Ҳунари тағйири режим

Мақолае аз Истефен Волт (Stephen Walt) дар нашрияи Foreign Policy

Ҳамон гуна, ки интизор мерафт, Дунолд Тромп дар баробари нафси худ таъзим кард: ҳасодати шармовараш нисбат ба Борок Убомо, боҷҳое, ки аз тундравҳо гирифтааст, мушовирони ҷадиду тундрави вай, ва болотар аз ҳама, ҷаҳолату нодониаш ва хуруҷ аз тавофуқи ҳастаӣ ва Барҷом ва тавофуқи байналмилалие, ки аз дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ ҷилавгирӣ мекунад, ҳамроҳ бо тасмими аҳмақонааш барои хуруҷ аз мувофиқатномаи ҳамкории Trans-Pacific Partnership (Транс-Тихоокеанского партнерства), ин зоҳиран асаргузортарин иштибоҳи сиёсати хориҷи ӯст.

Аҳаммияти зиёде дорад, ки ба хубӣ дарк кунӣ чӣ иттифоқе дар ҳоли рух додан аст. Тасмими Тромп ба қасди ҷилавгирӣ аз Эрон барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ нест. Агар чунин буд, бисёр оқилонатар буд, ки хеле муҳкам ва дақиқ дар ин тавофуқ боқӣ монда ва барои доимӣ кардани таъаҳҳудоти (ӯҳдадориҳои) он музокира кунад. Ба ҳар ҳол, Ожонси энержии атомӣ ва ниҳодҳои иттилоотии Омрико ҳама иттифоқи назар доранд, ки Эрон аз замони имзои Барҷом ба таъаҳҳудоти худ комилан пойбанд будааст. Дар воқеъ, он гуна, ки Питер Бейнорт (Peter Beinart) баён карда ин Иёлоти Муттаҳида будааст, ки ба шакли қобили таваҷҷӯҳе ба таъаҳҳудоти худ пойбанд набудааст.

Ҳамин тавр бояд гуфт, ки тасмими Тромп бино ба хости вай барои муқобила бо фаъолиятҳои мухталифи минтақаии Эрон ҳамчун ҳимояташ аз Башшор Асад дар Сурия ва Ҳизбуллоҳ дар Лубнон ҳам нест. Агар ҳадафи ӯ ин буд, метавонист зимни боқӣ мондан дар Барҷом маҷмӯае аз иқдомоти мантиқӣ бо музокира бо соири кишварҳо барои фишор бар Эрон дар хусуси ин масоил анҷом диҳад. Тромп на танҳо эҷоди як эътилофи байналмилалии мушобеҳи он чи мунҷар ба Барҷом шуд алайҳи Эронро ғайримумкин хоҳад ёфт, балки аз сӯи дигар акнун Эрон бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ба хубӣ мушоҳида кардааст, ки наметавон ба суханони Омрико эътимод кард, дубаробари қабл барои музокира бо Тромп бемайл хоҳад буд.

Пас чӣ иттифоқе дар ҳоли рух додан аст? Хеле содда аст: хуруҷ аз Барҷом дар ростои “нигаҳ доштани Эрон ба унвони ҷинояткор” ва мумониат аз барқарории иртиботи мӯътадил аз сӯи ин кишвар бо ҷаҳони хориҷ аст. Ин ҳадаф Исроил, лоббии тундрави Исроил (монанди Кумитаи умури умумии исроилиҳои Омрико, Бунёди ҳимоят аз демукросӣ ва Бунёди иттиҳод алайҳи Эрони ҳастаӣ) ва тундравҳои давлат ҳамчун мушовири амнияти миллӣ Ҷон Болтон, вазири умури хориҷа Мойк Помпео ва бисёре дигар аз ин дастро бо ҳам муттаҳид мекунад. Бузургтарин тарси онҳо ин аст, ки агар шароит ба ҳамин минвол пеш биравад, дар ниҳоят онҳо маҷбур хоҳанд шуд, ки Эронро ба унвони як қудрати бартари минтақаии машрӯъ шиносоӣ кунанд ва ба ин кишвар мизоне аз нуфузи минтақаеро ихтисос диҳанд. Ёдоварӣ мекунам, ки нуфузи минтақаӣ, на тасаллути минтақаӣ, ки Эрон эҳтимолан ҳаргиз ба дунболи он нест ва чандин соли нурӣ бо он фосила дорад. Ва балки Тромп ва тундравон ҳатто аз шиносоии ин ки Эрон манофеи минтақаии хосси худро дорад ва ин ки ин кишвар мехоҳад дар ҳаллу рафъи мушкилоти минтақаӣ саҳим бошад метарсанд. Ин мавзӯъ барои тундравҳои Омрико як “нафрин” аст ва ҳадафи аввалияи онҳо ин аст, ки Эрон “барои ҳамеша” монанди “наҷисҳо” мунзавӣ бимонад.

Аммо дар маркази ин чашмандоз, навои дилфиреби тағйири режим шунида мешавад; чизе, ки тундравҳои Омрико ва нерӯҳои мухолифи режими Эрон аз даҳаҳо пеш ба дунболи он будаанд. Ин ҳадафи гурӯҳҳое назири “Муҷоҳидини халқ” аст; гурӯҳи табъидӣ, ки собиқан дар листи теруризми Иёлоти Муттаҳида буданд. Ин гурӯҳ дар дохили Эрон бисёр манфур ҳастанд, аммо дар дохили Омрико, ҳам аз сӯи демукротҳо ва ҳам ҷумҳурихоҳон (аз ҷумла Болтон), ки дар гузашта ҳазинаҳои бисёре аз сӯи ин гурӯҳ барои онҳо шуда, мавриди ҳимоят ҳастанд. Чӣ касе гуфта, ки шумо метавонед як сиёсатмадори омрикоиро бихаред – ё ҳаддиақал ӯро иҷора кунед? — (дар воқеъ дигар касе чунин чизе намегӯяд).

Тундравҳо ду масири эҳтимолӣ барои тағйири режим дар Эрон мебинанд: масири аввал мубтанӣ бар афзоиши фишори иқтисодӣ аст, то дар ниҳоят норизоятиҳои дохилӣ рушд карда ва низоми мубтанӣ бар руҳонияти Эрон ба соддагӣ фурӯ пошад. Масири дуввум таҳрики Эрон барои аз саргирии муҷаддади барномаи атомӣ аст, ки баҳонаи лозим барои як ҷанги пешгиронаро ба Омрико хоҳад дод.

Бигузоред, каме бо диққат ва эҳтиёти бештар ба ин ду гузина ва масир нигоҳ кунем:

Аввалан, гумони ин ки таҳримҳои сифту сахттар мунҷар ба фурӯпошии режим хоҳад шуд, як тафаккури мубтанӣ бар орзу аст. Таҳримҳои Омрико бар рӯи Кубо беш аз 50 сол идома дошт ва ҳанӯз ҳам режими Костру дар Кубо бар сари ҷои худ истодааст (ҳатто дар шароите, ки Фидел мурдааст ва бародари ӯ низ ба нафъи як раисиҷумҳури мунтахаб аз қудрат канор рафта). Беш аз 60 сол таҳримҳои фазоянда ҳатто мунҷар ба он нашуда, ки режими Куреи шимолӣ заррае ба фурӯпошӣ наздик шавад ва монеъ аз дастёбии ин низом ба зарродхонаи ҳастаӣ ҳам нашуд. Солҳост, ки мешунавем, ки Эрон дар остонаи фурӯпошӣ аст, вале ин иттифоқ ҳаргиз рух нахоҳад дод. Таҳримҳо Саддом дар Ироқ ва Қаззофӣ дар Либиро ҳам сарнагун накард.

Тундравҳои мо вақте чанд моҳ пеш тазоҳуроти зидди давлатӣ дар чандин шаҳри Эрон ба роҳ афтод, бисёр хушҳолу ҳаяҷонзада шуданд, ки гӯӣ режим дар Эрон соқит хоҳад шуд. Агар ин мантиқ дуруст бошад, аз замони ба қудрат расидани Тромп, ки чандин ва чанд тазоҳуроти густурда алайҳи ӯ дар шаҳрҳои мухталифи Омрико баргузор шуд, ин тазоҳуротро ба маънии он талаққӣ намоем, ки дар Омрико тағйири режим наздик аст. Фишори иқтисодӣ ҳам, дар бархе маворид метавонад тарафи муқобилро водор ба музокира ва баъзан тағйири сиёсатҳо кунад, аммо хуруҷ аз Барҷом ҳаргиз мунҷар ба зону задани Эрон намешавад.

Агар ман иштибоҳ карда бошам ва низоми мубтанӣ бар руҳонияти Эрон аз ҳам фурӯ пошид, чӣ тавр? Ҳамон тавр, ки дар ҷоҳои дигар дидаем, натиҷаи ин фурӯпошӣ қарор нест як низоми босубот ва мусбат ва тарафдори Омрико биёварад. Тағйири режими мавриди ҳимояти Омрико дар Ироқ мунҷар ба як ҷанги дохилӣ, шӯриши хунин ва зуҳури ДОЪИШ шуд. Ҳамчунин дар мавриди тағйири режими аз хориҷ ҳидоятшуда дар Либӣ. Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин ба шакле мураттаб дар маконҳое назири Яман, Афғонистон, Сумалӣ ва Сурия тайи солҳои ахир мудохила кардааст ва натиҷаи ҳамаи онҳо бесуботии дучандон ва замини ҳосилхез барои теруристҳо будааст.

Ва бигузоред фаромӯш накунем, ки тағйири режим тавассути Омрико дар Эрон – ки мунҷар ба ихроҷи нахуствазири мунтахаб Муҳаммади Мусаддиқ ва боқӣ гузоштани Муҳаммадризошоҳ Паҳлавӣ дар 1953 шуд – базри гароишҳои зидди омрикоиро, ки Иёлоти Муттаҳида аз замони инқилоби 1979 бо он рӯ ба рӯст-ро дар Эрон пошид.

Ва фаромӯш накунем, ки бисёре аз мунтақидони низом– аз ҷумла раҳбарони ҷунбиши мавсум ба ҷунбиши сабз – ҳам аз барномаи ҳастаии Эрон буда ва агар ба гунае ба қудрат бирасанд, қарор нест фармонбардори Вошингтун бошанд.

Дар мавриди гузинаи дуввум – ҷанг –, тундравҳо умедвор ҳастанд, ки агар ин фишор лағзише эҷод кард ва фурсате барои ҷанг зуҳур кард, як ҳамла мунҷар ба он хоҳад шуд, ки зерсохтҳои ҳастаии Эрон нобуд шавад ва мардуми Эронро барои туғён ва сарнагун кардани раҳбарони худ ташвиқ кунад. Ин сенорию хандаовар аст: агар Омрико бар сари эрониҳо бомб бирезад, метавонед ба роҳатӣ шарт бибандед, ки вокуниши аввалияи эрониҳо қадрдонӣ аз шумо нахоҳад буд. Балки ҳамалоти ҳавоии омрикоӣ ё исроилӣ алайҳи Эрон мунҷар ба туғёни руҳияи миҳанпарастии эрониҳо хоҳад шуд ва вафодории ҳатто бештари мардуми Эрон ба ин низомро дар пай хоҳад дошт.

Илова бар ин, ҳамлаи ҳавоӣ аз сӯи Исроил ё Омрико мунҷар ба адами дастёбии Эрон ба силоҳи атомӣ нахоҳад шуд ва танҳо онро барои як ё ду сол ба таъвиқ меандозад. Як чунин ҳамлае тақрибан ҳамаро дар дохили Эрон ба ин натиҷа мерасонад, ки танҳо роҳи амният доштан, абзори боздорандагӣ аз ҷанг алайҳи эшон аст, ҳамон тавр, ки Куреи шимолӣ ин абзорро дорад, ва шарти мӯҳтамал ин аст, ки Эрон талошҳои пинҳонтари худ барои сохти бомби ҳастаиро дубаробар мекунад. Ва замоне, ки Омрико Эронро маҷбур ба интихоби ин масир кунад, эҳтимоли зиёде ҳаст, ки соири кишварҳои минтақа низ ба ин масир бираванд.

Агар фикр мекунед, ки бо вуҷуди чандин давлати муҷаҳҳаз ба силоҳи атомӣ дар Ховари Миёна, ҷаҳон ҷои беҳтаре хоҳад буд, пас ба ҳар василае ин гузинаро интихоб кунед. Баъдан шикояти онро пеши ман наёваред.

Ва иштибоҳ накунед: агар ҷанг шавад ва натиҷаи он маргу мири бештар ва дулорҳои ҳазинашудаи бештаре бошад, ва ё ҳатто мунҷар ба оташи таъорузи минтақаии густурдатаре шавад, масъулияти хатои он танҳо ва танҳо бар ӯҳдаи марде аст, ки акнун дар Кохи сафед нишастааст. Дигар дар он замон хок пошидан ва сарзаниши дигарон ва твиттҳое аз сари бесаводӣ наметавонад ин воқеиятро мунҳариф кунад.

Дар маҷмӯъ, ин охирин иштибоҳи Тромп нишон медиҳад, ки қарор нест сиёсати хориҷии муҳкаме, ки ваъдаи онро дар соли 2016 ба мардуми Омрико дода буд, барои онҳо ба армуғон оварад ва ё иштибоҳоти бузурги пешиниёни ӯро ҷуброн кунад. Балки дар воқеъ Тромп дорад моро ба сиёсати хориҷии соддалавҳона, ғайриҳирфаӣ, ғайривоқеъбинона ва фавқулъода низомии давраи аввали Ҷорҷ Буш бозмегардонад. Нишондани Болтон дар Шӯрои амнияти миллӣ, Помпео дар Вазорати хориҷа, ва муаррифии шиканҷагари собиқ Ҷино Ҳоспил (Gina Haspel) барои идораи CIA, бозгашт ба воқеъгароӣ нест, балки бозгашт ба Дикченигароӣ аст.

Бисморк (Otto von Bismarck) якбор ба танз гуфта буд: “Хуб аст, ки инсон аз иштибоҳоти худ дарс мегирифт, аммо эй кош ин дарсро аз каси дигаре мегирифт!” Ин эпизоди охир нишон медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида қодир ба ёдгирии дарсҳояш ба ҳеч тариқе нест. Ва баён мекунад, ки гуфтаи мансуб ба Черчил дар мавриди Иёлоти Муттаҳида – ки ҷаълӣ аст -, ки “Омрико ҳамеша кори дурустро мекунад” ниёзманди бознигарӣ аст. Таҳти ҳидояти Тромп ба назар мерасад, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамеша кори иштибоҳро мекунад аммо дақиқан баъд аз он ки ибтидо ҳамаи гузинаҳои беҳтари дигарро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дода ва рад мекунад.

Foreign Policy

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: