Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (195)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (28)

Қазо ва қадар (1)

Ин масъала, севвумин масъала аз мабоҳиси марбут ба афъоли илоҳӣ аст. Дар ин масъала, қазо ва қадар яъне навъи робита ва пайванди ашё ва махлуқот аз назари ҳатмияту қатъият, ва аз назари ҳудуду андозаҳо, ва аз назари мизони дахолати соири авомил дар падид овардани ашё, ва махсусан мизони истиқлол ва ихтиёр ва озодии инсон, мавриди баҳс қарор мегирад.

Дар ин мабҳас як масъалаи ба хусус мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ мешавад, ва он, масъалаи вуқӯи шурур дар низоми олам ва кайфияти истиноди онҳо ба зоти воҷибулвуҷуд аст.

Албатта мабоҳиси зиёде дар бораи қазо ва қадари илоҳӣ ҳаст, махсусан аз ҷанбаи маорифи исломӣ. Дар маорифи исломӣ яъне дар оёт ва ривоёти исломӣ ҳақоиқи зиёде дар ин замина гуфта шуда ва ҳамонҳо илҳомбахши ҳукамо ва фалосифаи илоҳӣ шудааст.

Ба таври куллӣ, дар илоҳиёт билмаънал-ахасс, фалсафаи исломӣ фавқулъода таҳти таъсири осори исломӣ аст, ва ин таъассур бар хилофи иддаои мусташриқон ба ин сурат нест, ки ақоиди мазҳабии исломӣ чизеро бар ҳикмати исломӣ таҳмил карда бошад, балки илҳомбахши фалсафаи исломӣ шудааст. Яъне фалсафа ва ҳикмати исломӣ дар айни ҳол, ки озодии худро ҳифз карда ва сирфан дар чаҳорчӯби бурҳонҳои ақлӣ тайи тариқ кардааст, аз китоб ва суннат илҳомҳои зиқимате гирифтааст, ва ҳамин илҳомҳо сабаб шудааст, ки миёни илоҳиёти исломӣ ва илоҳиёти ғайриисломӣ, аъамм аз юнонӣ ва масеҳӣ ва яҳудӣ ва ғайра, тафовуте аз замин то осмон пайдо шавад.

Усули масоиле, ки дар баҳси қазо ва қадар лозим аст мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирад, иборат аст аз:

1) Маънии луғавӣ ва истилоҳии қазо ва қадар;

2) Мафҳуми қазо ва қадар ва лавҳ ва қалам ва китобат ва ғайра дар осори исломӣ;

3) Таърихчаи қазо ва қадар дар дунёи қабл аз ислом;

4) Таърихчаи он масъала дар дунёи ислом;

5) Тафовути мафҳуми қазо ва қадари исломӣ бо соири мактабҳо;

6) Ақсоми қазо ва қадар: илмӣ ва айнӣ, ҳатмӣ ва ғайриҳатмӣ;

7) Масъалаи бадо ва тағйири қазо ва қадар аз ҷониби Худо;

8) Имкон ва ё адами имкони тағйир ва табдили қазо ва қадар ба василаи инсон;

9) Нақши авомили табиӣ ва ғайритабиӣ дар ҳаводис аз назари қазо ва қадар;

10) Масъалаи иҷбор ё ихтиёри инсон аз назари қазо ва қадар ва осори суи ақидаи ҷабр;

11) Шурур ва нуқсонот аз назари иртибот бо қазо ва қадар;

12) Қазо ва қадар ва ҷабру ихтиёр дар макотиби моддӣ.

Баҳс дар бораи ҳамаи инҳо худ як рисолаи мустақилле хоҳад буд. Мо дар китоби “Инсон ва сарнавишт” дар бораи аксари ин масоил баҳс кардаем.

Он чи дар ин мақола баҳс шудааст — пас аз зикри муқаддимае дар бораи ин ки низоми олам низоми зарурӣ аст ва ашё дар зарурати худ мустанад ба воҷибулвуҷуд мебошанд ва ашё аз он ҷиҳат, ки ба иллатҳои томмаи худ мансубанд, зарурӣ ва ғайри қобили тағйиранд, ва аз он ҷиҳат, ки ба иллатҳои ноқисаи худ мансубанд, мумкин ва қобили тағйир мебошанд — иборат аст аз:

1) Маънии қазо ва қадар;

2) Қазо қобили тағйир нест ва қадар қобили тағйир аст;

3) Шурур ба Худованд нисбат надорад.

Мо дар ин ҷо танҳо дар бораи ин матолиб тавзеҳоте медиҳем.

* * *

Маънии қазо ва қадар

Калимаи “қазо” ба ҳасби асли луғат ҳамон тавр, ки Роғиб дар “Муфрадотул-Қуръон” мегӯяд, ба маънии “файсала додан” аст, хоҳ феъле бошад ва хоҳ қавле, хоҳ ба Худованд нисбат дода шавад ва ё ба ғайри Худованд.

Калимаи “қазо” дар мавриди “ҳукм” зиёд истеъмол мешавад. Зоҳиран ин бад-он ҷиҳат аст, ки ҳукм, поёндиҳанда ва қатъикунандаи як ҷараён аст. Калимаи “қазо” муродиф бо “ҳукм” нест, зеро дар мавориде ба кор бурда мешавад, ки истеъмоли калимаи “ҳукм” дар он маворид ба ҳеч ваҷҳ саҳеҳ нест, мисли:

فَقَضَاهُنَّ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ

Пас онҳоро (ба сурати) ҳафт осмон муқаррар дошт…” (Сураи Фуссилат, ояти 12)

Ва ё:

فَإِذَا قَضَيْتُم مَّنَاسِكَكُمْ

Ва чун одоби вежаи ҳаҷҷи худро ба ҷой овардед…” (Сураи Бақара, ояти 200)

Ва ё:

وَقُضِيَ الأَمْرُ

Ва кор (доварӣ) яксара шавад…” (Сураи Бақара, ояти 210)

Дар ҳамаи ин маворид мафҳуми “файсала додан” ва “поён бахшидан” ва “қатъӣ кардан”-ро медиҳад, вале саҳеҳ нест, ки дар ин маворид ба ҷои калимаи “қазо” калимаи “ҳукм” ба кор бурда шавад. Албатта бисёре аз маворид ҳам ҳаст, ки саҳеҳ аст ба ҷои ин калима, калимаи “ҳукм” ба кор бурда шавад ва онҳо ҳамон мавориде аст, ки ҳукме ташреӣ ё таквинӣ сабаби файсала додан ва қатъӣ шудани як чиз шудааст, мисли:

وَاللَّهُ يَقْضِي بِالْحَقِّ وَالَّذِينَ يَدْعُونَ مِن دُونِهِ لَا يَقْضُونَ بِشَيْءٍ

Ва Худост, ки ба ҳақ ҳукм ва доварӣ мекунад ва касонеро, ки дар баробари ӯ мехонанд, (оҷизанд ва) ба чизе доварӣ намекунанд…” (Сураи Ғофир, ояти 20)

Ва ё:

وَكَانَ أَمْرًا مَّقْضِيًّا

Ва (ин) дастуре қатъӣ аст.” (Сураи Марям, ояти 21)

Калимаи “қадар” ба маънии “андоза” аст. Мавориди истеъмоли ин калима ҳамин мафҳумро мерасонад, мисли:

إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ

Моем, ки ҳар чизеро ба андоза офаридаем.” (Сураи Қамар, ояти 49)

Бинобар ин, калимаи “тақдир” ба маънии “андозагирӣ кардан” ва ё “таъйину ташхиси андозаи як шайъ” аст.

Дар “Таҷрид” ва шуруҳи он дар мабҳаси афъоли Борӣ, иддао шудааст, ки ҳар як аз қазо ва қадар ба се маънӣ итлоқ шудааст:

Халқ;

Илзом ва эҷоб;

Эълом.

Вале ба назар мерасад, ки ин матлаб саҳеҳ нест. Ҳамаи мавориде, ки иддао шудааст, ки ба маънии “халқ” ё “эълом” истеъмол шудааст, ҳамон мафҳуми “файсала додан ва қатъӣ кардан”-ро медиҳад. Иддаои ин ки ин калима мафҳуми “халқ” ё “эълом” дорад, аз боби иштибоҳи мафҳум бо мисдоқ аст ва ё навъе таъвил ва тавҷеҳи каломӣ аст. Мутакаллимин маъмулан ҳангоме, ки бо таъбире дар Қуръон мувоҷеҳ мешаванд, ки бо усули мусаллами худашон ҷур намеояд, даст ба тавҷеҳу таъвил мезананд. Лузуме надорад дар ин бора зиёд баҳс кунем.

Бинобар ин, маънии қазои илоҳӣ дар бораи ҳаводиси ҷаҳон ин аст, ки: ин ҳаводис аз ноҳияи зоти Ҳақ қатъият ва ҳатмият ёфтаанд, ҳукми қатъии Ҳақ дар бораи онҳо чунин ва ё чунон аст.

Ва маънии тақдири илоҳӣ ин аст, ки: ашё андозаи худро аз он ноҳия касб кардаанд. Ва чун Худованд фоъили билилм ва билмашиа ва билирода аст, бозгашти қазо ва қадар ба илм ва ба ирода ва машиати илоҳӣ аст.

Соҳиби “Мавоқиф”, ки аз машоҳири мутакаллимин аст, дар бораи маънӣ ва мафҳуми “қазо ва қадар” мегӯяд:

Қазои илоҳӣ аз назари Ашоира иборат аст аз иродаи азалии Ҳақ, ки ба вуҷуди ашё дар зарфи худ таъаллуқ гирифтааст, ва қадари илоҳӣ иборат аст аз эҷоди ашё ба ваҷҳи хосс ва андозаи муайян аз назари зоту сифот.”

Аз назари Ашоира, қазо ва қадари илоҳӣ омм аст, яъне шомили ҳама чиз мешавад, ҳеч чизе нест, ки аз ҳитаи қазо ва қадари илоҳӣ хориҷ бошад, вале аз назари Мӯътазила баъзе чизҳо ва махсусан афъоли ихтиёрии инсонҳо аз ҳитаи қазо ва қадари илоҳӣ хориҷ аст. Мӯътазила ақидаи Ашоираро бар умумияти қазо ва қадари илоҳӣ, мусталзими ҷабр ва мухолифи адли илоҳӣ медонанд, ва Ашоира ақидаи Мӯътазиларо бар (адами) умумияти қазо ва қадар ширк медонанд.

Дар китобҳои каломия менависанд, ки Қозӣ Абдуҷҷаббори Мӯътазилӣ ба маҳзари Соҳиб ибни Уббод, вазири маъруф ворид шуд, дар ҳоле, ки Абӯисҳоқи Исфароинӣ, ки ашъаримаслак буд, он ҷо ҳозир буд. Ба маҳзи ин ки чашми Қозӣ ба Абӯисҳоқ афтод гуфт:

سبحان من تنزّه عن الفحشاء

Муназзаҳ аст Худой, ки домани иззаташ аз иродаи корҳои зишт пок аст!”, ишора ба ин ки ту бо эътиқод ба умумияти қазо ва қадар, корҳои зиштро низ аз қазои илоҳӣ медонӣ ва ҳол он ки Худованд аз кори зишт муназзаҳ аст, ва ба иборати дигар: ақидаи ту мухолифи асли адли илоҳӣ аст. Абӯисҳоқ фавран гуфт:

سبحان من لا يجري في ملكه الاّ ما يشاء

Муназзаҳ аст Худой, ки дар мулки ӯ (мулки офариниш) чизе ҷуз ба машиати ӯ ҷорӣ намешавад!”, ишора ба ин ки ту бо эътиқод ба адами умумияти қазо ва қадар, мӯътақид ҳастӣ, ки дар мулки Худованд умуре ҳодис мешавад бар хилофи машиати ӯ, ва ба иборати дигар: ақидаи ту мухолифи асли тавҳиди (тавҳид дар афъоли) илоҳӣ аст.

Ашоира ва Мӯътазила ҳамвора якдигарро мавриди интиқод қарор медоданд. Мӯътазила ба асли адл тамассук карда ва Ашоираро зидди адл медонистанд, ва Ашоира ба асли тавҳид (тавҳид дар холиқият ва дар афъол) часпида ва Мӯътазиларо зидди тавҳид медонистанд, ва боз мутақобилан Мӯътазила дар масъалаи тавҳиди сифот, Ашоираро мушрик ва зидди тавҳид мехонданд, зеро Ашоира мӯътақид ба муғойирати сифот бо зот ва таъаддуди қудамо буданд ва Мӯътазила мункири сифот буданд. Аз ин рӯ Мӯътазила худро “Аҳлул-адли ват-тавҳид” меномиданд.

Вале ҳақиқат ин аст, танҳо мактабе, ки тавонист, ки ҳам аҳлул-адл бошад ва ҳам аҳлут-тавҳид, ва дар тавҳид ҷамъ кунад миёни тавҳиди зоту сифоту афъол, мактаби Имомони аҳли байт (а) буд. Дар ин мактаб тазодде, ки миёни асли адл ва асли тавҳид дар холиқият мутасаввар аст ва ҳеч соҳиби мактабе натавонистааст онро ҳал кунад, ҳал шудааст.

Ба ҳар ҳол, Мӯътазила, ки мункири умумияти қазои илоҳӣ мебошанд, барои ин ки оёт ва ривоётеро, ки дар заминаи умумияти қазои илоҳӣ омадааст битавонанд тавҷеҳ кунанд, мегӯянд:

Яке аз маъонии қазои илоҳӣ “эълом” аст ва қазои омми илоҳӣ ба маънии эъломи омми илоҳӣ аст, на ба маънии халқу эҷод, ва на ба маънии илзому эҷоб.

Ҳукамо ва фалосифаи исломӣ қазои илоҳиро ба гунае тафсир мекунанд. Онҳо аввалан қазои илоҳиро феъли илоҳӣ медонанд, ва сониян онро иборат аз навъе вуҷуди илмии ашё дар мартибае аз маротиби вуҷуд медонанд, ва солисан онро омм ва шомили ҳама чиз медонанд. Маъмулан дар таърифи “қазои илоҳӣ” мегӯянд:

القضاء عبارة عن وجود جميع الموجودات في العالم العقلي ومجتمعة ومجملة على سبيل الإبداع

Қазои илоҳӣ иборат аст аз вуҷуди ҷамиъи ашё ба наҳви басит дар олами ақл.” (Шарҳи Ишорот, 3/317)

Олами ақл аввалан махлуқи Борӣ Таъолост, вале ба наҳви ибдоъ на ба наҳви таквин, сониян нисбати он олам бо олами таквин, нисбати иллат ба маълул аст, ва солисан ҳеч ҳодисае нест магар он ки дар он олам вуҷуди илмӣ ва ақлӣ дорад ва вуҷуди айнии он ношӣ аз ҳамон вуҷуд аст. Ҳукамои исломӣ ояти каримаи:

وَإِن مِّن شَيْءٍ إِلاَّ عِندَنَا خَزَائِنُهُ وَمَا نُنَزِّلُهُ إِلاَّ بِقَدَرٍ مَّعْلُومٍ

Ҳар чизе реша ва махзане балки махозине дорад ва аз он махозин бад-ин ҷаҳон фуруд меояд” (Сураи Ҳиҷр, ояти 21)-ро ишора ба олами қазо медонанд. Ва ҳамчунин ояти каримаи:

وَعِندَهُ مَفَاتِحُ الْغَيْبِ لاَ يَعْلَمُهَا إِلاَّ هُوَ وَيَعْلَمُ مَا فِي الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَمَا تَسْقُطُ مِن وَرَقَةٍ إِلاَّ يَعْلَمُهَا وَلاَ حَبَّةٍ فِي ظُلُمَاتِ الأَرْضِ وَلاَ رَطْبٍ وَلاَ يَابِسٍ إِلاَّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ

Ва калидҳои ғайб танҳо назди ӯст, ҷуз ӯ (касе) онро намедонад, ва он чи дар хушкӣ ва дарёст медонад, ва ҳеч барге фурӯ намеафтад, магар (ин ки) онро медонад, ва ҳеч донае дар торикиҳои замин ва ҳеч тару хушке нест, магар ин ки дар китобе равшан (сабт) аст.” (Сураи Анъом, ояти 59) — ки ишора мекунад ба ҳақоиқе, ки “мифтоҳи ғайб” (калидҳои ғайб) ба шумор мераванд ва ҳамонҳо маноти кашфи ашё мебошанд, ва ҳам ишора мекунад ба ҳақиқате, ки онро “китоби мубин” бояд хонд.

Дар Қуръон аз ҳақиқате ёд шудааст, ки онро “уммул-китоб” мехонад ва аз ҳақиқате, ки онро “қалам” ва ҳақиқате, ки онро “лавҳи маҳфуз” мехонад. Ҳамаи инҳо ишора ба ҳақоиқе аст ғайбӣ ва муҷаррад аз модда.

Ва аммо “қадар” ба маънии андоза аст. Қадари илоҳӣ иборат аст аз нисбате, ки ҳудуди ашё ба зоти Борӣ Таъоло доранд.

Ҳамон ихтилофи назаре, ки дар бораи умумияти қазои илоҳӣ ҳаст, дар бораи қадари илоҳӣ низ ҳаст. Аз назари касоне, ки мӯътақиданд ба умумияти қадари илоҳӣ, ҳудуду андозаи ҳамаи ашё мунтасаб аст ба илму машиат ва иродаи илоҳӣ, ҳамчунон ки вуҷуду вуҷубу зарурати онҳо ба илму машиати илоҳӣ мунтасаб аст.

Бадеҳӣ аст, ки илм ва ё иродаи илоҳӣ (хоҳ илм дар мартибаи зот ва ё илм дар мартибаи феъл ончунон ки ҳукамо мӯътақиданд) аз он ҷиҳат “қазои илоҳӣ” номида мешавад, ки муассир дар вуҷуд ва эҷоди ашёст ва ҳукм ба вуҷуди ашёст ва ашё ба мӯҷиби он зарурат ва ҳатмият пайдо мекунанд, ва ҳамчунин илми илоҳӣ (ва ё мартибае аз илми илоҳӣ) аз он ҷиҳат “қадар” номида мешавад, ки ҳудуди ашё ва андозаи онҳо бад-он мунтасаб аст.

Бинобар ин, “қазои илмӣ” иборат аст аз илми илоҳӣ, ки маншаи ҳатмият ва зарурати ашёст, ва “қадари илмӣ” иборат аст аз илме, ки маншаи ҳудуд ва андозаи ашёст.

Қазо ва қадар аҳёнан дар мавриди аъёни мавҷудот низ итлоқ мешавад ва “қазо ва қадари айнӣ” номида мешавад, ва дар ин сурат, “қазои илоҳӣ” иборат аст аз нафси зарурат ва ҳатмияти ашё аз он ҷиҳат, ки мунтасаб аст ба воҷибулвуҷуд, ва “қадари илоҳӣ” иборат аст аз нафси таъайюни вуҷуд ва андозаи вуҷуди ашё аз он ҷиҳат, ки мунтасаб аст ба воҷибулвуҷуд.

Дар матн, ҳамин маънӣ малҳуз шуда, ки гуфта шудааст:

Аз роҳи назари аввал (нисбати зарурат) ҷаҳон ва аҷзои ҷаҳонро ба воҷибулвуҷуд нисбат дода ва зарурати ҳастии онҳоро “қазо” меномем, ки ба маънии ҳукми қатъӣ аст, ва аз роҳи назари дуввум (нисбати имкон) таъайюни вуҷуд ва мушаххас шудани роҳи пайдоиши онҳоро “қадар” меномем, ки ба маънии андозаи вуҷуд аст.”

* * *

Оё қазо ва қадар қобили тағйир аст?

Дар маҳалли худ собит шудааст, ки низоми ҷаҳон низоми иллату маълул аст ва ҳар маълули хосс иллати хосс дорад. Ва ҳам собит шудааст, ки маълул зарурати вуҷуди худро аз иллати худ касб мекунад, ҳамчунон ки таъайюн ва тақаддури вуҷуди худро аз иллат ва ё иллатҳои худ касб мекунад. Ва собит шудааст, ки илму ирода ва қазои илоҳӣ вуҷуди ҳар чизеро аз тариқи иллати хосси худ эҷоб менамояд.

Аз тарафи дигар, собит шудааст, ки мавҷудоти муҷаррад ва мавҷудоти моддӣ ин фарқро бо ҳам доранд, ки: муҷаррадот мустанаданд ба иллате басит ва ҳеч гуна шароити фоъилӣ ва ё қобилӣ надоранд, вале умури моддӣ илова бар иллати басити муҷид (ба вуҷудоваранда), вобаста ба як силсила шароити эъдодӣ ва қобилӣ мебошанд ва ин шароит мумкин аст тағйир кунад ва вазъи вуҷуди шайъи мавриди назарро тағйир диҳад.

Дар китоби “Инсон ва сарнавишт” гуфтаем:

Мавҷудоти ҷаҳон бар ду қисманд: бархе аз онҳо имкони бештар аз як навъи хосс аз вуҷуд дар онҳо нест, монанди муҷаррадоти ъилвӣ. Бархе дигар имкони беш аз як навъи хосс аз вуҷуд дар онҳо ҳаст ва онҳо моддиёт мебошанд… Моддаи табиӣ истеъдод дорад, ки бо иллатҳо ва авомили мухталиф мувоҷеҳ шавад ва қаҳран таҳти таъсири ҳар кадом аз онҳо як ҳолат ва кайфият ва асаре пайдо мекунад, мухолиф бо ҳолат ва кайфият ва асаре, ки аз он дигаре метавонист пайдо кунад… Барои як моддаи табиӣ ҳазорҳо “агар” вуҷуд дорад… Дар муҷаррадот, ки беш аз як наҳви вуҷуд наметавонанд дошта бошанд ва таҳти таъсири иллатҳои мухталиф қарор намегиранд, қазо ва қадар ҳатмӣ аст ва ғайриқобили табдил аст, зеро бо беш аз як силсила аз иллатҳо сару кор надоранд ва сарнавишти маълул ба дасти иллат аст ва чун имкони ҷонишин шудани силсилае аз иллатҳо ба ҷои ин силсила нест, пас сарнавишти онҳо ҳатмӣ аст. Аммо дар ғайримуҷаррадот, ки имкони ҳазорон нақшу рангро доранд ва таҳти қонуни ҳаракат мебошанд ва ҳамвора бар сари дуроҳиҳо ва чаҳорроҳиҳо мебошанд, қазо ва қадарҳои ғайриҳатмӣ вуҷуд дорад яъне як навъ қазо ва қадар сарнавишти онҳоро муайян намекунад… Сарнавиштҳои мухталиф дар интизори онҳост, ва чун ҳар силсила аз иллатҳоро дар назар бигирем имкони ҷонишин шудани як силсилаи дигар дар кор ҳаст, пас сарнавишти онҳо ғайриҳатмӣ аст. Ба ҳар андоза, ки “агар” дар бораи онҳо саҳеҳ аст, қазо ва қадарҳо ҳаст ва имкони тағйиру табдил вуҷуд дорад.”

Агар аз назари он чи дар ҷаҳони ҳастӣ воқеъ шуда ва мешавад нигоҳ кунем, як навъ қазо ва қадар бештар вуҷуд надорад. Яъне ашё он тавр, ки ҳастанд ва бо истинод ба иллатҳо ва асбоби томмае, ки ба онҳо истинод доранд, қазо ва қадарашон ҳатмист, вале дар айни ҳол навъе зарурати машрут ва қадари машрут ҳам дар бораи мавҷудоти моддӣ воқеан содиқ аст, ки: “агар чунин мешуд, имкони чунон шудан дар кор буд”.

Ин матлабро метавонем ба сурати дигар баён кунем, ва он ин ки бигӯем: қазо ҳатмӣ ва лоятағайяр аст ва аммо қадар ғайриҳатмӣ ва қобили тағйир аст. Тавзеҳи матлаб ин ки: нисбати вуҷуди ашё ба иллатҳои томмаи худ зарурӣ ва қатъӣ аст, вале нисбати вуҷуди онҳо ба зоти онҳо ва ба иллатҳои ноқисаи онҳо ғайризарурӣ яъне мумкин аст. Нисбати вуҷуди ашё ба иллатҳои муҷидашон (ба вуҷудоварандаашон), феълият ва камол аст ва нисбати вуҷуди онҳо ба иллатҳо ва шароити эъдодӣ ва қобилӣ, нуқсон ва маҳдудият аст. Ба иборати дигар, ашё ҳар камолеро, ки доранд аз ноҳияи иллатҳои муфиза ва муҷидаи худ доранд ва ҳар нуқсон ва ҳадду андозае, ки доранд, аз ноҳияи шароити қобилӣ аст. Пас, қадар ва андоза аз шароити қобилӣ падид меояд. Ва аз тарафе, қаблан гуфтем, ки шароити қобилӣ ва моддӣ, баъзе ҷонишини баъзеи дигар мегарданд. Пас, он чи тағйир мепазирад, қадари ашёст, на қазои онҳо, ки ҳатмӣ ва лоятахаллаф аст.

Дар ривоят омадааст, ки:

Алӣ (а) дар сояи девори каҷе нишаста буд ва чун онро мушриф ба харобӣ дид, аз он ҷо ҳаракат кард ва дар зери сояи дигаре нишаст. Шахсе ба он ҳазрат арз кард:

تفرّ من قضاء الله

“Оё аз қазои илоҳӣ фирор мекунӣ?”

Фармуд:

أفرّ من قضاء الله الى قدر الله

Яъне, аз қазои илоҳӣ ба қадари илоҳӣ фирор мекунам.” (Тавҳиди Садуқ, с.337)

Ин ривоят ба ҳамин матлаб далолат мекунад.

Аммо масъалаи интисоб ё адами интисоби шурур ба зоти Борӣ Таъоло дар гузашта дар борааш дар се фасл баҳс кардаем:

Яке ин ки шарр амри адамӣ аст. Дигар ин ки ин аъдом, ки “шурур” номида мешаванд, аз лавозими зарурӣ ва лоянфакки ҷаҳони табиатанд. Севвум, фавоид ва осор шурур.

Он чи дар ин ҷо баҳс шуда дар ду ҷиҳат аст: яке адамӣ будани шурур ва ин ки чун адамӣ мебошанд ва ба ҷанбаҳои қадарии ашё марбут мешаванд, пас мунтасаб ба зоти Борӣ Таъоло намебошанд. Дигар ин ки олами табиат аз ин аъдом ва шурур мунфак нест. Ва мо дар гузашта дар бораи ҳар ду ҷиҳат баҳс кардаем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: