Натонёҳу ба Путин: “Мо тамоюле барои вуруд ба даргирӣ бо Эрон надорем”

Ба гузориши “Русиё ал-явм” (РТ арабӣ), Натонёҳу дар ҷараёни сафари ахираш ба Русия, ба Путин гуфтааст, “Исроил” тамоюле барои барои вуруд ба даргирӣ бо Эрон надорад.”

Натонёҳу гуфтааст, ки сирфан ба дунболи “маҳдуд кардани нуфузи Эрон дар Сурия” ҳастем.

Ин расона эълом кард, ки Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия ин паёмро ба Эрон мунтақил кардааст, ки “Исроил” ба дунболи даргирӣ бо Эрон дар Сурия нест.

Натонёҳу ҳамчунин ба Путин гуфтааст: ”Пас аз гузашти 73 сол аз Ҳулукост, кишваре дар Ховари Миёна вуҷуд дорад, ки ҳамон Эрон аст, ки аланан хоҳони инҳидоми “Исроил” мебошад.”

Вай афзудааст: “Тафовути бисёре миёни ҷанги ҷаҳонии дуввум бо давраи кунунӣ вуҷуд дорад; чаро ки яҳудиён дар ҳоли ҳозир барои худ “кишваре” доранд.”

Бар пояи ин гузориш, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар оғози дидор бо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар муқобили рӯзноманигорон хотирнишон кард: “Табиатан мо аз сафари имрӯзи шумо барои баррасии равобити дуҷониба ва ҳамчунин масоил дар минтақа, ки мутаассифона аз авзоъи душворе убур мекунад, баҳра хоҳем бурд.

Путин гуфтааст: “Дӯст дорам умедвории худро нисбат ба ин масъала иброз кунам, ки мо фақат ба баррасии ин масоил напардозем, балки дар мавриди роҳи ҳаллҳое гуфтугӯ кунем, ки ба коҳиши шиддати авзоъ ва дастёбӣ ба роҳҳое барои ҳаллу фасли даргириҳои кунунӣ бианҷомад.”

Дар ҳамин ҳол, Бенёмин Натонёҳу гуфтааст: “Ман фурсати ҳосилшуда барои баррасии авзоъ ва ҳамфикрӣ дар хусуси гомҳои дурусте, ки метавонем ба сурати ақлонӣ барои аз байн бурдани таҳдидҳои кунунӣ дар минтақа иттихоз кунем, меситоям.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: