Шарҳи Маснавӣ (277)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (21)

* * *

Муроъот кардани зан шавҳарро ва истиғфор кардан аз гуфтаи хеш (4)

* * *

Чун пайи “яскун илайҳо”-ш офарид,

Кай тавонад Одам аз Ҳавво бурид?

Аз он ҷиҳат, ки ҳадафи Худо аз офариниши зан оромиши мард буд, Одам (а) чӣ гуна метавонад аз Ҳавво бибурад?

Нукта: Мисроъи аввал ишорат аст ба ояти 189 аз сураи Аъроф:

هُوَ الَّذِي خَلَقَكُم مِّن نَّفْسٍ وَاحِدَةٍ وَجَعَلَ مِنْهَا زَوْجَهَا لِيَسْكُنَ إِلَيْهَا

Ӯст Худое, ки ҳамаи шуморо аз як тан биёфарид ва аз ӯ низ ҳамсарашро бинҳод, то ба ӯ ором гирад…

Одаму Ҳавво дар ин ҷо мисоле аст аз ҷинси зану мард ва Мавлоно бо истинод ба ин оят мехоҳад ниёзи мардону занонро амре табиӣ муаррифӣ кунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, сс.723-724)

Рустами Зол ар бувад в-аз Ҳамза беш,

Ҳаст дар фармон асири золи хеш.

Агар фаразан як мард Рустами Зол ҳам, ки бошад ва аз ҳазрати Ҳамза (р) ҳам нерӯмандтар бошад, дар фармонпазирӣ боз ҳам асири зани хеш аст.

Нукта: Ҳамза ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим, амуи ҳазрати Паёмбар (с) ва аз саҳобаи олиқадри он бузургвор ва аз муҳоҷирон ба Мадина буд. Дар ҷанги Бадр рашодатҳои фаровон нишон дод ва дар ҷанги Уҳуд низ диловарона ҷангид ва оқибат низ шаҳид шуд.

Зол, дар луғат ба маънии пири фартути сафедмӯй аст ва ғолибан бар зани пир итлоқ мешавад. Дар мисроъи аввал, манзур аз Зол падари Рустам аст, ки сапедмӯй будааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.724)

Он ки олам бандаи гуфташ будӣ,

“Каллиминӣ ё Ҳумайро” мезадӣ.

Он касе, ки ҳама мардуми ҷаҳон бандаи суханони ӯ ҳастанд (яъне Паёмбари бузургвор (с)) ба ҳамсараш ҳазрати Оиша (р) мефармуд: “Бо ман ҳарф бизан!”

Об ғолиб шуд бар оташ аз наҳиб,

Оташаш ҷӯшад, чу бошад дар ҳиҷеб.

Ба унвони мисол: агарчи об бар оташ ғолиб аст, вале оташ низ метавонад бо вуҷуди восита ва монеъе, ки дар миён ҳаст (зарф), обро биҷӯшонад ва бирақсонад.

Наҳиб: тарсу бим, ташар.

Нукта: “Ҳиҷоб”-ро барои зарурати қофия бояд ба сурати “ҳиҷеб” хонд.

Чунки деге ҳойил ояд, шаҳо,

Нест кард он обро, кардаш ҳаво.

Ҳар гоҳ деге бошад ва даруни он об вуҷуд дошта бошад ва рӯи оташ ниҳода шавад, оташ обро бухор мекунад ва ба ҳаво мефиристад.

Нукта: Мавлоно мардро ба об ва занро ба оташ ташбеҳ мекунад, аз он рӯ, ки об оташро бевосита хомӯш мекунад, вале агар обро даруни зарфе резанд ва бар сари оташ гузоранд, оташ обро бухор мекунад ва ба ҳаво мефиристад. Ҳамин тавр, ҳар гоҳ ишқу муҳаббату ҳоҷате дар кор набошад, зан мавриди таваҷҷӯҳи мард қарор намегирад ва чун инҳо дар миён омад, мард монанди мум дар дасти зан нарм аст, пас ғалабаи мард зоҳирӣ аст ва ғолиби ҳақиқӣ зан аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, сс.724-725)

Зоҳиран бар зан чу об ар ғолибӣ,

Ботинан мағлубу занро толибӣ.

Агар ту бар ҳасби зоҳир бар зан ғолиб бошӣ, вале аз ҳайси ботин зан бар ту ғолиб аст, зеро ту толиби зан ҳастӣ ва бад-ӯ майлу хоҳиш дорӣ.

Инчунин хоссийяте дар одамист,

Меҳри ҳайвонро кам аст, он аз камист.

Ин гуна хоссият дар вуҷуди одамӣ ҳаст ва дар ҳайвон нест, зеро ҳайвон ночиз аст ва меҳру муҳаббати ӯ низ бемиқдор аст. Пас, хулосаи калом ин ки: ақл ва муҳаббате, ки дар инсон вуҷуд дорад, дар ҳайвон нест, ба ҳамин сабаб мағлуби ҷуфти хеш нест. (Шарҳи ҷомеи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.725)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: