Барандаи ямании ҷоизаи сулҳи Нубел: “Арабистони Саудӣ ва Аморот дар Яман муртакиби теруризми давлатӣ ҳастанд”

Барандаи ямании ҷоизаи сулҳи Нубел, бо баёни ин ки эътилофи мутаҷовиз ба Яман дар ин кишвар даст ба иртикоби теруризм мезанад, таъкид кард, ки ба зудӣ даст ба ифшогарӣ алайҳи теруризми Саудӣ ва Аморотӣ дар кишвараш хоҳад зад.

Ин фаъоли ҳуқуқи башарии Яман ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нубел, ки замоне тарафдори пару поқурси эътилофи мутаҷовизи Арабистони Саудӣ барои ҳамла ба кишвараш буд, ин рӯзҳо ба яке аз мунтақидони ин эътилоф табдил шудааст.

Таваккул Кирмон, дирӯз (якшанбе, 06.05.2018) дар сафҳаи корбарии Фейсбуки худ навишт, ки ба зудӣ дар мавриди ҷиноятҳо ва иқдомоти теруристии Арабистони Саудӣ ва Аморот дар Яман суханронӣ хоҳад кард.

Ин фаъоли яманӣ таъкид кард: “Пеш ба сӯи Донишгоҳи Оксфурди Ангилис, барои суханронӣ дар мавриди теруризм!

Вай афзуд: “(Дар Оксфурд) хоҳам гуфт, ки кишварам Яман ба таври мустақим дар маърази теруризми давлатии Аморот ва Арабистон қарор гирифтааст; теруризме, ки бо куштани ҳазорон нафар ва муҳосираи онҳо ҳамроҳ буда ва ба таври ғайримустақим дар қолаби пуштибонӣ ва ҳимояти молӣ ва эҷоди гурӯҳҳои теруристии мусаллаҳ намуд пайдо кардааст.”

Ин барандаи ҷоизаи сулҳи Нубел ҳамчунин гуфт, ки даст ба ифшогарӣ дар мавриди кишварҳое хоҳад зад, ки аз ин ду кишвар ҳимоят карда ва бо фурӯши силоҳ, дар ҳимоят аз теруризм ва мусаллаҳ кардани он даст доштаанд.

Омрико, Ангилис ва Фаронса аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки бештарин силоҳро аз замони оғози ҷанг алайҳи Яман, ба Арабистони Саудӣ фурӯхтаанд.

Таваккул Кирмон ҳамчунин аз иқдоми низомиёни аморотӣ дар ишғоли ҷазираи ямании “Суқутрӣ” дар баҳри Араб ба шиддат интиқод кардааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: