Омрико аз Барҷом хориҷ шуд / Тромп: “Болотарин сатҳи таҳримҳоро алайҳи Эрон эъмол мекунем”

Раисиҷумҳури Омрико рӯзи сешанбе тасмими худро дар бораи Барҷом (Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак) ё ҳамон “тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1” эълом кард ва гуфт: “Хуруҷ аз Барҷом, Омрикоро бисёр амнтар хоҳад кард.”

Эрон ва панҷ кишвари узви доими Шӯрои амнияти Созмони Милал (Омрико, Фаронса, Ангилис, Русия ва Чин) ба иловаи Олмон, дар тобистони соли 2015 ба тавофуқе даст ёфтанд, ки қарор буд дар муқобили эҷоди маҳдудият дар бахшҳое аз фаъолиятҳои ҳастаии Эрон, ҳамаи таҳримҳои байналмилалӣ ва якҷонибаи муртабит бо барномаи ҳастаии Эронро рафъ кунад.

Тромп гуфт: “Ин ба истилоҳ, тавофуқ, қарор буд аз Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони мо дар баробари ҷунуни бомби ҳастаии Эрон муҳофизат кунад — силоҳе, ки танҳо бақои режими Эронро ба хатар хоҳад андохт.”

Вай дар бораи Барҷом гуфт: “Ин тавофуқ дар воқеъ ба Эрон иҷоза дод ғанисозии урониюмро идома диҳад ва бо гузашти замон ба остонаи гурези ҳастаӣ бирасад.”

Тромп тасреҳ кард: “Дар замоне, ки Омрико аз бештарин аҳруми фишор бархӯрдор буд, ин тавофуқи фоҷеабор милёрдҳо дулор пул, ки бархе аз онҳо пули нақд буданд, дар ихтиёри ин ҳукумат — ва режими теруризми ваҳшатноки он — қарор дод, ки барои ман ба унвони як шаҳрванди Омрико шармовар буд.”

Тромп дар идома муддаӣ шуд, Омрико дар соли 2015 метавонист ба “тавофуқе созанда” даст пайдо кунад. Ӯ гуфт: “Дар он замон метавонистем ба осонӣ ба тавофуқе созанда даст пайдо кунем.”

Ӯ изофа кард: “Меҳвари тавофуқи ҳастаӣ ин афсона буд, ки режими саффок фақат ба дунболи барномаи сулҳомези энержии ҳастаӣ будааст.”

Тромп изофа кард: “Имрӯз мо шавоҳиди қатъӣ дорем, ки ин ваъдаҳои Эрон дурӯғ буданд.”

Раисиҷумҳури Омрико бо истинод ба асноди иддаоии нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт: “Ҳафтаи гузашта Исроил асноди иттилоотие мунташир кард, ки собиқаи Эрон дар заминаи дунбол кардани силоҳҳои ҳастаиро нишон дод.”

Вай гуфт: “Ман қаблан гуфтаам, ки агар натавон Барҷомро ислоҳ кард, дар он намемонем.”

Тромп гуфт: “Дар лаҳазоти оянда, санадеро барои бозгардондани таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эрон имзо мекунам. Болотарин сатҳи таҳримҳои иқтисодиро эъмол хоҳем кард.”

Вай изофа кард: “Ҳар кишваре, ки ба Эрон барои дастёбӣ ба силоҳ кӯмак кунад, ба шиддат тавассути Иёлоти Муттаҳида таҳрим хоҳад шуд. Омрико бо ришваи ҳастаӣ гаравгон гирифта нахоҳад шуд.”

Тромп дар идома гуфт: “Иёлоти Муттаҳида дигар ваъдаҳои пуч намедиҳад. Вақте, ки ман ваъда медиҳам, ба он амал мекунам.”

Раисиҷумҳури Омрико муддаӣ шуд, ки хуруҷ аз Барҷом, Омрикоро амнтар хоҳад кард. Ӯ гуфт: “Ин иқдом, Омрикоро бисёр амнтар хоҳад кард.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: