Перейти к содержимому

Тромп: “Фардо тасмими худам дар бораи Барҷомро эълом хоҳам кард”

Раисиҷумҳури Омрико дишаб дар ҳисоби корбариаш дар Твиттер навишт, фардо (сешанбе) тасмими худ дар бораи Барҷомро эълом хоҳад кард.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дишаб эълом кард, фардо (сешанбе, 08.05.2018) соати 14 ба вақти Вошингтун тасмими худ дар бораи тавофуқи ҳастаии Эронро эълом хоҳад кард.

Вай дар Твиттер навишт: “Ман тасмимам дар бораи тавофуқи Эронро фардо соати 2 баъд аз зуҳр аз Кохи сафед эълом хоҳам кард.”

Эрон ва панҷ кишвари узви доими Шӯрои амнияти Созмони Милал (Омрико, Фаронса, Ангилис, Русия ва Чин) ба иловаи Олмон, дар тобистони соли 2015 ба тавофуқе даст ёфтанд, ки қарор аст дар муқобили эҷоди маҳдудият дар бахшҳое аз фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, ҳамаи таҳримҳои байналмилалӣ ва якҷонибаи муртабит бо барномаи ҳастаии Эронро рафъ кунад.

Коршиканиҳои Омрико дар иҷрои Барҷом аз замони рӯи кор омадани Дунолд Тромп ба унвони раисиҷумҳури Омрико шиддат гирифта. Ӯ дар иқдоме, ки нақзи сареҳи бандҳои тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон маҳсуб мешавад, таҳдид карда кишварашро аз тавофуқ хориҷ хоҳад кард ва дар бораи тиҷорат бо Эрон ба кишварҳои Урупо ҳушдор додааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: