Перейти к содержимому

Чаро мақомоти эронӣ ҷанг алайҳи кишварашонро имконнопазир медонанд?

Дар ҳоле, ки бештари расонаҳои омрикоӣ вуқӯи ҷанги қарибулвуқӯъ байни Эрон ва Исроил-Омрикоро “ҳатмӣ” қаламдод мекунанд, мақомоти олирутбаи эронӣ аммо бар ин боваранд, ки “имкони шаклгирии ҳеч ҷанге алайҳи Эрон мутасаввар нест”.

Пойгоҳи таҳилии омрикоии National Interest дар таҳлиле, муддаӣ шудааст, ки рӯзи 12 май чӣ басо сароғози марҳилаи ҷадиде дар рӯёрӯии омрикоӣ-исроилӣ бо Эрон бошад, ки мумкин аст ба сӯи ҷанги охируззамон яъне Ормогедун (Armageddon) хатм шавад ба вежа, ки агар Дунолд Тромп раисиҷумҳури Омрико аз Барҷом хориҷ шавад.

Ин расона дар бораи идомаи ҳамалоти режими “Исроил” ба аҳдофи эронӣ дар Сурия ҳушдор дода ва навиштааст: “Вокуниши Эрон ба ин ҳамалоти “Исроил”, табдил ба ҷанги густурдае хоҳад шуд. Теҳрон мумкин аст, ки дасти нерӯҳои низомии мавриди ҳимояти худ дар минтақаро барои анҷоми ҳамалоте зидди аҳдофи омрикоӣ ва исроилӣ дар Сурия — ба вежа агар Вошингтун ба фишор бар Теҳрон идома диҳад — боз бигузорад. Ҳамла ба аҳдофи омрикоӣ дар минтақа ба маротиб осонтар аз ҳамла ба мавозеъи исроилиҳо аст.”

Ва ин таҳлил ва таҳлилҳое шабеҳи он дар расонаҳои омрикоӣ дар ҳолест, ки одмирол Алӣ Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон ахиран тасреҳ кард, ки: ба далели бароварди душманон аз қудрати сиёсӣ ва омодагии низомии Эрон ва ҳамчунин набуди инсиҷом ва тавони амалиётии душман, имкони шаклгирии ҳеч ҷанге алайҳи Эрон мутасаввар нест.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Шамхонӣ бо ишора ба изҳороти раисиҷумҳури Омрико дар мавзӯъи Барҷом гуфт: “Муваффақият ё шикасти Барҷом ба унвони тавофуқи сиёсӣ, ки ба таъйиди Шӯрои амнияти Созмони Милал расидааст, озмуне таърихӣ барои арзёбии асаргузории мантиқи гуфтугӯ ба ҷойи мунозиъа ва ҳамчунин мизони короии ниҳодҳои байналмилалӣ барои ҳаллу фасли мусоламатомези чолишҳои гуногун дар ҷаҳон аст.”

Вай афзуд: “Агар раисиҷумҳури феълии Омрико тавофуқ ва таъаҳҳуди давлати қабл аз худро қабул надорад, қатъан ҳеч кишвари дигаре ҳозир ба музокира ва тавофуқ бо Омрико нахоҳад буд, чаро ки ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки давлатҳои баъд низ таъаҳҳудоти давлати феълиро рад кунанд.

Шамхонӣ тасреҳ кард: “Ба унвони масъули ниҳоди амнияти миллии кишвар, бо сароҳату итминон эълом мекунам, ки ба далели бароварди душманон аз иқтидори сиёсӣ ва омодагии низомӣ ва амниятии Ҷумҳурии Исломӣ дар абъоди дохилӣ ва хориҷӣ ва ҳамчунин фуқдони инсиҷом ва тавони амалиётии душман, имкони шаклгирии ҳеч гуна ҷанге мутасаввар нест.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: