Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон: “Дар муқобили душман сукут намекунем / Посухи баъзе иттифоқот дар рӯзҳои гузаштаро “ба мавқеъ” хоҳем дод”

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон таъкид кард, агар душман нисбат ба манофеи мо ҳатто таҷовузи андаке ҳам сурат диҳад, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар замони муносиб посухи муносибро хоҳад дод.

Ба гузориши шабакаи Алолам, сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ, раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломи Эрон, дар боздид аз воҳидҳои падофанди ҳавоӣ ва ҳамчунин типи 292 зиреҳии Дизфул дар Хузистон, аз омодагии ягонҳо ва таҷҳизот ва маъмурияти онҳо дар дифоъ аз марзҳои Эрони Исломӣ бо тамоми тавон ибрози хушҳолӣ кард.

Вай дар ин боздид изҳор дошт: “Қудрати дифоӣ ва иқтидори нерӯҳои мусаллаҳ душманонро ба ин ҷамъбандӣ расонда, ки ҳар гуна таҷовуз ва чашмдоште ба хок ва манофеи ин кишвари инқилобӣ ва мустақил дар дунёи имрӯз, ҷуз талафот ва ҳазина натиҷае барои онҳо дарбар нахоҳад дошт ва дастёбӣ ба ҳеч ҳадафе барои душман имконпазир нест.”

Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ҳамчунин тасреҳ кард: “Ҳар аз чанд гоҳе, ки сиёсатмадори тозакоре дар мақоме менишинад ва иддаое бар алайҳи хоки Эрон мекунад ва аз артишҳои худ хоҳони ҳаракати таҷовузкорона бар алайҳи Эрон мешавад, ин фармондеҳони аршади низомии кишварҳо аз ҷумла Омрико ҳастанд, ки ба сиёсатмадорони худ тазаккур медиҳанд, ки имкони ҷангидан бо Эрон вуҷуд надорад ва бояд аз роҳҳои сиёсӣ бо эрониҳо сӯҳбат кард. Дар Омрико, режими ғосиби саҳюнистӣ ва Арабистон, баъзан сиёсатмадорони номаъқул ва тозакори онҳо ҳарфҳое бузургтар аз худ мезананд, аммо вақте ба саҳнаи амал мерасанд, мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки иқтидори низомӣ ва дифоии Ҷумҳурии Исломии Эрон қобили хадша нест.”

Вай таъкид кард: “Чунончи душман нисбат ба манофеи мо чашмдоште ё ҳатто таҷовузи андаке сурат диҳад, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар замони муносиб посухи муносибро хоҳад дод. Ин ки баъзе иттифоқот дар рӯзҳои гузашта афтод ва ҳанӯз посухе дарёфт накардаанд, ба маънои сукут ё пазириши ин таҷовузкории онҳо нест ва дар мавъиди муқаррар ва лозим, посухи душманон дода хоҳад шуд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: