Мусоҳибаи бисёр ҷолиби Иршод Сулаймонӣ бо сафири Саудӣ дар Тоҷикистон

Чанде пеш сафири Подшоҳии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон ҷаноби Абдулазиз бин Муҳаммад ал-Бодӣ бо хабаргузории “Ховар” мусоҳибае дошт, ки вокунишҳои мухталиферо ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам дар расонаҳои хориҷӣ ба бор овард. Хусусан нуқта назарҳои ҷаноби Сафир дар мавриди Эрон боиси баҳсҳои гарми сиёсӣ шуд. Иршод Сулаймонӣ, сардабири “Озодагон” дар ин замина хостори як суҳбат шуд ва тақозо намуд, то ҷаноби сафир дар ин росто дидгоҳҳояшонро равшантар баён кунад, ки чаро кишварҳои минтақа ва Ховари Миёна наметавонанд сари манофеи муштарак бо ҳам биоянд ва дар бозсозии суботи минтақа саҳм бигиранд.

Озодагон. Ҷаноби сафир, баъд аз ҳаводисе, ки чанд соли ахир дар Ховари Миёна рух дод умедвории ҷомеаи ҷаҳонӣ ин буд, ки вазъ ба суйи мусбат майл мекунад. Аммо дар ин авохир як изҳороти раиси СММ ва нигаронии ҷиддии эшон тасаввурҳоро каме дигаргун кард. Ҷаноби Гутериш гуфт, ки дар минтақа кишварҳое пайдо шудаанд, ки мехоҳанд мустақилона вориди бозӣ бошанд ва аз контроли кишварҳои абарқудрат хориҷанд. Фикр мекунед Гутериш кадом кишварҳоро дар назар дорад ва агар инҳо аз контроли абарқудратҳо хориҷанд, вазъи минтақа бо чӣ меанҷомад?

Сафир: Ман фикр намекунам, ки ҳамин гуна савол ба худи ҷаноби Гутериш дода шавад. Ман метавонам бигӯям, ки дар Ховари Миёна як кишваре ҳаст Эрон, ки сармоягузори асосии терроризм мебошад. Ва фикр мекунам ҳамайи кишварҳои ҷаҳон бояд даври ҳам бошанд, то дар муқобили ин кишвар қарор бигиранд.

Озодагон: Аммо ҳамин чанд рӯз пеш вазири хориҷаи Эрон, ҷаноби Муҳаммад Ҷавод Зариф дар Ню-Йорк гуфт, ки дар минтақаи Ховари Миёна ҳеч кишваре наметавонад пештоз бошад ва мо ҳамеша барои музокира ва муколама бо ҷониби Саудӣ омода ҳастем. Аммо ин Саудӣ аст, ки худро аз музокироти мустақим канор мекашад.

Сафир: Наздикии ин ду давлат ғайримантиқист, зеро Арабистони Саудӣ, ки ҳамеша алайҳи терроризм мубориза мебарад ва Эрон бузургтарин сарпарасти терроризм мебошад. Аз нигоҳи мантиқӣ ин имконнопазир аст.

Озодагон: Аммо ҷаноби Сафир, ҳамин гуна иттиҳомотро ба Саудӣ Эрон ва кишварҳои дигар ҳам мезанад. Аз ҷумла борҳо дар расонаҳои байналмилалӣ ва ҳатто дар матбуоти расмии Тоҷикистон ҳам гуфта шуд, ки Судӣ яке аз сармоягузорони ДОЪИШ аст.

Сафир: Туҳматҳову иттиҳомот бисёранд, ки расонаҳо онҳоро ба баҳс мекашанд. Аммо ҳақиқате, ки ҳама кас онро медонад ин аст, ки Эрон терроризмро сармоягузорӣ мекунад ва дар пушти корҳои дохилии кишварҳои минтақа меистад ва инро ба таври ошкор эълон ҳам мекунад. Пас аз инқилоб дар соли 1979 борҳо ба таври ошкор эълон кардааст, ки дар пайи содир кардани инқилоб ба кишварҳои минтақа аст. Ин худ дахолат кардан ба умури дохилии кишварҳои дигар аст. Мо ин дахолатҳоро дар Лубнон, Яман ва кишварҳои дигар мебинем ва ин кор танҳо ба минтақаи Ховари Миёна маҳдуд намешавад. Ба кишварҳову минтақаҳои дигар ҳам гузаштааст. Шумо ҳам дидед, ки моҳи августи соли гузашта дар Телевизиони Тоҷикистон филме нашр шуд, ки гуфта мешуд Эрон ба корҳои дохилии Тоҷикистон ҳам дахолат мекунад. Раҳбарони Эрон мехоҳанд ин гуна ақидаҳои тундравонаи худро ба тамоми олам паҳн кунанд. Ин як ҳақиқат аст.

Озодагон: Аммо ҷаноби сафир, ин ҳақиқате, ки Шумо мегӯйед ҳеч вақт Эрон онро напазируфтааст. Ва он чи Шумо ба филми соли гузашта ишора кардед, сафорати Эрон дар Душанбе изҳорот дод, ки Эрон дар ин гуна корҳо даст надошт. Аммо агар ба ҳамин мавзуъ дақиқтар бингарем, соҳибназарон мегӯянд, ки решаи мухолифати Саудӣ бо Эрон ин аст, ки ҳар дуи ин кишвар мехоҳанд яке пештоз дар умури сиёсӣ ва ҳамин тавр иқтисодии минтақа бошад.

Сафир: Ин нодуруст аст. Нахуст ин ки ман ба Ҳукумати Тоҷикистон ва ҷониби Тоҷикистон бовар дорам. Агар ман ба дурустии филм бовар намедоштам, ба ин мавзуъ ишорат намекардам. Аммо ин ки Эрон ин гуна корҳоро инкор мекунад нодуруст аст. Зеро вақте онҳо инқилоб карданд, эълон намуданд, ки ҳадафи онҳо содир кардани инқилоб ба кишварҳои дигар аст. Ва ин кор дар зоти худ мухолифат ба ҳуқуқи байналмилалист.

Озодагон: Дақиқан дар ҳамин маврид, ҷаноби сафир, Эрон мегӯяд, ки ман бозигаре ҳастам дар минтақа, ки мустақиман вориди бозӣ мешавам. Вале мисли Саудӣ ва кишварҳои дигар зери бори абарқудратҳо бозиҳои духура намекунем.

Сафир: Шояд ин дуруст бошад, аммо ба шакли дигар. Эрон бар асоси ду қоъида дар корҳои дохилии кишварҳо дахолат мекунад. Нахуст ин ки ба умури дохилии кишварҳои дигар мустақиман дахолат мекунад. Коре, ки Арабистони Саудӣ ва ҳар кишвари дигаре, ки қавонини байналмилалиро эҳтиром мегузорад, намекунад. Нуқтаи дуввум ин аст, ки Эрон бо сароҳат эълон мекунад, ки ҳадафаш содир кардани инқилоб ба кишварҳои дигар аст.

Арабистони Саудӣ дар минтақа ва ҷаҳон яке аз кишварҳои пешгом ва муҳим аст. Аммо ин гуна корҳоро тибқи қавонини байналмилалӣ ва табодули манофеи муштарак ва бо ҳамкорӣ бо кишварҳои бародар ба роҳ мемонад.

Озодагон: Агар ин ҳарф дуруст аст, оё дахолатеро, ки Саудӣ дар Яман мекунад, мешавад инро дар чавкоти қавонини байналмилалӣ таъриф кард?

Сафир: Дахолати Саудӣ дар Яман бар асоси қавонини байналмилалӣ сурат гирифт ва мегирад. Ин бар асоси дархости ҳукумати конститутсионии Яман буд. Зеро як гуруҳи саркаше, ки аз ҷониби Эрон пуштибонӣ мешаванд талош намуданд, ки қудратро ба дасти худ бигиранд ва ҳукумати расмии Яман аз Саудӣ дархост намуд, ки онро ёрӣ бирасонад. Дар Яман танҳо Саудӣ нест, он ҷо як эътилофи кишварҳо ҳузур дорад. Аммо гуруҳеро, ки дар Яман Эрон пуштибонӣ мекунад садҳо мушакро ба ҷониби Арабистони Саудӣ партоб кардаанд. Гузашта аз ин шуморе аз мушакҳоро ба тарафи Маккаи Мукаррама низ партоб карданд. Ин кор бо дастгирии кӣ сурат гирифт, албатта бо дастгирии бузургтарин кишвари пуштибони терроризм.

Озодагон: Оё собит шуда, ки мушакҳоеро, ки яманиҳо ба Риёзу Маккаву ин ҷойҳо партоб карданд, марбути Эронанд?

Сафир: Бале. Шумо агар ба изҳороте, ки чанде пештар нашр шуда буд, рӯй биоваред он ҷо гуфта шуда буд, ки марбути Эронанд. Инро на танҳо сарчашмаҳои Саудӣ, балки дигар сарчашмаҳои бетараф ҳам мегӯянд.

Озодагон: Аммо агар ба паҳлуйи дигари қазияи Эрону Саудӣ, агар ин таъбир дуруст бошад, бингарем, раисҷумҳури Амрико Тромп гуфт, ки агар давлаташ аз кишварҳои минтқа ва аз ҷумла Саудӣ ҳимоят накунад, инҳо дар муқобила бо Эрон ду ҳафта ҳам давом намеоваранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин гуфта, оё ин ба он маъно нест, ки кишварҳои ҳомии минтақа хостори ба дарозо кашидани моҷаро дар минтақа мебошанд?

Сафир: Шоҳигарии Арабистони Саудӣ сарзамин ва фарзандонашро баъд аз Худо худ нигаҳбонӣ ва ҳимоят мекунад. Шояд ин ба баъзе кишварҳои хурди минтақа сидқ кунад, ки неруҳои хориҷӣ аз онҳо ҳимоят мекунанд.

Озодагон: Вале агар ба пешинаи ин қазия баргардем Подшоҳ Абдуллоҳ бо раисҷумҳури вақти Эрон ҷаноби Рафсанҷонӣ муколамаҳое дошт ва натиҷааш диду водидҳои расмиву сиёсии ду тараф буд, ки як миқдор муносиботро муътадил гардонда буд. Оё имкон доранд, ки ҳамин таҷриба барои таъмини субот дар минтақа ва гарм шудани муносиботи ду кишвар такрор шавад?

Сафир: Сиёсати Арабистони Саудӣ як сиёсати бисёр ором ва хирадмандона аст. Кишвари мо бисёр талош кард, ки бо Эрон ва кишварҳои дигар муносибатҳо бар асоси манофеи муштарак бошанд ва бар асоси амри дахолат накардан ба умури якдигар сурат бигиранд. Аммо ин сиёсат комёб нашуд. Эрон на танҳо ба корҳои Саудӣ, балки ба умури дохилии кишварҳои бисёре дахолат мекунад. Барои ҳамин имкон надорад, ки бо як кишвари сарпарасти терроризм ва кишвари алайҳи терроризм ҳамкорӣ дошта бошанд. Ин дар як сурат имконпазир аст, ки агар Эрон сиёсатҳояшро тағйир бидиҳад ва дар ин ҳолат вазъи табии минтақа ҷобаҷо мешавад.

Озодагон: Аммо ҷаноби Сафир, Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ, ки онҳо ҳам ин гуна иттиҳомотро ба Эрон мезананд ва бо барномаи ҳастайии ҷанҷолбарангезаш тавонист бо ин кишварҳо ба тавофуқ бирасад ва пружаи Барҷомро ба имзо бирасонад. Зоҳиран Эрон тавонист қудратҳои ҷаҳониро итминон бидиҳад, ки кишвари хеле хатарзо ва ваҳмангезе барои минтақа нест. Аммо бар асоси мушоҳидаҳо пас аз ин ки ин тавофуқи Эрон ҳосил шуд мавҷи мухолифатҳои Саудӣ шиддат гирифт. Оё инро мепазиред?

Сафир: Ин ки Эрон бо кишварҳои муайяне ҳамкорӣ мекунад маънои онро надорад, ки аз терроризм пуштибонӣ намекунад. Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ягона кишваре нест, ки иддао кунад, ки Эрон пуштибони терруризм аст. Тамоми дунё инро мебинад ва ин дар ҳолест, ки раҳбарони Эрон ба умури дигар кишварҳо дахолат мекунанд.

Озодагон: Аммо Эрон мегӯяд, ки мо дарҳои худро барои муколама ҳамеша боз кардаем, вале ин Саудӣ аст, ки аз диплумосии лафзӣ ва ё ҷангҳои лафзӣ истифода мекунад ва ҳеч вақт ҳозир нашуда, ки барои ҳамкории мустақим иқдом кунад. Шояд дар ҳамин гуна музокирот Саудӣ битавонад Эронро итминон бидиҳад, ки мисле Шумо ҷаноби сафир иддао мекунед, яъне пуштибонӣ аз терруризм даст бикашад…

Сафир: Чӣ гуна метавонад Арабистони Саудӣ, ки як кишвари пешгом дар мубориза зидди терруризм аст бо як кишвари сарпарасти терроризм сари мизи музокирот биншинад? Дар ин гуфтаҳо ва миёни ҳарфҳо ва амалкардҳои Эрон таноқуз вуҷуд дорад. Шумо мегӯйед, ки Эрон мехоҳад музокирот кунад, вале дар воқеъ дар кори кишварҳо дахолат мекунад. Ҳеч каси дигар инро намекунад, ки изҳори омодагӣ барои музокирот бикунад ва ҳам дар умури шумо дахолат дошта бошад. Агар онҳо ба таври ҷиддӣ мехоҳад ҳамкорӣ кунанд бояд ба сиёсате баргарданд, ки мувофиқ бошад.

Озодагон: Аз нуқтаназарҳои Шумо чунин хулоса мешавад, ки диплумосӣ дигар дар ҳалли ин қазия нақше дошта наметавонад. Яъне роҳҳои сиёсии ҳалли ин мухолифатҳо вуҷуд надорад?

Сафир: Барои гуфтушунид роҳҳо вуҷуд доранд. Аммо танҳо як роҳ аст, ки бояд Эрон сиёати худро дар ростойи мубориза бо терроризм дигар кунад.

Озодагон: Аз чӣ роҳ мешавад, ки Эрон мавзеъгириҳои худро тағйир диҳад?

Сафир: Дар ин маврид бояд аз Эрон суол кунед. Мисли дигар кишварҳо аз терроризм пуштибонӣ накунад. Бояд ҳамкорӣ ва муносиботи худро бо дигар кишварҳо дар асоси табодули манофеи муштарак роҳандозӣ кунад. Ҳамчунин дар умури дохилии кишварҳои дигар дахил набошад.

Озодагон: Аммо агар ба авзоъи минтақа дақиқтар бингарем, танҳо Эрон нест, ки кишвари ҷанҷолбарангез бошад. Саудӣ бо яке аз кишварҳои муҳими дигари минтақа ва ҳамсояи бисёр наздики худ Қатар ҳам дар мухолифати сахт қарор дорад. Дар ин қазия чӣ мушкил вуҷуд дорад?

Сафир: Мушкил бо Қатар як масъалаи бисёр сода аст. Ин як масъалаи хурд аст ва мо бояд онро бисёр бузург нишон надиҳем. Мо бояд суҳбатамонро ин ҷо сари чунин қазиҳои кӯчак накашонем. Шумо шояд аз ман беҳтар бидонед, ки буҳрон бо Қатар бар асоси чӣ сар зад ва ҳамчун рӯзноманигор мутталеъ ҳастед, ки Саудӣ, Миср ва Баҳрайн чиро аз ин қазия пуштибонӣ мекунанд. Аммо агар дар мавриди мардуми Қатар бошад инро мегӯям, ки онҳо ҷузъе аз мардуми мо ҳастанд ва имкон надорад, ки онҳоро аз доираи Халиҷ берун кунем. Мушкил танҳо бо низоми Қатар аст.

Озодагон: Яъне Шумо ба дурнамои буҳрон бо Қатар хушбин ҳастед, ки ҳалшаванда аст?

Сафир: Чор кишваре, ки гуфтам шартҳои худро гузоштаанд, агар пазируфта шаванд умедворӣ ҳаст. Агар ин шартҳо пазируфта нашаванд вазъ давом мекунад.

Озодагон: Оё имкон дорад, ин мушкили кӯчаке, ки Шумо мегӯйед ба як мушкили бузург дар минтақа табдил шавад?

Сафир: Ман ба ин бовар надорам.

Озодагон: Ҷониби Саудӣ чӣ барномаҳое барои таъмини суботу амният дар мантақа дорад? Албатта мо баъзе аз тарҳҳои Шоҳзода Муҳаммад бен Салмонро мебинем ва баъзе аз тағйироти иҷтимоӣ дар Саудӣ сурат гирифт ва бозтоби густурдае дар расонаҳои ҷаҳон ҳам дошт.Манзури мо албатта иҷозаи дигарбораи кинотеотрҳо ва баъзе бозиҳо ба мисли картабозист.

Сафир: Дар мавриди таҳаввулоти иҷтимоие, ки шумо гуфтед ин кор аз замони Подшоҳ Абдулазиз, асосгузори давлати Саудиҳо идома дорад ва дар даврони ҳукумронии фарзандонаш низ давом ёфт, ки дар ин авохир бо суръат пеш меравад. Ин алабтта бо дастурҳои ходими Ҳарамайни Шарифайн ва талошҳои Муҳаммад бен Салмон пеш меравад. Ҳамзамон дар робита ба сиёати хориҷии Саудӣ дар қиболи кишварҳои минтақа, кишвари мо бо ҳамсояҳои дӯсту бародар ва ҳампаймононаш машварат мекунад. Аммо ҳамон тавр ки гуфтам, он чи ки боис ба ин ҳама печидагиҳо ва чолишҳо дар мантақа мешавад, ҳамоно сиёатҳои ғалатест, ки аз ҷониби Эрон роҳандозӣ мешавад.

Озодагон: Ҷаноби Сафир, Муҳаммад бен Салмон валиаҳди кишвари Шумост, ки мантиқан пас аз падараш қудратро ба даст мегирад. Агар эшон ба қудрат бирасад оё тағйироте дар минтақа ба вуҷуд меояд?

Сафир: Худованд умри Подшоҳ Салмонро дароз кунад. Агар валиаҳд Подшоҳи Арабистони Саудӣ шавад он беҳтарин ҷойгузин барои пешиниён хоҳад буд. Сиёсати эшон ҳам идомаи сиёатест, ки подшоҳони пешин доштанд. Ин сиёсат ба эътидол ва шаффофият асос ёфтааст. Ҳамчунин муборизаи ошкор бо терроризм ва дахолат накардан дар умури кишварҳои дигар сиёсати ҳар давлатест, ки худро эҳтиром мекунад.

Озодагон: Аммо манзури ман ин аст, ки Муҳаммад бен Салмон дар ҷомеаи Сауди тағйиротеро ба вуҷуд овард, ки барои як ҷомеайи суннатие мисли Саудӣ ғайримунтазир буд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки ҳадс зада мешавад як раҳбари таҳаввулотгар аст, умедворӣ ҳаст, ки дар замони ба қудрат расидани эшон субот дар мантақа бештар шавад?

Сафир: Подшоҳ Салмон ва Шоҳзода Муҳаммад на танҳо ба масоили дохилӣ, балки ба масоили субот дар мантақа низ таваҷҷуҳ доранд. Ҳамон тавре гуфтам ҳамкориҳо бо кишварҳо ҷараён доранд ва умедворам, ки сиёсати вай дар амри таъмини субот дар минтақа комёб хоҳад шуд.

Озодагон: Мо ҳам умедворем. Аммо як нуктаи дигар гуфта мешавад, ки мушкили Ховари Миёна танҳо мушкил миёни Эрону Саудиву Лубнону Қатару Сурия нест. Мушкил сари қудртҳои ҷаҳонист, ки наметавонанд рӯйи манофеи муштарак дар минтақа ба тавофуқ бирасанд. Шумо итминон доред, ки пеш аз ин ки қудратҳо ба тавофуқ бирасанд, имкон дорад, ки кишварҳои минтақа худ ба созиш биоянд?

Сафир: Дар ин маврид ҳам боз бармегардем ба Эрон. Эрон дар Сурия ҷойи по дорад ва сабаби тамоми мушкилот он буд. Дар мавриди Сурия ҳузури кишварҳо, ки сиёсати муътадил доранд ба нафъи кор аст ва мо умедворем, ки сиёсати онҳо комёб шавад.

Озодагон: Суоли охир. Алабатта ин пӯшида нест, ки ИМА як кишвари ҳомии Саудӣ аст. Ҳатто дар ин росто санад вуҷуд дорад, яъне созишномаи тарафайн мавҷуд аст. Ҳамчунин Русия кишвари ҳомии минтақаи мо, аз ҷумла Тоҷикистон дониста мешавад. Ин шабу рӯзҳо ИМА-ву Русия вориди як буҳрони бисёр амиқи сиёсӣ шуданд. Оё ин метавонад руйи ҳамкориҳои Саудӣ бо Тоҷикистон асаргузор шавад?

Сафир: Муносиботи мо бо Тоҷикистон бисёр муносиботи сатҳи олӣ мебошанд. Ба ин муносибатҳои Саудӣ ва ё Тоҷикистон бо кишварҳои дигар таъсиргузор нахоҳад буд. Асоси ин манофеи муштарак ва ҳамкориҳо мебошанд.

Озодагон: Умедворем, ки ин ҳамкориҳо бештар рушд куннд ва шоҳиди ҳузури бештари Саудӣ дар пружаҳои калони иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ бошем.

Сафир: Ҳамин шабу рӯзҳо як ҳайати бонуфузи соҳибкорони Саудӣ дар Тоҷикистон мебошанд ва бар иловаи ин чанд рӯз аст, ки Рӯзҳои фарҳангӣ Саудӣ дар Тоҷикистон ҷараён дорад. Дар фурсатҳои наздик ду лоиҳаи бузурги Саудӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Яке ба малағи 7 милюн дуллор ва дигаре ба маблағи як милюн дуллор, ки мо умедворем дар расми шуруъи ин лоиҳаҳо Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иштирок мекунанд.

Озодагон: Хеле ташаккур, ҷаноби Сафир барои суҳбат дар ин фурсати серкориятон.

Сафир: Аз шумо ҳам ташаккур.

Бознашр аз ҳафтаномаи “Озодагон”

Реклама


Рубрики:Гуфтугӯ, Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: