Даргузашти Қорӣ Абдухолиқ

Ба гузориши сойти Ахбор, Эшони Қорӣ Абдулхолиқи Қумсангирӣ, яке аз машҳуртарин қориёни тоҷик, ки рӯзи 6 май дар ноҳияи Тоҷикобод дучори садама шуда буд, рӯзи 9 май дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе аз олам чашм пӯшид.

Бар пояи ин гузориш, Қорӣ Абдулхолиқ, ки 65 сол дошт, беш аз 5 ҳазор ҳофизи комили «Қуръон”-ро тарбия карда, устоди қориёни Тоҷикистон эътироф шуда буд.

Наздикони Эшони Қорӣ Абдулхолиқи Қумсангирӣ ба сойти Ахбор хабар додаанд, ки ин руҳонии маъруф рӯзи 9 май дар бемористони Қарияи болои шаҳри Душанбе дар синни 65 аз олам чашм пӯшид. Қорӣ Абдухолиқ рӯзи 6 май дар ноҳияи Тоҷикобод дучори садама шуда буд. Мошини “Мерседес”-е, ки ин руҳонӣ савори он буд, дар Тоҷикистон ба як сементи канори роҳ бархӯрд ва Қорӣ Абдулхолиқ дар натиҷаи он садама маҷрӯҳ шуд.

Қорӣ Муҳаммайюб, бародари Қорӣ Абдулхолиқ, ки дар Қазоқистон қарор дошт, рӯзи 9 май дар сӯҳбат бо сойти Ахбор гуфтааст: “Баробари шунидани хабари даргузашти Эшони Қорӣ ба роҳ баромадем, ки худро ба маросими намози ҷанозааш бирасонем. Мутаассифона, ба ҳавопаймо дер кардем ва бо мошин, ҳоло ба Тоҷикистон рафта истодаем.”

Ба гуфтаи наздиконаш, қарор ин шуда, ки ӯро дар ноҳияи Рӯдакӣ ба хок бисупоранд. Қорӣ Абдулхолиқ солҳои охир дар ҳамин ноҳия дар лаби дарёи Элок дар наздикии манораҳои телевизионӣ хона карда буд ва бо аҳли оилааш зиндагӣ мекард.

Эшони Қорӣ Абдулхолиқи Қумсангирӣ дар деҳаи Оқотуни ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Падари ӯ Эшони Абдурауф аз руҳониёни маъруфи замони худ буд.

Қорӣ Абдулхолиқ Қуръон ва ҳунари қироату тиловати ин китоби муқаддасро пеши Қорӣ Абдулмубини Андиҷонӣ омӯхтааст.

Бар пояи гузориши сойти Ахбор, Қорӣ Абдулхолиқро як устоди умдаи қориёни тоҷик мешинохтанд. Ӯ беш аз 5 ҳазор ҳофизи комили Қуръонро тарбият кардааст, ки дар байни онҳо машҳуртарин қориёни имрӯзаи Тоҷикистон, аз ҷумла Қорӣ Сиратуллоҳи Элокӣ, Қорӣ Муҳаммадсаиди Панҷӣ ва додари худи Қорӣ Абдулхолиқ – Қорӣ Муҳаммадайюбро метавон ном бурд.

Реклама


Рубрики:Машоҳир

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: