад, арабро бар аҷам фахру имтиёзе нест; танҳо сабаби имтиёз тақвост.” (Таърихи Яъқубӣ, 2/110)

Салмони Форсӣ, ки дар талаби ҳақиқат гом бармедошт, ба ҷое расид, ки Расули Акрам (Саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дар борааш фармуд:

سلمان منّا أهل البيت

Салмон аз мо, аҳли байт аст.”

Бинобар ин, афроде, ки таҳти таъсири васвосҳои шайтонӣ қарор гирифта — ва ба ин дил хуш кардаанд, ки номамон дар миёни номҳои дӯстони Алӣ ибни Абӯтолиб (алайҳис-салом) аст, ҳар чӣ ҳаст аз раъоёи ӯ ба шумор меравем, ё васият мекунем аз пулҳое, ки ноҳақ ба чанг овардаем ва ё аз пулҳое, ки дар зиндагӣ мебоист дар роҳи хайр масраф кунем ва накардаем, маблағи гизоферо ба мутаваллиёни машоҳиди мушаррафа бидиҳанд, то моро наздики қабри авлиёи Худо дафн кунанд, ки фариштагон ҷуръат накунанд барои азоби мо биёянд — бояд бидонанд, ки хеле кӯр хондаанд ва пардаи ғафлат ҷилави чашмашонро гирифтааст. Рӯзе чашм бозхоҳанд кард, ки худро ғарқ дар азоби ҷонфарсои илоҳӣ бибинанд ва дучори чунон ҳасрате гарданд, ки агар имкони марг буд, ҳазорҳо бор мемурданд. Пас, имрӯз аз хоби ғафлат бедор гарданд ва тавба намоянд ва мофотро ҷуброн кунанд ва:

وَأَنذِرْهُمْ يَوْمَ الْحَسْرَةِ إِذْ قُضِيَ الْأَمْرُ وَهُمْ فِي غَفْلَةٍ وَهُمْ لَا يُؤْمِنُونَ

Ва ононро аз рӯзи ҳасрат бим деҳ он гоҳ, ки доварӣ анҷом гирад, ва ҳол он ки онҳо (акнун) дар ғафлатанд ва сари имон овардан надоранд.” (Сураи Марям, ояти 39)

Аз назари оятҳои каримаи Қуръони Маҷид ва ҳам аз назари ривоятҳои исломӣ ин матлаб қатъӣ аст, ки гуноҳкор ҳарчанд мусалмон бошад, ба азоби илоҳӣ муъаззаб хоҳад буд; гӯ ин ки вақте дорои имон бошад, билохира ба растгории ниҳоӣ ва халосӣ аз дӯзах ноил мегардад, вале мумкин аст наҷоти ӯ пас аз солҳо чашидани ранҷу азоб бошад. Ҳисоби гуноҳони як идда дар шадоиду сакароти марг тасфия мегардад. Гурӯҳе дигар бо азобҳои қабру олами барзах ҷаримаи гуноҳони худро мепардозанд ва ҷамъе дигар дар аҳволи қиёмат ва шадоиди ҳисоб кайфари худро мебинанд ва иддае ба дӯзах меафтанд ва солҳо дар азоб диранг мекунанд; чунонки дар тафсири ояти каримаи:

لَابِثِينَ فِيهَا أَحْقَابًا

Рӯзгоре дароз дар он диранг кунанд.” (Сураи Набаъ, ояти 23) аз ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ (а) ривоят шудааст, ки ин оят марбут ба касоне аст, ки аз оташ наҷот меёбанд. (Биҳор, 3/376-377)

Инак, чанд намуна аз ривоятҳоеро, ки аз азобҳои ҳангоми марг ва пас аз марг бозгӯ мекунад меоварем, шояд мӯҷиби танаббуҳ ва бедорӣ гардад ва моро барои манозили махуф ва хатарноке, ки дар пеш дорем омода созад:

1) Шайх Кулайнӣ аз ҳазрати Содиқ (а) ривоят карда, ки Алӣ (а)-ро дарди чашме ориз шуд. Ҳазрати Расул (с) ба иёдати он ҳазрат ташриф бурданд дар ҳоле, ки фарёди Алӣ аз дард баланд буд. Фармуданд, ки: оё ин сайҳа (фарёд) аз ҷазаъу бетобӣ аст ё аз шиддати дард аст? Амири мӯъминон (а) арз кард: ё расулаллоҳ! Ман ҳанӯз дарде накашидаам, ки сахттар аз ин дард бошад. Расули Акрам (с) дар ин вақт ҷараёни сахту ҳавлноки қабзи руҳи кофирро нақл кард. Алӣ (а) чун инро шунид бархост ва нишаст ва гуфт: ё расулаллоҳ! Иъода фармо (аз нав бихон) бар ман ин ҳадисро, ки дарди маро фаромӯшӣ дод. Он гоҳ арз кард: ё расулаллоҳ! Оё аз уммати шумо касе ба ин наҳв қабзи руҳ мешавад? Фармуд: бале, ҳокиме, ки ҷавр кунад ва касе, ки моли ятимро ба зулму ситам бихӯрад ва касе, ки шаҳодати дурӯғ бидиҳад. (Манозилул-охира, с.5-6)

2) Шайх Садуқ дар китоби “Ман ло яҳзуруҳул-фақиҳ” ривоят карда, ки чун Зар фарзанди Абӯзари Ғифорӣ аз дунё рафт, Абӯзар дар канори қабри вай истод ва даст бар қабр кашид ва гуфт:

Худойат раҳмат кунад! Ба Худо савганд, ки ту нисбат ба ман некрафтор будӣ ва акнун, ки аз дастам рафтаӣ, аз ту хушнудам. Ба Худо қасам, ки аз рафтани ту бокам нест, аз ман чизе коста нашуд ва ман ҷуз ба Худо ба аҳаде ниёзманд нестам. Ва агар набуд ҳароси ҳангоми иттилоъ, орзу мекардам, ки ман ба ҷои ту рафта будам, вале дӯст дорам чанде ҷуброни мофот кунам ва барои он ҷаҳон омода шавам ва ҳамоно андӯҳ ба хотири ту маро аз андӯҳ бар ту боздоштааст. (Яъне ҳама дар ин фикрам, ки коре, ки барои ту судманд аст анҷом диҳам ва дигар маҷоле надорам, ки ғуссаи ҷудоии туро бихӯрам.) Ба Худо қасам, ки гиря накардаам, ки чаро аз ман ҷудо шудаӣ. Вале гиря кардаам, ки ҳоли ту чӣ гуна будааст ва бар ту чӣ гузаштааст. Эй кош медонистам, ки чӣ гуфтӣ ва чӣ гуфта шуд ба ту? Бор Худоё! Ман ҳуқуқеро, ки ту барои ман бар фарзандам воҷиб фармуда будӣ бахшидам, пас ту низ ҳуқуқи худро бар ӯ бибахш, ки ту ба ҷуду карам сазовортарӣ!” (Манозилул-охира, с.24-25)

3) Имом Содиқ (а) аз падарони бузургворашон ривоят кардаанд, ки ҳазрати Расули Акрам (с) фармуданд: фишори қабр барои мӯъмин каффораи тақсирҳое аст, ки аз вай сар мезанад. (Биҳор, 3/153)

4) Алӣ ибни Иброҳим дар зайли ояти каримаи:

وَمِن وَرَائِهِم بَرْزَخٌ إِلَى يَوْمِ يُبْعَثُونَ

Ва пешопеши онон барзахе аст то рӯзе, ки барангехта хоҳанд шуд.” (Сураи Мӯъминун, ояти 100) аз ҳазрати Содиқ (а) ривоят кардааст, ки фармуд:

والله ما أخاف عليكم الاّ البرزخ فأما إذا صار الأمر الينا فنحن أولى بكم

Ба Худо қасам, ман нигарони шумо нестам ҷуз барои олами барзах, аммо вақте, ки кор ба мо вогузор шавад, мо сазовортар ҳастем нисбат ба шумо.” Яъне шафоати марбут ба мо баъди барзах аст. Дар барзах шафоат нест.

Ба таври куллӣ дар боби ъиқоби гуноҳоне аз қабили дурӯғ, ғайбат, тӯҳмат, хиёнат, ситам, хӯрдани моли мардум, шаробхорӣ, қимор, суханчинӣ, дашном, тарки намоз, тарки рӯза, тарки ҳаҷ, тарки ҷиҳод ва ғайра, дар худи Қуръон ва дар ривоятҳои мутавотир он қадр расида, ки аз ҳадди эҳсо берун аст; ҳеҷ як аз онҳо махсуси кофирон нест. Дар ривоятҳои меъроҷия ба мавориди бисёре бармехӯрем, ки Расули Акрам (с) мефармояд, гурӯҳҳои гуногуне аз уммати худамро, аъамм аз зану мард, дар ҳолатҳои мухталиф аз азоб дидам, ки ба мӯҷиби гуноҳони мухталиф муъаззаб буданд.

* * *

Хулоса ва натиҷа

Аз маҷмӯи он чи дар ин бахш дар бораи аъмоли неку бади мардуми мусалмон ва мардуми ғайримусалмон гуфта шуд, натоиҷи зер ба даст омад:

1) Ҳар як аз саодату шақоват, дараҷот ва маротибе дорад; на аҳли саодат дар як дараҷа ва мартибаанд ва на аҳли шақоват. Ин маротиб ва тафовутҳо, дар бораи аҳли биҳишт ба унвони “дараҷот” ва дар бораи аҳли ҷаҳаннам ба унвони “даракот” таъбир мешавад;

2) Чунин нест, ки ҳамаи аҳли биҳишт аз аввал ба биҳишт бираванд; ҳамчунон, ки ҳамаи аҳли ҷаҳаннам “холид” нестанд. Яъне барои ҳамеша дар ҷаҳаннам боқӣ намемонанд. Бисёре аз биҳиштиён он гоҳ ба биҳишт хоҳанд рафт, ки давронҳои бисёр сахте аз азоб дар барзах ё охират таҳаммул кунанд. Як нафар мусалмон бояд бидонад, ки фаразан имони солиме бо худ бибарад, агар Худой нохоста дар дунё муртакиби фисқҳо ва фуҷурҳо ва зулмҳо ва ҷиноятҳо бишавад, мароҳили бисёр сахтеро дар пеш дорад ва баъзе аз гуноҳон хатари болотаре дорад ва аҳёнан мӯҷиби хулуд дар оташ аст;

3) Афроде, ки ба Худо ва охират имон надоранд, табъан ҳеч амалеро ба манзури боло рафтан ба сӯи Худо анҷом намедиҳанд, ва чун ба ин манзур анҷом намедиҳанд, қаҳран сайру сулуке аз онҳо ба сӯи Худо ва олами охират сурат намегирад. Пас, табъан онҳо ба сӯи Худо ва малакути Худо боло намераванд ва ба биҳишт намерасанд. Яъне ба мақсаде, ки ба сӯи он нарафтаанд, ба ҳукми он ки нарафтаанд, намерасанд;

4) Афроде, ки ба Худо ва охират имон доранд ва аъмоле бо ангезаи тақарруб ба Худо анҷом медиҳанд ва дар кори худ хулуси ният доранд, амали онҳо мақбули даргоҳи илоҳӣ аст ва истеҳқоқи подошу биҳишт меёбанд, аъамм аз он ки мусалмон бошанд ё ғайримусалмон;

5) Ғайримусалмононе, ки ба Худо ва охират имон доранд ва амали хайр ба қасди тақарруб ба Худованд анҷом медиҳанд, ба мӯҷиби ин ки аз неъмати ислом бебаҳраанд, табъан аз имтиёзҳои истифода аз ин барномаи илоҳӣ маҳрум мемонанд. Аз аъмоли хайри онҳо он андоза мақбул аст, ки бо барномаи илоҳии ислом мунтабиқ аст, монанди анвоъи эҳсонҳо ва хидматҳо ба халқи Худо. Аммо ибодоти маҷъула, ки асосе надорад, табъан номақбул аст ва як силсила маҳрумиятҳо, ки аз дастнорасӣ ба барномаи комил ношӣ мешавад, шомили ҳоли онҳо мегардад;

6) Амали хайри мақбул, аъамм аз он ки аз мусалмон содир шавад ё аз ғайримусалмон, як силсила офатҳо дорад, ки мумкин аст баъд ориз шавад ва онро фосид намояд. Дар раъси ҳамаи он офатҳо, ҷуҳуду ъинод ва кофирмоҷароӣ аст. Бинобар ин, агар афроди ғайримусалмон аъмоли хайри фаровоне ба қасди тақарруб ба Худо анҷом диҳанд, аммо вақте, ки ҳақоиқи ислом бар онҳо арза гардад, таъассубу ъинод биварзанд ва инсоф ва ҳақиқатҷӯиро канор бигузоранд, тамоми он аъмоли хайр ҳабову ҳадар аст:

كَرَمَادٍ اشْتَدَّتْ بِهِ الرِّيحُ فِي يَوْمٍ عَاصِفٍ

Ба хокистаре мемонад, ки боде тунд дар рӯзе тӯфонӣ бар он бивазад…” (Сураи Иброҳим, ояти 18)

7) Мусалмонон ва соири аҳли тавҳиди воқеӣ агар муртакиби фисқу фуҷур шаванд ва ба барномаи амалии илоҳӣ хиёнат кунанд, мустаҳиққи азобҳои тӯлонӣ дар барзах ва қиёмат хоҳанд буд ва аҳёнан ба воситаи баъзе аз гуноҳон, монанди қатли мӯъмини бегуноҳ амдан, барои абад дар азоб боқӣ хоҳанд монд;

8) Аъмоли хайри афроде, ки ба Худо ва қиёмат имон надоранд ва аҳёнан барои Худо шарик қоиланд, мӯҷиби тахфиф ва аҳёнан рафъи азоби онҳо хоҳад буд;

9) Саодату шақоват тобеъи шароити воқеӣ ва таквинӣ аст, на шароити қарордодӣ;

10) Оятҳои ва ривоятҳое, ки далолат мекунад Худованд амали солеҳ ва хайрро қабул мефармояд, танҳо нозир ба ҳусни феълии аъмол нест. Аз назари ислом, амал, он гоҳ хайру солеҳ маҳсуб мегардад, ки аз ду ҷиҳат ҳусн дошта бошад: ҷиҳати феълӣ ва ҷиҳати фоъилӣ;

11) Оятҳо ва ривоятҳое, ки далолат мекунад аъмоли мункирони нубувват мақбул нест, нозир ба он аст, ки он инкорҳо аз рӯи ъиноду лиҷоҷу таъассуб бошад. Аммо инкорҳое, ки сирфан адами эътироф аст ва маншаи адами эътироф ҳам қусур аст на тақсир, мавриди назари оятҳо ва ривоятҳо нест. Ин гуна мункирон аз назари Қуръони Карим, мустазъаф ва “мурҷавна лиамриллоҳ” ба шумор мераванд;

12) Ба назари ҳукамои ислом аз қабили Бӯалӣ ва Садрулмутааллиҳин, аксарияти мардуме, ки ба ҳақиқат эътироф надоранд, қосиранд на муқассир. Чунин ашхосе агар Худошинос набошанд, муъаззаб нахоҳанд буд — ҳарчанд ба биҳишт ҳам нахоҳанд рафт — ва агар Худошинос бошанд ва ба маъод эътиқод дошта бошанд ва амале холис қурбатан илаллоҳ анҷом диҳанд, подоши неки амали хешро хоҳанд гирифт. Танҳо касоне ба шақоват кашида мешаванд, ки муқассир бошанд, на қосир.

اللهم اختم لنا بالخير والسعادة، وتوفنا مسلمين، وألحقنا بالصالحين، بمحمّد وآله الطاهرين

* * *

Поёни китоб

* * *

Бахшҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: