Раҳбари Эрон: “Даъвои Омрико бо мо бунёдӣ аст ва бо асли Ҷумҳурии Исломӣ мухолиф аст”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки “масъалаи ҳастаиро ба шакле, ки мухолифони Эрон мехостанд қабул кардем ва зери бор рафтем, аммо душмании Омрико ва баҳонагирии онҳо тамом нашуд” гуфт: “Агар фардо эълом кунед, ки дигар мушак тавлид намекунем ё бурди онҳоро маҳдуд мекунем ва ин масъала тамом мешавад, ҳатман як баҳона ва қазияи дигарро матраҳ мекунанд, чаро ки даъвои онҳо бо мо бунёдӣ аст ва Омрико бо асли Ҷумҳурии Исломӣ мухолиф аст.”

Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, имрӯз (чаҳоршанбе, 09.05.2018) дар дидори ҳазорон нафар аз донишҷӯён ва муаллимон, бо ишора ба хуруҷи Омрико аз Барҷом, гуфт: “Борҳо гуфта будем ба Омрико эътимод накунед, ин ҳам натиҷааш! Дар бораи музокира бо се кишвари урупоӣ ҳам мегӯем, ба инҳо ҳам набояд эътимод кард ва барои ҳар қарордод бояд тазминҳои воқеӣ ва амалӣ бигиред, вагарна намешавад ба ин шакл ҳаракатро идома дод.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ишора ба ҳарфҳои Тромп, ки онро “сахифу сабук” хонд, гуфт: “Ин шахс илова бар беш аз даҳ дурӯғи ошкор, миллати Эрон ва Ҷумҳурии Исломиро ҳам таҳдид кард, ки банда аз тарафи миллати Эрон ба ӯ мегӯям: шумо ғалат мекунед!

Раҳбари Эрон масъалаи Омрикоро “масъалае муҳим, ҷиддӣ ва ғайриэҳсосотӣ” баршумурд ва хотирнишон кард: “Душмании мустамир, амиқ ва барандозонаи омрикоиҳо душманӣ бо инҷониб ё дигар масъулони кишвар нест, балки хусумат бо маҷмӯаи низоми исломӣ ва миллате аст, ки ин низомро интихоб карда ва дар роҳи он ҳаракат мекунад.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Ҳатто дар давлати Убомо, ки нома менавиштанд ва ҳарфҳое мезаданд, дар садади барандозӣ буданд, аммо ба дурӯғ мегуфтанд ҳадафамон барандозии низоми исломӣ нест.”

Раҳбари Эрон гуфт: “Вақте масъалаи ҳастаӣ ва таҳримҳо шурӯъ шуд, бархе чеҳраҳои шинохташуда ба инҷониб мегуфтанд: чаро бар рӯи масъалаи ҳастаӣ меистед, ин масъаларо канор бигузоред, то омрикоиҳо хабосат ва душманӣ накунанд. Ин ҳарф албатта аз чанд зовия ғалат буд; яке ин ки энержии ҳастаӣ ниёзи воқеи кишвар аст ва то чанди соли дигар, Эрон ба 20 ҳазор меговот барқи ҳастаӣ ниёз дорад. Мегӯед, барои таъмини ниёзи худ ба энержӣ, нафт доред, аммо магар нафт абадӣ аст? Оё вақте нафт тамом шуд, тоза ба дунболи имконоти ҳастаӣ биравем? Оё наслҳои он рӯз моро лаънат намекунанд, ки чаро бамавқеъ суроғи энержии ҳастаӣ нарафтед?

Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Ҳамон мавқеъ ба ин масъулон мегуфтам, энержии ҳастаӣ баҳона аст, агар инро кӯтоҳ биёед, омрикоиҳо баҳонаи дигаре мегиранд. Онҳо мегуфтанд, ин ҷурӣ нест, аммо ҳоло дидед, ки ҳаминҷурӣ аст, ва он чи мегуфтем таҳаққуқ ёфт.”

Вай афзуд: “Масъалаи ҳастаиро ба шакле, ки мухолифони Эрон мехостанд қабул кардем ва зери бор рафтем, аммо душмании Омрико ва баҳонагирии онҳо тамом нашуд. Агар фардо эълом кунед, ки дигар мушак тавлид намекунем ё бурди онҳоро маҳдуд мекунем ва ин масъала тамом мешавад, ҳатман як баҳона ва қазияи дигарро матраҳ мекунанд, чаро ки даъвои онҳо бо мо бунёдӣ аст ва Омрико бо асли Ҷумҳурии Исломӣ мухолиф аст.”

Раҳбари Эрон, иллати аслии ин хусумати шадидро “пирӯзии Инқилоби Исломӣ ва ташкили Ҷумҳурии Исломӣ ва кӯтоҳ шудани дасти омрикоиҳо аз Эрон” донист ва афзуд: “Онҳо мехоҳанд низомро нобуд ва муҷаддадан бар Эрони дорои захоири муҳим ва мавқеияти роҳбурдӣ ҳукмфармоӣ кунанд. Омрикоиҳо навкароне мехоҳанд, ки монанди бархе ҳуккоми кишварҳои минтақа фақат итоат кунанд, аммо Ҷумҳурии Исломӣ иззати худ ва миллати Эронро ба рухи онҳо мекашад, ва ин азамат ва сарафрозӣ барои онҳо қобили таҳаммул нест.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ишора ба номае, ки Тромп чанд рӯз қабл барои ҳуккоми кишварҳои халиҷи Форс фиристодааст, афзуд: “Раисиҷумҳури Омрико дар нома ба ин кишварҳо дастур медиҳад, ки ин корҳоро бикунед ва он корҳоро накунед! Онҳо мехоҳанд бо низоми исломӣ ҳамин гуна рафтор кунанд, аммо наметавонанд, чаро ки Ҷумҳури Исломӣ зиллати миллат ва кишварро дар даврони Қоҷор ва Паҳлавӣ ба иззату истиқлолу истодагӣ табдил карда ва аз манофеи миллии худ кӯтоҳ намеояд.”

Раҳбари Эрон дар идома, рафтори Тромпро “зишт ва сахиф” ва онро “қобили интизор” хонд ва бо ишора ба истимрори “хабосати ҳамаи масъулони мухталифи омрикоӣ дар ҳама солҳои пас аз инқилоб” афзуд: “Касоне, ки он хусуматҳоро нисбат ба миллати Эрон анҷом медоданд, акнун устухонҳояшон зери хок аст, аммо Ҷумҳурии Исломӣ истодааст, ин оқо (Тромп) ҳам рӯзе баданаш зери хок меравад, аммо Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчунон истода ва сарафроз хоҳад буд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, бо ишора ба Барҷом, гуфт: “Ба масъулин гуфтем, қабл аз ҳар қарордод, аз тарафи муқобил тазминҳои воқеӣ бигиред ва ба ҳарфи онҳо эътимод накунед.”

Вай, бо ёдоварии шартҳои худ барои пазириши Барҷом аз тарафи Эрон гуфт: “Яке аз ин шартҳо, тазмини катбӣ ва имзои раисиҷумҳури вақти Омрико мабнӣ бар бардошта шудани таҳримҳо буд, албатта масъулони мӯҳтарам талош карданд, аммо натавонистанд ва натиҷааш ин шуд, ки баъд аз ду солу ними амал кардани Эрон ба ҳамаи таъаҳҳудот, раисиҷумҳури Омрико зимни хуруҷ аз Барҷом, миллати Эронро таҳдид ҳам мекунад.”

Раҳбари Эрон ба масъулони кишвараш дар бораи идома додани Барҷом бо се кишвари урупоӣ ишора кард ва афзуд: “Ман ба ин се кишвар ҳам эътимод надорам ва мегӯям, ба инҳо ҳам эътимод накунед. Агар мехоҳед қарордоде бибандед, тазмини воқеӣ ва амалӣ бигиред, вагарна фардо инҳо ҳам ҳамон кори имрӯзи Омрикоро ба шеваи дигаре хоҳанд кард.”

Вай афзуд: “Инҳо гоҳе дар ҳоли лабханд, ханҷарро дар синаи тарафи муқобил фурӯ мебаранд ва бо таърифу тамҷиди зоҳирӣ ва ин ки мо медонем шумо қарордодро ба ҳам намезанед, аҳдофи худро дунбол мекунанд. Ин масъала бисёр ҳассос аст, агар тавонистед тазмини қатъӣ ва қобили эътимод бигиред, ки албатта бисёр баъид аст, ишколе надорад ва ҳаракатро идома диҳед, вагарна намешавад ба ин шакл ҳаракатро идома дод.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: