Перейти к содержимому

Вокуниши Зариф ба тасмими Тромп барои хуруҷ аз Барҷом

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба тасмими раисиҷумҳури Омрико барои хуруҷ аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон вокуниш нишон дод ва дар Твиттери худ навишт: “Ман талоши диплумотикро пеш хоҳам бурд, то баррасӣ кунам, ки оё дигар аъзои Барҷом метавонанд манофеи комилро барои Эрон тазмин кунанд ё на?”

Ба гузориши хабаргузории Форс, дақоиқе пас аз суханронии Тромп, Ҳасани Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон гуфт: “Ман ба Вазорати хориҷа дастур додам, ки зарфи чанд ҳафтаи оянда бо музокирот бо кишварҳои урупоӣ ва ду кишвари дигар яъне Русия ва Чин ройзаниҳо, ҳамоҳангиҳои лозим ва музокироти лозимро анҷом диҳанд. Агар дар поёни ин мӯҳлат ва замони кӯтоҳ, мо ба ин натиҷа расидем, ки бо ҳамкории панҷ кишвар метавонем ҳамаи он чи дар Барҷом хости миллати Эрон буда ба даст оварем, алорағми майли Омрико ва режими саҳюнистӣ ва талошҳои онҳо ва ҳарфҳои беназокати имшаби Тромп, Барҷом пойдор хоҳад монд ва мо метавонем ба нафъи сулҳу амнияти минтақа ва ҷаҳон қадамҳои худамонро бардорем. Ва агар бибинем манофеи мо тазмин нахоҳад шуд, ба зудӣ ман бо мардуми Эрон сӯҳбат хоҳам кард ва тасмимоти низомро дар он шароит ба иттилои мардум мерасонам.”

Зариф дар Твиттер навишт: “Дар посух ба нақзҳои мудовими Омрико ва хуруҷи ғайриқонунии ин кишвар аз тавофуқи ҳастаӣ, тибқи дастури раисиҷумҳур Руҳонӣ, ман талоши диплумотикро пеш хоҳам бурд, то баррасӣ кунам, ки оё дигар аъзои Барҷом метавонанд манофеи комилро барои Эрон тазмин кунанд ё на?! Натиҷа, посухи моро мушаххас хоҳад кард.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: