Перейти к содержимому

Зан ва зебоӣ аз назари Ибни Арабӣ

Чакида

Ин мақола, ба табйини нигоҳи Ибни Арабӣ ба зан ба унвони мазҳари ҷамоли илоҳӣ ихтисос дорад. Нигоҳи вай аз назари ирфонӣ, комилтарин ва амиқтарини оро дар миёни урафои пеш ва ҳатто пас аз худ аст.

Аз назари Шайхи Акбар, инсон — чӣ зан ва чӣ мард — аз ишқи илоҳӣ ва аз исми ҷамили илоҳӣ сарчашма гирифта ва ҳамаи мавҷудот мазҳари ҷамоли Худованд ҳастанд, аммо зан муҳимтарин ва комилтарин мазҳари ин ҷамол аст.

Аз назари вай, зану мард дар асли инсоният бо ҳам баробаранд ва инсонияти ҳақиқӣ миёни ин ду гурӯҳи инсонӣ, ҷомеъ ва муштарак аст. Зукурату унусат амре оризӣ буда ва ҳар камоли мумкин барои мард, барои зан низ мумкин аст. Занон аз ҳеч камолу мартибае маҳҷур набуда балки ҳатто дар мартибаи волои вилоят ва қутбият, ки дар назари Ибни Арабӣ дар мартибае варои нубувват аст, мебошанд.

Аз назари Шайхи Акбар, зан, ойинае аст, ки мард дар он худро мебинад ва бо ишқ ба ӯ, ба Ҳақ ишқ меварзад ва ин ишқ ӯро ба мабдае, ки аз он халқ шуда ва ҳамон аслу ҳастии ӯст мерасонад.

Ибни Арабӣ ҳузур ва вуҷуди занонро дар низоми иршодӣ ва ирфонии худ лозим дониста ва бидуни вуҷуди занон ин низоми ирфониро ноқис мешуморад.

Ин мақола низ дар пайи он аст, ки ҷойгоҳи занро дар низоми ҳастишинохтии ирфонии Ибни Арабӣ табйин намояд.

Нависандагон:

Маҳмудризо Исфандиёрӣ, донишёри гурӯҳи забон ва адабиёти арабии Донишгоҳи Озоди исломӣ.

Симин Мавлоии Биргонӣ: донишҷӯи дуктурии фалсафа ва каломи исломии Донишгоҳи Озоди исломӣ

Манбаъ: Дуфаслномаи Фалсафа — давраи 45, шумора 1

Барои мушоҳидаи комили мақола рӯйи фойли муқобил клик кунед:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: