Перейти к содержимому

Пошиниён саранҷом нахуствазири Арманистон шуд

Порлумони Арманистон дар дуввумин ҷаласа барои интихоби нахуствазир, Никул Пошиниёнро ба унвони нахуствазир таъйин кард.

Порлумони Арманистон дирӯз (08.09.2018) бо 59 раъйи мувофиқ ва 42 раъйи мухолиф, Никул Пошиниёнро ба унвони нахуствазири Арманистон баргузид.

Шуморе аз намояндагони ҳизби ҳоким ба нахуствазирии Пошиниён раъйи мусбат доданд. Ин дар ҳоле аст, ки намояндагони ин ҳизб ҳафтаи пеш монеъ аз интихоби Пошиниён шуда буданд.

Ҳазорон нафар аз ҳаводорони Пошиниён дар майдони аслии шаҳр ҷараёни раъйгириро тамошо карданд. Бисёре аз ин афрод либосҳои сафедранг барои таъкид бар мусолиматомез будани ҷунбиши эътирозӣ бар тан доштанд.

Пеш аз раъйгирӣ, Пошиниён гуфт, фасодро дар кишвар решакан хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, ҷилави тақаллуби интихоботиро хоҳад гирифт.

Пошиниён бо ишора ба нақши занон дар ҷунбиши эътирозӣ гуфт, бояд фурсатҳои баробар барои занон дар кишвар эҷод шавад ва занон бояд ҳузури бештаре дар сохтори ҳукумат дошта бошанд.

Бӯҳрони сиёсии Арманистон ахиран ба шиддат боло гирифт. Серж Саркисиён, ки дар тӯли як даҳаи гузашта раисиҷумҳури Арманистон буд, ба симати нахуствазир интихоб шуд, аммо ниҳоятан бо фишори мухолифон аз симати худ истеъфо кард. Ин таҳаввул пас аз 11 рӯз эътирозоти саросарӣ ба раҳбарии ҷунбише бо ҳидояти Никул Пошиниён рух дод ва ин сиёсатмадори опозисиюн пас аз ройзанӣ бо мақомҳо барои гузори сиёсии нарм дар Арманистон саранҷом барои мақоми нахуствазирӣ номзад шуд ва ба пирӯзӣ даст ёфт.

Порлумони Арманистон, ки таҳти контроли ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳ аст, дар оғоз номзадии Пошиниёнро ба унвони нахуствазир рад кард. Ин дар сурате аст, ки ӯ танҳо номзад буд. Рӯзе пас аз он, эътирозоти саросарӣ аз сар гирифта шуд ва ниҳоятан қонунгузорони Ҷумҳурихоҳ бо таъйини рӯзи ҳаштуми май барои раъйгирии муҷаддад мувофиқат карданд.

Қиёми сулҳомези Арманистон алайҳи ҳокимияти такҳзибӣ амре бесобиқа шумурда мешавад. Русия дар Арманистон пойгоҳи низомӣ дорад, аммо дар ин таҳаввулот дахолате накард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: